Низомномаи Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия аз 27 августи соли 2008, № 435

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2008 № 435

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2008 № 435

тасдиқ шудааст

Низомномаи Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия

I. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур вазифаҳо, ӯҳдадориҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россияро (минбаъд -Намояндагӣ) муайян менамояд.

2. Намояндагӣ фаъолияташро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Намояндагӣ дар доираи салоҳияташ ҳамкории тарафайни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти дахлдори салоҳиятдори Федератсияи Россия таъмин менамояд.

II. Мақсадҳои асосии Намояндагӣ

4. Таҳия ва дар доираи ваколати худ татбиқи чораҳое, ки барои рушд ва таҳкими ҳамкории тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи муносибатҳои андоз равона карда шудаанд.

5. Ҷамъоварӣ ва пешниҳоди иттилоот оид ба вазъ ва равандҳои рушди сиёсати андоз дар Федератсияи Россия бо мақсади такмили маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Пешниҳоди иттилоот ба роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи муносибатҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои андоз бо Федератсияи Россия.

7. Тибқи тартиби муқарраргардида амалисозии мукотиба бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати Намояндагӣ.

...

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 27 августа 2008 года №435

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 27 августа 2008 года №435

Положение Представительства Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан при Государственной налоговой службе Российской Федерации

I. Общие положения

1. Настоящее Положение определяет задачи, основные функции и права Представительства Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан при Государственной налоговой службе Российской Федерации (далее - Представительство).

2. Представительство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Налоговым кодексом Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, нормативными актами Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан и настоящим Положением.

3. Представительство в пределах своей компетенции обеспечивает взаимодействие Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан с соответствующими компетентными органами Российской Федерации.

II. Основные цели Представительства

4. Разработка и реализация в пределах своей компетенции мер, направленных на развитие и укрепление взаимодействия между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией в сфере налоговых отношений.

5. Сбор и представление информации о состоянии и тенденциях развития налоговой политики в Российской Федерации с целью совершенствования налогового администрирования в Республике Таджикистан.

6. Информирует руководство Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан о состоянии двусторонних отношений с Российской Федерацией по вопросам налоговых отношений.

7. Ведет в установленном порядке переписку с Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан и соответствующими органами Российской Федерации по вопросам, отнесенным к компетенции Представительства.

...