Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 34 боби 8 Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007 № 703 тасдиқ шудааст ва бо мақсади ба амал баровардани мониторинги татбиқ ва арзёбии самаранокии иҷрои стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои замимагардидаи гузаронидани мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатии ҳокимияти иҷроияи масъули гузаронидани мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ муқаррар карда шавад.
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сохтор ва шумораи штатии мавҷуда воҳидҳои сохтории махсуси (раёсат, шӯъба, бахш) мониторинг ва арзёбии стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсис дода, шахсони мансабдори роҳбарикунандаи масъули мониторинг ва арзёбии стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатиро муайян намоянд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳои методиро, ки Қоидаҳои тасдиқшудаи мазкур пешбинӣ менамоянд, таҳия намуда бо иҷрокунандагони мониторинг ва арзёбии татбиқи стратегияҳои миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ дастрас намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 майи соли 2008 № 216
ш. Душанбе