ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ
(Фармони Президенти ҶТ аз 15.05.2020 № 1535, аз 13.05.2024 № 829)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми молияи давлатӣ ва суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат фармон медиҳам:
1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ дар ҳайати зерин таъсис дода шавад :
вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шӯро;
вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Шӯро.
Аъзои Шӯро:
вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ;
директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ();
Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ();
раиси Бонки миллии Тоҷикистон (дар мувофиқа);
муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
котиби масъули Шӯро (роҳбари котиботи Шӯро), ки аз ҷониби раиси Шӯро таъин карда мешавад .
2. Низомномаи замимагардидаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ тасдиқ карда шавад.
3. Бо мақсади таъмини самаранокии фаьолияти Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар муддати як моҳ Котиботи Шӯроро ташкил намояд.
4. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масьалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҳамаи маводи талабкардашуда ва дастгирии экспертиро, ки ба фаъолияти он зарур мебошад, пешниҳод намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 сентябри соли 2008 № 542