Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯчбандии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда
Мувофиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ" ва бо мақсади ҳалли таъҷилии масъалаҳои вобаста ба гузаронидани тадбирҳо оид ба кӯчбандӣ, ҷойгиронии аҳолӣ ва арзишҳои моддӣ ҳангоми рӯй додани вазъиятҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯчбандии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шавад ва ҳайати замимагардидаи Комиссия (аз рӯи вазифа) тасдиқ карда шавад.
2. Раиси Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯчбандии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар мӯҳлати ду моҳ бо мувофиқаи вазорату идораҳои манфиатдор лоиҳаи Низомномаи Комиссияро таҳия кунад ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳои дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2000 № 166
ш. Душанбе