Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2004 № 170

тасдиқ шудааст

Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 2.07.2009 № 404, аз 5.11.2014 № 707)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор (минбаъд - "Тартиб") мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" таҳия шуда, пайдарҳамии бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯйро, ки бо мақсади бо кор таъмин шудан ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд, муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

2. Бақайдгирии шаҳрвандони бекор аз тарафи мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии тартиби зайл анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707):

- бақайдгирии ибтидоии шаҳрвандони корҷӯй;

- бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯй бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ;

- бақайдгирии шаҳрвандон ба сифати бекор;

- азнавбақайдгирии шаҳрвандони бекор.

3. Мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳар як марҳилаи бақайдгирӣ ҳисоби алоҳидаи бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯйро ба роҳ мемонад. Шаклҳои хуҷҷатҳои ҳисоби бақайдгирии шаҳрвандони бекорро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

II. Бақайдгирии ибтидоии шаҳрвандони корҷӯй

4. Бақайдгирии ибтидоии шаҳрвандони корҷӯй бо мақсади баҳисобгирии шумораи умумии шаҳрвандони корҷӯй амалӣ мегардад, зимнан дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ маълумоти зерин зикр карда мешаванд: ному насаби шаҳрванди муроҷиаткунанда, нишонӣ, синну сол, ҷинсият, маълумот, ихтисос (касб), муносибат ба шуғл, сабаби муроҷиат ва мазмуни мухтасари маълумот (хизматрасонӣ) оид ба масъалаҳои ба шаҳрванд дахлдошта.

5. Ҳангоми бақайдгирӣ ба шаҳрвандони корҷӯй маълумоти зерин пешниҳод карда мешавад:

- дар бораи ҳолати бозори меҳнат дар минтақаи дахлдор;

- дар бораи мавҷудияти ҷойҳои кории холӣ (вазифаҳо), хаҷми маош ва шароити дигари меҳнат бо мақсади интихоби кор;

- дар бораи имкониятҳо оид ба тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;

- дар бораи тартиб ва шартҳои бақайдгирӣ бо мақсади ҷустуҷӯи ҷойи кори мувофиқ, бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ;

- дар бораи ҳуқуқу масъулиятҳо дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ҳимоя аз бекорӣ.

III. Бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯй бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ

6. Барои бақайдгирӣ бо мақсади ҷӯстуҷӯи кори мувофиқ шаҳрвандони корҷӯй ба мақомоти хадамоти шуғли аҳолии ҷойи истиқомат маълумот дар бораи музди меҳнати миёнаи ду моҳи охир дар ҷойи кори охирин, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода шудааст, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассусро пешниҳод менамоянд.

7. Шахсони бори аввал корҷӯяндае, ки касб ё ихтисос надоранд, шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар бораи маълумотро пешниҳод менамоянд.

8. Маъюбон илова ба ҳуҷҷатҳои зикршуда тавсияи меҳнатӣ, хулосаи хусусияти тавсиявидошта ва шароити меҳнатро пешниҳод менамоянд, ё барномаи инфиродии барқарорсозии ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.

9. Бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯй ҳангоми муроҷиати шахсии онҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, анҷом дода мешавад.

Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда бояд ҳатман дар парвандаҳои шахсии шаҳрвандони бекор нигоҳ дошта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 404).

10. Мавҷуд набудани яке аз ин ҳуҷҷатҳо барои ба қайд нагирифтани шаҳрванд ҳамчун шахси бекор, асос шуда метавонад.

11. Мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳуқуқи талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагиро надоранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

12. Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд, билети ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки бо қарори суд аз муассисаҳои ислоҳотию меҳнатӣ тибқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудаанд, маълумотномаи озодшавӣ пешниҳод менамоянд.

13. Шаҳрвандоне, ки пештар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд, оид ба ҳиссагузаронӣ бояд ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқаи суғуртавӣ) ва дар хусуси даромад аз мақомоти дахлдори андоз маълумот пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

14. Мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз рӯзи бақайдгирии шаҳрванд дар муддати 10 рӯз бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ ба ӯ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда намудҳои кори мувофиқ, аз ҷумла корҳои хусусияти мувақкатӣ доштаи шаҳрвандони ихтисос ва касб надошта бошанд, намудҳои касбу ихтисосҳое, ки мавриди талаботи бозори меҳнат мебошанд, роҳҳои ба даст овардани бозомӯзии касбиро бояд пешниҳод намояд. Бо мақсади мусоидат дар таъминкунии шаҳрванд бо кор нақшаи ҷустуҷӯи мустақилонаи кор метавонад пешниҳод гардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

15. Расонидани ёрӣ ба шаҳрвандони бекор, барои ҷустуҷӯи кори мувофиқ дар асоси мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ (вазифаҳо) дар маҳзани маълумоти мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ гардонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

16. Роҳ дода намешаванд:

- бо мақсади ба кор таъминшавӣ фиристонидани шаҳрвандони корҷӯй ба ташкилотҳо бе тасдиқи мавҷудияти ҷойҳои кории холӣ (вазифаҳо) дар онҳо;

- даъват намудани шаҳрвандон ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бештар аз як маротиба дар як моҳ, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин даъват бо пешниҳоди кори мувофиқ ё пешниҳод дар бораи иштирок дар барномаҳои махсуси мусоидат ба шуғл вобаста бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

17. Барои ҳар як нафар шаҳрванди бекор, ки бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ ба қайд гирифта шудааст, парвандаи шахсӣ тартиб дода мешавад. Дар парвандаи шахсӣ дар бораи ҳамаи таклифҳои мақомот оид ба масъалаҳои шуғл, аз ҷумла, пешниҳоди кори мувофиқ, фиристонидан ба назди корфармо, омӯзиши касб, даъвати шаҳрванд ба мақомот оид ба масъалаҳои шуғл ва дигар амалҳои ба ҷустуҷӯи кори мувофиқ вобаста, инчунин розигии (радкуни) шаҳрванд аз пешниҳодоти мақомот оид ба масъалаҳои шуғл қайдҳо сабт карда мешавад.

18. Шартҳои парвандаи шахсӣ, тартиби пешбурд ва нигоҳдории онро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

IV. Бақайдгирии шаҳрвандон ба сифати шахсони бекор

19. Бақайдгирии шаҳрванд ба сифати шахси бекор дар асоси қарори мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бораи эътирофи шаҳрванд ҳамчун шахси бекор на дертар аз рӯзи 11-уми тақвимӣ аз лаҳзаи бақайдгирии он бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

20. Ҳамчун бекор эътироф кардани шаҳрванд аз тарафи мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мутобиқи моддаҳои 1 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" анҷом дода мешавад. Дар ҳолати зарурӣ шаҳрванд нусхаи эъломия доир ба пардохти андоз аз даромадро, аз мақомоти дахлдори андоз ва маълумотнома оид ба нафакахӯр набудани вай аз раёсати (шӯъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли зист пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

21. Санаи бақайдгирии шаҳрванд ба сифати шахси бекор рӯзи қабули қарори мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бораи чун шахси бекор эътироф намудани шаҳрванд ҳисобида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

22. Шаҳрвандоне, ки тибқи тартиби муқарраршуда бақайдгириашон ба сифати бекор рад гардидааст, ҳуқуқ доранд, такроран баъд аз як моҳ ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ҳалли масъалаи бақайдгирии онҳо ҳамчун шахсони бекор муроҷиат намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

23. Дар ҳолати рад намудани бақайдгирии шаҳрванд ҳамчун шахси бекор, мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ бо ҳатман сабт намудани қайдҳо дар парвандаи шахсӣ, дар бораи қарори қабулшуда ва сабабҳои радкунӣ ӯро огоҳ менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

V. Азнавбақайдгирии шаҳрвандони бекор

24. Шаҳрвандоне, ки ба сифати шахсони бекор эътироф шудаанд, вазифадоранд, ки дар як моҳ на камтар аз як маротиба аз қайд гузаранд.

25. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ шаҳрвандони бекор вазифадоранд, ки шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намоянд.

26. Ҳангоми дар холати мастӣ, аз истеъмоли машрубот, маводи мухаддир ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда барои азнавбақайдгирӣ омадани шаҳрванди бекор, далели мастии ӯро кормандони мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муайян намуда, санад (бо нишон додани таърихи рӯз, ҷой ва вақти тартибдиҳӣ) тартиб медиҳанд. Ҳангоми зарурат далели мастиро метавон бо роҳи гузаронидани ташхиси тиббӣ бо хулосаи дахлдори тасдиқшуда муайян кард (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

VI. Азқайдбарории шаҳрвандони бекор

27. Азқайдбарории шаҳрвандони бекор аз тарафи мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707):

- эътироф гардидани шуғл доштани шаҳрвандон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ";

- дар муддати 10 рӯз аз рӯзи бақайдгирии онҳо бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои пешниҳоди кори мувофиқ ба мақомоти хадамоти шуғл, инчунин ҳозир нашудан дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоти хадамоти шуғл барои бақайдгирӣ ҳамчун шахсони бекор;

- муддати тӯлонӣ (зиёда аз ду моҳ) бе сабабҳои узрнок оид ба масъалаҳои шуғл ба мақомот ҳозир нашудан;

- кӯчидани шаҳрванди бекор ба маҳали дигар;

- муқаррар намудани сӯистеъмолкунии шаҳрвандон, (пинҳон) намудани маълумот оид ба музди меҳнат (даромад), пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти бардурӯғ, инчунин дигар маълумоти нодуруст барои ҳамчун бекор эътироф намудани онҳо ва ғайра);

- маҳкум намудан ба ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ;

- таъин намудани нафақа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нафақа.

28. Шаҳрвандони бекор дар асоси қарори мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз қайд бароварда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

29. Масъулиятро барои ташкили кор оид ба бақайдгирии шаҳрвандони бекор, роҳбари мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба зимма дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 363, аз 5.11.2014 № 707).

30. Шахсоне, ки тартиби муқарраргардидаи бақайдгирии шаҳрвандони бекорро вайрон мекунанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2004 № 170

тасдиқ шудааст

Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор

(Қарор аз 2.07.2009с. № 404)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор (минбаъд "Тартиб") мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" таҳия шуда, пайдарҳамии бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯйро, ки бо мақсади бо кор таъмин шудан ба мақомоти Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд, муқаррар менамояд.

2. Бақайдгирии шаҳрвандони бекор аз тарафи мақомоти Хадамоти давлатии шуғли аҳолии ҷои истиқомат бо тартиби зайл анҷом дода мешавад:

- бақайдгирии ибтидоии шаҳрвандони корҷӯй;

- бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯй бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ;

- бақайдгирии шаҳрвандон ба сифати бекор;

- азнавбақайдгирии шаҳрвандони бекор.

3. Мақомоти Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ дар ҳар як марҳилаи бақайдгирӣ ҳисоби алоҳидаи бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯйро ба роҳ мемонад. Шаклҳои хуҷҷатҳои ҳисоби бақайдгирии шаҳрвандони бекорро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

II. Бақайдгирии ибтидоии шаҳрвандони корҷӯй

4. Бақайдгирии ибтидоии шаҳрвандони корҷӯй бо мақсади баҳисобгирии шумораи умумии шаҳрвандони корҷӯй амалӣ мегардад, зимнан дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ маълумоти зерин зикр карда мешаванд: ному насаби шаҳрванди муроҷиаткунанда, нишонӣ, синну сол, ҷинсият, маълумот, ихтисос (касб), муносибат ба шуғл, сабаби муроҷиат ва мазмуни мухтасари маълумот (хизматрасонӣ) оид ба масъалаҳои ба шаҳрванд дахлдошта.

5. Ҳангоми бақайдгирӣ ба шаҳрвандони корҷӯй маълумоти зерин пешниҳод карда мешавад:

- дар бораи ҳолати бозори меҳнат дар минтақаи дахлдор;

- дар бораи мавҷудияти ҷойҳои кории холӣ (вазифаҳо), хаҷми маош ва шароити дигари меҳнат бо мақсади интихоби кор;

- дар бораи имкониятҳо оид ба тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;

- дар бораи тартиб ва шартҳои бақайдгирӣ бо мақсади ҷустуҷӯи ҷойи кори мувофиқ, бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ;

- дар бораи ҳуқуқу масъулиятҳо дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ҳимоя аз бекорӣ.

III. Бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯй бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ

6. Барои бақайдгирӣ бо мақсади ҷӯстуҷӯи кори мувофиқ шаҳрвандони корҷӯй ба мақомоти хадамоти шуғли аҳолии ҷойи истиқомат маълумот дар бораи музди меҳнати миёнаи ду моҳи охир дар ҷойи кори охирин, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода шудааст, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассусро пешниҳод менамоянд.

7. Шахсони бори аввал корҷӯяндае, ки касб ё ихтисос надоранд, шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар бораи маълумотро пешниҳод менамоянд.

8. Маъюбон илова ба ҳуҷҷатҳои зикршуда тавсияи меҳнатӣ, хулосаи хусусияти тавсиявидошта ва шароити меҳнатро пешниҳод менамоянд, ё барномаи инфиродии барқарорсозии ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.

9. Бақайдгирии шаҳрвандони корҷӯй ҳангоми муроҷиати шахсии онҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, анҷом дода мешавад.

Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда бояд ҳатман дар парвандаҳои шахсии шаҳрвандони бекор нигоҳ дошта шаванд (Қарор аз 2.07.2009с. № 404).

10. Мавҷуд набудани яке аз ин ҳуҷҷатҳо барои ба қайд нагирифтани шаҳрванд ҳамчун шахси бекор, асос шуда метавонад.

11. Мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳуқуқи талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагиро надоранд.

12. Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд, билети ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки бо қарори суд аз муассисаҳои ислоҳотию меҳнатӣ тибқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудаанд, маълумотномаи озодшавӣ пешниҳод менамоянд.

13. Шаҳрвандоне, ки пештар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд, оид ба ҳиссагузаронӣ бояд ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқаи суғуртавӣ) ва дар хусуси даромад аз мақомоти дахлдори андоз маълумот пешниҳод намоянд.

14. Мақомоти шуғли аҳолӣ аз рӯзи бақайдгирии шаҳрванд дар муддати 10 рӯз бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ ба ӯ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда намудҳои кори мувофиқ, аз ҷумла корҳои хусусияти мувақкатӣ доштаи шаҳрвандони ихтисос ва касб надошта бошанд, намудҳои касбу ихтисосҳое, ки мавриди талаботи бозори меҳнат мебошанд, роҳҳои ба даст овардани бозомӯзии касбиро бояд пешниҳод намояд. Бо мақсади мусоидат дар таъминкунии шаҳрванд бо кор нақшаи ҷустуҷӯи мустақилонаи кор метавонад пешниҳод гардад.

15. Расонидани ёрӣ ба шаҳрвандони бекор, барои ҷустуҷӯи кори мувофиқ дар асоси мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ (вазифаҳо) дар маҳзани маълумоти мақомоти шуғли аҳолӣ амалӣ гардонида мешавад.

16. Роҳ дода намешаванд:

- бо мақсади ба кор таъминшавӣ фиристонидани шаҳрвандони корҷӯй ба ташкилотҳо бе тасдиқи мавҷудияти ҷойҳои кории холӣ (вазифаҳо) дар онҳо;

- даъват намудани шаҳрвандон ба мақомоти хадамоти шуғли аҳолӣ бештар аз як маротиба дар як моҳ, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин даъват бо пешниҳоди кори мувофиқ ё пешниҳод дар бораи иштирок дар барномаҳои махсуси мусоидат ба шуғл вобаста бошад.

17. Барои ҳар як нафар шаҳрванди бекор, ки бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ ба қайд гирифта шудааст, парвандаи шахсӣ тартиб дода мешавад. Дар парвандаи шахсӣ дар бораи ҳамаи таклифҳои мақомот оид ба масъалаҳои шуғл, аз ҷумла, пешниҳоди кори мувофиқ, фиристонидан ба назди корфармо, омӯзиши касб, даъвати шаҳрванд ба мақомот оид ба масъалаҳои шуғл ва дигар амалҳои ба ҷустуҷӯи кори мувофиқ вобаста, инчунин розигии (радкуни) шаҳрванд аз пешниҳодоти мақомот оид ба масъалаҳои шуғл қайдҳо сабт карда мешавад.

18. Шартҳои парвандаи шахсӣ, тартиби пешбурд ва нигоҳдории онро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

IV. Бақайдгирии шаҳрвандон ба сифати шахсони бекор

19. Бақайдгирии шаҳрванд ба сифати шахси бекор дар асоси қарори мақомоти шуғли аҳолӣ дар бораи эътирофи шаҳрванд ҳамчун шахси бекор на дертар аз рӯзи 11-уми тақвимӣ аз лаҳзаи бақайдгирии он бо мақсади ҷустуҷӯи кори мувофиқ анҷом дода мешавад.

20. Ҳамчун бекор эътироф кардани шаҳрванд аз тарафи мақомоти хадамоти шуғл мутобиқи моддаҳои 1 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" анҷом дода мешавад. Дар ҳолати зарурӣ шаҳрванд нусхаи эъломия доир ба пардохти андоз аз даромадро, аз мақомоти дахлдори андоз ва маълумотнома оид ба нафакахӯр набудани вай аз Шӯъбаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли зист пешниҳод менамояд.

21. Санаи бақайдгирии шаҳрванд ба сифати шахси бекор рӯзи қабули қарори мақомоти хадамоти шуғл дар бораи чун шахси бекор эътироф намудани шаҳрванд ҳисобида мешавад.

22. Шаҳрвандоне, ки тибқи тартиби муқарраршуда бақайдгириашон ба сифати бекор рад гардидааст, ҳуқуқ доранд, такроран баъд аз як моҳ ба мақомоти хадамоти шуғл барои ҳалли масъалаи бақайдгирии онҳо ҳамчун шахсони бекор муроҷиат намоянд.

23. Дар ҳолати рад намудани бақайдгирии шаҳрванд ҳамчун шахси бекор, мақомоти хадамоти шуғл ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ бо ҳатман сабт намудани қайдҳо дар парвандаи шахсӣ, дар бораи қарори қабулшуда ва сабабҳои радкунӣ ӯро огоҳ менамоянд.

V. Азнавбақайдгирии шаҳрвандони бекор

24. Шаҳрвандоне, ки ба сифати шахсони бекор эътироф шудаанд, вазифадоранд, ки дар як моҳ на камтар аз як маротиба аз қайд гузаранд.

25. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ шаҳрвандони бекор вазифадоранд, ки шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намоянд.

26. Ҳангоми дар холати мастӣ, аз истеъмоли машрубот, маводи мухаддир ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда барои азнавбақайдгирӣ омадани шаҳрванди бекор, далели мастии ӯро кормандони мақомоти хадамоти шуғл муайян намуда, санад (бо нишон додани таърихи рӯз, ҷой ва вақти тартибдиҳӣ) тартиб медиҳанд. Ҳангоми зарурат далели мастиро метавон бо роҳи гузаронидани ташхиси тиббӣ бо хулосаи дахлдори тасдиқшуда муайян кард.

VI. Азқайдбарории шаҳрвандони бекор

27. Азқайдбарории шаҳрвандони бекор аз тарафи мақомоти хадамоти шуғл дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- эътироф гардидани шуғл доштани шаҳрвандон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ";

- дар муддати 10 рӯз аз рӯзи бақайдгирии онҳо бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои пешниҳоди кори мувофиқ ба мақомоти хадамоти шуғл, инчунин ҳозир нашудан дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоти хадамоти шуғл барои бақайдгирӣ ҳамчун шахсони бекор;

- муддати тӯлонӣ (зиёда аз ду моҳ) бе сабабҳои узрнок оид ба масъалаҳои шуғл ба мақомот ҳозир нашудан;

- кӯчидани шаҳрванди бекор ба маҳали дигар;

- муқаррар намудани сӯистеъмолкунии шаҳрвандон, (пинҳон) намудани маълумот оид ба музди меҳнат (даромад), пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти бардурӯғ, инчунин дигар маълумоти нодуруст барои ҳамчун бекор эътироф намудани онҳо ва ғайра);

- маҳкум намудан ба ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ;

- таъин намудани нафақа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нафақа.

28. Шаҳрвандони бекор дар асоси қарори мақомоти хадамоти шуғл аз қайд бароварда мешаванд.

29. Масъулиятро барои ташкили кор оид ба бақайдгирии шаҳрвандони бекор, роҳбари мақомоти хадамоти шуғл ба зимма дорад.

30. Шахсоне, ки тартиби муқарраргардидаи бақайдгирии шаҳрвандони бекорро вайрон мекунанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.