Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2008 №546
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Оинномаи мазкур асосҳои фаъолияти ташкилӣ, эҷодӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" (минбаъд "Ҷаҳоннамо")-ро муайян мекунад.
2. Муассиси "Ҷаҳоннамо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. "Ҷаҳоннамо" фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.
4. "Ҷаҳоннамо" чун шабакаи давлатӣ барномаҳои худро ба забони давлатӣ, инчунин бо дигар забонҳо дар ҳаҷми 24 соат дар як шабонарӯз тавассути шабакаи нашри барномаҳои ба он ҷудошуда пахш менамояд.
5. "Ҷаҳоннамо" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
6. "Ҷаҳоннамо" дорои амволи бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ буда, дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоби буҷетӣ ва махсус, мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, сароҳанг, нишон, аломатҳои нашрӣ ва молӣ дорад.
7. "Ҷаҳоннамо" ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
8. "Ҷаҳоннамо" аз нигоҳи эҷодӣ мустақил аст.
Назорати фаъолияти "Ҷаҳоннамо" аз тарафи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти он амалӣ карда мешавад.
9. Суроғаи ҳуқуқии "Ҷаҳоннамо": Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 7 "А".
2. Мақсад ва вазифаҳои асосии "Ҷаҳоннамо"
10. Мақсадҳои асосии "Ҷаҳоннамо" инҳо мебошанд:
- таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти фавриву воқеии тозатарин аз дохил ва хориҷи кишвар;
- талқини ғояҳои ваҳдати миллӣ, волоияти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, демократия, сулҳ ва инсондӯстӣ;
- мусоидат ба равандҳои солими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эҳтироми ҳуқуқ ва озодии шахсият, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд;
- тарғиби самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг.
11. Барои амалӣ гардидани мақсадҳои зикршуда "Ҷаҳоннамо" вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- тариқи барномаҳои иттилоотӣ паҳн намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо иштирок ва ҷалби мутахассисону коршиносон ва сиёсатмадорон тариқи барномаҳои телевизионӣ ташкил намудани шарҳи воқеоти дохил ва хориҷи кишвар;
- истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои супоришӣ ва рекламавӣ;
- хизматрасонии дизайнерии телевизионӣ;
- ташкили бойгонии аудио ва видео (филмотека, видеотека, фонотека);
- дар асоси шартнома амалӣ намудани муносибатҳои муттақобилаи эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо ташкилотҳои телевизион ва радио;
- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои "Ҷаҳоннамо" мувофиқанд ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои "Ҷаҳоннамо"
12. "Ҷаҳоннамо" ӯҳдадор аст талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя намояд.
13. "Ҷаҳоннамо" ҳуқуқ дорад:
- дар дохил ва хориҷи кишвар бунгоҳҳои мухбирони худро таъсис диҳад;
- фаъолияти намояндагӣ ва миёнаравиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф амалӣ намояд;
- дар асоси тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти рекламавию иттилоотиро ба амал барорад, даромадҳоро аз ин намуди фаъолият барои рушди "Ҷаҳоннамо" равона созад;
- фаъолияти иқтисодии хориҷиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, барнома ва маҳсулоти аудиовизуалии худро дар хориҷа паҳн намояд, эълону рекламаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷиро қабул кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, амалӣ гардонад.
4. Идоракунии "Ҷаҳоннамо"
14. Идоракунии "Ҷаҳоннамо" дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.
15. Роҳбари бевоситаи "Ҷаҳоннамо" Директор аст, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
16. Мақомоти олии "Ҷаҳоннамо" Шӯрои маъмурият мебошад, ки ба ҳайати он Директор ва муовинони ӯ (аз рӯйи вазифа), инчунин роҳбарони зерсохторҳо ва дигар кормандони масъул дохил мешаванд. Теъдод ва аъзои Шӯрои маъмуриятро бо пешниҳоди Директор Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
17. Муассис:
- Директорро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- сохтор ва Оинномаи "Ҷаҳоннамо"-ро тасдиқ ва дар ҳолати зарурӣ ба он тағйирот ворид мекунад;
- масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии "Ҷаҳоннамо"-ро ҳал мекунад.
18. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фаъолияти касбии "Ҷаҳоннамо"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;
- бо пешниҳоди Директор муовинони ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- аъзои Шӯрои маъмурияти "Ҷаҳоннамо"-ро бо пешниҳоди Директор тасдиқ ва аз вазифа озод мекунад.
19. Шӯрои маъмурият тибқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда функсияҳои зеринро амалӣ мегардонад:
- ташкили меҳнат (вақти корӣ ва дамгирӣ);
- муайян кардани шакл, система ва принсипҳои пардохти ҳаққи меҳнат ва дигар намудҳои даромади кормандон;
- тартиби индексатсияи даромади пулии кормандон;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба Оиннома;
- бо таклифи Директор масъалаҳои пардохти музди меҳнати кормандон, реҷаи кор, таъмини иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии аъзои ҷомеаи меҳнатиро баррасӣ менамояд;
Қарорҳои Шӯрои маъмурият бо фармони Директор ба расмият дароварда мешаванд.
20. Директор:
- дар муносибат бо Муассис ва мақомоти давлатӣ, пахшкунанда, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин дар суд ва дигар ҳолатҳо аз номи "Ҷаҳоннамо" намояндагӣ мекунад;
- қарордодҳо, шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, амволи дар ихтиёр доштаро идора мекунад, ҷадвали штатиро тасдиқ менамояд, фармонҳо мебарорад;
- ба кори Шӯрои маъмурият ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;
- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо ва фармонҳои худро таъмин мекунад;
- тибқи қонунгузорӣ кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- дар назди Муассис нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти "Ҷаҳоннамо" масъул мебошад.
5. Амволи "Ҷаҳоннамо"
21. Амволи "Ҷаҳоннамо"-ро фондҳои асосӣ ва дигар моликияти давлатӣ ташкил медиҳад. Арзиши амволи "Ҷаҳоннамо" дар тавозуни тақсимшавандаи мустақили он инъикос меёбад.
6. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии "Ҷаҳоннамо"
22. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии "Ҷаҳоннамо" бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2008 № 546
тасдиқ шудааст
Сохтори Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо"
Дастгоҳи марказӣ
1. Маъмурият
2. Шӯъбаи муҳосибот ва ҳисоботдиҳӣ
3. Шӯъбаи кадрҳо ва коргузорӣ
4. Шӯъбаи ҳуқуқ
Ҳайати эҷодӣ
4. Идораи иттилоотӣ (аз ҷумла бахши хориҷӣ)
5. Идораи таҳлилӣ
6. Идораи нашри барномаҳо
Ҳайати техникӣ
7. Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ
8. Идораи танзим ва банаворгирии берун аз студия
9. Шӯъбаи энергетикӣ ва равшанидиҳии махсус
10. Шӯъбаи корҳои ороишию басаҳнагузорӣ
11. Шӯъбаи нақлиёт
12. Шӯъбаи хоҷагидорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ