Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 483 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ"

Санаи амалкуни: 03.06.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2017 № 597 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2012 № 478, аз 3.06.2014 № 382)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои тобеи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба миқдори 98 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 44 воҳид ва сохторҳои тобеи он дар вилоятҳо 54 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2012 № 478, аз 3.06.2014 № 382).

3. Ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ иҷозат дода шавад, ки як муовини Сардор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 6 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 44 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 54 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 382).

5. Дар назди Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ:

- Корхонаи вохиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ";

- Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтӣ ва тиббӣ дар вилояти Суғд" фаъолият менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 382).

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 183 "Дар бораи Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ (бо ҳуқуқи хадамот)" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2008 № 483

ш. Душанбе