Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" аз 1 августи соли 2008, № 375

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.01.2010 № 17 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 375

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" (минбаъд Марказ) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 № 114 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлитии "Маркази миллии тестӣ" таъсис дода шудааст.

2. Мақоми идоракунии давлатии Марказ Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Вазорат) мебошад.

3. Марказ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ҳамин Оиннома ба роҳ мемонад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Марказ

4. Мақсади Марказ таъмини ташкилию техникии беҳдошти сифати таълим дар системаи бефосилаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави ташаккули (интихоби) ҳайати доншиҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Барои амалӣ намудани мақсади гузошташуда Марказ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- таҳия ва татбиқи технологияи нави таҳлили ҳолати ҷараёни таълиму тарбия, муайян намудани сатҳи дониши хонандагон ва донишҷӯён, мувофиқати он ба стандартҳои умумиҳатмии давлатии таҳсилот;

- мониторинги аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ амаликунонии стандартҳои умумиҳатмии давлатии таҳсилот, аз ҷумла бо истифодаи технологияи тестӣ;

- гузаронидани тадкиқотҳои илмӣ-методӣ доир ба назарияву методологияи санҷиши тестӣ ва баходихии сифати таҳсилот;

- таҳия ва татбиқи шаклҳои нави тариқи озмун интихоб намудани ҳайати муҳассилини муассисаҳои таълимӣ;

- ташкили мақсадноки тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф оид ба истифодаи технологияи тестӣ дар ҷараёни таълим;

- таъсиси манбаи соҳавии иттилоот оид ба самтҳои фаъолияти Марказ;

- таъмини ташкилию техникии амалӣ кардани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла таъмини тайёр кардани кадрҳо дар хориҷа;

- гузаронидани корҳои ташкилию методӣ оид ба амалӣ намудани шакли нави ташаккули (интихоби) ҳайати донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъсис, нашр ва фурӯши дастурҳои таълимӣ-методӣ доир ба самтҳои фаъолияти Марказ;

- таҳия ва истифодаи манбаи (бонки) масъалаҳои тестӣ оид ба санҷишӣ тестӣ дар имтихонҳои қабул ва мониторинги сифати таҳсилот;

- хизматрасониҳои пулакӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла омӯзиш, баландбардории сатҳи касбӣ ва бозомӯзӣ, мусоидат намудан ба таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои дар хориҷа ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани фаъолият оид ба таъмини иттилоотии системаи маориф;

- таъсис ва истифодаи манбаи шабакаи миллии таҳсилотӣ;

- ташкил ва истифодаи манбаи маълумот, Web-технология дар системаи таҳсилот;

- таъсис ва истифодаи портали миллии таҳсилот, муассисаҳои таълимии виртуалӣ, интернет- мағозаҳо;

- гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи иттилоотикунонии таҳсилот;

- омӯзиш, такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи иттилоотикунонӣ;

- ташкил ва ҷорӣ намудани таълими фосилавӣ тавассути спутникҳо, телевизионҳои кабелӣ ва интернет;

- ҷорӣ намудани хизматрасонии провайдерӣ дар муассисаҳои таълимӣ.

6. Фаъолияте, ки ба иҷозатномадиҳии давлатӣ мансуб аст, аз ҷониби Марказ ҳангоми мавҷудияти иҷозатномаи дахлдор амалӣ карда мешавад.

7. Марказ ҳуқуқи фаъолият, инчунин амалӣ кардани аҳдҳоеро, ки дар Оинномаи мазкур пешбинӣ нашудааст, надорад.

8. Фармоиш ва супоришҳои давлатӣ ба Марказ ба воситаи Вазорат тибқи тартиботи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.

3. Идоракунии Марказ

9. Вазорат ваколатҳои зеринро дорад:

- самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти Марказро муайян менамояд;

- нақшаҳои ҷорӣ ва ояндабинии фаъолияти хоҷагидории Марказ, аз ҷумла, нишондиҳандаҳои молиявии нақшавиро дида баромада, тартиби пешниҳоди онҳоро муайян мекунад;

- доир ба истифодаи мақсаднок ва нигоҳдории моликияти Марказ назорат мекунад;

- масъалаҳои дигареро, ки тибқи қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти ӯ гузошта шудааст, ҳал менамояд.

10. Марказро директор роҳбарӣ мекунад, ки тибқи пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад".

11. Директор барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида масъулияти шахсӣ дорад.

12. Директор аз рӯи усули яккасардорӣ амал менамояд ва мустақилона ҳамаи масъалаҳои ба фаъолияти Марказ дахлдоштаро дар асоси ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба ӯ додааст, ҳал менамояд.

13. Директори Марказ дар доираи ваколатҳои худ:

- бе боваринома аз номи Марказ амал менамояд;

- манфиатҳои Марказро дар тамоми ташкилотҳо намояндагӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амволи Марказро ихтиёрдорӣ менамояд;

- сохтори идоракунии Марказ, ҷадвали штатӣ, тақсимоти ӯҳдадориҳои вазифавиро тасдиқ менамояд;

- шартномаҳо баста, дар доираи салоҳияташ корҳои дигарро амалӣ менамояд;

- боваринома медиҳад;

- ҳисоби бонкӣ мекушояд;

- тибқи қонунгузории меҳнатӣ ба Марказ кормандонро ба кор қабул мекунад, аз кор озод менамояд, ба мукофот пешбарӣ менамояд ва чораҳои ҷазо меандешад;

- фармон интишор намуда, супоришҳои барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмиро медиҳад;

- барои ба кор таъин ва аз кор озод намудани муовинон ба Вазорат пешниҳод манзур менамояд;

- сармуҳосиб, директорони филиалҳо ва намояндагони Марказро бо ризоияти Вазорат ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- низомномаи филиалҳо ва намояндагии Марказро тасдиқ менамояд;

- вазифаҳои дигаре, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба ӯҳдааш гузошгааст, иҷро менамояд.

14. Ваколати шахсони мансабдори Марказ дар дастурамали мансабӣ, ки аз тарафи директори Марказ тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.

4. Амволи Марказ

15. Амволи Марказро таҷҳизоти асосӣ, гардишхӯранда ва қиматнок, ки арзишаш дар тавозуни мустақили Марказ дарҷ гардидааст, ташкил медиҳад.

16. Амволи Марказ давлатӣ мебошад.

17. Амволи Марказ аз ҳисоби зайл ташаккул меёбад:

- амволе, ки соҳибмулк барои идоракунии самаранок додааст;

- амволе, ки (аз ҷумла, даромади пулӣ) дар натиҷаи фаъолияти хусусии Марказ ба даст омадааст;

- сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

18. Марказ ҳуқуқи фурӯхтан, бастани шартномаҳои тӯҳфа намуданро нисбати амволи ба ӯ барои идоракунии самаранок додашударо, ки ба воситаҳои асосӣ дохил мешаванд, надорад.

19. Соҳибмулки Марказ метавонад амволи Марказро баргашта гирад ва ба дигар шахсони ҳуқуқӣ мувофиқи салоҳияти худ тақсим намояд, агар дар санадҳои ҳуқуқӣ дастурҳои дигар пешбинӣ нашуда бошад.

5. Маблағгузории фаъолияти Марказ

20. Фаъолияти Марказ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ ва дар доираи маблағҳои барои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишаванда амалӣ карда мешавад.

6. Масъулияти Марказ

21. Марказ барои маблағҳое, ки аз рӯи ӯҳдадорӣ дар ихтиёр дорад, масъул мебошад.

22. Дар ҳолати норасоии маблағи Марказ ҷавобгарии субсидиариро аз рӯи ӯҳдадориҳояш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма дорад.

Аз рӯи ӯҳдадориҳои шартномавии Марказ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани ёрии моддиро дар доираи иҷрои фармоиши давлатӣ ба зимма мегирад.

7. Муносибати тарафайн бо ҳайати меҳнатӣ

23. Муносибатҳои меҳнатии раёсати Марказ бо ҳайати корӣ мутобиқи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

24. Реҷаи корӣ аз тарафи директор бо назардошти кафолати дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида муайян карда мешавад.

8. Баҳисобгирӣ ва ҳисобот

25. Марказ фаъолияти баҳисрбгирии худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои муҳосибии муқарраргардидаи мутобиқ ба сиёсати баҳисобгирӣ, ки директор дар мувофиқа бо Вазорат тасдиқ менамояд, амалӣ намуда, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба Вазорат, муассисаҳои молия, андоз ва омор ҳисобот пешниҳод менамояд ва оид ба дурустии он масъул мебошад.

9. Тартиби ба Оинномаи Марказ ворид намудани тағйирот ва иловаҳо

26. Ба Оинномаи Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ва иловаҳо ворид карда мешавад.

10. Барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии Марказ

27. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Марказ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Марказ инчунин бо асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, барҳам дода мешавад.

28. Моликияти Маркази барҳамдодашуда, ки баъди қаноатманд намудани талаботи қарздиҳандаҳо боқӣ мемонад, соҳибмулк тақисм менамояд.

Даромадҳои иловагӣ ва воситаҳои истифоданашудаи Марказ мутобиқи харҷнома ба буҷети давлатӣ баргардонида мешавад.

11. Мақоми ҳуқуқӣ, номгӯй ва нишонии Марказ

29. Марказ дар шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб, аз ҷумла суратҳисоби асъорӣ дар бонкҳо, мӯҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатӣ, бланкаи фирмавӣ бо номи худ, тамға ва дигар хусусиятҳои расмӣ мебошад.

30. Марказ баъди бақайдгирии давлатӣ таъсисёфта ҳисобида шуда, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад.

31. Номи Марказ:

бо забони тоҷикӣ:

дар шакли пуррааш: - Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ";

дар шакли кӯтоҳкардашуда: - МДММТ;

бо забони русӣ:

дар шакли пуррааш:- Государственное учреждение"Национальный центр тестирования";

дар шакли кӯтоҳкардашуда:- ГУНЦТ".

32. Нишонии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад, 13 А.