Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2008 № 435
тасдиқ шудааст
Низомномаи Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия
I. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур вазифаҳо, ӯҳдадориҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россияро (минбаъд -Намояндагӣ) муайян менамояд.
2. Намояндагӣ фаъолияташро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
3. Намояндагӣ дар доираи салоҳияташ ҳамкории тарафайни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти дахлдори салоҳиятдори Федератсияи Россия таъмин менамояд.
II. Мақсадҳои асосии Намояндагӣ
4. Таҳия ва дар доираи ваколати худ татбиқи чораҳое, ки барои рушд ва таҳкими ҳамкории тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи муносибатҳои андоз равона карда шудаанд.
5. Ҷамъоварӣ ва пешниҳоди иттилоот оид ба вазъ ва равандҳои рушди сиёсати андоз дар Федератсияи Россия бо мақсади такмили маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Пешниҳоди иттилоот ба роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи муносибатҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои андоз бо Федератсияи Россия.
7. Тибқи тартиби муқарраргардида амалисозии мукотиба бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати Намояндагӣ.
III. Вазифаҳои асосии Намояндагӣ
8. Таҳлили қонунгузорӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқии Федератсияи Россия дар самти муносибатҳои андозӣ ва дар асоси он таҳияи пешниҳодот оид ба такмили қонунгузории андозии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ҳамкорӣ бо хадамоти андози Федератсияи Россия.
10. Ташкили табодули иттилоот байни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти андози Федератсияи Россия.
11. Ширкат дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории назди Шӯрои Роҳбарони Хадамоти андоз дар назди Кумитаи ҳамгироии ЕврАзЭс ва назди Шӯрои Ҳамоҳангсозии Роҳбарони хадамоти андози Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
12. Пешниҳоди иттилоот ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти воридшуда дар қонунгузории андози Федератсияи Россия.
13. Мусоидат дар тартиб ва такмили тахассуси кадрҳо барои мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистои дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россия.
14. Ширкат дар чорабиниҳои ташкилиамудаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
15. Таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳурӣ барои маблағгузорӣ ва таъминоти моддӣ - техникии Намояндагӣ ҷудо карда шудаанд.
16. Пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ, пешкаш намудани ҳисобот оид ба сметаи хароҷоти марбут ба нигоҳдории Намояндагӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
17. Дар асоси супоришҳои роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва мусоидат вобаста ба дархостҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати андоз.
IV. Ҳуқуқҳои Роҳбари Намояндагӣ
18. Оид ба фаъолияти Намояндагӣ ба баррасии роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур менамояд.
19. Аз номи роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супориши он дар доираи ваколати худ бо мақомоти андози Федератсияи Россия ҳамкорӣ менамояд.
20. Тибқи тартиби муқарраргардида аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои Намояндагӣ заруриро дархост ва дастрас менамояд.
21. Дар машваратҳо ва ҷаласаҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаҳои ба ваколати Намояндагӣ алоқаманд ширкат меварзад.
22. Дар доираи ваколати худ ва маблағҳои ҷудогардида бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони Федератсмяи Россия шартномаҳое мебандад, ки ба фаъолияти хоҷагии Намояндагӣ алоқаманд мебошанд.
V. Фаъолияти молиявӣ-ташкилӣ
23. Роҳбари Намояндагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
24. Фаъолияти Намояндагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад.
25. Роҳбари Намояндагӣ барои иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои ба Намояндагӣ вобастакардашуда шахсан масъул буда, дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои молиявӣ-хоҷагиро имзо менамояд ва дорои дигар ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
26. Ба ӯҳдаи Намояндагӣ вогузор намудани ӯҳдадориҳое, ки дар Низомномаи мазкур ва ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2008 № 435
Сметаи хароҷоти нигоҳдории Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия
+------+------------------------------------------------+------------ҷ
|Э.Б.К.| Номгӯи хароҷотҳо |Хароҷотҳо бо|
| | | доллари ШМА|
| | | |
+------+------------------------------------------------+------------+
|1. | Музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳои корфармоён |17820 |

|1.1.1.| Музди меҳнат ва иловапулиҳо (1350*12) |16200 |

|1.2.2.| Суғуртаи тиббӣ |1620 |

|2.1. | Хариди молу хизматрасониҳо |14800 |

|2.1.1.| Маводи кантселярӣ |1200 |

|2.1.3.| Хароҷоти сафарҳои хизматӣ |2000 |

|2.1.7.| Сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ |2000 |

|2.1.8.| Иҷораи манзил |9600 |

|2.3.3.| Нигоҳдорӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт |3000 |

|2.4.1.| Пардохти хизматрасонии алоқа |1350 |

| | Ҳамагӣ: |36970 |