ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия"
Моддаи 1. Дар сархатҳои дуюм ва панҷуми қисми 2 моддаи 8, сархати панҷуми қисми 1 моддаи 10 ва сархати дуюми қисми 1 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №7, мод.402; с.2007, №7, мод.660) калимаҳои "музди меҳнати ҳадди ақали муқарраршуда" ва "музди меҳнати ҳадди ақал" ба калимаҳои "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 октябри соли 2008 № 419
ш. Душанбе
6 октябри соли 2008 № 419
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
...