Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва таъмини вазъи устувори он дар ояндаи дарозмӯҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо хангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои ояндаи кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат, лоиҳаҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ нишондиҳандаҳои дар Барномаи мазкур пешбинишударо ба инобат гиранд.
3. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои татбиқи Барнома, тибқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории заруриро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014-ро таҳти назорати қатъӣ гирифта, ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 527
ш. Душанбе