Тартиби додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти муомилот бо партовҳои хатарнок аз 6 июни соли 2003, № 252

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.2005с. № 337 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 июни соли 2003 № 252

тасдиқ шудааст

Тартиби додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти муомилот бо партовҳои хатарнок

1. Тартиби мазкур дар асоси моддаҳои 5 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ" таҳия шуда, тартиби литсензиякунонии фаъолияти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода, безараргардонӣ, гузронидани партовҳои хатарнокро (минбаъд -фаъолияти муомилот бо партовҳои хатарнок) муқаррар менамояд. Тартиби мазкур барои тамоми субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият, ҳамчунин шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

2. Ба партовҳои хатарнок партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолии дар таркибашон моддаҳои дорои яке аз хусусияти хатаровари зерин мавҷудбуда мансубанд:

заҳрнокӣ;

сирояткунанда;

таркишӣ;

хатари сӯхторӣ;

қобилияти баланди реаксионӣ.

3. Мақоми ваколатдори пешбурди литсензиякунонии фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -мақоми литсензиядиҳанда) мебошад.

4. Талабот ва шартҳои литсензиявии амалӣ гардонидани фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок инҳо мебошанд:

а) аз тарафи литсензиат иҷро гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, қоида, меъёр ва талаботҳое, ки бехатарии муомилот бо ин партовҳоро танзим менамояд;

б) ба тайёрии касбӣ, ки бо шаҳодатномаи (сертификати) ҳуқуқи кор кардан бо партовҳои хатарок тасдиқ гардидааст, соҳиб будани шахсони ба фаъолияти муомилот бо партовҳои хатарнок роҳ додашуда;

в) соҳиб будани литсензиат бо бинои истеҳсолӣ, объектҳои ҷойгиркунонии партовҳо, таҷҳизоти воситаҳои нақлиёти бо меъёр ва талаботҳои техникӣ ҷавобгӯ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти литсензияшаванда заруранд;

г) доро будани литсензиат бо воситаҳои назорати ва ченкунӣ, ки ҳангоми амалӣ кардани фаъолияти литсензияшаванда риояи меъёрҳои ҳадди таъсир ба муҳити зистро тасдиқ менамояд.

5. Барои гирифтани литсензия довталаб ба мақомоти литсензиядиҳанда пешниҳод менамояд:

а) ариза дар бораи додани литсензия бо нишондоди:

барои шахсони ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ, макони ҷойгиршавӣ, номи бонк, рақами суратҳисоб дар бонк;

барои соҳибкорони инфиродӣ - ном, ному насаб маълумотҳои ҳуҷҷати шахсияти шаҳрвандро тасдиқкунанда, суроғаи истиқомат; намуди фаъолияти литсензияшаванда;

мӯҳлате, ки дар давоми он навъи фаъолияти мазкур амалӣ мегардад;

б) нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқкардашудаи шаҳодатномаи сабти давлатӣ ба сифати шахси ҳуқуқӣ;

в) барои соҳибкорони инфиродӣ - нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқкардашудаи шаҳодатномаи сабти давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

г) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағ барои баррасии ариза;

д) хулосаҳои мақомоти:

назорати давлатии санитарию -эпидемиологӣ -дар ҳама ҳолатҳо;

мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ - дар ҳолати амалӣ кардани фаъолияти муомилоти истихроҷ ва коркарди ашёи хоми маъданӣ, ҳамчунин ҷойгиркунии партовҳои хатарнок дар қаъри замин;

геология -дар ҳолати таъсири партовҳо ба обҳои зеризаминӣ ва канданиҳои фоиданок;

е) хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологии (дар холатҳои зарурӣ) маводҳои асосноккардашудаи фаъолияти пешбинигардида дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок.

Литсензия дар ҳолати мавҷуд набудани яке аз ҳуҷҷатҳо ва хулосаи мақомоте, ки дар зербандҳои "д" ва "е"-и ҳамин банд ва талаботҳои банди 10 зикр гардидаанд, дода намешавад.

Барои пешниҳоди маълумотҳои нодуруст ва ғалат довталаб тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

6. То қабули қарор дар бораи додани литсензия мақомоти литсензиядиҳанда экспертизаи маводҳои пешниҳодшударо бо мақсади муайян намудани пуррагӣ ва дурустӣ, мутобиқати шартҳои анҷоми фаъолияти муомилот бо партовҳои хатарнок ба талаботҳои экологие, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муайян шудаанд, ҳамчунин дар ҳолати зарурӣ экспертизаи давлатии экологиро мегузаронад;

7. Қарор дар бораи додан ва ё рад кардани додани литсензия дар мӯҳлати 30 рӯз баъд аз қабули аризаи довталаб бо пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои лозимӣ қабул карда мешавад.

8. Литсензия ба тарзи пулакӣ дода мешавад.

Андозаҳои зерини пардохти литсензиони муайян карда машаванд:

барои баррасии ариза ҷиҳати додани литсензия - ба андозаи 3 музди меҳнати ҳадди ақал;

барои додани литсензия - ба андозаи 5 музди меҳнат ҳадди ақал;

барои аз нав барасмиятдарории литсензия - ба андозаи 1 музди меҳнат ҳадди ақал.

Маблағҳои мазкур аз тарафи мақомоти литсензиядиҳанда тибқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда истифода бурда мешаванд.

Литсензия баъд аз пардохти маблағҳои литсензионӣ дода мешавад. Маблағҳои литсензионӣ пардохтҳои барои ҷойгиркунии партовҳо дар муҳити зист ё барои ифлос кардани он муқарраргардидаро манъ карда наметавонад.

9. Мақомоти литсензиядиҳанда вазифадор аст довталабро дар бораи қабули қарор оид ба додан ва ё рад кардани додани литсензия дар мӯҳлати 3 рӯз баъд аз қабули қарори дахлдор аз тарафи ин мақомот хабар диҳад.

Ба довталаб ба таври хаттӣ дар бораи додани литсензия, бо нишондоди мӯҳлати пардохти маблағи литсензия ва ё рад кардани додани литсензия бо зикри сабабҳои рад кардан огоҳӣ фиристода мешавад.

10. Барои рад кардани додани литсензия инҳо асос мешавад:

дар ҳуҷҷатҳои аз тарафи довталаб пешниҳодшуда мавҷуд будани маълумотҳои носаҳеҳ ва таҳрифшуда;

хулосаи манфии экспертӣ, ки номувофиқати маводҳо ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи довталаб пешниҳодгардидаро ба талаботҳои зарурии анҷом додани фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок ва шартҳои бехатарии экологӣ муайян намудааст;

хулосаи манфии мақомоти дар зербандҳои "д" ва "е"-и банди 5 зикргардида.

11. Литсензия ба мӯҳлати на камтар аз 3 сол дода мешавад. Ба мӯҳлати камтар аз 3 сол литсензия танҳо бо дархости шахси муроҷиаткарда дода мешавад. Мӯҳлати амали литсензия бо дархости литсензиат метавонад дароз карда шавад.

12. Литсензия аз ҷониби роҳбари мақомоти литсензиядиҳанда (ва ё муовини ӯ) бо зикри таърихи додани он имзо ва бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад.

13. Довталаби литсензия метавонад оид ба қарори мақомоти литсензиядиҳанда дар бораи рад кардани додани литсензия ва ё беамалии он ба суд шикоят намояд.

14. Мақомоти литсензиядиҳанда реестри литсензияҳои додашуда, боздошташуда, аз нав ба расмият даровардашуда ва ва бекор кардашударо тартиб медиҳад ва пеш мебарад.

15. Варақаҳои литсенсия дорои шакли муқараргардида, дараҷаи муҳофизатӣ, силсила ва рақами ҳисоботӣ буда, ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошанд. Харидорӣ, ҳисобот ва нигоҳдории варақаҳои литсензияро мақомоти литсензиадиҳанда анҷом медиҳанд.

16. Дар ҳолати табдил ёфтани шахси ҳуқуқӣ ном ва ҷойи ҷойгиршавии литсензиат (шахси ҳуқуқӣ ё вориси ҳуқуқии он) вай вазифадор аст фавран барои аз нав ба расимятдарории литсензия, бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки маълумоти мазкурро тасдиқ мекунанд, ариза пешниҳод намояд.

Дар ҳолати тағйир ёфтани ном ва ҷойи истиқомати соҳибкори инфиродӣ литсензиат (соҳибкори инфиродӣ) вазифадор аст, фавран барои барасмиятдарории литсензия, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдори маълумоти мазкурро тасдиқкунанда ариза пешниҳод намояд.

Дар ҳолати гум кардани литсензия ба литсензиат дар асоси аризаи хаттии он нусхаи литсензия дода мешавад.

17. Мақомоти литсензиядиҳанда дар ҳолатҳои зерин метавонад амали литсензияро боз доранд:

аз тарафи мақомоти литсензиядиҳанда, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар мақомоти назоратӣ дар ҳудуди салоҳияташон ошкор намудани вайронкунии талабот ва шартҳои литсензиявӣ аз ҷониби литсензиат;

аз ҷониби литсензиат иҷро нагардидани қарорҳои мақомоти литсензиядиҳанда, ки литсензиатро вазифадор месозад камбудиҳои ошкоршударо бартараф созад.

Дар ҳолати аз тарафи литсензиат бартараф кардани ҳолатҳое, ки ба қатъ кардани амали литсензия оварда расонидаанд, мақомоти литсензиядиҳанда вазифадор аст дар мӯҳлати як моҳ оид ба барқарор кардани амали он қарор қабул намояд ва дар муддати 3 рӯз ба литсензиат оид ба қарори қабулгардида хабар диҳад.

Дар ҳолати аз нав барқарор шудани амали литсензияҳои қатъшуда пардохт гирифта намешавад.

18. Агар дар мӯҳлати амали литсензия вайрон кардани талабот ва шартҳои литсензиявӣ ошкор шуда бошанд, мақомоти литсензиядиҳанда метавонад дароз кардани мӯҳлати амали литсензияро ба литсензиат рад кунад.

19. Амали литсензия метавонад бо қарори суд дар ҳолати муроҷиати мақомоти литсензиядиҳанда ё дигар мақомоти назоратӣ оид ба якчанд маротиба ё дағалона вайрон кардани талабот ва шартҳои литсензиявӣ аз тарафи литсензиат, ҳамчунин ҳангоми ошкор гардидани маълумотҳои санҷиданашуда ва нодуруст дар ҳуҷҷатҳои барои гирифтани литсензия пешниҳодшуда, қатъ карда шавад.

Литсензия метавонад бо қарори мақомоти литсензиядиҳанда ҳангоми дар мӯҳлати як моҳ напардохтани маблағҳои литсензионӣ қатъ карда шавад.

Амали литсензия дар ҳолати барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ ё қатъ гардидани фаъолияти он дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ (ба истиснои табдилёбӣ) ва ё қатъ шудани амали шаҳодатномаи сабти давлатии шаҳрванд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ эътибори худро гум мекунад.

20. Назорати риояи талабот ва шартҳои литсензионӣ аз тарафи мақомоти литсензиядиҳанда, ҳамчунин дигар мақомот дар соҳаи муомилот бо партовҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар доираи салоҳияти онҳо анҷом дода мешавад.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор кардани вайронкунии талабот ва шартҳои литсензионӣ дар бораи вайронкуниҳои ошкоршуда ба мақомоти литсензиядиҳанда хабар медиҳанд.

Литсензиат вазифадор аст барои аз ҷониби мақомоти литсензиядиҳанда гузаронидани санҷишҳо шароитҳо таъмин намояд, ҳамчунин маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

21. Литсензиат барои вайрон кардан ё иҷрои номатлуби талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.