ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод.243) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Қонуни конститутсионии мазкур меъёру принсипҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи байналмилалиро, ки ба шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои инсон дахл доранд, амалӣ намуда, барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити нисбатан мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя ва пуштибонӣ намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, таъмин менамояд.".
2. Рақамгузории бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
3. Ба моддаи 1 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз асосҳои сазовор гаштан ба он, баробар ва ягона мебошад.".
4. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
5. Дар қисми дуюми моддаи 6 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "шартномаҳои байналхалқӣ" ба калимаҳои "шартномаҳои байналмилалӣ" иваз карда шаванд.
6. Матни моддаи 7 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ҳеҷ як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати хориҷӣ супоридан мумкин нест. Супоридани шахси ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал карда мешавад.".
7. Дар моддаи 10:
-дар қисми якум калимаҳои "иттиҳоди ҷаҳон" ба калимаҳои "ҷомеаи ҷаҳонӣ" иваз карда шаванд;
...