Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 декабри соли 2006 № 74
тасдиқ карда шудааст
Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 28.12.2015 № 578)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии кормандоаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Низомнома) мутобиқи моддаи 55 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, тартиби ҳавасмандкуниро барои муваффақиятҳои хизматии прокурорҳо, муфаттишон ва дигар кормандони мақомоти прокуратура, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд, инчунин тартиби ба ҷавобгарии интизомӣ кашиданро дар ҳолатҳои ба таври бояду шояд иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, вайрон кардани интизоми меҳнатӣ ва содир кардани кирдори бадномкунанда муқаррар менамояд .
2. Ин Низомнома ба кормандони мақомоти прокуратура, ки таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва рутбаҳои дараҷавӣ доранд, татбиқ мешавад.
Прокурорҳо ва муфаттишони ҳарбӣ, мувофиқи талаботи Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома ҳавасманд ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.
Ҳуқуқи ҳавасманд кардан ва ҷазо додани прокурорҳо ва муфаттишони прокуратураи ҳарбиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистои доранд.
II. Ҳавасмандгардонӣ ва мукофотҳо
3. Барои ба таври намунавӣ иҷро кардани вазифаи хизматӣ, ташаббусу фаъолиятнокӣ зоҳир намудан ва дигар хизматҳои шоёне, ки ба пурзӯр гардидани назората прокурорӣ, ошкор ва пешгирпи ҷиноятҳо, таҳкими қонуният мусоидат мекунанд, кормандони прокурории рутбаҳои дараҷавӣ дошта ҳавасманд ва мукофотонида мешаванд.
4. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва мукофотдиҳӣ инҳоянд:
- раҳматнома;
- мукофотпулӣ;
- тӯҳфа;
- тӯҳфаи қимматбаҳо;
- баланд бардоштани рутбаи дараҷавӣ;
- бо Ифтихорномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикисгон сарфароз гардонидан;
- ҷой додани сурати корманд дар "Лавҳаи фахрӣ";
- бо нишони сарисинагии "Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон" мукофотонидан .
5. Чораҳои ҳавасмандкунӣ ба тартиби зайл татбиқ карда мешаванд:
- раҳматномаро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон эълон мекунанд;
- мукофотпулӣ ва тӯҳфаҳоро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд;
- ифтихорномаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони сарисинагии "Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон" бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд ;
- тӯҳфаи қимматбаҳоро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд;
- рутбаи дараҷавиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Низомнома дар бораи рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мебардорад;
- кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи ҳарбӣ аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартибе, ки барои ҳарбиён муқаррар шудааст, сарфароз гардонида мешаванд;
- масъалаи дар "Лавҳаи фахрӣ" ҷой додани сурати корманд дар ҷаласаи ҳайатҳои мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ шуда, бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон татбиқ карда мешавад;
- кормандони мақомоти прокуратура барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона дар хизмати давлатӣ, кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини риояи қонуният бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд ;
- барои мукофотонидани кормандони мақомоти прокуратура бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани унвонҳои фахрӣ, ташкилотҳои дигар ҳам мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" метавонанд пешниҳод кунанд.
6. Дар ҳолати зарурат оид ба татбиқи чораи ҳавасмандкунӣ нисбати корманди қобилиятнок, ки татбиқи он берун аз ваколати роҳбари прокуратураи мазкур ё муассисаи таьлимии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар он бора ба прокуратураи болоӣ пешпиҳод ирсол карда мешавад.
7. Ҳавасмандкунӣ бо фармон эълон гардида, дар дафтарчаи меҳнатӣ ва парвандаи шахсии корманд қайд карда мешавад. Фармон дар бораи ҳавасмандкунӣ ба маълумоти ҳамаи кормандони прокуратураи мазкур ва шахсони дар фармон номбаршуда расонида мешавад.
III. Ҷазоҳои интизомӣ
8. Нисбати кормандони прокурорӣ, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд ҷазои интизомӣ дар мавридҳои зайл татбиқ карда мешавад:
- барои риоя накардани вазифаҳои хизматӣ;
- барои содир кардани кирдори бадномкунанда.
9. Ҷазоҳои интизомӣ барои содир кардани амалҳои дар банди 8 ҳамин Низомнома зикршуда ҳамон вақт татбиқ карда мешавад, ки чораҳои дигари тарбиявӣ, пеш аз ҳама чораҳои тарбиявии ҷамъиятӣ ба шахсони гунаҳгор, ҳамчунин раҳнамоӣ ва танқид кардани онҳо аз тарафи роҳбар қаблан истифода шудаанд ё ин ки чораҳои дигарро бинобар вазнинии кирдор татбиқ кардан имконнопазир мебошад.
Ҷазои интизомӣ ба дараҷаи гуноҳ ва вазнинии кирдори содиршуда бояд мувофиқ бошад.
10. Ҷазоҳои интизомӣ инҳоянд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ;
- паст кардани рутбаи дараҷавӣ;
- ба вазифаи пасттар гузаронидан;
- аз "Лавҳаи фахрӣ" гирифтани сурати корманд;
- маҳрум кардан аз нишони сарисинагии "Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон" ;
- аз кор озод кардан ва аз мақомот хориҷ намудан;
- аз кор озод кардан бо маҳрум сохтан аз рутбаи дараҷавӣ.
11. Ба масъулияти интизоми кашидани кормандон бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои паст кардани рутбаи дараҷавӣ ва аз кор озод кардан бо маҳрум кардани рутбаи дараҷавии шахсоне, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, дорои тамоми ҳуқуқи татбиқи ҷазои интизомие мебошад, ки Низомномаи мазкур пешбинӣ кардааст.
- Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон метавонанд ба тариқи сарзаниш, танбеҳ, танбеҳи қатъӣ, ба вазифаи пасттар гузаронидан ва аз "Лавҳаи фахрӣ" гирифтани сурати кормандоне, ки ба тобеияташон шомиланд, ҷазо татбиқ намоянд.
- Прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва прокурорҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда, сардорони муассисаҳои таълимии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷазо додани кормандони прокурории тобеашон ба прокурори мақомоти болоӣ пешниҳод ирсол менамоянд.
12. Прокуроре, ки масъалаи ҷазои интизомӣ доданро ҳал мекунад, вазифадор аст, ки кирдори содиркардаро шахсан санҷида, таҳқиқ кунад ва аз шахсе, ки ин кирдорро содир намудааст, баёноти хаттӣ гирад. Ҳангоми зарурат санҷиши хизматӣ таъин кунад.
13. Агар мувофиқи вазнинии кирдор зарурати ба кор бурдани ҷазои интизомие пеш ояд, ки берун аз ваколатҳои прокурори мазкур бошад, ӯ ба прокурори мақомоти болоӣ дар ин хусус бо пешниҳод муроҷиат менамояд.
14. Барои ҳар як кирдори ношоиста танҳо як ҷазои интизомӣ додан мумкин аст.
15. Ҷазоҳои интизомӣ бевосита баъди ошкор шудани кирдор дар муддати 1 моҳ, вале на дертар аз 6 моҳи пас аз содиршавӣ, аз рӯйи натиҷаи санҷиши фаъолияти мақомоти прокуратура ва тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ на дертар аз ду соли содир шудани кирдор дода мешаванд. Ба ин мӯҳлат вақти дар истеҳсолот қарор доштани парвандаи ҷиноятӣ дохил карда намешавад.
16. Ҷазо ба тариқи фармон эълон шуда, ба маълумоти корманди ба ҷавобгарии интизомӣ кашидашуда расонида мешавад ва ин фармон ба маводҳои парвандаи шахсии ӯ ҳамроҳ мегардад.
Фармон дар бораи додани ҷазои интизомӣ ба ҳамаи кормандони прокуратураи мазкур ё ба шахсоне, ки дар фармон номбар шудаанд, эълон карда мешавад.
17. Кормандони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ҷиҳати норизо будан аз болои фармони прокурор оид ба ҷазои интизомӣ дар мӯхлатҳои дар қонун пешбинишуда ба прокурори болоӣ ва ё суд шикоят кунанд.
18. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ҷазоро бекор кунад, сахттар ё сабуктар карда, фармони худро асоснок намояд. Агар ба сифати чораи ҷазо ба вазифаи пасттар гузаронидан ё аз кор озод кардан татбиқ шуда бошад, дар ин маврид фармони паст кардан ё озод карданро ғайриқонунӣ эьтироф карда, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар вазифаи псштара барқарор кардани корманд ва ба вай додани маоши миёна барои давраи маҷбуран дар кор набудан аз рӯзи озод шуданаш ё фарқи маоши давраи кори ӯ дар вазифаи муздаш камтар, вале барои на зиёдтар аз 1 сол мувофиқи талаботи қонун чораҳо меандешад.
19. Муддати эътибори ҷазоҳои интизомии дар зербандҳои якум то ҳафтуми банди 10 ҳамин Низомнома пешбинишуда дар сурате ба итмом расида ҳисоб меёбад, ки аз рӯзи додани ҷазо дар давоми як сол нисбати ӯ ҷазои нав татбиқ нашуда бошад. Бо ба охир расидани мӯхлати яксола нишони сарисинагии "Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон" баргардонида намешавад, ҳамчунин барқарор шудан дар вазифаи пештара, ё барқарор кардани рутбаи дараҷавии кормандоне ки нисбати онҳо ин чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шудаанд, имконнопазир аст .
Барқарор кардани рутбаи дараҷавӣ ва вазифаи пештара танҳо бо тартиби аттестатсиякунонӣ сурат мегирад.
Ҷазои интизомӣ аз тарафи прокуроре, ки онро додааст ё прокурори болоӣ дар давоми камтар аз як сол ҳам бекор шуда метавонад, ба шарте, ки корманд дар иҷрои вазифаҳои хизматиаш интизомнокию поквиҷдонӣ зоҳир кунад. Дар ин маврид бо фармон ҷазо бекор карда шуда, он ба ҳамаи шахсоне эълон карда мешавад, ки барояшон фармон дар бораи додани ҷазо эълон шуда буд.
20. Прокуроре, ки аз ҳуқуқҳои татбиқи ҷазои интизомии доштааш сӯйистеъмол кардааст ва ё аз онҳо дар мавридҳои зарурӣ истифода набурдааст, ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
21. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати асоснокӣ ва қонунӣ будани чораҳои ҳавасмандкунӣ ва ҷазои интизомӣ, ки прокурорҳои тобеаш татбиқ менамоянд, назорат мекунад ва ҷиҳати бекор кардани фармонҳои беасос ва ғайриқонунӣ чораҳо меандешад.
22. Кормандони мақомоти прокуратура дар сурати норозӣ будан бо фармон дар бораи ҷазои интизомӣ ҳақ доранд нисбати он дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун шикоят намоянд .
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шикоят дар мӯҳлатҳои муайянкардаи қонун қарор қабул мекунад.
Агар барои ҳалли шикоят санҷиши иловагӣ гузаронидан зарур бошад, мӯҳлати санҷиш як моҳ дароз карда мешавад. Муроҷиат бо шикоят иҷрои ҷазоро бознамедорад.
Дар бораи қарори қабулшуда ба шахси шикоятнамуда хабар дода мешавад.
23. Арзу шикоятҳо дар бораи амали ғайриқонунии прокурорҳо ва муфаттишон, ки ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, барои санҷиш ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешаванд.
24. Масъалаи масъулияти интизомии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Положение о поощрениях и дисциплинарной ответственности прокуроров, следователей и других работников органов прокуратуры Республики Таджикистан, имеющих классные чины
(в редакции Указа Президента РТ от 28.10.2015г.№578)
I. Общие положения
1. Положение о поощрениях и дисциплинарной ответственности работников органов прокуратуры Республики Таджикистан далее - Положение) разработана в соответствии со статьей 55 Конституционного закона Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан" и устанавливает порядок поощрения работников органов прокуратуры, за отличия по службе, а также привлечения к дисциплинарной ответственности за нарушения служебных обязанностей, трудовой дисциплины и порочащие поступки .
2. Настоящее Положение распространяется на работников органов прокуратуры, имеющих высшее юридическое образование и классные чины.
Военные прокуроры и следователи поощряются и несут дисциплинарную ответственность по требованиям Дисциплинарного устава Вооруженных Сил Республики Таджикистан и настоящего Положения.
Правом поощрения военных прокуроров и следователей и наложения на них взысканий пользуются Генеральный прокурор Республики Таджикистан и Главный военный прокурор Республики Таджикистан.
II. Поощрения и награды
3. Работники прокуратуры, имеющие классные чины поощряются и награждаются, за примерное исполнение своего служебного долга, инициативу и оперативность, и иные отличия по службе, способствующие усилению прокурорского надзора, раскрытию и предупреждению преступлений, укреплению законности .
4. Мерами поощрения и награждения являются:
- благодарность;
- денежная премия;
- подарок;
- ценный подарок;
- повышение в классном чине;
- награждение Почетной грамотой Генерального прокурора Республики Таджикистан
- помещение на "Доску Почета";
- награждение нагрудным знаком "Почетный работник прокуратуры Таджикистана" .
5. Применение мер поощрения осуществляется и следующем порядке:
- благодарность объявляется Генеральным прокурором Республики Таджикистан, Главным военным прокурором Республики Таджикистан, прокурорами Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, транспортным прокурором Таджикистан;
- поощрение денежной премией, награждение подарком производится Генеральным прокурором Республики Таджикистан, прокурорами Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, транспортным прокурором Таджикистана в соответствий с порядком, установленным Правительством Республики Таджикистан;
- награждение Почетной грамотой и нагрудным знаком "Почетный работник прокуратуры Таджикистана" производится приказом Генерального прокурора Республики Таджикистан ;
- награждение ценным подарком производится Генеральным прокурором Республики Таджикистан и Главным военным прокурором Республики Таджикистан;
- повышение в классном чине производится Генеральным прокурором Республики Таджикистан в соответствии с Положением о классных чинах работников органов прокуратуры Республики Таджикистан;
- присвоение воинских званий военным прокурорам и следователям производится по представлению Главного военного прокурора Республики Таджикистан и Генерального прокурора Республики Таджикистан Министром обороны Республики Таджикистан в порядке установленном для военнослужащих;
- вопрос о помещении на "Доску Почета" рассматривается на заседаниях коллегии Генеральной прокуратуры Республики Таджикистан, Главной военной прокуратуры Республики Таджикистан, прокуратур Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, транспортной: прокуратуры Таджикистана и о результатах издается соответственно приказ Генерального прокурора Республики Таджикистан, Главного военного прокурора Республики Таджикистан, прокуроров Горно-Бадахшанской автономной областей, города Душанбе, транспортный прокурор Таджикистана;
- работники органов прокуратуры в знак признания их заслуг перед Республикой Таджикистан, за профессионализм и долголетний добросовестный труд на государственной службе, на работе в правоохранительных органах, защите прав и свобод человека и гражданина, обеспечение законности по представлению Генерального прокурора Республики Таджикистан награждаются Президентом Республики Таджикистан государственной наградой
- представление к награждению работников органов прокуратуры орденами, медалями, грамотами и другими государственными наградами и к присвоению почетных званий могут вноситься также другими организациями в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственных наградах Республики Таджикистан".
6. В случае признания необходимым применения отличившемуся работнику мер поощрения, выходящих за пределы прав руководителя соответствующей прокуратуры или учебного заведения прокуратуры Республики Таджикистан, им вносится представление вышестоящему прокурору.
7. Поощрение объявляется приказом и заносится в трудовую книжку и личное дело работника. Приказ о поощрении доводится до сведения всех работников данной прокуратуры или лиц, указанных в приказе.
III. Дисциплинарные взыскания
8. Дисциплинарное взыскание к прокурору, следователю, а также к другим работникам органов прокуратуры, имеющим классные чины, применяется:
- за нарушение обязанностей по службе;
- за совершение порочащего поступка.
9. Дисциплинарные взыскания за поступки, перечисленные в пункте 8 настоящего Положения, применяются, когда исчерпаны или в связи с тяжестью проступка не могут быть применены другие меры воспитания, в первую очередь, средства товарищеского воздействия коллектива на провинившихся лиц, а также указания и внушения им со стороны руководителя.
Дисциплинарное взыскание должно соответствовать степени вины и тяжести совершенного проступка.
10. Дисциплинарными взысканиями являются:
- замечание;
- выговор;
- строгий выговор;
- понижение в классном чине;
- понижение в должности;
- снятие фотографии с "Доски Почета";
- лишение нагрудного знака, "Почетный работник" прокуратуры Таджикистана" ;
- увольнение;
- увольнение с лишением классного чина.
11. Привлечение к дисциплинарной ответственности производится в следующем порядке:
- Генеральный прокурор Республики Таджикистан пользуется дисциплинарными правами, предусмотренными настоящим Положением в полном объеме, за исключением понижения в классном чине и увольнения с лишением классного чина лиц, которым классные чины присвоены Президентом Республики Таджикистан и Президиумом Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
- Главный военный прокурор Республики Таджикистан, прокуроры Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, транспортный прокурор Таджикистана могут налагать на подчиненных им работников, входящих- в их номенклатуру, дисциплинарные взыскания в виде замечания, выговора, строгого выговора и понижения в должности, снятия фотографии с "Доски Почета".
- Районные, городские и другие приравненные к ним прокуроры, директора учебных заведений прокуратуры Республики Таджикистан входят с представлениями к вышестоящему прокурору о наложении взыскания на подчиненных им прокурорско - следственных работников.
12. Прокурор, разрешающий вопрос о наложении дисциплинарного взыскания, обязан разобраться в совершенном проступке и получить письменное объяснение от лица, совершившего проступок, В случае необходимости назначается служебная проверка.
13. Если по степени тяжести проступка необходимо применить меры дисциплинарного взыскания, превышающие объем прав, предоставленных данному прокурору, он входит к вышестоящему прокурору с соответствующим представлением.
14. За один и тот же проступок может быть наложено только одно дисциплинарное взыскание.
15. Дисциплинарное взыскание налагается непосредственно за обнаружением проступка в течение I месяца, но не позднее 6 месяцев после совершения, а по результатам проверки деятельности органов прокуратуры, ревизии или проверки финансово-хозяйственной деятельности - не позднее двух лет со дня совершения проступка,
В указанные сроки не включается время производства по уголовному делу.
16. Взыскание объявляется приказом, который сообщается под расписку работнику, привлеченному к дисциплинарной ответственности, и приобщается к личному делу. Приказ о наложении дисциплинарного взыскания объявляется всем работникам данной прокуратуры или лицам, указанным в приказе.
17. Работники органов прокуратуры Республики Таджикистан имеют право обжалования приказов прокуроров о дисциплинарном наказании вышестоящему прокурору или в судебные органы, в установленные законодательством Республики Таджикистан сроки.
18. Генеральный прокурор Республики Таджикистан имеет право отменить взыскание, усилить его или смягчить, обосновав в приказе своё решение. Если в качестве меры дисциплинарного взыскания было применено понижение в должности или увольнении то, признав понижение или увольнение незаконным, Генеральный прокурор Республики Таджикистан согласно закона принимает меры о восстановлении работника в прежней должности и выплате ему среднею заработка за время вынужденного прогула со дня увольнения или разницы в заработной плате за время работы на иижеоплачиваемой должности, но не более чем за один год.
19. Работник считается не имеющим дисциплинарного взыскания, предусмотренными подпунктами первого до седьмого пункта 10 настоящего Положения, если в течение года со дня наложения он по подвергался новому дисциплинарному взысканию. Однако истечение годичною срока не влечет за собой возврата нагрудного знака "Почетный работник прокуратуры Таджикистана", восстановления в прежней должности или восстановления классного чина работникам, подвергнутым этим мерам взыскания. Восстановление в прежнем классном чине и в прежней должности может производиться только в порядке аттестации .
Дисциплинарное взыскание может быть снято прокурором, наложившим его или вышестоящим прокурором и ранее года, если работник -проявит дисциплинированность, добросовестность в выполнении обязанностей по службе. В этом случае взыскание снимается приказом с объявлением его всем, кому объявлен приказ о наложении взыскания.
20. Прокурор, превысивший предоставленные ему дисциплинарные права или не использовавший их в необходимых случаях, несет за это ответственность.
21. Генеральный прокурор Республики Таджикистан осуществляет контроль за обоснованностью и законностью применения мер поощрения и дисциплинарного взыскания подчиненными прокурорами и принимает меры к отмене необоснованных и незаконных приказов.
22. При несогласии с приказом о наказании работник органов прокуратуры, вправе обжаловать его в установленные законодательством сроки .
Генеральный прокурор Республики Таджикистан принимает решение по жалобе также в пределах сроков, определенных законом.
Если для разрешения жалобы необходимо провести дополнительную проверку, срок может быть продлен, но не более чем на месяц. Обращение с жалобой не приостанавливает исполнение приказа о наказании. О принятом решении сообщаемся обратившемся с жалобой.
23. Жалобы и заявления о неправомерных действиях прокуроров исследователей, поступившие в адрес Президента Республики Таджикистан, Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан направляются для проверки Генеральному прокурору Республики Таджикистан.
24. Вопрос о дисциплинарной ответственности Генерального прокурора Республики Таджикистан и его заместителей решается Президентом Республики Таджикистан по согласованию с Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан.