ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 414)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 414)
Қонуни конститутсионии мазкур меъёру принсипҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи байналмилалиро, ки ба шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои инсон дахл доранд, амалӣ намуда, барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити нисбатан мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя ва пуштибонӣ намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, таъмин менамояд .
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрванди
Ҳуқуқи шаҳрванди ҳуқуқи дахлнопазири инсон мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқи шаҳрванди дорад. Касеро аз шаҳрванди ё ҳуқуқи тағйир додани шаҳрванди маҳрум кардан мумкин нест.
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз асосҳои сазовор гаштан ба он, баробар ва ягона мебошад .
Моддаи 2. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Шахсе шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё худ мутобиқи ҳамин Қонуни конститутсиони ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шудааст.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
...