Низомнома дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, № 543

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 сентябри соли 2008 № 543

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 сентябри соли 2008 № 543

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд мақомоти прокуратураи ҳарбӣ) ба сохтори ягонаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ (минбаъд Сарпрокурори ҳарбӣ) дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, назорат мекунад.

2. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, фармону супоришҳои Прокурори генералӣ ва Низомномаи мазкур муайян менамоянд.

II. Ваколатҳо

3. Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати зиддикашшофии ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла дар мақомоти идоракунии идораҳои мазкур), Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбии мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа" таъсисшаванда (минбаъд Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ), комиссариатҳои ҳарбӣ ва шӯъбаҳои оперативии идораҳои ҳарбӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ, корхонаҳо, муассисаҳои таълими ҳарбӣ, қӯшунҳо, раёсату шӯъбаҳо, хадамоти ба онҳо тобеъ, командирон (сардорон) ва дигар шахсони мансабдори ҳарбӣ, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки онҳо қабул менамоянд;

- назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиён, коргарон, ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, дигар шахсоне, ки мутобиқи конунгузорӣ мақоми хизматчии харбӣ доранд;

- назорати қонунӣ будани қарорҳои қабулкардаи мақомоте, ки парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, парвандаҳо ва маводҳо оид ба баҳсҳои хоҷагӣ, ки яке аз тарафҳо хизматчии ҳарбӣ мебошад;

- санҷиши риояи қонунҳо аз рӯи аризаҳо ва дигар маълумот дар бораи вайрон кардани қонуният, ки диққату эътибори бевоситаи прокурори ҳарбиро талаб менамояд;

...

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

 от 16 сентября 2008 года №543

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

 от 16 сентября 2008 года №543

Положение об органах военной прокуратуры Республики Таджикистан

I. Общие положения

1. Главная военная прокуратура Республики Таджикистан, прокуратура военных гарнизонов (далее органы военной прокуратуры) входят в единую систему органов прокуратуры Республики Таджикистан и подчиняются Генеральному прокурору Республики Таджикистан. Заместитель Генерального прокурора Республики Таджикистан - Главный военный прокурор (далее Главный военный прокурор) в пределах своих полномочий осуществляет надзор за точным соблюдением и единообразным исполнением законов в Вооруженных Силах, других войсках и воинских формированиях Республики Таджикистан, образованных в соответствии с законами Республики Таджикистан.

2. Правовые основы деятельности органов военной прокуратуры Республики Таджикистан определяются Конституцией Республики Таджикистан, конституционным Законом Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан", другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, приказами и указаниями Генерального прокурора и настоящим Положением.

II. Полномочия

3. Органы военной прокуратуры осуществляют следующие полномочия:

- надзор за точным соблюдением и единообразным исполнением законов, воинских уставов и других нормативных правовых актов в Министерстве обороны Республики Таджикистан, Генеральном Штабе Вооруженных Сил Республики Таджикистан, Национальной Гвардии Республики Таджикистан, Комитете по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Главном управлении Пограничных войск Государственного Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Управлении военной контрразведки Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Внутренних войсках Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, (в том числе и органах упражнения их ведомств), Агентстве по обеспечению специальным имуществом при Министерстве экономического развития и торговли Республику Таджикистан, Центральном комитете Организации содействия обороны Республики Таджикистан, Конвойном полку Управления исправительных дел Министерства юстиции Республики Таджикистан, других воинских формированиях, созданных на основании Закона Республики Таджикистан "Об обороне" (далее Вооруженных Сил, других войск и воинских формирований), военных комиссариатах и оперативных отделах военных ведомств, органах военного управления, воинских частях и учреждениях, предприятиях, военно-учебных заведениях, войсках, управлениях, отделах и подчиненных им структурных подразделениях, командирами и другими воинскими должностными лицами, а также за соответствием законам нормативных правовых актов, издаваемых ими;

- надзор за соблюдением прав и свобод военнослужащих, рабочих п служащих, военнообязанных призванных на военные сборы, а также других лиц, согласно законодательства, имеющих статус военнослужащего;

- надзор за законностью решений, принимаемых органами, уполномоченными рассматривать дела об административных правонарушениях, дела и материалы по хозяйственным спорам, в которых одну из сторон представляют военные:

- проверка соблюдения законов по заявлениям и иным сообщениям о нарушении законности, требующих непосредственного реагирования со стороны военного прокурора;

...