Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014 аз 31 октябри соли 2008, № 527

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2008 № 527

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014

С А Р С У X А Н

Соҳаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ, ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, расонидани хизматрасонии давлатӣ ва идораи моликияти давлатӣ, сиёсати ягонаи давлатиро дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг дар бар гирифта, тамоми маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи характери табиӣ ва техногенӣ дошта, инчунин ҳангоми сар задани амалиёти ҷанги равона карда шудаанд, ҳамоҳанг месозад.

Соҳа дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, инчунин фаъолияти дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро ҳамоҳанг месозад.

Мақсади асосии соҳа аз таъмини ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷангӣ, ташкили омӯзиши аҳолӣ ва таъмини омодагии доимии мақомоти идоракунанда, қувва ва воситаҳои системаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат, таҳлили ҳаматарафа ва мубодилаи иттилоот дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табиӣ ва техногенидошта, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, назорати тақсимот ва истифодаи мақсадноки маблағҳо ва воситаҳои ҷудошуда, инчунин қабул, тақсимот, роҳнамоӣ, интиқол ва дастраст шудани кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида иборат мебошад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, шахсони мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ вазифадоранд бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намоянд.

1. Проблемаҳо ва вазъи имрӯзаи соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) ва 24 воҳиди сохтории он бо шумораи штатии 1999 нафар самтҳои асосии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳуриро муайян сохта, дар таъсис, таҷҳизонӣ ва ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳое, ки барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи давраи осоишта ва замони ҷанг пешбинӣ шудаанд, роҳбарии методиро анҷом медиҳад ва амалиёти қувваю воситаҳои муштаракеро, ки дар бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулодда иштирок менамоянд, танзим месозад.

Дар системаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хадамот ва нерӯҳои ғайриҳарбии сершумори таъиноти умумӣ ва махсус мавҷуданд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки қувваи ҳақиқиро дар ҳама гуна вазъиятҳо қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ташкил медиҳанд.

Барои самаранок роҳбарӣ намудани чорабиниҳои пешгӯӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда системаи идоракунии Кумита имконияти пурра надорад, чунки қисми зиёди сохторҳое, ки фаъолияташон бевосита ба пешгӯии ҳолатҳои фавқулоддаи хусуиятҳои табиӣ ва техногенидошта мансубанд, мустақилона фаъолият дошта, бо Кумита робитаи мутақобила надоранд.

Дар давоми даҳсолаи охир хуруҷи равандҳои экзогенӣ ва сол то сол зиёд шудани ҳодисаҳои табиӣ ба мушоҳида мерасад, ки бар асари онҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ хисороти зиёд ворид мегардад.

То соли 1990 дар қаламрави ҷумҳурӣ, махсусан шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Норак шумораи зиёди иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ бо маблағгузории калон сохта шудаанд. Айни замон ин иншоотҳо, инчунин воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва дигар асбобу анҷоми мудофиаи гражданӣ дар ҳолати ташвишовар қарор доранд.

Бо мақсади идоракунии устувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар давраи ҷанг зарур аст, ки нуқтаҳои идоракунии эҳтиётӣ-муҳофизатии марказӣ дар омодагии доимӣ қарор дошта бошанд.

То соли 1997 маркази идоракунии муҳофизатии эҳтиётии беруназшаҳрии умумиҷумҳуриявӣ дар минтақаи Қаротоғ, ки аз ҷониби Кумита хизматрасонӣ карда мешуд, фаъолият мекард. Аз тобеияти Кумита баровардани иншооти мазкур ба идоракунии системаи мутамаркази мудофиаи граждании мамлакат таъсири манфӣ расонд.

Таҷҳизоту воситаҳои мавҷудаи системаи идора, хусусиятҳои хоси иқлимию ҷуғрофии минтақаҳои алоҳидаи мамлакат имконияти аз марказ идоракунии вазъият дар маҳалҷойҳоро маҳдуд месозад.

Аз сабаби ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ набудани базаи моддӣ-техникӣ ва ташкилӣ-сохтории ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда на мудофиаи граждании вилоятҳо, шаҳри Душанбе як қатор вазифаҳо иҷро намегарданд ё ба зиммаи дигар сохторҳо вогузор мегарданд.

Ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳо дар ҷумҳурӣ дар сатҳи нокифоя қарор дорад.

Ҳодисаҳои дигари чунин равандҳо тармафароиҳо ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба иқтисодиёт ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хисороти зиёд ворид месозад.

Зиёда аз 64 % ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дучори равандҳои хавфноки табиӣ, аз қабили сел, тарма ва ярч мегардад, инчунин зиёда аз 200 кӯлҳои сунъӣ мавҷуданд, ки манбаъҳои раванди хавфноктарини табиӣ-ҷараёнҳои селӣ ба ҳисоб мераванд. Танҳо дар давоми 10 соли охир шумораи ҷараёнҳои селӣ ба 700 расид, ки аксарияти онҳо фалокатовар буданд. Илова бар ин 60% қаламрави ҷумҳурӣ дар минтақаи хатари заминларза қарор дорад. Бо вуҷуди ин минтақаҳои мазкур барои зисту зиндагонӣ муносиб ҳисобида мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ истеҳсолоти сердаромад бо истифода аз технологияи фарсудашуда ба мушоҳида мерасад, ки хавфи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаро дучанд меафзояд.

Барҳам хӯрдани Инспексияи техникии назорати бехатарии истифодаи газ дар хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои маданӣ-маишӣ ба оммавӣ вайрон кардани талаботи бехатарии истифодаи газ ва дар заминаи маишӣ афзудани садамаҳои фоҷиабору хисороти зиёди моддӣ оварда расонд.

Системаи тайёрии наҷотдиҳандагон дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад.

Наҷотдиҳандагон асосан дар минтқаҳои алоҳида ихтиёрӣ омӯзонида мешаванд.

Бо зиёд гардидани сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, барқ ва барқарорсозии соҳаи кӯҳкорӣ, иктишофи газу нафт, рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ барқарорсозии хадамоти кӯҳию наҷотдиҳӣ бо мақсади наҷотдиҳии кормандони соҳаи кӯҳкорӣ зарур мебошад.

Системаи омӯзиши аҳолӣ, тайёрӣ ва бозомӯзии кадрҳо, ки солҳоӣ 80-90-уми асри гузашта ташкил шуда буд, ба талаботи имрӯза ҷавобгу нест.

Воситаҳо, амвол ва таҷҳизоти дар заҳираҳои сафарбарии амволи гурӯҳи дуюм боқимонда бинобар сабаби гузаштани мӯҳлати нигоҳдорӣ пурра корношоям гаштаанд. Ташкили манбаьҳои захираҳои моддии маҳаллӣ ва иншоотӣ суст ба роҳ монда шудааст.

Солҳои охир бисёре аз мамлакатҳо зери хатари ҳодисаҳои фоҷиабор, фалокатҳо ва садамаҳои саноатие, ки дорои хусусиятҳои трансмиллианд, қарор доранд.

Ҳавзаҳои дарёи Панҷ бар асари кандашавии сарбандн "Усой" ва дарёи Сир бар асари рахнашавии маҷрои обанбори Қайроққум хавфи трансмиллиро ба вуҷуд оварда, анҷом додани таҳқиқоти якҷояро бо ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон тақозо мекунанд.

2. Максади Барномаи рушди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014

Барномаи рушди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014 (минбаъд Барнома) ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2008 № 56 ва бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ ва таъмини вазьи устувори он барои солҳои 2009-2014 таҳия гардида, мақсадҳои зеринро дар бар мегирад:

- такмили идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, фаъолияти самарабахши он;

- паст кардани хавфи ҳолатҳои фавқулодда ва баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳо;

- саривақт гузаронидан чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таъмини устувори рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат.

3. Вазифаҳои Барнома

Барнома вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

- такмили асосҳои илмӣ-методӣ ва рушди механизми танзими идоракунӣ дар соҳаи паст кардани хавфи ҳолатҳои фавқулодда ва бӯҳрон, баланд бардоштани сатҳи бехатарии аҳолӣ, самаранок гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд;

- такмили асосҳои илмии таҳлили ба амал омадани равандҳои хавфноки табиӣ, садамаҳо, фалокатҳои техногенӣ ва баҳодиҳию пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда;

- таъсис додани системаи маҷмӯавии умумидавлатӣ оид ба хабардоркунӣ ва огоҳкунии аҳолӣ дар маҳалҳо (ҷои ҷамъшавии оммавӣ);

- ташкили асосҳои илмӣ-методӣ ва тарзу воситаҳои ташаккул додани маданияту одоби амали аҳолӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ ва воситаҳои техникии ахбори умум;

- пешгӯии хавфи ҳолатҳои фавқулодда дар иншоотҳои махсусан муқим ва таҳияи унсурҳои асосии сиёсати давлатӣ ва маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати таъмини сатҳи зарурии ҳимоявии онҳо;

- такмили системаи идораи давлатӣ ва эътинои фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва бӯҳронӣ;

- такмили асосҳои ташкили қувваҳои мудофиаи гражданӣ ва воситаҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;

- таъсиси Маркази идораи ҳолатҳои бӯҳронӣ;

- рушд ва такмили системаи ягонаи давлатии пешгӯӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;

- ташаккули системаи омодасозии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзиши аҳолӣ дар соҳаи пешгӯӣ ва рафъи ҳолатҳои фавкулодда;

- ҷорӣ намудани системаи ҳатмии суғуртаи ҷавобгарии шаҳрвандӣ, ҷиҳати расонидани зарар ҳангоми истифодабарии иншооти хатарнок;

- ҳамоҳангсозии захираҳои ташкилию техникӣ, моддию молиявӣ ва иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои паст карданн хавфи ҳолатҳои фавқулодда;

4. Натиҷаҳои имконпазир

Барномаи мазкур метавонад ба натиҷаҳои зерин мусоидат намояд:

- беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ зимни паст шудани таҳдиди ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, баланд бардоштани дараҷаи зарурии бехатарӣ ва ҳимояи иншоотҳои махсусан муҳим аз хатарҳои хусусияти табиию техногенидошта, ташкили шароитҳои ба устувории рушди маишию иқтисодии кишвар мусоид;

- татбиқи чорабиниҳои Барнома самаранокии умумии иқтисодиро аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, паст намудани зарари моддӣ, инчунин кам кардани шумораи аҳолии баҳалокатрасида ва зарардидаро таъмин менамояд.

Дар натиҷаи татбиқи Барнома аз ҳисоби буҷети ҷумхуриявӣ иҷрои нишондодҳои зерин ба нақша гирифта мешавад:

- кам кардани зарари ҳолатҳои фавқулодда (дар муқоиса бо нишондодҳои соли 2007, бо фоиз);

- кам кардани шумораи талафоти ҷонӣ - аз 7 то 9;

- кам кардани шумораи аҳолии зарардида - аз 4 то 6;

- кам кардани зарари иқтисодӣ - аз 5 то 7.

Баланд бардоштани самаранокии таъминоти иттилоотӣ ва хабардоркунӣ аз ҳолатҳои фавқулодда (дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2007, бо фоиз):

- баландбардории пурраи мониторинг - аз 6 то 8;

- баландбардории даққиқии пешгӯӣ - аз 10 то 12;

- баландбардории самараи сарфакорӣ барои чорабиниҳо оид ба хабардоркунии ҳолатҳои фавқулодда бо роҳи ба даст оварданн таносуби дилхоҳӣ миқдори сарфакорӣ барои чорабиниҳои паст кардани хатари ҳолатҳои фавқулодда ва ҳаҷми зарари бартарафкардашуда - аз 1 то 10. Муттаҳидсозии воситаҳои молиявии буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети маҳаллии вилоятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба нишондиҳандаи зерини Барнома мусоидат намояд:

- паст кардани зарар аз ҳолатҳои фавқулодда (дар муқоиса бо нишандиҳандаҳои соли 2007, бо фоиз):

- кам кардани шумораи талафоти ҷонӣ - 11;

- кам кардани шумораи аҳолии зарардида - 7;

- кам кардани зарари иқтисодӣ - 9;

Баланд бардоштани самаранокӣ, таъминоти иттилоотӣ, системаи мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда (дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2007, бо фоиз):

- баландбардории пурраи мониторинг - 10;

- баландбардории даққиқии пешгӯӣ - 14;

- баландбардории самараи сарфакорӣ барои чорабиниҳо оид ба хабардоркунии ҳолатҳои фавқулодда бо роҳи ба даст овардани таносуби дилхоҳи миқдори сарфакорӣ барои чорабиниҳои паст кардани хатари ҳолатҳои фавқулодда ва ҳаҷми зарари бартарафкардашуда - аз 1 то 12.

5. Механизми татбиқи Барнома

Барнома дар муддати 6 сол дар ду давра татбиқ карда мешавад.

- дар навбати аввал (солҳои 2009-2011) ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию ихтироотӣ, таҳқиқ ва шиносномакунии ҳудуд ва иншоотҳо;

- таҳлил ва таҳияи дурнамои татбиқи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳимоявии иншоотҳои махсусан муҳим. Инчунин иҷрои чорабиниҳои аввалиндараҷаи зерин дар назар дошта мешавад:

- таҳия ва татбиқи барномаҳои, мақсаднок оид ба такмилу ташаккули базаи моддию таълимии мақомоти идораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, амалӣ намудани чорабиниҳое, ки ба бехатарии аҳолӣ ва ҳимояи иншоотҳои махсусан муҳим, самаранокии мониторингу пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда ва огоҳсозии аҳолӣ имконият медиҳанд;

- системакунонӣ ва рушди минбаъдаи базаи меъёрию техникӣ ва ҳуқуқӣ барои паст кардани таҳдиди ҳолатҳои фавқулодда;

- ташкили системаи мукаммали умумидавлатии иттилоотӣ ва хабардоркунии аҳолӣ дар маҳалҳои ҷамъшавии оммавии одамон;

- ташкили Маркази идораи ҳолатҳои бӯҳронӣ;

- таҳияи асосҳои методӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва механизмҳои татбиқи чорабиниҳои барномавӣ дар ҳаҷми пурра.

Дар навбати дуввум (солҳои 2012-2014) ташкили системаи мукаммали умумидавлатии иттилоотӣ ва хабардоркунӣ дар маҳалҳои ҷамъшавии оммавии одамон:

- дар марказҳои идоракунии вилоятӣ ҳамчун унсури сохторӣ ташкил намудани маркази ҷумҳуриявии идоракунӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ;

- таъмини бехатарии аҳолӣ ва ҳимояи иншоотҳои махсусан муҳим аз таҳдидҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидашта;

Барнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар амал татбиқ мегардад.

6. Маблағгузории Барнома

Барнома дар солҳои 2009-2014 аз ҳисоби маблағҳои:

- буҷети ҷумҳуриявӣ 43 млн 560 ҳазор сомонӣ;

- инвеститсияи хориҷӣ 16 млн 50 ҳазор доллар;

- аз ҳисоби воситаҳои буҷети маҳаллӣ (дар доираи татбиқи барномаҳои минтақавии паст кардани хатарҳо ва кам кардани хисорот аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, ки дар мувофиқа бо Кумита таҳия ва татбиқ мешаванд) маблағгузорӣ карда мешавад.

7. Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2014

* Оварда намешавад.

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "31" октября 2008 года №527

Программа развития системы чрезвычайных ситуации и гражданской обороны Республики Таджикистан на период 2009-2014

ВВЕДЕНИЕ

Система чрезвычайной ситуации и гражданской обороны осуществляет функции по проведению государственной политики, нормативно-правовому регулированию, оказанию государственных услуг и управлению государственным имуществом в сфере управления чрезвычайными ситуациями и гражданской обороной, осуществляет руководство единой государственной политикой в области подготовки и защиты населения, объектов экономики и территории Республики Таджикистан от последствий чрезвычайных ситуаций мирного и военного времени, организует весь комплекс общегосударственных, правовых и других мероприятий, направленных на защиту населения, объектов экономики и территории Республики Таджикистан от последствий чрезвычайных ситуаций природного характера а также в случае возникновения военных действий.

В своей деятельности эта отрасль руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и Положениями Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан и взаимодействует с другими центральными органами власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными, объединениями и иными организациями.

Главная цель отрасли - это обеспечение защиты населения, объектов экономики и территории Республики Таджикистан от последствий чрезвычайных ситуаций мирного и военного времени, организация обучения населения, обеспечение и приведение в постоянную готовность управляющие органы, силы и средства системы чрезвычайной ситуации и гражданской обороны государства всесторонний анализ, сбор информации и ее обмен по чрезвычайным ситуациям природного и техногенного характера, предупреждению чрезвычайных ситуаций и их последствий, контроль и координация работы по доставке населению пострадавшему от чрезвычайных ситуаций гуманитарной помощи и осуществление контроля за их целевым использованием, распределением и расходованием, доставка гуманитарной помощи населению пострадавшему от чрезвычайных ситуаций.

Органы местной государственной власти на местах, предприятия, учреждения и другие организации независимо от форм собственности и подчиненности, должностные лица и население Республики Таджикистан при решении вопросов обязаны тесно взаимодействовать с "ЧС и ГО при правительстве Республики Таджикистан и штабами по ЧС и ГО в областях, городах и районах.

I. Основными проблемами и состояния отраслей ЧС и ГО на данный момент является:

КЧС и ГО при Правительстве Республики Таджикистан и ее составные 24 штатные структуры с общим количеством штатных - 1991 единиц определяют основные направления ЧС и ГО в республике, участвуют в создании, оснащении и содержании в постоянной готовности сил и средств, предназначенных для ликвидации последствий ЧС в мирное и военное время, осуществляют методическое руководство и координируют действия сил и средств, которые участвуют в ликвидации последствии стихийных бедствий.

В системе ЧС н ГО республики существуют службы и многочисленные невоеннозированные формирования общего назначении, но практика последних лет показывает, что основными силами и средствами во всех случаях являются воинские части гражданской обороны Комитета.

Для эффективного руководства над выполнением мероприятий по предупреждению и ликвидации ЧС Центр управления по ЧС Комитета не имеет полную возможности контролировать все ситуации потому, что большинство организаций н учреждений, деятельность которых непосредственно связанно с предупреждением ЧС природного характера являются самостоятельным и с Комитетом никакие связей и взаимодействия не имеют.

В последние десятилетия активизируется экзогенная деятельность и с каждым годом растёт количество чрезвычайных ситуации, в результате которых экономике республики наносится многочисленный ущерб.

До 1990 года на территории Республики Таджикистан, например как и городах Душанбе, Худжанд, Курган-Тюбе, Куляб и Нурек построены многочисленные защитные сооружения с вложением больших затрат и средств. В настоящее время эти объекты, том числе средства индивидуальной защиты приборы радиоационно-химической разведки, находятся в неудовлетворительном состоянии.

В целях твердого руководства различных отраслей народного хозяйства в период боевых действий необходимо поддерживать в постоянной готовности резервные пункты управления центральной обороны.

До 1997 года загородный резервный пункт управления (33ПУ) республиканского значения, который обслуживался Комитетом по ЧС п ГО Республики Таджикистан функционировал и находился в населенном пункте Каратаг. Выведение из подчинения Комитета этого сооружения -отрицательно отразилось на централизованное управление гражданской обороной страны.

Оборудования и приборы систем управления, климатические и географические специфические особенности отдельных регионов республики ограничивают управлению ситуацией на местах из Центра из-за не соответствия совершенным требованиям материально-технической базы и организационной структуре штабов по ЧС и ГО областей, г.Душанбе не все вопросы находят свое решение или же вменяются в обязанности других структурах.

Защита населения и объектов в республике организована на низком уровне.

Снежные лавины, как ЧС природного характера, ежегодно и наносят экономике и отраслям народного хозяйства страны ощутимый ущерб.

На более 64% территории Республики Таджикистан ежегодно происходят чрезвычайные ситуации природного характера: селевые потоки, снежные лавины и оползни, а также имеются более 200 искусственных озер, которые являются основным источником и причиной образовании чрезвычайной ситуации природного характера-селевых потоков. Только за последние 10 - лет в республике зарегистрировано около 700 селевых потоков, большинство из которых имели катастрофические последствия. Необходимо отметить, что 60% территории Республики Таджикистан находится в опасных сейсмических зонах. Несмотря на это эти районы считаются пригодными для жизнедеятельности.

В республике прибыльная промышленность работает на устаревшей технологии, который удваивает причины возникновения ЧС.

В связи с распадом СССР прекратила свою деятельность служба технической инспекции надзора над безопасным использованием природного газа в жилых помещениях и объектах народного хозяйства, что привело к массовому нарушению техники безопасности при использовании природного газа, многочисленным человеческим жертвам и большому материальному ущербу.

Система подготовки спасателей находится в начальной стадии Спасателей добровольно подготавливают и обучают в отдельных районах, С увеличением числа строительства гидрозлектрических станций, восстановления горнодобывающей отрасли, разведки нефти и газа и подъёма экономики страны - требуется восстановление службы горных спасателей с целью спасения горнодобытчиков,

Система обучения населения, подготовка и переобучение кадров, которые организовывались в 80-90 годы прошлого века современному требованию не отвечают.

Средства, имущество и оборудование находящиеся в мобилизационном резерве, по причине истечения срока хранения в запасе срока службы ипспользования, стали непригодными к дальнейшему использованию. Организация хранения и неприкосновенности запасов имущества на местах и обьектах поставлены в недостаточном уровне.

В последние годы многие страны находились под воздействием опасных факторов, производственных аварий и катастроф, имеющих транснациональный характер. Бассейны реки Пяндж в случаи прорыва дамбы "Усоя" и реки Сырдарьё в случае прорыва плотины Кайраккумского водохранилища нарушат русло и приведут к транснациональной опасности в республиках Узбекистан, Кыргызстан и Туркменистан, что требует проведения совместного исследования. Комитет не имеет жилищного фонда а также за период существования Комитета с 1994 года по сегодняшний день ни один сотрудник комитета не обеспечен жильём. В данное время 40% сотрудников не имеют жилья и частично нуждаются в улучшении жилищных условий.

II. Цель программы.

Программа разработана в соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и постановления правительства Республики Таджикистан с 5 февраля 2008года № 56 "О проведении направления развития отрасли ЧС и ГО и обеспечением их укрепления в период 2009-2014 годы, имеет ниже следующие цели:

- усовершенствование государственного управления в сфере ЧС и ГО и их плодотворной эффективной деятельности,

- уменьшение риска, и повышение уровня защиты населения от опасных факторов ЧС.

- своевременное проведение мероприятий по защите населения от ЧС природного и техногенного характера

- в том числе проведение необходимых мероприятий для обеспечения устойчивости развития социально- экономического развития государства.

III. Задачи и программы

Усовершенствование Научно -методических основ и совершенствование упорядоченные механизмов управления в отрасли снижения риска опасностей от ЧС, повышение уровня безопасности населения, эффективное проведение мероприятий по защите населения и территории;

- научно обоснованные анализы происхождения опасности от природных аварий и техногенных катастроф и оценка прогнозирования ЧС.

- Организация общегосударственной системы предупреждения и оповещения населения на местах (массовый сбор)

- Организация научно-методических основ и методов и средств развития культурно-этнических действий населения с использованием информационно- телекоммуникационных технологий и средств массовой информации;

- прогнозирование рисков ЧС на особо важных объектах, разработка основных государственных, политических комплексных мероприятий по обеспечению их защиты;

- усовершенствование государственной системы управления и оперативного реагирования на кризисные ЧС;

- усовершенствование основ организации сил ГО и средства ликвидации последствий ЧС;

- организация Центра управления кризисными ситуациями;

- развитие и улучшение единой государственной системы предупреждения и ликвидации последствий ЧС;

- организация подготовки начальствующего состава и обучения населения в сфере прогнозирования ликвидации последствий ЧС;

- осуществление системы обязательного страхования и гражданской ответственности при нанесении ущерба в период использования опасных объектов;

- координация и взаимодействие организационно-технических материально-финансовых и информационных резервов органов государственной и исполнительной власти Республики Таджикистан при решении вопросов снижении рисков ЧС;

IV. Ожидаемые результаты:

Улучшение качества проживания населения путем снижения угрозы ЧС природного и техногенного характера, повышение необходимой степени безопасности и защиты особо важных объектов от опасных факторов природного и техногенного характера, организация укрепления развития социально-бытовых, экономических условий страны;

- осуществление эффективных экономических мероприятий за счет средств государственного бюджета, уменьшение материального ущерба, а также сокращение числа погибших и пострадавших ;

В результате реализации программы из средств республиканского бюджета запланированы следующие показатели:

- уменьшение ущерба ЧС (по сравнению с показателями 2007г в процентном отношении).

- уменьшение количества людских потерь - от 7 до 9

- уменьшение количества пострадавшего населения от 4 до 6

- уменьшение размера экономического ущерба от 5-7

Повышение эффективности информационного обеспечения и оповещения о ЧС, (по сравнению с показателями 2007 г в процентном отношении)

- полное повышение мониторинга - от 6 до 8,

- повышение реальности предупреждений -от 10 до 12,

- повышение эффективности экономии для мероприятий по оповещению о ЧС путем достижения желаемого количества экономий для мероприятий по уменьшению риска ЧС и размера ущерба ликвидации от 1-10;

- Объединение финансовых средств республиканского бюджета и местных бюджетов областей Республики Таджикистан приводит к улучшению следующих показателей программы:

- уменьшения ущерба от ЧС (по сравнению с показателями 2007 года в процентных отношениях):

- уменьшение количества жертв - 11

- уменьшение количества пострадавшего населения -7

- уменьшение экономического ущерба -9;

Повышения эффективности, информационного обеспечения, системы мониторинга и предупреждения ЧС (по сравнению с показателями 2007 г в процентном отношении):

- полное повышение мониторинга -10;

- повышение действительности предупреждений -14;

- повышение эффективности экономии для мероприятий по предотвращению ЧС путем достижения желаемого количества экономии для мероприятий уменьшения риска ЧС и размера ущерба их ликвидации от 1-12:

V. Механизм реализации программы:

Программа реализуется в течении 6-лет в 2-х этапах:

- В первую очередь (2009-2011) осуществлении научно исследовательских, опытно-рационализаторских мероприятий, исследование и паспортизация территорий и объектов;

- Анализ перспективная разработка и реализация мероприятий по повышению уровня защиты объектов и особо важных объектов:

В том числе предлагаются к исполнению следующие первичные мероприятия:

- Разработка и реализация целевых программ по укреплению материально-технической, учебной базы органов управления ГБАО, областей, г.Душанбе, зон и районов, осуществление мероприятий по улучшению состояния безопасности населения и защита особо важных объектов, зффективности мониторинга, предупреждения ЧС и оповещения населения;

- Систематизация и дальнейшее развития нормативной, юридической и технической базы, уменьшения угрозы ЧС;

- Организация общегосударственных систем информации и оповещения в местах массового сбора людей;

- Организация центрального управления кризисными ситуациями;

- Разработка методических, экономических, организационных механизмов реализации программных мероприятий в полном объеме;

Во второй очереди (2012-2014 годы) организация общегосударственных систем информации и оповещения в местах массового сбора людей:

- В областных центрах управления организовать республиканские центры управления кризисными ситуациями;

- Обеспечение безопасности населения и защита особо важных объектов от угрозы ЧС природного и техногенного характера;

Программа осуществляется правительством Республики Таджикистан и международными организациями.

VI.Финансирование

Всего в 2009-2014 годы из средств:

- республиканского бюджета 43 млн 560 тыс.сомони;

- международных инвестиций 16 млн. 50 тысяч долларов;

- из средств местных бюджетов (в рамках осуществления зональных программ уменьшения опасности, материального ущерба от ЧС природного и техногенного характера по согласованности с Комитетом по ЧС).

Данное предложение не выражает законченную мысль и в таджикском варианте отсутствует.

7.План мероприятий по Программе

* не приводится