Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2001 № 242
тасдиқ шудааст
Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532)
1. Заминаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа
1. Татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоии манфиатҳои онҳо таъмини шуғли аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъолро бо роҳи ташкил ва танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа пешбинӣ менамояд.
2. Нерӯи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф, аз ҷониби дигар нокифоягии маблағҳои молиявӣ барои рушди шабакаи дахлдори ҷойҳои корӣ боиси сарбории захираҳои меҳнатӣ мебошанд. Тибқи методикаи Созмони Байналмилалии Меҳнат то оғози соли 2000 дар ҷумҳурӣ 16.8 фоизи аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъолро бекор ҳисобидан мумкин аст. Тибқи арзёбии экспертӣ захираҳои меҳнатии зиёдатӣ беш аз 30 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад. Ҳамзамон беш аз 60 фоизи аҳолии бекор ҷавонони то синни 30 сола мебошанд, ки имкон доранд таҷоруби тахассусиро вобаста ба касбҳое, ки дар бозори меҳнати кишварҳои воридкунандаи қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба он талабот зиёд аст, ба даст оранд.
3. Бо дарназардошти сафарбарии пасти минтақавӣ ва касбию тахассусӣ, инчунин сохтори ҷинсию синну солии захираҳои кории озод тахмин намудан мумкин аст, ки тақрибан 30 фоизи аҳолии бекори ҷумҳурӣ метавонанд муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа гарданд.
2. Асосноксозии муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа
4. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа пеш аз ҳама ба зарурати паст кардани ташаннуҷи иҷтимоӣ, ки аз бекор мондани аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол ба миён омадааст, вобаста мебошад. Аз сабаби мавҷуд набудани манбаъҳои қонунии зиёд кардани даромад ва шароитҳои воқеии иқтисодии баланд бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо роҳи таъмин бо кор дар доираи ҷумҳурӣ содироти қувваи корӣ ба хориҷа барои ҳалли ин масъала омили муҳим мебошад.
5. Зарурати муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва танзимшаванда дар хориҷа ба манфиати ноил шудан ба воридоти иловагии асъор ба буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби андоз аз даромади фирмаҳои миёнарав, ки фаъолияти ҷалб ва бо кор таъмин намудани муҳоҷиронро дар хориҷа анҷом медиҳанд, алоқаманд аст.
6. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа дар натиҷаи аз ҷониби меҳнаткашони муҳоҷир ирсол намудани маблағ ҳамчунин ба баланд бардоштани шароити зисти аъзои оилаи онҳо мусоидат хоҳад кард.
7. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа ба фаъолгардии кори мақомоти давлатӣ ва фирмаҳои хусусии миёнарав оид ба тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо - коргарон ва мутахассисон мусоидат хоҳад намуд.
8. Кор ва таълим дар хориҷа ба баландшавии сатҳи тахассусии меҳнаткашони муҳоҷир муосидат намуда, рушди сатҳи тахассусии маҷмӯи қувваҳои кории ҷумҳуриро таъмин хоҳад кард.
9. Бо дарназардошти он, ки даромади меҳнаткашони муҳоҷир чун қоида дар муқоиса ба ҷумҳурӣ бештар аст, тавсеаи содироти қувваи корӣ ба афзоиши пасандози аҳолӣ мусоидат хоҳад кард, ки метавонад манбаи муҳими инвеститсия ба иқтисоди кишвар гардад.
3. Зарурати сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа
10. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа зуҳуроти мураккаб ва печида буда, таваҷҷӯҳи муназзам, баррасӣ, танзими онро дар робита бо дигар ҷараёнҳо ва рӯйдодҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҳаёти ҷумҳурӣ тақозо менамояд.
11. Давлат бояд хеле фаъолона ба ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа, татбиқи сиёсати аз нигоҳи илмӣ асоснокшуда дар ин соҳа таъсир расонад. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа асосноксозии мақсадҳои умда, вазифаҳои ҷорӣ ва дурнамои онро бо дарназардошти анъана, расму оин, хусусиятҳои миллӣ ва таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд.
4. Мақсадҳои асосии сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа
12. Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷрати меҳнатӣ дар хориҷа аз ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувақатан дар хориҷа кор мекунанд, танзими рафтуои мигратсионӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва пойдор намудани қонуният ба ҷараёни муҳоҷират иборат мебошад.
4.1. Мақсадҳои иқтисодӣ:
13. Ҷойгиронии қисми захираҳои меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар кишварҳо бо мақсади дар шароитҳои нисбат ба ҳудуди ҷумҳурӣ самарабахштар бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ.
14. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабабҳои объективӣ (сатҳи баланди афзоиши табии аҳолӣ ва маҳдудияти захираҳои молиявӣ барои таъмини чунин рушди афзояндаи қувваҳои корӣ) сатҳи бекории аҳолӣ ниҳоят зуд афзоиш меёбад, сиёсати судманди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа яке аз омилҳои муҳими паст кардани теъдоди бекорон мебошад. Дар натиҷаи паст кардани сатҳи бекорӣ бошад, ҷиҳати афзоиши даромади аҳолӣ ба самараи хуб ноил шудан мумкин аст.
15. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа бояд ба истифодаи пурраи ҳамаи манбаъҳои воридоти асъор аз содироти қувваи корӣ, андоз аз даромади фирмаҳои миёнарав, пулгузарониҳои мустақими меҳнаткашони муҳоҷир ба Ватан барои дастгирии оила, волидайн, маблағгузории шахсии меҳнаткашони муҳоҷир (ба Ватан овардани воситаҳои истеҳсолот ва асбобу анҷоми истифодаи дарозмуддат, харидории амволи ғайриманқул, ба даст овардани коғазҳои қиматнок), сармоя аз онҳое, ки қувваи кории Тоҷикистонро қабул мекунанд ва барои такрористеҳсоли захираҳои меҳнатӣ ва соҳаи иҷтимоӣ сарф мегардад, нигаронида шавад.
16. Бо дарназардошти аҳамияти воридоти асъор аз меҳнаткашони муҳоҷири ҷумҳурӣ дар хориҷа ва бо мақсади пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо ва ҳаннотӣ бо маблағҳои асъорӣ сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа бояд мубодилаи асъори хориҷиро, ки моликони он шаҳрвандони дар ҳориҷа коркунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, тибқи қурби бозор пешбинӣ намояд.
17. Мақсади муҳими иқтисодии сиёсати давлатии муҳоҷирати меҳнатӣ (дар қисмати содироти қувваи корӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки меҳнаткашони муҳоҷир дар натиҷаи кор дар хориҷа бо истифода аз барномаҳои тарбияи касбии муҳоҷирон, ки дар хориҷа истифода, мегардад, сатҳи касбӣ ва мадании хешро баланд бардоранд.
18. Яке аз мақсадҳои нисбатан муҳими иқтисодии сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа аз зиёд гардидани ҳаҷми амонатҳои пулии мухоҷирон иборат мебошад, ки ба афзоиши захираҳои инвеститсионии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Сиёсати конструктивии иқтисодӣ дар ин қисмат бояд ҳавасмандгардонии муҳоҷиронро барои ҳимояи даромадҳояшон пешбинӣ намоянд.
4.2. Мақсадҳои иҷтимоӣ:
19. Захираҳои озоди меҳнатии ҷумҳурӣ асосан шахсонеро, ки дорои омодагии касбӣ ва сатҳи зарурии маълумот намебошанд, дар бар мегирад. Дар чунин шароит ҳам барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳам барои рушди назарраси ҳиссаи кормандони соҳибихтисос дар маҷмӯи умумии захираҳои меҳнатии кишвар аз ҳисоби муҳоҷирон омодасозии кадрҳои касбӣ ба сифати мақсади асосии иҷтимоии сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳод мегардад. Ин махсусан бо дарназардошти ҳолате, ки аксари кадрҳои баландихтисоси соҳаи индустриалии иқтисод кишварро тарк намудаанд, хеле муҳим мебошад.
20. Бо дарназардошти он, ки дар солҳои охир ҷумҳурӣ қувваҳои кории ғайрикасбиро содир мекунад ва онҳо дар соҳаҳои на он қадар ҷолиби иқтисодии кишварҳои кироякунанда ба меҳнати вазнин машғул хоҳанд шуд, зарур аст, ки дар сиёсати давлатии муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа усулҳои таъсиррасонӣ ба кишварҳои кироягири қувваи корӣ ҷиҳати таъсиси шароити мӯътадили меҳнатӣ пешбинӣ гардад. Чунин усул метавонад созишномаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, истифодаи омилҳои ҳавасмандгардонии муҳоҷирон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумот ва тахассус, такмили тарзи ҳаёт, маърифати муошират ва рафтор бошад.
21. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа эҳтимоли хатарро, ки метавонад барои муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ аз сабабҳои молиявӣ ва он, ки муҳоҷир дар кишвари дигар қарор дорад, оқибатҳои вазнин дошта бошад, низ дар бар мегирад. Сиёсати давлатии муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа бояд татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии меҳнаткашони муҳоҷирро дар ҳолатҳое, ки онҳо бо ин ё он сабаб бекор мемонанд, таъмин намояд. Вобаста ба ин чунин тадбирҳо ба монанди ба муҳоҷирин фароҳам овардани кӯмаки моддии муваққатӣ дар шакли кредит, таъсиси фонди умумӣ, ки хароҷоти вобаста ба ҷароҳатҳои истеҳсолӣ ва ҳолатҳои нохушро дар бар мегирад, суғуртаи таваккали (риск) муҳоҷирин, инчунин анҷом додани барномаҳои дастгирикунандаи ҳатмӣ ҷиҳати таъмини шуғл пас аз бозгашт ба ватан қобили таваҷҷӯҳ мебошад.
4.3. Мақсадҳои стратегӣ:
22. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа бояд ба пешгирии афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва номуназзам дар асоси ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои иқтисодии ҷараёни муҳоҷират, якҷоя бо тарафи қабулкунанда таъсис додани системаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалб намудани мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҷомеа ва иттиҳодияҳо, воситаҳои ахбори умум ҷиҳати мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шавад.
23. Минбаъд самти афзалиятноки рушди муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа аз содир намудани қувваи кории тахассусӣ, ҳамзамон бо ҳифзи нерӯи зарурии захираҳои меҳнатии тахассусӣ дар ҷӯмҳурӣ, иборат хоҳад буд.
24. Сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа бояд ба тавсеаи бештари (диверсификатсия) минтақаҳои Федератсияи Россия ҳамчун ноҳияҳои асосии танзимкунандаи ҳаракати муҳоҷирин аз Тоҷикистон нигаронида шавад, зеро робитаҳои таърихан асосёфтаи истеҳсолию иқтисодӣ дар гузашта, аз ҷониби аксари аҳолии ҷумҳурӣ донистани забони русӣ яке аз заминаҳои устувори рушди муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа дар ин самт мебошад.
5. Мазмун ва роҳҳои татбиқи сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа
25. Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ва дар давраҳои аввали барқароргардии бозори меҳнат яке аз усулҳои самарабахши танзими системаи шуғли дохилӣ ва хориҷӣ аз танзимии давлатӣ иборат аст.
26. Фишангҳои муҳими танзими давлатии сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа таҳия ва қабули санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа мебошад:
27. Мониторинги ҳолати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ;
28. Созишномаҳои дуҷониба вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо кишварҳое, ки ба он ҷо қисми зиёди меҳнаткашони муҳоҷир сафар мекунанд ва дар онҳо муқаррароти умумии таъминот бо кор ва ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашони муҳоҷир инъикос меёбад. Мамлакатҳои дорои афзалияти бештаре ки бо онҳо чунин созишномаҳо бо дарназардошти минбаъд тавсеа ёфтани теъдоди кишварҳои самти муҳоҷирати меҳнатӣ баста мешаванд бо Федератсияи Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Германия, Австрия, Кувайт, Миср, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Малайзия, Канада мебошанд.
29. Таҳияи барномаи давлатии дурнамои миёна ва дарозмӯҳлати муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа;
30. Таъсиси системаи имтиёзноки андозбандии фирмаҳои миёнарав, ки фаъолиятро вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа анҷом медиҳанд;
31. Бо мақсади ҳавасмандгардонии сиёсати фаъоли шуғл дар хориҷа таъсис додани "Хазинаи дастгирии оилаҳои меҳнаткашони муҳоҷир" аз ҳисоби фирмаҳои миёнарав, ки фаъолиятро вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа анҷом медиҳанд;
32. Мусоидат дар тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахасуси кадрҳо барои шуғл дар хориҷа. Дар айни замон тарбияи мақсадноки кадрҳо барои корхонаҳои мушаххаси тарафи қабулкунанда, аз ҷумла аз ҳисоби маблағгузории онҳо бо истифода аз нерӯи таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
33. Ташкили кӯмаки иттилоотию машваратии меҳнаткашони муҳоҷир. Чунин кӯмак бояд иттилоот оид ба кишвари сафар, менталитети аҳолии он, хусусияти кор, мушаххасоти корхона, шароити зист ва ғайраро дар бар гирад.
34. Аз ҷониби намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ ҳифз намудани манфиатҳо, расонидани ёрӣ ва мусоидат ба меҳнаткашони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлате, ки ба он сафар мекунанд;
35. Татбиқи системаи стандартии банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа ва ғайра.
6. Ҳавасмандгардонии муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа
36. Мақсади асосии ҳавасмандгардонии шуғл дар хориҷа аз фаъолгардонии он тавассути қадр намудани кори миёнаравӣ дар соҳаи ҷалб ва таъмин бо кор, инчунин таъсиси системаи асосноксозии самтгирии қувваи корӣ дар хориҷа иборат мебошад.
37. Самти асосии сиёсати давлатии ҳавасмандгардонии шуғл дар хориҷа аз инҳо иборатанд:
38. Мусоидат ба ташаккули фирмаҳои хусусии миёнарав ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ (бо ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ), ки ба фаъолияти миёнаравӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа машғуланд. Ин хадамот бояд тавассути омӯхтани талабот ба қувваи корӣ дар бозори хориҷии меҳнат ва таҳлили вазъи бозори дохилии меҳнат дар фиристодани меҳнаткашони муҳоҷир ба хориҷа хизматрасониро анҷом диҳанд;
39. Муайян намудани маҳакҳои шомил намудани фирмаҳои миёнарав ба соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа. Фирмаи миёнарав, агар он дар ҷараёни як сол теъдоди на камтар аз 30 нафар муҳоҷирро дар хориҷа бо кор таъмин намояд, метавонад дар соҳаи фаъолияти вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа такроран иҷозатнома (литсензия) гирад.
40. Мусоидат ба воридшавии муросилоти пулии меҳнаткашони муҳоҷир ба бонкҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташкили системаи хизматрасонии бонкҳо дар маҳалҳои таҷамӯи меҳнаткашони муҳоҷир ва кафолати ҳифзи муросилоти пулӣ;
41. Мусоидат барои аз ҷониби меҳнаткашони муҳоҷир ба кишвари маҳали зист интиқол додани молҳои арзишноки аз боҷҳои гумрукӣ озодшуда;
42. Давлат бояд ҷиҳати ҳавасмандгардонии фаъолнокии инвеститсионии меҳнаткашони муҳоҷир тавассути зиёд кардани ставкаҳои фоизи амонатҳои меҳнаткашони муҳоҷир бо асъори қобили табдили озод дар бонкҳои ҷумҳурӣ ва муқаррар намудани ҳаҷми пардохти хизматрасонии бонкӣ дар сатҳи поёнтар аз стандартҳои ҷаҳонӣ (андозаҳо) мусоидат намояд.
7. Ҳимояи меҳнаткашони муҳоҷир
43. Давлат ҳифзи меҳнаткашони муҳоҷири ватаниро ба зимма мегирад. Дар айни замон давлат сафари меҳнаткашони муҳоҷирро тавассути Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо роҳи пешбурди баҳисобгирии риояи шартнома ва қарордодҳои басташуда байни фирмаҳои миёнарав ва корфармоён таҳти назорат қарор медиҳад .
44. Давлат барои бастани шартномаҳои (созишномаҳои) дутарафа стандартҳои ҳадди ақалро муқаррар менамояд, ки он ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии меҳнаткашони муҳоҷирро дар бар мегирад.
45. Давлат доираи масъулияти фирмаҳоеро, ки дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа машғуланд, муайян намуда, фаъолияти онҳоро вобаста ба самтҳои зайл таҳти назорат қарор медиҳад:
- ба талаботи корфармо мутобиқ будани коршоямии касбии меҳнаткашони муҳоҷир ҳангоми интихоб.
- риояи шартҳои шартномаи меҳнатие, ки дар соҳаи кироя баста шудаанд.
46. Мақоми ваколатдори давлатие, ки ба фирмаҳо барои фаъолияти миёнаравӣ ҷиҳати фиристодани меҳнаткашон барои кор ба хориҷа иҷозатнома (литсензия) додааст, ҳуқуқ дорад:
- дар сурати вайрон кардани қоидаҳои бо кор таъмин намудани муҳоҷирин фирмаи миёнаравро аз иҷозатнома (литсензия) маҳрум созад;
- ҷиҳати ба масъулияти ҷиноятӣ кашидани ашхос ва ташкилотҳое, ки ба ҷалби ғайриқонунии (бидуни литсензия) коргарон машғуланд, ташаббус зоҳир намояд.
8. Ташкили системаи ҳисоботдиҳӣ
47. Бо мақсади ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ зарур аст, ки системаи ҳисоботдиҳии фирмаҳои миёнарав ва ташкилотҳои ҷамъиятии машғули муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа дар назди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад .
48. Махзани маълумот (иттилоот) дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ бояд дар системаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва ҳифз карда шавад .