×

Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 467

Санаи амалкуни: 07.08.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008 № 467

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати дохилии (ихтиёрии) аҳолӣ аз мавзеъҳои кӯҳӣ, наздикӯҳӣ ва ноҳияҳои зичии аҳолиашон зиёд ва камзамин ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон дар интихоби озодонаи ҷойи истиқомат, обод намудани заминҳои бекорхобида дар ноҳияҳои серзамин, инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ бо истифодабарии захираҳои меҳнатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони бекор, мусоидат намудан ба баланд бардоштани шароити зисти аъзои оилаи муҳоҷирон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирии муҳоҷирати дохилии ғайрирасмӣ, таҳкими дӯстӣ миёни миллатҳо ва халқиятҳо дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирон, ҷалби оилаҳои ҷавон ба барпо кардани инфраструктураи деҳот равона гардидааст.

2. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) мақомоти ваколатдор ва ҳамоҳангсози масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) буда, ташкил ва назорати иҷрои корҳоро дар ин раванд тавассути сохторҳои тобеи худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

3. Кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз як минтақа ба минтақаи дигар танҳо дар ҳолати мавҷуд будани кафолатномаи расмии тарафи қабулкунандаи муҳоҷирон доир ба ҷойгир кардан дар хонаҳои истиқоматӣ ва ё ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили зисти доимӣ, таъмини оби нӯшокӣ, хизматрасонии тиббӣ, барқ, ҷойи корӣ барои ҳамаи аъзои оила, замонати ҳолати санитарии муносиб ва тибқи имкониятҳои мавҷудбуда барпо намудани иншооти иҷтимоӣ, метавонад амалӣ карда шавад. Кафолатномаи мазкурро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба унвони Хадамот пешниҳод менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

4. Муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) муташаккилона мувофиқи Нақшаи аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои партови ҷумҳурӣ ихтиёрӣ кӯчонидани аҳолӣ барои давраи миёнамӯҳлат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ташкил карда мешавад. Дар нақшаи мазкур, номгӯи шаҳрҳо ё ноҳияҳои ирсолкунандаи муҳоҷирон, шаҳрҳо ё ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, теъдоди хоҷагии муҳоҷирон ва мӯҳлати ташкили муҳоҷират нишон дода мешаванд. Теъдоди хоҷагиҳои муҳоҷирони кӯчонидашаванда ба як шаҳр ё ноҳия (тарафи қабулкунанда) дар як сол набояд аз 200 адад зиёд бошад. Лоиҳаи Нақшаи миёнамӯҳлати муҳоҷиратро Хадамот дар асоси пешниҳоди тарафи ирсолкунанда ва кафолатномаи расмии тарафи қабулкунанда таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

5. Мувофиқи Нақшаи муҳоҷират Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи моҳонаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират таҳия менамояд, ки аз ҷониби Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

6. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои танзим ва назорати ҷараёни амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) мутобиқи Нақшаи муҳоҷират, Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

7. Сардори оила, ки хоҳиши муҳоҷир шуданро дорад, анкета-аризаро (замимаи 1) дар ду нусха тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти агентии дар маҳал буда ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниход менамояд. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муҳоҷирӣ, ки ҳуқуқ ва бартарии муҳоҷиронро барои гирифтани имтиёзҳо муайян менамояд, Шаҳодатномаи муҳоҷири дохилӣ (ихтиёрӣ) мебошад (замимаи 2).

Мутобиқи шаҳодатномаи супоридашуда, муҳоҷирон метавонанд дар маҳали нави зист тибқи тартиби муқараргардида аз шӯъбаҳои дахлдори дар шаҳру ноҳияҳо будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" қарзи имтиёзнок гиранд.

2. Ваколат, ӯҳдадорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ дар ташкили муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ)

8. Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират ва пурра ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), беҳтар намудани вазъи демографии кишвар, барпо кардани инфраструктураи деҳот бо дарназардошти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ноил шудан ба баландшавии сатҳи зиндагии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо байни вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба таври зайл муайян карда шудааст:

- Хадамот дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (тарафҳои ирсолкунанда) рӯйхати ном ба номи муҳоҷиронро мутобиқи Нақшаи кӯчонидан тартиб дода, онро ҳар соли тақвимӣ ба расмият дароварда, тасдиқ менамояд. Баъди мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мӯҳлати кӯчонидани муҳоҷиронро бо назардошти иҷрои талаботи банди 3 Низомномаи мазкур муайян намуда, якҷоя бо онҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ корҳоро доир ба кӯчонидани оилаҳои муҳоҷирон ба ҷойҳои нави истиқомат анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532);

- масъалаҳои омодагӣ ва ташкилиро дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) байни вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа намуда, ҳаллу фасл менамояд.

- аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда оид ба кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур менамояд;

- фаъолияти сохторҳои дахлдори мақомоти Хадамот дар маҳалҳо дар мавзеъҳои ҷойгиршавии муҳоҷирон доир ба дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа, гузаронидани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирон ва аҳолии муқимии маҳалли зист оид ба ҷорӣ намудани сиёсати давлатии муҳоҷират бо мақсади беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, соҳаи кишоварзӣ, мусоидат ба рушди фарҳанг, таҳкими дӯстӣ дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирон, пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳаётан зарурро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532);

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишуда маблағгузории қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиерӣ) таъмин менамояд.

Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират ва дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди супориши фармоишгар дар мӯҳлати муқарраргардида лоиҳаи нақшаи кулли маҳали навро таҳия намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии тарафи қабулкунанда пешниҳод менамояд;

- рафти сохтмони иншоот ва хонаҳои истиқоматии муҳоҷиронро аз оғоз то ба анҷом расонидани он дар асоси лоиҳаи таҳияшуда таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад.

Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ҷудо намудани заминро бо тартиби муқарраргардида дар амал ҷорӣ менамояд;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷойи сохтмони иншооти иҷтимоиро барои муҳоҷирон муайян менамояд.

Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик":

- мутобиқи дархости "Фармоишгарон" шартҳои техникиро дар асоси меъёрҳои муайянкардашуда пешниҳод намуда, доир ба гузаронидани хатҳои интиқоли барқ дар маҳалҳои зисти муҳоҷирон чораҳои муайян меандешад;

Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ":

- мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират корҳоро оид ба гузаронидани хатҳои обгузар барои таъмини оби нушокӣ, инчунин бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои наздиҳавлигӣ гузаронидани хатҳои магистралиро ба анҷом мерасонад;

Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират роҳҳои дохилихоҷагӣ ва ба он барандаро баъди ҷудо намудани маблағҳои мақсаднок то ҷобаҷошавии оилаҳо ҳамвор ва сангфарш менамояд. Дар асоси дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиммяти давлатӣ роҳҳои пиёдагардро барои рафтуомад ба ҷойи нави истиқомат ҳамвор менамояд;

- баъди ба суратҳисоби интиқолдиҳанда дохил шудани 50 фоизи маблағи пешпардохт, шумораи зарурии нақлиёти автомобилиро ҷудо менамояд;

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми кӯчонидани муҳоҷирон ба маҳали нави зист, ҳамроҳии тиббии корвони муҳоҷиронро таъмин намуда, баъдан то анҷом додани корҳои сохтмонӣ, назорати доимиро нисбати нигоҳдории саломатии муҳоҷирон ва роҳ надодан ба пайдоиши касалиҳои сирояткунанда ташкил менамояд;

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барои ҷойгир намудани кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии дар маҳалли нави зисти онҳо мавҷудбуда чораҷӯӣ менамояд;

- ҳангоми ба нақшаи генералии маҳал дохил гардидани сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, сохтмонро мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират ба анҷом мерасонад;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон:

- ҳангоми муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ), ҳамроҳии корвони муҳоҷиронро ба ҷойҳои нави таъиншуда ва бехатарии ҳаракати онро таъмин менамояд. Бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар маҳали нави зисти муҳоҷирон, навбатдориро то вақти муайянгардида ташкил карда, оилаҳои кӯчонидашударо тибқи муқаррарот дар асоси шиносномаи шаҳрвандӣ ба қайд мегирад;

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк":

- мутобиқи дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур пардохти саривақтии қарзҳои имтиёзнокро таъмин намуда, якҷоя бо сохторҳои ин вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба истифодаи пурра ва мақсадноки маблағҳо санҷиш мегузаронад;

- бо мақсади сари вақт бозгардонидани фоизи муайяни қарзи имтиёзнок, дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо муҳоҷирон, корҳои заруриро ба анҷом мерасонад;

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ):

- рӯйхати оилаҳои муҳоҷиронро, ки сохторҳои зертобеи Хадамот дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тибқи муқаррарот тартиб додаанд, тасдиқ намуда, мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Накшаи муҳоҷират ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532);

- якҷоя бо кормандони Хадамот бо оилаҳои муҳоҷирони кӯчонидашаванда корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил намуда, ҳангоми кӯчонидани муҳоҷирон ба ҷойи нави истиқомат, онҳоро роҳбаладӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532);

- баъд аз ҷо ба ҷо кардани муҳоҷирон дар маҳали нави истиқомат, санади супоридан ва қабули муҳоҷиронро тартиб дода, онро бо мӯҳр ва имзо тасдиқ менамояд (замимаи 3);

- то ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар маҳали нави зисти муҳоҷирон, аз аҳволи онҳо доимо хабар гирифта, дар ҳолати зарурӣ бо истифодабарии даромадҳои иловагии буҷети маҳаллӣ, кӯмаки амалӣ мерасонад;

- бо мақсади фароҳам овардани шароит ва таъмини иҷтимоии муҳоҷирон дар ҷойи нави зист, дар як сол на зиёда аз 200 оилаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ)-ро интиқол медиҳад;

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ):

- мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани манзили истиқоматӣ ва ё қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои муҳоҷирон қарор қабул карда, онро ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- бо мақсади қабули муносиби муҳоҷирон аз ҷониби аҳолии муқимии минтақа, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, доир ба дӯстию иттифоқии байни миллатҳо ва халқиятҳо дар ин мавзеъ, чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил менамояд;

- барои расондани кӯмак ва мусоидат дар сохтмони хонаю биноҳои рӯиҳавлигии муҳоҷирон чораҳо меандешад;

- барои парвариши чорво ва парранда шароит муҳайё менамояд. Бо ин мақсад ба муҳоҷирон аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷети маҳаллӣ кӯмаки иловагии молиявӣ мерасонад;

- барои баланд бардоштани тахассус ва дониши муҳоҷирон якҷоя бо мақомоти маҳаллии Хадамот курсҳои имтиёзноки омӯзишӣ ташкил намуда, ҷиҳати бо ҷойҳои кори муносиб таъмин намудани онҳо чораҳо меандешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532);

- дар ҷойҳои нави зисти муҳоҷирон муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, китобхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоии заруриро барпо менамояд;

- бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ, барои сохтмони хонаҳои истиқоматии муҳоҷирон ва дигар иншооти иҷтимоӣ, танҳо заминҳои ғайрикиштбобро ҷудо менамояд. Тартиби ҷудо кардани қитъаи замин мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, №342 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" амалӣ мегардад.

3. Тартиби интихоб ва барӯйхатгирии оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз ҷониби Хадамот

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532)

9. Шарти асосии ба руйхат номнавис кардани оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) бо шарти мавҷуд будани на камтар аз ду узви қобили кор дар оила, ки синну солашон: мардон - аз 15-сола то 63-сола ва занон - аз 15 сола то 58-соларо ташкил медиҳад, буда, аъзои оила бояд аз ҷониби комиссияи тиббӣ коршоям дониста шуда бошад.

10. Сардори оилаи муҳоҷиршаванда шавҳар (зан) буда, фарзандон ва падару модарон, ки дар таъмини сардори оила мебошанд ва ҳамроҳи онҳо истиқомат мекунанд, аъзои оила ба ҳисоб мераванд.

11. Қарори ба ҳайати оилаи муҳоҷиршаванда дохил кардани бародарон ва хоҳарони сардори оила ва ҳамсари он (шавҳар) аз ҷониби Хадамот қабул карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

12.Барои фаҳмонидани моҳияти муҳоҷиркунонии аҳолӣ ва имтиёзҳое, ки муҳоҷирон аз он бархӯрдор мешаванд, мақомоти Хадамот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чи дар ҷойи баромади муҳоҷирон ва чи дар ҷойи ҷойгиршавии онҳо ташкил кардани корҳои оммавию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифодаи ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма, маълум намудани шароити иқтисодию ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади дар оянда ҷобаҷокунонӣ ва бо кор таъмин кардани муҳоҷиронро таҳти омӯзиш ва назорат қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

13.Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаи нави зисти муҳоҷирон ва пешвози муносиби онҳо, ҷамоату хоҷагиҳои ҷойи ҷойгиркунонӣ ва ташкилоту идораҳоро ҷалб намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лавҳаҳоро вобаста ба масъалаи мазкур ташкил менамояд.

14.Оилаҳои муҳоҷирон бо сабабҳои зерин ба рӯйхат дохил карда намешаванд:

- ҳуҷҷатҳои заруриро ба Хадамот сари вақт пешниҳод накардаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532);

- барои мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат аз кор озод карда шудаанд;

- пештар муҳоҷир шуда, баъдан худсарона ва бе сабабҳои узрнок ҷойи муҳоҷиратро тарк намудаанд;

- дар маҳали баромад қайди доимӣ надоранд;

- имконияти сохтмони Мустақилонаи манзилро дар ҷойи муҳоҷират надоранд.

15.Сардори оила, ки хоҳиши кӯчиданро изҳор кардааст, ариза-анкетаи шаклаш муқарраргардидаро (замимаи 1) пур карда, ба мақомоти Хадамот дар ҷойи зист месупорад. Ҳамзамон, дар ариза- анкета аъзои оила, ки синну солашон аз 16-сола зиёд мебошад, дар хусси розигиашон оид ба муҳоҷиршавӣ имзои худро мегузоранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

16. Мақомоти Хадамот дар ҷойи зист баъд аз қабули ариза-анкета, ба Оилаи муҳоҷиршаванда барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ, варақаи муоинаи тиббиро (замимаи 4) месупорад. Натиҷаи муоинаи тиббӣ бо мӯҳр ва имзои духтурони комиссия тасдиқ гардида, ба мақомоти Хадамот дар шаҳру ноҳияҳо баргардонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

17. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида бо иловаи нусхаҳои шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, шаҳодатномаи ҳарбӣ, шаҳодатномаи акди никох, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон, диплом оиди маълумот, шаҳодатномаи тахассусӣ, 2 дона сурати рангаи 3x4 см бо мақсади роҳ надодан ба муҳоҷирати такрорӣ, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, хулосаи он бо мӯҳр ва имзои роҳбари мақомоти Хадамот дар шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

Мақомоти Хадамот дар шаҳру ноҳияҳо ҳамаи оилаҳои муҳоҷиронро дар дафтари қайд ва махзани маълумот сабт намуда, ҳуҷҷатҳои шахсии оилаҳои муҳоҷиршаванда ва рӯихати онҳоро ба Хадамот дастрас менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

18. Кормандони сохторҳои маҳаллии Хадамот ҳар кадом оилаи муҳоҷиршавандаро бо имтиёзҳои амалкунанда ва талаботи мавҷудбуда дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) шинос менамоянд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

19. Нисбат ба оилаҳое, ки аризаи онҳо барои муҳоҷиршавӣ рад карда шудааст, дар давоми 10 рӯзи корӣ қарори мақомоти маҳаллии Хадамот дар шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, бо он аризадиҳандагон шинос карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

20. Хадамот баъд аз қабули ҳуҷҷатҳои оилаҳои муҳоҷиршаванда дар давоми 10 рӯз ба номи сардори оила шаҳодатномаи муҳоҷириро навишта, онро дар дафтари қайд сабт менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

Шаҳодатномаи муҳоҷирӣ дар асоси санад ва рӯйхати муҳоҷирон супорида мешавад.

4. Муҳоҷирати байнивилоятӣ ва байниноҳиявӣ

21. Муҳоҷирати байнивилоятӣ ва байниноҳиявии дохилӣ (ихтиёрӣ)-и муҳоҷирон дар асоси мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ба қувваи корӣ эҳтиёҷдошта сурат гирифта, бояд дар мадди аввал масъалаҳои эҳтиёҷ ба қувваи корӣ, фароҳам овардани шароити истеҳсолӣ, манзилӣ ва иҷтимоиро дар ҷойҳои муҳоҷиршавӣ ба инобат гирад.

22. Пеш аз таҳия намудани рӯйхати оилаҳои муҳоҷиршаванда ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои онҳо бо дарназардошти эҳтимолияти мутобиқ нашудан ба боду ҳавои минтақаи дигари ҷумҳурӣ, таҳти ҳамоҳангсозии Хадамот ва иштироки намояндагони мақомоти маҳаллии дахлдори давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, масъалаи мазкур омӯхта мешавад. Хулосаи гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯз ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарори дахлдор пешниҳод мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

23. Яке аз шартҳои асосии чунин муҳоҷиркунонии оилаҳо ва таъмини ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии онҳо дар ҷойи нави зист- ин кафолати расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон мебошад. Кафолатнома марбут ба масъалаи зикргардида унвонии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз мувофиқаи байнивилоятӣ ва байниноҳиявӣ ирсол мегардад.

24. Ҳангоми амалӣ намудани муҳоҷирати байнивилоятӣ ва байниноҳиявӣ, бо хоҳиши сардори оила ва розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии интиқолдиҳандаю қабулкунанда, мумкин аст, ҷиҳати кӯмак ҳангоми сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои наздиҳавлигӣ дар ҷойи нави зист бо сардори оила танҳо аъзои қобили меҳнати оилаи муҳоҷирон равона карда шаванд.

5. Муҳоҷирати дохиливилоятӣ ва дохилиноҳиявӣ

25. Муҳоҷиркунонии ихтиёрии оилаҳо дар дохили вилоят ва дар дохили ноҳия бо мақсади самаранок истифода бурдани қувваи кории иловагӣ аз ҳисоби захираҳои зиёди меҳнатӣ, ки дар ноҳияҳои камзамин, кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ мавҷуданд, сурат мегирад. Муҳоҷиркунонии оилаҳо дар дохили вилоят ва ноҳияҳо дар сурати мавҷуд будани шароити истеҳсолӣ, истиқоматӣ ва маданию маишӣ амалӣ карда мешавад.

26. Мақомоти Хадамот дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи пешниҳоди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба кӯчонидани шумораи муайяни оилаҳои муҳоҷирон, корҳои оммавию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, рӯйхат ва ҳуҷҷатҳои зарурии оилаҳоро ба расмият медарорад. Баъд аз анҷом додани корҳои мазкур, мақомоти Агентии минтақавӣ ҳуҷҷатҳои оилаҳои муҳоҷиршавандаро бо рӯйхати онҳо, ки аз ҷониби раисони вилоятҳо ва ё шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда шудааст, ба Хадамот дастрас менамояд. Ҳамзамон, унвонии Хадамот аз ҷониби раисони вилоятҳо ва ё шаҳру ноҳияҳо оид ба қабули муносиби оилаҳои муҳоҷирон, таъмин бо манзил ё қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, барқ, оби нӯшокӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои маишӣ, бояд кафолатномаи расмӣ ирсол карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

6. Тартиби ба муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) пардохт намудани қарзи имтиёзнок барои сохтмони манзили истиқоматӣ

27. Хадамот барои пардохт намудани қарзи имтиёзнок ба оилаҳои муҳоҷирон, рӯйхати тақсимотиро бо нишон додани маълумоти шиносномаи сардори оила, насаб, ном ва номи падар, рақами шаҳодатномаи муҳоҷирӣ, ҳайати оила ва миқдори маблағи ҷудошуда, дар чор нусха тартиб медиҳад, ки он ба тариқи зерин тақсим ва фиристода мешавад(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532):

- нусхаи аввал ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории қарзи имтиёзнок;

- нусхаи дуюм ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои тасдиқ ва интиқол додани маблағ ба Суратҳисоби шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар шаҳру ноҳияҳо фиристода мешавад;

- нусхаи сеюм ба мақомоти Хадамот дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади сари вақт ҷудо кардани маблағи қарзи имтиёзнок ба оилаҳои муҳоҷирони кӯчонидашуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532);

- нусхаи чорум дар шӯъбаи молиявии Хадамот барои бурдани назорат, санҷиш ва таҳияи ҳисоботҳо нигоҳ дошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

28. Қарзи имтиёзнок ба сардори оилаи муҳоҷирони кӯчонидашуда дар давоми 10 рӯзи кории баъд аз интиқоли онҳо, бо шарти пешниҳод намудани шиносномаи шаҳрвандӣ, шаҳодатномаи муҳоҷири дохилӣ (ихтиёрӣ) ва ба имзо расонидани шартномаи дуҷониба бо шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пардохт карда мешавад. Сардори оила ва аъзои он ӯҳдадоранд, ки маблағи қарзи имтиёзнокро мақсаднок истифода баранд.

29. Ҳангоми вафот ё дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани сардори оилаи муҳоҷирон, тамоми масъалаҳои молиявӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ ба ӯҳдаи яке аз аъзои қобили меҳнати оила, ки дар шаҳодатномаи муҳоҷир сабт шудааст, мегузарад.

30. Баргардонидани қарзи имтиёзнок аз ҷониби оилаи муҳоҷирон дар давоми 5 сол, баъд аз се соли гирифтани қарз оғоз гардида, 50 фоизи он аз ҳисоби муҳоҷирон пардохт карда шуда, 50 фоизи боқимонда аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ пӯшонида мешавад.

31. Ҳангоми аз ҷониби оилаи муҳоҷирон ғайримақсаднок истифода бурдани қарзи имтиёзнок Хадамот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" доир ба бозгардонидани маблағи қарзи имтиёзнок ва аз рӯйхат хориҷ кардани ин оила масъалагузорӣ мекунад. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи мақомоти номбаршуда, ҳуҷҷатҳои оилаи муҳоҷирон барои қабули чораҳои маъмурӣ ба суд супорида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

7. Омодагӣ ва интиқоли оилаҳои муҳоҷирон

32. Сардорони оилаҳои муҳоҷирон, ки барои кӯчидани ихтиёрӣ иҷозатнома доранд, бояд сари вақт тайёрӣ дида, лавозимоти хоҷагиро ҷамъ намоянд. Инчунин, аз ҷои кори пештара ҳисобӣ карда, дафтарчаҳои меҳнатии худ ва аъзои оилаи қобили меҳнатро гиранд. Шиносномаи шаҳрвандӣ ва шаҳодатномаи ҳарбиро аз қайд бароварда, ҳамаи номгӯи ҳуҷҷатҳоро мукаммал намоянд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки дар он оилаҳои муҳоҷирон фаъолият кардаанд, дар ҳамаи корҳои ташкилии номбаршуда ҷиҳати гузаронидани онҳо бояд кӯмаки амалии худро расонанд.

Мақомоти маҳаллии Хадамот пеш аз ташкили корҳо оид ба кӯчонидани оилаҳои муҳоҷирон ба ҷои нави истиқомат, доир ба масъалаҳои зикргардида чорабиниҳои оммавию фаҳмондадиҳиро барпо намуда, онро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

33. Мақомоти маҳаллии Хадамот миқдори молу ашё ва ҳайвоноти хонагии муҳоҷиронро, ки бо худ мебаранд муайян карда, барои ҷудо намудани миқдори зарурии воситаҳои нақлиёти боркаш бо мақсади интиқоли онҳо дархост пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

34. Мақомоти маҳаллии Хадамот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷойи баромади муҳоҷирон вазифадоранд, ки мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зеринро пеш аз интиқоли онҳо тафтиш намоянд: шиносномаи шаҳрвандӣ, шаҳодатномаи муҳоҷир шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон, дафтарчаи меҳнатӣ, шаҳодатномаи ҳарбӣ, варақаи муоинаи тиббӣ, шаҳодатномаи стансияи давлатии назорати байторӣ дар бораи муоина ва коркарди байтории чорвои ҳамлу нақлшаванда, ду дона сурати рангаи 3x4 см, диплом оид ба таҳсилот, шаҳодатномаи тахассусӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

35. Интиқоли муҳоҷирон ва молу амволи онҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад. Дар ҳолатҳои истисноӣ интиқоли оилаҳои муҳоҷиршаванда аз минтақаҳои баландкӯҳ ва душворгузар бо дархости Хадамот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳои муҳоҷиршавӣ, тавассути чархболҳо анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

36. Маблағгузории интиқоли муҳоҷирон аз маҳалли баромад то маҳалли ҷои нави зист аз ҳисоби маблағҳои барои ин мақсад дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

8. Ташкили қабули муҳоҷирон дар маҳалли нави истиқомат ва назорат оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии онҳо

37. Мақомоти Хадамот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешвоз гирифтани муҳоҷиронро дар маҳалҳои нави зист ташкил менамоянд. Дар ин чорабинӣ мумкин аст намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳои кишоварзии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) низ иштирок намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

38. Мақомоти Хадамот дар маҳалҳо якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки муҳоҷиронро мутобиқи рӯйхати тасдиқгардидаи тарафи интиқолдиҳанда қабул намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

39. Баъд аз қабули муҳоҷирон, масъулини мақомоти Агентии минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тарафи қабулкунанда якҷоя бо мақомоти маҳаллии Хадамот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тарафи интиқолдиҳанда санадро оид ба супоридан ва қабул кардани муҳоҷирон дар се нусха тартиб дода, бо мӯҳр ва имзои шахсиашон тасдиқ менамоянд. Нусхаи аввали санад ба Хадамот супорида мешавад, нусхаи дуюм ба мақомоти Агентии қабулкунандаи муҳоҷирон ва нусхаи сеюм ба мақомоти Агентии интиқолдиҳандаи муҳоҷирон супорида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

9. ӯҳдадориҳои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва иштироки онҳо дар бунёд намудани соҳаҳои иқтисодиёт

40. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) мутобиқи талабот ба Хадамот ҳуҷҷатҳои заруриро барои муҳоҷиршавӣ ба минтақаи нави зист пешниҳод менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

41. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) бо мақсади баланд бардоштани малакаи дониш ва аз худ намудани касбу ихтисосҳои замонавӣ, дар марказҳои таълимии Хадамот ва марказҳои таълимии калонсолон барои таҳсил (касбомӯзӣ) дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

42. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) тибқи муқаррарот миқдори муайянгардидаи қарзи имтиёзнокро ба шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар шаҳру ноҳияҳо сари вақт бармегардонанд.

43. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) барои сохтмони манзили истиқоматии худ дар маҳалли нави зист маблағҳои шахсии худро истифода мебаранд.

44. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) то муддати 10 сол аз рӯзи муҳоҷиршавӣ ба маҳали нави истиқомат, дар он ҷо фаъолият намуда, манзили худро тарк намекунанд ва ба фурӯш намемонанд.

45. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) супоришу талаботи Агентиро оид ба беҳтар намудани вазъи оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоиашон иҷро менамоянд.

10. Таҳияи махзани маълумот, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба оилаҳои муҳоҷирон

46. Хадамот бо мақсади ҷорӣ намудани системаи баҳисобгирии ҷараёни муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), махзани маълумотро доир ба он ташкил медиҳад, ки аз чунин номгӯ иборат аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532):

а) ному насаб;

б) маълумоти шиносномаи шаҳрвандӣ;

в) соли таваллуд;

г) ҷинс;

д) ҳайати оила бо ному насаби пурраи онҳо;

е) маълумот, касбу ихтисос;

ж) нишонии ҷойи зисти пештара ва ҳозира;

з) санаи муҳоҷиршавӣ.

47. Мақомоти Хадамот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳар семоҳа тибқи Низомномаи мазкур рӯйхат ва ҳисоботро доир ба қабули анкета-аризаҳои оилаҳо, ки хоҳиши кӯчиданро доранд, тартиб дода, ба Хадамот пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

48. Хадамот ҳар нимсола ва дар ҷамъбасти солона вазъи муҳоҷирати дохилиро (ихтиёриро) тахлил намуда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод менамояд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532).

Замимаи 1

Ба Низомномаи тартиби муҳоҷирати

дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008, № 467 тасдиқ шудааст

Анкета - ариза

Хоҳишмандам ман ва аъзои оилаамро аз ____________________________

Ба ______________________________________________________________

_________________________________________________________________

_________________________________________________________ муҳоҷир

намоед.

Маҳали нави зист ва ҷойи кор қайд карда шавад.

1. Ному насаб ___________________________________________________

2. Сол ва маҳали таваллуд _______________________________________

3. Миллат _______________________________________________________

4. Маълумот _____________________________________________________

5. Ихтисос ______________________________________________________

6. Собиқаи умумии кори __________________________________________

7. Фаъолияти мехнатӣ дар 5 соли охир.

+--------------+-----------------+--------------+-------------------ҷ
| Мох ва соли  |  Мох ва соли    | Вазифа бо ни-| Чойи  ташкилот,   |
| ба кор даро- |  аз кор рафтан  | шондоди муас-|     корхона       |
| мадан        |                 | сиса, ташки- |                   |
|              |                 | лот корхона  |                   |
|              |                 |              |                   |
+--------------+-----------------+--------------+-------------------+

8. Ҳайати оилаи муҳоҷиршаванда

+---+-------------------------+-------------+----------+-------------ҷ
|№  |        Ному насаб       | Муносибати  |   Соли   |  Чойи кори  |
|   |                         | хешу бабори | таваллуд |  то мухочи- |
|   |                         | бо сардори  |          |  рат        |
|   |                         |    оила     |          |             |
+---+-------------------------+-------------+----------+-------------+

9. Дар вақти муҳоҷират оила бо худ чӣ қадар чиз мегирад, чизу чораи хонагӣ чорво, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ

_________________________________________________________________

_________________________________________________________________

Шарти муҳоҷират ба ман ва аҳли оилаам маълум аст

"_____" _________соли 200___ ____________________ (имзои сардори оила)

Оилаи шахрванд ________________ бо шартҳои муҳоҷират мувофиқ аст.

_________________ намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532)

Шумораи ҳайати оиларо

__________________________________________________________

Тасдиқ мекунам: китоби қайди хоҷагӣ ________________ №_______

суратҳисоб _________________________

Раиси ҷамоати деҳоти __________________ (имзо)

Замимаи 2.

Ба Низомномаи тартиби муҳоҷирати

дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 1 октябри соли 2008, №467 тасдиқ шудааст.

Шаҳодатномаи муҳоҷири дохиль (ихтиёрӣ) № ____

Дода шуд ба _____________________________________________________ (ному насаб)

Дар он хусус, ки ӯ ва оилаи ӯ барои муҳоҷират (билети муҳоҷир №___) мувофиқи аризааш ба ҷойи зист ва кори нав (ба шаҳр, ноҳия) ______________________________________________________________________

Тасдиқ шуда, барои сохтмони манзил ва танзими хоҷагии худ дар маҳали нави зист то омадани дигар аъзои оила фиристода мешавад.

Сардори Хадамоти муҳоҷирати

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532)

_________________ (имзо)

Ҷ,М

Қайдҳо дар бораи рафтан ва омада расидан.

Аз ноҳияи ___________рафт. Ба ноҳияи _____________омад.

№ "__" _______соли 2000__№____ "___" ___________соли 200___

Ҷ.М. Ҷ,М.

Замимаи 3

Ба Низомномаи тартиби муҳоҷирати

дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008, №467 тасдиқ шудааст.

Санад дар бораи омадани муҳоҷирон ба маҳали нави зист

Намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар (ноҳияи) ______________________ (насаб) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532)

________________мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти_____________ насаб,ном _______________________________________ ______________________________________________________________________ Ному насаби сардори оилаи муҳоҷир

Фиристода шуда буд "__"______соли 200__ аз вилояти_______________

ноҳияи___________________________________________________________

"___" _____________соли 200___омад.

Бо омада расидан муайян гардид:

1. Шумораи муҳоҷирони фиристодашуда ва омада ____________________

Фиристода шудаанд аз вилояти___________ ноҳияи __________________

Ба вилояти ___________ноҳияи_____________ омадаанд.

2. Ҷобаҷокунии муҳоҷирон:

+-------------+--------------+---------------------------------------ҷ
| Нохияе, ки  |  Хамаги фи-  |           Чо ба чо шудаанд            |
| кучонида    |  ристода шу- +--------------+-----------+------------+
| шудаанд     |    даанд     | Дар палаткахо| Дар хонаи | Дар хона-  |
|             |              |              |   нав     | хои кухна, |
|             |              |              |           | ки барои   |
|             |              |              |           | зисти дои- |
|             |              |              |           | ми имкон-  |
|             |              |              |           | пазир аст  |
+-------------+--------------+--------------+-----------+------------+

3. Маълумот оид ба муҳоҷирони ба макони нав наомада:

+-----------------+-------------+-------------+----------+-----------ҷ
|       №         | Ному насаб  |Соли таваллуд|  Нишони  | Сабаби    |
|  Шаходатномаи   |             |             |чойи зисти| наомадан  |
|    мухочир      |             |             |  пешин   |           |
|                 |             |             |          |           |
+-----------------+-------------+-------------+----------+-----------+
+-----------------+-------------+-------------+----------+-----------+

4. Арзу шикояти муҳоҷирон:

________________________________________________________________

Намояндаи Агентии давлатии ҳифзи

иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати

вилоят (шаҳр, ноҳия) ___________________ (имзо)

Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатии (шаҳру ноҳия, ҷамоат) ___________________ (имзо)

Эзоҳ: Аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилоятӣ (ноҳиявӣ) дар ду нусха пур карда шуда, як нусха ба Агентӣ на дертар аз рӯзи омадани муҳоҷирон фиристода шуда, нусхаи дуюма дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати (ноҳиявӣ) мемонад.

Замимаи 4

Ба Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 1 октябри соли 2008, №467 тасдиқ шудааст.

Варақаи муоинаи тиббии муҳоҷиршаванда ва аъзои оилаи ӯ

Вилоят____________________________________________

маҳали баромад____________________________________

Ноҳия_____________________________________________

қишлоқ ___________________________________________

Ному насаб _______________________________________

Синну сол ________________________________________

Муоинаи тиббӣ пеш аз рафтан

1. Шикоятҳои субъективӣ

2. Маълумотҳои субъективӣ

3. Хулоса дар бораи аҳволи саломатӣ

а) диагноз

б) Барои ба кор дар саноат, соҳаи кишоварзӣ (муносиб ё номуносиб) (нодаркориаш хат кашида шавад)

4. Имзои шахси муоинашаванда

5. Имзои духтурони муоинаи тиббиро гузаронида

Духтуроне, ки муоинаи тиббиро гузарондаанд

Терапевт ___________________

Ҷарроҳ ____________________

Духтури занона ____________

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008 № 467

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати дохилии (ихтиёрии) аҳолӣ аз мавзеъҳои кӯҳӣ, наздикӯҳӣ ва ноҳияҳои зичии аҳолиашон зиёд ва камзамин ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон дар интихоби озодонаи ҷойи истиқомат, обод намудани заминҳои бекорхобида дар ноҳияҳои серзамин, инкишофи минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ бо истифодабарии захираҳои меҳнатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони бекор, мусоидат намудан ба баланд бардоштани шароити зисти аъзои оилаи муҳоҷирон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирии муҳоҷирати дохилии ғайрирасмӣ, таҳкими дӯстӣ миёни миллатҳо ва халқиятҳо дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирон, ҷалби оилаҳои ҷавон ба барпо кардани инфраструктураи деҳот равона гардидааст.

2. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ваколатдор ва ҳамоҳангсози масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) буда, ташкил ва назорати иҷрои корҳоро дар ин раванд тавассути сохторҳои тобеи худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.

3. Кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз як минтақа ба минтақаи дигар танҳо дар ҳолати мавҷуд будани кафолатномаи расмии тарафи қабулкунандаи муҳоҷирон доир ба ҷойгир кардан дар хонаҳои истиқоматӣ ва ё ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили зисти доимӣ, таъмини оби нӯшокӣ, хизматрасонии тиббӣ, барқ, ҷойи корӣ барои ҳамаи аъзои оила, замонати ҳолати санитарии муносиб ва тибқи имкониятҳои мавҷудбуда барпо намудани иншооти иҷтимоӣ, метавонад амалӣ карда шавад. Кафолатномаи мазкурро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба унвони Агентӣ пешниҳод менамоянд.

4. Муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) муташаккилона мувофиқи Нақшаи аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои партови ҷумҳурӣ ихтиёрӣ кӯчонидани аҳолӣ барои давраи миёнамӯҳлат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ташкил карда мешавад. Дар нақшаи мазкур, номгӯи шаҳрҳо ё ноҳияҳои ирсолкунандаи муҳоҷирон, шаҳрҳо ё ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, теъдоди хоҷагии муҳоҷирон ва мӯҳлати ташкили муҳоҷират нишон дода мешаванд. Теъдоди хоҷагиҳои муҳоҷирони кӯчонидашаванда ба як шаҳр ё ноҳия (тарафи қабулкунанда) дар як сол набояд аз 200 адад зиёд бошад. Лоиҳаи Нақшаи миёнамӯҳлати муҳоҷиратро Агентӣ дар асоси пешниҳоди тарафи ирсолкунанда ва кафолатномаи расмии тарафи қабулкунанда таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

5. Мувофиқи Нақшаи муҳоҷират Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи моҳонаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират таҳия менамояд, ки аз ҷониби Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

6. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои танзим ва назорати ҷараёни амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) мутобиқи Нақшаи муҳоҷират, Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

7. Сардори оила, ки хоҳиши муҳоҷир шуданро дорад, анкета-аризаро (замимаи 1) дар ду нусха тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти агентии дар маҳал буда ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниход менамояд. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муҳоҷирӣ, ки ҳуқуқ ва бартарии муҳоҷиронро барои гирифтани имтиёзҳо муайян менамояд, Шаҳодатномаи муҳоҷири дохилӣ (ихтиёрӣ) мебошад (замимаи 2).

Мутобиқи шаҳодатномаи супоридашуда, муҳоҷирон метавонанд дар маҳали нави зист тибқи тартиби муқараргардида аз шӯъбаҳои дахлдори дар шаҳру ноҳияҳо будаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" қарзи имтиёзнок гиранд.

2. Ваколат, ӯҳдадорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ дар ташкили муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ)

8. Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират ва пурра ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), беҳтар намудани вазъи демографии кишвар, барпо кардани инфраструктураи деҳот бо дарназардошти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ноил шудан ба баландшавии сатҳи зиндагии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо байни вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба таври зайл муайян карда шудааст:

- Агентӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (тарафҳои ирсолкунанда) рӯйхати ном ба номи муҳоҷиронро мутобиқи Нақшаи кӯчонидан тартиб дода, онро ҳар соли тақвимӣ ба расмият дароварда, тасдиқ менамояд. Баъди мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мӯҳлати кӯчонидани муҳоҷиронро бо назардошти иҷрои талаботи банди 3 Низомномаи мазкур муайян намуда, якҷоя бо онҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ корҳоро доир ба кӯчонидани оилаҳои муҳоҷирон ба ҷойҳои нави истиқомат анҷом медиҳад;

- масъалаҳои омодагӣ ва ташкилиро дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) байни вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа намуда, ҳаллу фасл менамояд.

- аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда оид ба кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур менамояд;

- фаъолияти сохторҳои дахлдори мақомоти Агентӣ дар маҳалҳо дар мавзеъҳои ҷойгиршавии муҳоҷирон доир ба дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа, гузаронидани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирон ва аҳолии муқимии маҳалли зист оид ба ҷорӣ намудани сиёсати давлатии муҳоҷират бо мақсади беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, соҳаи кишоварзӣ, мусоидат ба рушди фарҳанг, таҳкими дӯстӣ дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирон, пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳаётан зарурро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад;

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишуда маблағгузории қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиерӣ) таъмин менамояд.

Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират ва дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди супориши фармоишгар дар мӯҳлати муқарраргардида лоиҳаи нақшаи кулли маҳали навро таҳия намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии тарафи қабулкунанда пешниҳод менамояд;

- рафти сохтмони иншоот ва хонаҳои истиқоматии муҳоҷиронро аз оғоз то ба анҷом расонидани он дар асоси лоиҳаи таҳияшуда таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад.

Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи Кодекси замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ҷудо намудани заминро бо тартиби муқарраргардида дар амал ҷорӣ менамояд;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷойи сохтмони иншооти иҷтимоиро барои муҳоҷирон муайян менамояд.

Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик":

- мутобиқи дархости "Фармоишгарон" шартҳои техникиро дар асоси меъёрҳои муайянкардашуда пешниҳод намуда, доир ба гузаронидани хатҳои интиқоли барқ дар маҳалҳои зисти муҳоҷирон чораҳои муайян меандешад;

Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ":

- мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират корҳоро оид ба гузаронидани хатҳои обгузар барои таъмини оби нушокӣ, инчунин бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои наздиҳавлигӣ гузаронидани хатҳои магистралиро ба анҷом мерасонад;

Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират роҳҳои дохилихоҷагӣ ва ба он барандаро баъди ҷудо намудани маблағҳои мақсаднок то ҷобаҷошавии оилаҳо ҳамвор ва сангфарш менамояд. Дар асоси дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиммяти давлатӣ роҳҳои пиёдагардро барои рафтуомад ба ҷойи нави истиқомат ҳамвор менамояд;

- баъди ба суратҳисоби интиқолдиҳанда дохил шудани 50 фоизи маблағи пешпардохт, шумораи зарурии нақлиёти автомобилиро ҷудо менамояд;

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳангоми кӯчонидани муҳоҷирон ба маҳали нави зист, ҳамроҳии тиббии корвони муҳоҷиронро таъмин намуда, баъдан то анҷом додани корҳои сохтмонӣ, назорати доимиро нисбати нигоҳдории саломатии муҳоҷирон ва роҳ надодан ба пайдоиши касалиҳои сирояткунанда ташкил менамояд;

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барои ҷойгир намудани кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии дар маҳалли нави зисти онҳо мавҷудбуда чораҷӯӣ менамояд;

- ҳангоми ба нақшаи генералии маҳал дохил гардидани сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, сохтмонро мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират ба анҷом мерасонад;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон:

- ҳангоми муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ), ҳамроҳии корвони муҳоҷиронро ба ҷойҳои нави таъиншуда ва бехатарии ҳаракати онро таъмин менамояд. Бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар маҳали нави зисти муҳоҷирон, навбатдориро то вақти муайянгардида ташкил карда, оилаҳои кӯчонидашударо тибқи муқаррарот дар асоси шиносномаи шаҳрвандӣ ба қайд мегирад;

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк":

- мутобиқи дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур пардохти саривақтии қарзҳои имтиёзнокро таъмин намуда, якҷоя бо сохторҳои ин вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба истифодаи пурра ва мақсадноки маблағҳо санҷиш мегузаронад;

- бо мақсади сари вақт бозгардонидани фоизи муайяни қарзи имтиёзнок, дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо муҳоҷирон, корҳои заруриро ба анҷом мерасонад;

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ):

- рӯйхати оилаҳои муҳоҷиронро, ки сохторҳои зертобеи Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тибқи муқаррарот тартиб додаанд, тасдиқ намуда, мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Накшаи муҳоҷират ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- якҷоя бо кормандони Агентӣ бо оилаҳои муҳоҷирони кӯчонидашаванда корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил намуда, ҳангоми кӯчонидани муҳоҷирон ба ҷойи нави истиқомат, онҳоро роҳбаладӣ менамояд;

- баъд аз ҷо ба ҷо кардани муҳоҷирон дар маҳали нави истиқомат, санади супоридан ва қабули муҳоҷиронро тартиб дода, онро бо мӯҳр ва имзо тасдиқ менамояд (замимаи 3);

- то ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар маҳали нави зисти муҳоҷирон, аз аҳволи онҳо доимо хабар гирифта, дар ҳолати зарурӣ бо истифодабарии даромадҳои иловагии буҷети маҳаллӣ, кӯмаки амалӣ мерасонад;

- бо мақсади фароҳам овардани шароит ва таъмини иҷтимоии муҳоҷирон дар ҷойи нави зист, дар як сол на зиёда аз 200 оилаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ)-ро интиқол медиҳад;

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ):

- мутобиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба татбиқи Нақшаи муҳоҷират ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани манзили истиқоматӣ ва ё қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои муҳоҷирон қарор қабул карда, онро ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- бо мақсади қабули муносиби муҳоҷирон аз ҷониби аҳолии муқимии минтақа, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, доир ба дӯстию иттифоқии байни миллатҳо ва халқиятҳо дар ин мавзеъ, чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил менамояд;

- барои расондани кӯмак ва мусоидат дар сохтмони хонаю биноҳои рӯиҳавлигии муҳоҷирон чораҳо меандешад;

- барои парвариши чорво ва парранда шароит муҳайё менамояд. Бо ин мақсад ба муҳоҷирон аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷети маҳаллӣ кӯмаки иловагии молиявӣ мерасонад;

- барои баланд бардоштани тахассус ва дониши муҳоҷирон якҷоя бо мақомоти маҳаллии Агентӣ курсҳои имтиёзноки омӯзишӣ ташкил намуда, ҷиҳати бо ҷойҳои кори муносиб таъмин намудани онҳо чораҳо меандешад;

- дар ҷойҳои нави зисти муҳоҷирон муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, китобхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоии заруриро барпо менамояд;

- бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ, барои сохтмони хонаҳои истиқоматии муҳоҷирон ва дигар иншооти иҷтимоӣ, танҳо заминҳои ғайрикиштбобро ҷудо менамояд. Тартиби ҷудо кардани қитъаи замин мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, № 342 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" амалӣ мегардад.

3. Тартиби интихоб ва барӯйхатгирии оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз ҷониби Агентӣ

9. Шарти асосии ба руйхат номнавис кардани оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) бо шарти мавҷуд будани на камтар аз ду узви қобили кор дар оила, ки синну солашон: мардон - аз 15-сола то 63-сола ва занон - аз 15 сола то 58-соларо ташкил медиҳад, буда, аъзои оила бояд аз ҷониби комиссияи тиббӣ коршоям дониста шуда бошад.

10. Сардори оилаи муҳоҷиршаванда шавҳар (зан) буда, фарзандон ва падару модарон, ки дар таъмини сардори оила мебошанд ва ҳамроҳи онҳо истиқомат мекунанд, аъзои оила ба ҳисоб мераванд.

11. Қарори ба ҳайати оилаи муҳоҷиршаванда дохил кардани бародарон ва хоҳарони сардори оила ва ҳамсари он (шавҳар) аз ҷониби Агентӣ қабул карда мешавад.

12.Барои фаҳмонидани моҳияти муҳоҷиркунонии аҳолӣ ва имтиёзҳое, ки муҳоҷирон аз он бархӯрдор мешаванд, мақомоти Агентӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чи дар ҷойи баромади муҳоҷирон ва чи дар ҷойи ҷойгиршавии онҳо ташкил кардани корҳои оммавию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифодаи ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма, маълум намудани шароити иқтисодию ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади дар оянда ҷобаҷокунонӣ ва бо кор таъмин кардани муҳоҷиронро таҳти омӯзиш ва назорат қарор медиҳад.

13.Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаи нави зисти муҳоҷирон ва пешвози муносиби онҳо, ҷамоату хоҷагиҳои ҷойи ҷойгиркунонӣ ва ташкилоту идораҳоро ҷалб намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лавҳаҳоро вобаста ба масъалаи мазкур ташкил менамояд.

14.Оилаҳои муҳоҷирон бо сабабҳои зерин ба рӯйхат дохил карда намешаванд:

- ҳуҷҷатҳои заруриро ба Агентӣ сари вақт пешниҳод накардаанд;

- барои мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат аз кор озод карда шудаанд;

- пештар муҳоҷир шуда, баъдан худсарона ва бе сабабҳои узрнок ҷойи муҳоҷиратро тарк намудаанд;

- дар маҳали баромад қайди доимӣ надоранд;

- имконияти сохтмони Мустақилонаи манзилро дар ҷойи муҳоҷират надоранд.

15.Сардори оила, ки хоҳиши кӯчиданро изҳор кардааст, ариза-анкетаи шаклаш муқарраргардидаро (замимаи 1) пур карда, ба мақомоти Агентӣ дар ҷойи зист месупорад. Ҳамзамон, дар ариза- анкета аъзои оила, ки синну солашон аз 16-сола зиёд мебошад, дар хусси розигиашон оид ба муҳоҷиршавӣ имзои худро мегузоранд.

16.Мақомоти Агентӣ дар ҷойи зист баъд аз қабули ариза-анкета, ба Оилаи муҳоҷиршаванда барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ, варақаи муоинаи тиббиро (замимаи 4) месупорад. Натиҷаи муоинаи тиббӣ бо мӯҳр ва имзои духтурони комиссия тасдиқ гардида, ба мақомоти Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо баргардонида мешавад.

17. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида бо иловаи нусхаҳои шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ, шаҳодатномаи ҳарбӣ, шаҳодатномаи акди никох, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон, диплом оиди маълумот, шаҳодатномаи тахассусӣ, 2 дона сурати рангаи 3x4 см бо мақсади роҳ надодан ба муҳоҷирати такрорӣ, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, хулосаи он бо мӯҳр ва имзои роҳбари мақомоти Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.

Мақомоти Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҳамаи оилаҳои муҳоҷиронро дар дафтари қайд ва махзани маълумот сабт намуда, ҳуҷҷатҳои шахсии оилаҳои муҳоҷиршаванда ва рӯихати онҳоро ба Агентӣ дастрас менамоянд.

18. Кормандони сохторҳои маҳаллии Агентӣ ҳар кадом оилаи муҳоҷиршавандаро бо имтиёзҳои амалкунанда ва талаботи мавҷудбуда дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) шинос менамоянд.

19. Нисбат ба оилаҳое, ки аризаи онҳо барои муҳоҷиршавӣ рад карда шудааст, дар давоми 10 рӯзи корӣ қарори мақомоти маҳаллии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, бо он аризадиҳандагон шинос карда мешаванд.

20. Агентӣ баъд аз қабули ҳуҷҷатҳои оилаҳои муҳоҷиршаванда дар давоми 10 рӯз ба номи сардори оила шаҳодатномаи муҳоҷириро навишта, онро дар дафтари қайд сабт менамояд.

Шаҳодатномаи муҳоҷирӣ дар асоси санад ва рӯйхати муҳоҷирон супорида мешавад.

4. Муҳоҷирати байнивилоятӣ ва байниноҳиявӣ

21. Муҳоҷирати байнивилоятӣ ва байниноҳиявии дохилӣ (ихтиёрӣ)-и муҳоҷирон дар асоси мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ба қувваи корӣ эҳтиёҷдошта сурат гирифта, бояд дар мадди аввал масъалаҳои эҳтиёҷ ба қувваи корӣ, фароҳам овардани шароити истеҳсолӣ, манзилӣ ва иҷтимоиро дар ҷойҳои муҳоҷиршавӣ ба инобат гирад.

22. Пеш аз таҳия намудани рӯйхати оилаҳои муҳоҷиршаванда ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои онҳо бо дарназардошти эҳтимолияти мутобиқ нашудан ба боду ҳавои минтақаи дигари ҷумҳурӣ, таҳти ҳамоҳангсозии Агентӣ ва иштироки намояндагони мақомоти маҳаллии дахлдори давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, масъалаи мазкур омӯхта мешавад. Хулосаи гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯз ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарори дахлдор пешниҳод мегардад.

23. Яке аз шартҳои асосии чунин муҳоҷиркунонии оилаҳо ва таъмини ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии онҳо дар ҷойи нави зист- ин кафолати расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон мебошад. Кафолатнома марбут ба масъалаи зикргардида унвонии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз мувофиқаи байнивилоятӣ ва байниноҳиявӣ ирсол мегардад.

24. Ҳангоми амалӣ намудани муҳоҷирати байнивилоятӣ ва байниноҳиявӣ, бо хоҳиши сардори оила ва розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии интиқолдиҳандаю қабулкунанда, мумкин аст, ҷиҳати кӯмак ҳангоми сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои наздиҳавлигӣ дар ҷойи нави зист бо сардори оила танҳо аъзои қобили меҳнати оилаи муҳоҷирон равона карда шаванд.

5. Муҳоҷирати дохиливилоятӣ ва дохилиноҳиявӣ

25. Муҳоҷиркунонии ихтиёрии оилаҳо дар дохили вилоят ва дар дохили ноҳия бо мақсади самаранок истифода бурдани қувваи кории иловагӣ аз ҳисоби захираҳои зиёди меҳнатӣ, ки дар ноҳияҳои камзамин, кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ мавҷуданд, сурат мегирад. Муҳоҷиркунонии оилаҳо дар дохили вилоят ва ноҳияҳо дар сурати мавҷуд будани шароити истеҳсолӣ, истиқоматӣ ва маданию маишӣ амалӣ карда мешавад.

26. Мақомоти Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи пешниҳоди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба кӯчонидани шумораи муайяни оилаҳои муҳоҷирон, корҳои оммавию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, рӯйхат ва ҳуҷҷатҳои зарурии оилаҳоро ба расмият медарорад. Баъд аз анҷом додани корҳои мазкур, мақомоти Агентии минтақавӣ ҳуҷҷатҳои оилаҳои муҳоҷиршавандаро бо рӯйхати онҳо, ки аз ҷониби раисони вилоятҳо ва ё шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда шудааст, ба Агентӣ дастрас менамояд. Ҳамзамон, унвонии Агентӣ аз ҷониби раисони вилоятҳо ва ё шаҳру ноҳияҳо оид ба қабули муносиби оилаҳои муҳоҷирон, таъмин бо манзил ё қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, барқ, оби нӯшокӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои маишӣ, бояд кафолатномаи расмӣ ирсол карда шавад.

6. Тартиби ба муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) пардохт намудани қарзи имтиёзнок барои сохтмони манзили истиқоматӣ

27. Агентӣ барои пардохт намудани қарзи имтиёзнок ба оилаҳои муҳоҷирон, рӯйхати тақсимотиро бо нишон додани маълумоти шиносномаи сардори оила, насаб, ном ва номи падар, рақами шаҳодатномаи муҳоҷирӣ, ҳайати оила ва миқдори маблағи ҷудошуда, дар чор нусха тартиб медиҳад, ки он ба тариқи зерин тақсим ва фиристода мешавад:

- нусхаи аввал ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории қарзи имтиёзнок;

- нусхаи дуюм ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои тасдиқ ва интиқол додани маблағ ба Суратҳисоби шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар шаҳру ноҳияҳо фиристода мешавад;

- нусхаи сеюм ба мақомоти Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади сари вақт ҷудо кардани маблағи қарзи имтиёзнок ба оилаҳои муҳоҷирони кӯчонидашуда;

- нусхаи чорум дар шӯъбаи молиявии Агентӣ барои бурдани назорат, санҷиш ва таҳияи ҳисоботҳо нигоҳ дошта мешавад.

28. Қарзи имтиёзнок ба сардори оилаи муҳоҷирони кӯчонидашуда дар давоми 10 рӯзи кории баъд аз интиқоли онҳо, бо шарти пешниҳод намудани шиносномаи шаҳрвандӣ, шаҳодатномаи муҳоҷири дохилӣ (ихтиёрӣ) ва ба имзо расонидани шартномаи дуҷониба бо шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пардохт карда мешавад. Сардори оила ва аъзои он ӯҳдадоранд, ки маблағи қарзи имтиёзнокро мақсаднок истифода баранд.

29. Ҳангоми вафот ё дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани сардори оилаи муҳоҷирон, тамоми масъалаҳои молиявӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ ба ӯҳдаи яке аз аъзои қобили меҳнати оила, ки дар шаҳодатномаи муҳоҷир сабт шудааст, мегузарад.

30. Баргардонидани қарзи имтиёзнок аз ҷониби оилаи муҳоҷирон дар давоми 5 сол, баъд аз се соли гирифтани қарз оғоз гардида, 50 фоизи он аз ҳисоби муҳоҷирон пардохт карда шуда, 50 фоизи боқимонда аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ пӯшонида мешавад.

31. Ҳангоми аз ҷониби оилаи муҳоҷирон ғайримақсаднок истифода бурдани қарзи имтиёзнок Агентӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" доир ба бозгардонидани маблағи қарзи имтиёзнок ва аз рӯйхат хориҷ кардани ин оила масъалагузорӣ мекунад. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи мақомоти номбаршуда, ҳуҷҷатҳои оилаи муҳоҷирон барои қабули чораҳои маъмурӣ ба суд супорида мешавад.

7. Омодагӣ ва интиқоли оилаҳои муҳоҷирон

32. Сардорони оилаҳои муҳоҷирон, ки барои кӯчидани ихтиёрӣ иҷозатнома доранд, бояд сари вақт тайёрӣ дида, лавозимоти хоҷагиро ҷамъ намоянд. Инчунин, аз ҷои кори пештара ҳисобӣ карда, дафтарчаҳои меҳнатии худ ва аъзои оилаи қобили меҳнатро гиранд. Шиносномаи шаҳрвандӣ ва шаҳодатномаи ҳарбиро аз қайд бароварда, ҳамаи номгӯи ҳуҷҷатҳоро мукаммал намоянд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки дар он оилаҳои муҳоҷирон фаъолият кардаанд, дар ҳамаи корҳои ташкилии номбаршуда ҷиҳати гузаронидани онҳо бояд кӯмаки амалии худро расонанд.

Мақомоти маҳаллии Агентӣ пеш аз ташкили корҳо оид ба кӯчонидани оилаҳои муҳоҷирон ба ҷои нави истиқомат, доир ба масъалаҳои зикргардида чорабиниҳои оммавию фаҳмондадиҳиро барпо намуда, онро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳанд.

33. Мақомоти маҳаллии Агентӣ миқдори молу ашё ва ҳайвоноти хонагии муҳоҷиронро, ки бо худ мебаранд муайян карда, барои ҷудо намудани миқдори зарурии воситаҳои нақлиёти боркаш бо мақсади интиқоли онҳо дархост пешниҳод менамояд.

34. Мақомоти маҳаллии Агентӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷойи баромади муҳоҷирон вазифадоранд, ки мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зеринро пеш аз интиқоли онҳо тафтиш намоянд: шиносномаи шаҳрвандӣ, шаҳодатномаи муҳоҷир шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон, дафтарчаи меҳнатӣ, шаҳодатномаи ҳарбӣ, варақаи муоинаи тиббӣ, шаҳодатномаи стансияи давлатии назорати байторӣ дар бораи муоина ва коркарди байтории чорвои ҳамлу нақлшаванда, ду дона сурати рангаи 3x4 см, диплом оид ба таҳсилот, шаҳодатномаи тахассусӣ.

35. Интиқоли муҳоҷирон ва молу амволи онҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад. Дар ҳолатҳои истисноӣ интиқоли оилаҳои муҳоҷиршаванда аз минтақаҳои баландкӯҳ ва душворгузар бо дархости Агентӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳои муҳоҷиршавӣ, тавассути чархболҳо анҷом дода мешавад.

36. Маблағгузории интиқоли муҳоҷирон аз маҳалли баромад то маҳалли ҷои нави зист аз ҳисоби маблағҳои барои ин мақсад дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

8. Ташкили қабули муҳоҷирон дар маҳалли нави истиқомат ва назорат оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии онҳо

37. Мақомоти Агентӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешвоз гирифтани муҳоҷиронро дар маҳалҳои нави зист ташкил менамоянд. Дар ин чорабинӣ мумкин аст намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳои кишоварзии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) низ иштирок намоянд.

38. Мақомоти Агентӣ дар маҳалҳо якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки муҳоҷиронро мутобиқи рӯйхати тасдиқгардидаи тарафи интиқолдиҳанда қабул намоянд.

39. Баъд аз қабули муҳоҷирон, масъулини мақомоти Агентии минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тарафи қабулкунанда якҷоя бо мақомоти маҳаллии Агентӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тарафи интиқолдиҳанда санадро оид ба супоридан ва қабул кардани муҳоҷирон дар се нусха тартиб дода, бо мӯҳр ва имзои шахсиашон тасдиқ менамоянд. Нусхаи аввали санад ба Агентӣ супорида мешавад, нусхаи дуюм ба мақомоти Агентии қабулкунандаи муҳоҷирон ва нусхаи сеюм ба мақомоти Агентии интиқолдиҳандаи муҳоҷирон супорида мешавад.

9. ӯҳдадориҳои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва иштироки онҳо дар бунёд намудани соҳаҳои иқтисодиёт

40. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) мутобиқи талабот ба Агентӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои муҳоҷиршавӣ ба минтақаи нави зист пешниҳод менамоянд.

41. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) бо мақсади баланд бардоштани малакаи дониш ва аз худ намудани касбу ихтисосҳои замонавӣ, дар марказҳои таълимии Агентӣ ва марказҳои таълимии калонсолон барои таҳсил (касбомӯзӣ) дохил мешаванд.

42. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) тибқи муқаррарот миқдори муайянгардидаи қарзи имтиёзнокро ба шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар шаҳру ноҳияҳо сари вақт бармегардонанд.

43. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) барои сохтмони манзили истиқоматии худ дар маҳалли нави зист маблағҳои шахсии худро истифода мебаранд.

44. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) то муддати 10 сол аз рӯзи муҳоҷиршавӣ ба маҳали нави истиқомат, дар он ҷо фаъолият намуда, манзили худро тарк намекунанд ва ба фурӯш намемонанд.

45. Муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) супоришу талаботи Агентиро оид ба беҳтар намудани вазъи оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоиашон иҷро менамоянд.

10. Таҳияи махзани маълумот, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба оилаҳои муҳоҷирон

46. Агентӣ бо мақсади ҷорӣ намудани системаи баҳисобгирии ҷараёни муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), махзани маълумотро доир ба он ташкил медиҳад, ки аз чунин номгӯ иборат аст:

а) ному насаб; б) маълумоти шиносномаи шаҳрвандӣ; в) соли таваллуд; г) ҷинс; д) ҳайати оила бо ному насаби пурраи онҳо; е) маълумот, касбу ихтисос; ж) нишонии ҷойи зисти пештара ва ҳозира; з) санаи муҳоҷиршавӣ.

47. Мақомоти Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳар семоҳа тибқи Низомномаи мазкур рӯйхат ва ҳисоботро доир ба қабули анкета-аризаҳои оилаҳо, ки хоҳиши кӯчиданро доранд, тартиб дода, ба Агентӣ пешниҳод менамояд.

48. Агентӣ ҳар нимсола ва дар ҷамъбасти солона вазъи муҳоҷирати дохилиро (ихтиёриро) тахлил намуда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод менамояд.

Замимаи 1

Ба Низомномаи тартиби

муҳоҷирати дохилӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008, № 467

тасдиқ шудааст

Анкета - ариза

Хоҳишмандам ман ва аъзои оилаамро аз ____________________________

Ба ______________________________________________________________

_________________________________________________________________

_________________________________________________________ муҳоҷир

намоед.

Маҳали нави зист ва ҷойи кор қайд карда шавад.

1. Ному насаб ___________________________________________________

2. Сол ва маҳали таваллуд _______________________________________

3. Миллат _______________________________________________________

4. Маълумот _____________________________________________________

5. Ихтисос ______________________________________________________

6. Собиқаи умумии кори __________________________________________

7. Фаъолияти мехнатӣ дар 5 соли охир.

+--------------+-----------------+--------------+-------------------ҷ
| Мох ва соли  |  Мох ва соли    | Вазифа бо ни-| Чойи  ташкилот,   |
| ба кор даро- |  аз кор рафтан  | шондоди муас-|     корхона       |
| мадан        |                 | сиса, ташки- |                   |
|              |                 | лот корхона  |                   |
|              |                 |              |                   |
+--------------+-----------------+--------------+-------------------+
+--------------+-----------------+--------------+-------------------+
+--------------+-----------------+--------------+-------------------+
+--------------+-----------------+--------------+-------------------+

8. Ҳайати оилаи муҳоҷиршаванда

+---+-------------------------+-------------+----------+-------------ҷ
|№  |        Ному насаб       | Муносибати  |   Соли   |  Чойи кори  |
|   |                         | хешу бабори | таваллуд |  то мухочи- |
|   |                         | бо сардори  |          |  рат        |
|   |                         |    оила     |          |             |
+---+-------------------------+-------------+----------+-------------+
+---+-------------------------+-------------+----------+-------------+
+---+-------------------------+-------------+----------+-------------+
+---+-------------------------+-------------+----------+-------------+

9. Дар вақти муҳоҷират оила бо худ чӣ қадар чиз мегирад, чизу чораи хонагӣ чорво, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ

_________________________________________________________________

_________________________________________________________________

Шарти муҳоҷират ба ман ва аҳли оилаам маълум аст

"_____" _________соли 200___ ____________________

                           (имзои сардори оила)

Оилаи шахрванд ________________ бо шартҳои муҳоҷират мувофиқ аст.

_________________ намояндаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Шумораи ҳайати оиларо

__________________________________________________________

Тасдиқ мекунам: китоби қайди хоҷагӣ ________________ №_______

суратҳисоб _________________________

Раиси ҷамоати деҳоти __________________

                           (имзо)

Замимаи 2.

Ба Низомномаи тартиби

муҳоҷирати дохилӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008, № 467

тасдиқ шудааст.

Шаҳодатномаи муҳоҷири дохиль (ихтиёрӣ) № ____

Дода шуд ба _____________________________________________________

                                 (ному насаб)

Дар он хусус, ки ӯ ва оилаи ӯ барои муҳоҷират (билети муҳоҷир №___) мувофиқи аризааш ба ҷойи зист ва кори нав (ба шаҳр, ноҳия)

______________________________________________________________________

Тасдиқ шуда, барои сохтмони манзил ва танзими хоҷагии худ дар маҳали нави зист то омадани дигар аъзои оила фиристода мешавад.

Директори

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ,

шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      _________________

                                                     (имзо)

Ҷ,М

Қайдҳо дар бораи рафтан ва омада расидан.

Аз ноҳияи ___________рафт. Ба ноҳияи _____________омад.

№ "__" _______соли 2000__№____ "___" ___________соли 200___

Ҷ.М. Ҷ,М.

Замимаи 3

Ба Низомномаи тартиби

муҳоҷирати дохилӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008, № 467

тасдиқ шудааст.

Санад дар бораи омадани муҳоҷирон ба маҳали нави зист

Намояндаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти (ноҳияи)

_____________________________________

               (насаб)

________________мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти_____________

                                                                      насаб,ном

_______________________________________

______________________________________________________________________ 

                   Ному насаби сардори оилаи муҳоҷир

Фиристода шуда буд "__"______соли 200__ аз вилояти_______________

ноҳияи___________________________________________________________

"___" _____________соли 200___омад.

Бо омада расидан муайян гардид:

1. Шумораи муҳоҷирони фиристодашуда ва омада ____________________

Фиристода шудаанд аз вилояти___________ ноҳияи __________________

Ба вилояти ___________ноҳияи_____________ омадаанд.

2. Ҷобаҷокунии муҳоҷирон:

+-------------+--------------+---------------------------------------ҷ
| Нохияе, ки  |  Хамаги фи-  |           Чо ба чо шудаанд            |
| кучонида    |  ристода шу- +--------------+-----------+------------+
| шудаанд     |    даанд     | Дар палаткахо| Дар хонаи | Дар хона-  |
|             |              |              |   нав     | хои кухна, |
|             |              |              |           | ки барои   |
|             |              |              |           | зисти дои- |
|             |              |              |           | ми имкон-  |
|             |              |              |           | пазир аст  |
+-------------+--------------+--------------+-----------+------------+
+-------------+--------------+--------------+-----------+------------+
+-------------+--------------+--------------+-----------+------------+
+-------------+--------------+--------------+-----------+------------+
+-------------+--------------+--------------+-----------+------------+

3. Маълумот оид ба муҳоҷирони ба макони нав наомада:

+-----------------+-------------+-------------+----------+-----------ҷ
|       №         | Ному насаб  |Соли таваллуд|  Нишони  | Сабаби    |
|  Шаходатномаи   |             |             |чойи зисти| наомадан  |
|    мухочир      |             |             |  пешин   |           |
|                 |             |             |          |           |
+-----------------+-------------+-------------+----------+-----------+
+-----------------+-------------+-------------+----------+-----------+

4. Арзу шикояти муҳоҷирон:

________________________________________________________________

________________________________________________________________

________________________________________________________________

________________________________________________________________

________________________________________________________________

Намояндаи Агентии давлатии ҳифзи

иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати

вилоят (шаҳр, ноҳия)                       ___________________

                                                (имзо)

Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатии (шаҳру ноҳия, ҷамоат)   ___________________