Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 499)
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иттилооти пурра ба аҳолии кишвар, баланд бардоштани сифат ва фаврияти иттилоот дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва дигар ахбори муҳим аз мамолики хориҷаи дуру наздик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
3. Теъдоди штатии Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" 140 воҳид аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар карда шавад ().
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо"-ро бо таҷҳизоти техникӣ, нақлиёт ва дигар амволи зарурӣ таъмин намояд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2009 фонди музди меҳнат ва дигар хароҷоти алоҳидаро оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" тибқи банди 3 қарори мазкур таъмин намояд.
6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистои ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили бунгоҳҳои мухбирони худӣ дар мамолики хориҷаи дуру наздик мусоидат намояд.
7. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2009 ва солҳои оянда ҷиҳати афзудани ҳаҷми пахш, вусъати фарогирии ҳудуди ҷумҳурӣ бо барномаҳои Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" чораҳо андешида, ба ин мақсад маблағ пешбинӣ намоянд.
8. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 610 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 546
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иттилооти пурра ба аҳолии кишвар, баланд бардоштани сифат ва фаврияти иттилоот дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва дигар ахбори муҳим аз мамолики хориҷаи дуру наздик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
3. Теъдоди штатии Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" 149 воҳид аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар карда шавад.
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо"-ро бо таҷҳизоти техникӣ, нақлиёт ва дигар амволи зарурӣ таъмин намояд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2009 фонди музди меҳнат ва дигар хароҷоти алоҳидаро оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" тибқи банди 3 қарори мазкур таъмин намояд.
6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистои ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили бунгоҳҳои мухбирони худӣ дар мамолики хориҷаи дуру наздик мусоидат намояд.
7. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2009 ва солҳои оянда ҷиҳати афзудани ҳаҷми пахш, вусъати фарогирии ҳудуди ҷумҳурӣ бо барномаҳои Муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" чораҳо андешида, ба ин мақсад маблағ пешбинӣ намоянд.
8. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №610 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: