Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2008, № 435 "Дар бораи Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия

Бо мақсади васеъ гардонидани ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила байни мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти нигоҳдории Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россияро барои соли 2008 ва солҳои оянда аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ карда шудаанд, мутобиқи сметаи хароҷоти замимагардида анҷом диҳад.

Маоши вазифавии роҳбари Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия баробари маоши вазифавии мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муқаррар карда шавад.

3. Маҳали ҷойгиршавии Намояндагии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва муқаррар карда шавад.

4. Дар нақшаи идоракунии Кумитаи андози назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 607 "Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, калимаи "Намояндаҳои" ба калимаи "Намояндагиҳои" иваз карда шавад.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 1996 № 447 "Дар бораи Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федератсияи Россия" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 августи соли 2008 № 435

ш. Душанбе