Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66, аз 25.11.2021, №505)
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", моддаи 5 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя ):
- бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ оид ба амалисозии Консепсияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад ;
- бо Вазорати маориф ва имли Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ таклиф пешниҳод намояд .
3. Бо мақсади амалисозии Консепсияи мазкур Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ҳамасола дар дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбии тиббӣ ва фарматсевтиро пешбинӣ намояд .
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2004 № 423 "Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 512
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 8, 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", моддаҳои 3 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", моддаҳои 3, 8, 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя:
- бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ оид ба амалисозии Консепсияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад;
- бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ таклиф пешниҳод намояд.
3. Бо мақсади амалисозии Консепсияи мазкур Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ҳамасола дар дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбии тиббӣ ва фармасевтиро пешбинӣ намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2004 № 423 "Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2008 № 512
ш. Душанбе