Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 459 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби идораи кӯмаки башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида"

Санаи амалкуни: 28.04.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби идораи кӯмаки башардӯстона ва техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2023 № 175)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с. № 86, аз 28.04.2023 № 175)

 

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони алоҳидаи ҳукукӣ ва воқеӣ оид ба расонидани кӯмаки башардӯстона ва техникӣ, тақвияти назорат ба ворид гардидани тақсиму истифодаи самарабахши он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомномаи замимашудаи тартиби идораи кӯмаки башардӯстона ва техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2009с. № 86).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 9 ноябри соли 2000 № 459

ш. Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ НИЗОМНОМАИ ТАРТИБИ ТАҚСИМИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКИИ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДГАРДИДА

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои байналмилали, шахсони алоҳидаи ҳукуки ва воқеи оид ба расонидани кӯмаки башардӯстона ва техники, тақвияти назорат ба ворид гардидани тақсиму истифодаи самарабахши он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомномаи замммашудаи тартиби тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида тасдиқ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. Раҳмонов

аз 9 ноябри соли 2000 № 459

ш. Душанбе