×

Низомномаи тартиби идораи кӯмаки башардӯстона ва техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, 459

Санаи амалкуни: 28.04.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 ноябри соли 2000 № 459

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби идораи кӯмаки башардӯстона ва техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008 № 47, 02.02.2009с. № 86, аз 30.12.2009 № 714, аз 28.04.2023 № 175)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур тартиби фаъоляти мақомоти идоракунии давлати, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалиро доир ба қабул, тақсиму фурӯши кӯмаки башардӯстона ва техникии аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, хусусияти барасмиятдарории гумруки ва татбиқи имтиёзҳоро, ки вобаста ба молҳои ба сифати кӯмаки башардӯстона ва техники воридкардашуда тибқи қонунгузории ҷори дода шудаанд, муайян мекунад.

2. Кӯмаки башардӯстона бо тариқи ройгон додани сарватҳои молию моддӣ, ки чи дар дохили кишвар ва чи берун аз марзи он хусусияти тиҷоратӣ надорад, ҳисобида мешавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

Кӯмаки хайрия ва (ё) хайрия ин аз ҷониби ташкилот ба таври ройгон расонидани кӯмаки модди ё кӯмаки дигар (дастгирии) ба шахсони воқеии ба чунин кӯмак эҳтиёҷманд ё ба ташкилотҳое, ки бевосита чунин кӯмак мерасонанд, аз ҷумла ба ташкилотҳои хайрия ва дигар муассисаҳою шахсони дар банди 11 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда мебошад.

Кӯмаки техники барномаи мусоидати ройгон ба ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барномаи кӯмаки техники бо роҳи ба шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон додани таҷрибаю технологияҳо, ташкили тарбияи кадрҳо, таҳвили намудҳои гуногуни таҷҳизот ва дигар воситаҳои моддию техники ва молҳо барои татбиқи барномаи мушаххаси кӯмаки техник, инчунин бо додани маблағҳои пулии ба ин мақсадҳо ҷудошуда татбиқ карда мешавад.

Хорич карда шуд (Қарор аз 02.02.2009с.№ 86).

Фурӯши кӯмаки башардӯстона ва техники (пурра ё қисман) ба истиснои ҳолатҳои тибқи созишномаҳои байни Ҳукумати пешбинигардида манъ аст.

3. Кӯмаки башардӯстонаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бояд барои истеъмолкунанда бехатар бошад ва ба талаботи байналмилалии амнияти инсон, ба талаботи санитарию гигиени, зиддисирояти, тибби, фармасевти, ветеринари, инчунин ба қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ дар бораи стандарту сертификатсиякунонӣ, назорати санитари, дар бораи ҳифзи тандурустии аҳоли ва ғайраҳо мутобиқат намояд.

4. Мақоми ваколатдор оид ба идораи кумакҳои башардӯстона ва техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

II. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ИМТИЁЗҲО ДОИР БА ПАРДОХТИ БОҶҲОИ ГУМРУКИИ МОЛҲОИ БА ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА СИФАТИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНАВУ ТЕХНИКИ ВОРИДГАРДИДА ВА БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ, ИНЧУНИН ХАРОҶОТИ МАРБУТ БА КАШОНИДАН, ДАР АНБОРХО ҶОБАҶОКУНӢ, НИГОХДОРИИ БОРҲОИ БАШАРДӯСТОНА

5. Аз пардохти андозҳо ва боҷҳо озод намудани молҳое. ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон башардӯстона (хайрия) ворид карда мешаванд, тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалию ҳуқуқии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида танзим мегарданд.

Дар сурате, агар молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидати техники дар доираи созишномаҳои байни Ҳукуматии, ки тибқи онҳо зодкунй аз пардохти андозу боҷҳо муайян гардидааст, ворид карда шаванд, он гох, истифодаи меъёрҳои зикргардида бо супоришҳои алоҳидаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти мақомоти гумрукии (постгоҳҳои) анҷомдиҳандаи барасмиятдарории гумруки расонида мешавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

6. Барасмиятдарории гумрукии молҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кӯмаки башардӯстона ва техникӣ воридгардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

Ворид намудани доруворӣ, таҷҳизоти техникаи тиббӣ ва таъинотӣ, озуқавории табобатию профилактикӣ, маҳсулоти таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои ғизоӣ ва ороиши муолиҷавӣ ба сифати кӯмаки башардӯстона ба таври иловагӣ бо иҷозати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2023 № 175).

Муҳлати истифодабарии доруҳои дар асоси кумаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ воридшуда барои он доруҳое, ки муҳлаташон аз як сол кам аст, бояд на кам аз 50 фоизи муҳлати истифодаи онҳо ва барои доруҳое, ки муҳлати истифодаи онҳо аз як сол зиёд аст, бояд на кам аз 10 моҳро ташкил диҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2023 № 175).

7. Барасмиятдарории гумрукии молҳои ба сифати кӯмаки башардӯстона воридгардидаро мақомоти назорати гумрукӣ бо тартиби соддашуда, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ба ҷо меоранд.

Барои пешбурди барасмиятдарории гумрукии молҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кӯмаки башардӯстона ва техникӣ воридкардашуда ба Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

декларатсияи бору гумрукӣ, ки мутобиқи Низомномаи мазкур пур карда шудааст;

ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва ҳамроҳикунандаи мол;

ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далели ирсоли ройгони молҳо, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои ба забонҳои хориҷӣ тартибдодашуда;

ӯҳдадории қабулкунанда дар бораи истифодаи мақсадноки молҳо барои беҳбудии шароити зиндагӣ ва маишии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ;

дар бахши воридоти молҳои дорои хусусияти тиббӣ тибқи роҳҳои кӯмаки башардӯстона-ба таври илова иҷозати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сертификати мутобиқати сифат, шаҳодатномаи санитарӣ, фитосанитарӣ, ветеринарӣ ва иҷозатнома барои доруворӣ ва нусхаи гувоҳномаи бақайдгирии мамлакати истеҳсолкунанда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2023 № 175);

Ҳангоми зарурат хулосаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Декларатсиякунии молҳои ба сифати кӯмаки башардӯстона ва техникӣ воридгардида мутобиқи Тартиби муқарраршудаи декларатсиякунии молҳое, ки таҳти низоми гумрукии ба муомилоти озод баровардан қарор доранд, анҷом дода мешавад.

Дар рӯйхатҳои молҳо аз ҷониби мақомоти гумрук маблағҳои ба таври шарти ҳисобшудаи пардохтҳои гумрукӣ ва арзиши оморӣ зикр карда мешаванд.

Вобаста ба молҳои шартномаҳои (қарордодҳои) савдои берунӣ, ки пардохти арзиши ин молҳо аз ҷониби шахсони Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, барасмиятдарории гумрукӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи умумӣ бо пардохти боҷҳои гумрукӣ ба ҷо оварда мешавад.

8. Дар сурати мақсаднок истифода нашудани кумаки башардустона ё техники қабулкунандаи он, ки имтттёзҳои доир ба пардохти андоз, боҷҳои гумруки ва дигар имтиёзҳои ба ӯ додашударо истифода намудааст, маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатти, инчунин ҷаримаҳои ба ин маблағҳо ҳисобкардашударо ба буҷет аз рӯи ставкаҳои амалкунанда мепардозад.

9. Хорич карда шуд (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

III. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

10. Ташкилотҳои байналмилали дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсиягардида ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда кӯмаки башардӯстона ва техникиро қатъиян мутобиқи созишномаҳои бастаашон, шартномаҳои байналмилали, инчунин қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамоянд.

11. Масъалаи бақайдгирии ташкилотҳои байналмилалии аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин воҳидҳои сохтории дигар ташкилотҳои байиалмилали - резидентҳо (ташкилотҳо, шӯъбаҳо, кумитаҳо, филиалҳо ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои байналмилалии ҷамьияти) таъсисёбандаро мақомоти адлия баъди гирифтани хулосаҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мекунанд.

12. Ташкилотҳои байналмилали дар татбиқи кӯмаки башардӯстона ва техники мустақилиятро нигоҳ медоранд ва мутобиқан онро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилали барои татбиқи барномаҳои кӯмаки бо инъикоси пурраи хусусият, ҳаҷми (бо ифодаи маблағ ва воҳидҳои воқеи) кӯмаки расондашаванда, бо зикри вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дар куҷо ва чи гуна он истифода бурда мешавад, ҳар сол созишнома мебанданд.

13. Кӯмаки башардӯстонаро ташкилотҳои байналмилали, иттиҳодияҳои ҷамъияти дар байни қабулкунандаҳо ройгон бо фарогирии пурраи табақаҳои эҳтиёҷманди аҳоли, дар асоси маҳдуд накардани ҳуқуқҳо тақсим менамоянд.

14. Ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҳар семоҳа ба Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намудҳои кӯмаки (бо ифодаи маблағ ва воҳидҳои воқеи) дар давраи ҳисоботи расонидашуда маълумот пешниҳод менамоянд.

15. Ташкилотҳои байналмилали ҳаногоми аз донорҳо гирифтани иттилоъ дар бораи ҷудокунии эҳтимолии кӯмаки башардустона ва техники саривақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаи мазкур маълумот медиҳанд.

Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи донорҳо Барномаи миллии ҳамкории байналмилалии техникии ояндаро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, таҳия менамояд.

IV. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ, ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО, КОРХОНАҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона (хайрия) ва техникиро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъерҳои ҳуқуқи байналмилали татбиқ менамоянд (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

17. Тақсими кӯмаки башардустона ва техникии ба суроғаи вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

18. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани иттилоъ дар бораи ҷудокунии эҳтимолии кӯмаки башардӯстона ва техники ё кӯмаки ба суроғаашон воридшуда саривақт ба Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди маълумоти пурра (бо ифодаи маблағ ва воҳидҳои воқеи) иттилоъ медиҳанд (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

V. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19. Фаъолияте хайрия маҳсуб меёбад, ки он аз ҷониби ташкилот мутобиқи муқаррароти моддаи 11 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

20. Назорат ба мутобиқати фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хайрияро ба ҷо меоранд, ба мақсадҳои оинномавии онҳоро тибқи конунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад.

21. Тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии ба суроғаи ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ки фаъолияти хайрияро анҷом медиҳанд, тибқи пешниҳоди Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.

Ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани иттилоъ дар бораи ба суроғаи онҳо ҷудошавии (воридшавии) эҳтимолии кӯмаки башардӯстона ва техники саривақт ба Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

22. Ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти хайрияро анҷом медиҳанд, ҳар семоҳа дар бораи тамоми намудҳои кӯмаки (бо ифодаи маблағ ва воҳидҳои воқеи) дар давраи ҳисоботи расонидашуда ба Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.

VI. ТАРТИБИ ҚАБУЛ, КАШОНИДАН, ДАР АНБОР ҶОБАҶОКУНИ ВА ТАҚСИМИ БОРҲОИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКИИ БА СУРОҒАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДГАРДИДА

23. Тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии ба суроғаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.

Қабулкунанда ва нигоҳдорандаи масъули кӯмакҳои башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

24. Хароҷоти марбут ба қабул, кашонидан, дар анбор ҷобаҷокуни, ҳифз ва тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии аз ҳисоби аз ҳаҷми умуми истифодаи 10 фоизи кӯмаки воридшуда пӯшонида мешавад (Қарор аз 02.02.2009с. № 86, аз 30.12.2009 № 714).

VII. ТАРТИБИ ҚАБУЛ, КАШОНИДАН, ДАР АНБОР ҶОБАҶОКУНӢ, ҲИФЗ ВА ТАҚСИМИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКИИ БА СУРОҒАИ ВАЗОРАТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДГАРДИДА

25. Кӯмаки башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида танҳо барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табии, техногени ва бо мақсади мудофиаи граждани истифода бурда мешавад. (Қарор аз 02.02.2009с. № 86).

26. Қабул, дар анбор ҷобаҷокуни, ҳифз ва ба аҳоли ва объектҳои иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодда зарардида дастрас гардонидани кӯмаки зикршударо Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад.

27.Тақсимоти кӯмаки башардӯстона ва техникии ба суроғаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида танҳо баъди мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 ноябри соли 2000 № 459

тасдиқ шудааст

НИ3ОМНОМАИ ТАРТИБИ ТАҚСИМИ КӯМАКИ БАШАРДУСТОНА ВА ТЕХНИКИИ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДГАРДИДА

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур тартиби фаъоляти мақомоти идоракунии давлати, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилотҳои байналмилалиро доир ба қабул, тақсиму фурӯши кӯмаки башардӯстона ва техникии аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, хусусияти барасмиятдарории гумруки ва татбиқи имтиёзҳоро, ки вобаста ба молҳои ба сифати кӯмаки башардӯстона ва техники воридкардашуда тибқи қонунгузории ҷори дода шудаанд, муайян мекунад.

2. Кӯмаки башардустона озуқавори, молҳои зарурати аввалияи истеъмолии халқ (либос, пойафзол, доруворй, таҷҳизоти тибби, лавозимоти хониш барои муассисаҳои таълими, томактаби ва табобати), ашёҳои дигари барои гирифтани фоидаи тиҷоратии ҳам ирсолдиҳанда ва ҳам қабулкунанда пешбининагардида ва аз мамлакатҳои хориҷи ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ҳуқуқи ва воқеи ҷиҳати беҳбудии шароити зиндаги ва маишии гурӯҳҳои камбизоати аҳоли, барои бартараф намудани оқибатҳои садамаву фалокатҳо ва офатҳои табии ба таври ройгон фиристодашуда мебошад.

Кӯмаки хайрия ва (ё) хайрия ин аз ҷониби ташкилот ба таври ройгон расонидани кӯмаки модди ё кӯмаки дигар (дастгирии) ба шахсони воқеии ба чунин кӯмак эҳтиёҷманд ё ба ташкилотҳое, ки бевосита чунин кӯмак мерасонанд, аз ҷумла ба ташкилотҳои хайрия ва дигар муассисаҳою шахсони дар банди 11 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда мебошад.

Кӯмаки техники барномаи мусоидати ройгон ба ислоҳоти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барномаи кӯмаки техники бо роҳи ба шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон додани таҷрибаю технологияҳо, ташкили тарбияи кадрҳо, таҳвили намудҳои гуногуни таҷҳизот ва дигар воситаҳои моддию техники ва молҳо барои татбиқи барномаи мушаххаси кӯмаки техник, инчунин бо додани маблағҳои пулии ба ин мақсадҳо ҷудошуда татбиқ карда мешавад.

Молҳои таҳти аксиз қарордошта ба кӯмаки башардӯстона ва техники тааллуқ дошта наметавонанд.

Фурӯши кӯмаки башардӯстона ва техники (пурра ё қисман) ба истиснои ҳолатҳои тибқи созишномаҳои байни Ҳукумати пешбинигардида манъ аст.

3. Кӯмаки башардӯстонаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бояд барои истеъмолкунанда бехатар бошад ва ба талаботи байналмилалии амнияти инсон, ба талаботи санитарию гигиени, зиддисирояти, тибби, фармасевти, ветеринари, инчунин ба қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ дар бораи стандарту сертификатсиякунонӣ, назорати санитари, дар бораи ҳифзи тандурустии аҳоли ва ғайраҳо мутобиқат намояд.

4. Ҳамоҳангсози, бақайдгири ва назорати истифодаи тамоми кӯмакиҳои башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ҷониби Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.

II. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ИМТИЁЗҲО ДОИР БА ПАРДОХТИ БОҶҲОИ ГУМРУКИИ МОЛҲОИ БА ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА СИФАТИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНАВУ ТЕХНИКИ ВОРИДГАРДИДА ВА БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ, ИНЧУНИН ХАРОҶОТИ МАРБУТ БА КАШОНИДАН, ДАР АНБОРХО ҶОБАҶОКУНӢ, НИГОХДОРИИ БОРҲОИ БАШАРДӯСТОНА

5. Аз пардохти андозҳо ва боҷҳо озод намудани молҳое. ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон башардӯстона (хайрия) ворид карда мешаванд, тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалию ҳуқуқии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида танзим мегарданд.

Дар сурате, агар молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидати техники дар доираи созишномаҳои байни Ҳукуматии, ки тибқи онҳо зодкунй аз пардохти андозу боҷҳо муайян гардидааст, ворид карда шаванд, он гох, истифодаи меъёрҳои зикргардида бо супоришҳои алоҳидаи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти мақомоти гумрукии (постгоҳҳои) анҷомдиҳандаи барасмиятдарории гумруки расонида мешавад.

6. Барасмиятдарории гумрукии молҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кӯмаки башардӯстона ва техники воридгардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ворид намудани дорувори, таҷҳизоти техникаи тибби ва таъиноти, озуқавории табобатию профилактики, маҳсулоти таъиноти санитарию гигиени, иловаҳои гизои ва ороиши муолиҷави ба сифати кӯмаки башардӯстона ба таври иловаги бо иҷозати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом, дода мешавад.

7. Барасмиятдарории гумрукии молҳои ба сифати кӯмаки башардӯстона воридгардидаро мақомоти назорати гумруки бо тартиби соддашуда, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ба ҷо меоранд.

Барои пешбурди барасмиятдарории гумрукии молҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кӯмаки башардӯстона ва техники воридкардашуда ба Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

декларатсияи бору гумруки, ки мутобиқи Низомномаи мазкур пур карда шудааст;

ҳуҷҷатҳои нақлиети ва ҳамроҳикунандаи мол;

ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далели ирсоли ройгони молҳо, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои ба забонҳои хориҷи тартибдодашуда;

ӯҳдадории қабулкунанда дар бораи истифодаи мақсадноки молҳо барои беҳбудии шароити зиндаги ва маишии гурӯҳҳои камбизоати аҳолй;

дар бахши воридоти молҳои дорои хусусияти тибби тибқи роҳҳои кӯмаки башардӯстона-ба таври илова иҷозати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сертификати мутобиқати сифат, шаҳодатномаи санитари, фитосанитари, ветеринари ва иҷозатнома барои дорувори ва нусхаи гувоҳномаи бақайдгирии мамлакати истеҳсолкунанда;

Ҳангоми зарурат хулосаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Декларатсиякунии молҳои ба сифати кӯмаки башардӯстона ва техникӣ воридгардида мутобиқи Тартиби муқарраршудаи декларатсиякунии молҳое, ки таҳти низоми гумрукии ба муомилоти озод баровардан қарор доранд, анҷом дода мешавад.

Дар рӯйхатҳои молҳо аз ҷониби мақомоти гумрук маблағҳои ба таври шарти ҳисобшудаи пардохтҳои гумруки ва арзиши омори зикр карда мешаванд.

Вобаста ба молҳои шартномаҳои (қарордодҳои) савдои беруни, ки пардохти арзиши ин молҳо аз ҷониби шахсони Тоҷикистон пешбини шудаанд, барасмиятдарории гумруки тибқи тартиби муқарраргардидаи умуми бо пардохти боҷҳои гумруки ба ҷо оварда мешавад.

8. Дар сурати мақсаднок истифода нашудани кумаки башардустона ё техники қабулкунандаи он, ки имтттёзҳои доир ба пардохти андоз, боҷҳои гумруки ва дигар имтиёзҳои ба ӯ додашударо истифода намудааст, маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатти, инчунин ҷаримаҳои ба ин маблағҳо ҳисобкардашударо ба буҷет аз рӯи ставкаҳои амалкунанда мепардозад.

9. Ҳангоми тибқи нақлиёти ҳавои аз хорича ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани кӯмаки башардӯстона иҷозат ва ҳаракати самолёт аз пардохти хароҷоти марбут ба навигатсия, истифодаи хати парвозу фурудоҳ, истгоҳ ва таъмини бехатари ба ғайр аз тибқи меъёрҳои муқарраршуда таъмини онҳо бо сӯзишворию равганҳои молидани озод карда мешаванд.

Кӯмаки башардӯстонае, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа бо нақлиёти роҳи оҳан ворид мегардад, аз пардохти хароҷоти марбут ба кашонидан, ба суроға фиристодан ва дар нақлиёти роҳи оҳан истодаи якшабонарӯзии вагонҳо озод карда мешавад.

III. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

10. Ташкилотҳои байналмилали дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсиягардида ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда кӯмаки башардӯстона ва техникиро қатъиян мутобиқи созишномаҳои бастаашон, шартномаҳои байналмилали, инчунин қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамоянд.

11. Масъалаи бақайдгирии ташкилотҳои байналмилалии аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин воҳидҳои сохтории дигар ташкилотҳои байиалмилали , резидентҳо (ташкилотҳо, шӯъбаҳо, кумитаҳо, филиалҳо ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои байналмилалии ҷамьияти) таъсисёбандаро мақомоти адлия баъди гирифтани хулосаҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мекунанд.

12. Ташкилотҳои байналмилали дар татбиқи кӯмаки башардӯстона ва техники мустақилиятро нигоҳ медоранд ва мутобиқан онро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилали барои татбиқи барномаҳои кӯмаки бо инъикоси пурраи хусусият, ҳаҷми (бо ифодаи маблағ ва воҳидҳои воқеи) кӯмаки расондашаванда, бо зикри вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дар куҷо ва чи гуна он истифода бурда мешавад, ҳар сол созишнома мебанданд.

13. Кӯмаки башардӯстонаро ташкилотҳои байналмилали, иттиҳодияҳои ҷамъияти дар байни қабулкунандаҳо ройгон бо фарогирии пурраи табақаҳои эҳтиёҷманди аҳоли, дар асоси маҳдуд накардани ҳуқуқҳо тақсим менамоянд.

14. Ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҳар семоҳа ба Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи намудҳои кӯмаки (бо ифодаи маблағ ва воҳидҳои воқеи) дар давраи ҳисоботи расонидашуда маълумот пешниҳод менамоянд.

15. Ташкилотҳои байналмилали ҳаногоми аз донорҳо гирифтани иттилоъ дар бораи ҷудокунии эҳтимолии кӯмаки башардустона ва техники саривақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаи мазкур маълумот медиҳанд.

Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи донорҳо Барномаи миллии ҳамкории байналмилалии техникии ояндаро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, таҳия менамояд.

IV. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ, ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО, КОРХОНАҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо), вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона (хайрия) ва техникиро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъерҳои ҳуқуқи байналмилали татбиқ менамоянд.

17. Тақсими кӯмаки башардустона ва техникии ба суроғаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо), вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад.

18. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо), вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани иттилоъ дар бораи ҷудокунии эҳтимолии кӯмаки башардӯстона ва техники ё кӯмаки ба суроғаашон воридшуда саривақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди маълумоти пурра (бо ифодаи маблағ ва воҳидҳои воқеи) иттилоъ медиҳанд.

V. ТАРТИБИ ТАТБИҚИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКӢ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19. Фаъолияте хайрия маҳсуб меёбад, ки он аз ҷониби ташкилот мутобиқи муқаррароти моддаи 11 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

20. Назорат ба мутобиқати фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хайрияро ба ҷо меоранд, ба мақсадҳои оинномавии онҳоро тибқи конунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад.

21. Тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии ба суроғаи ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ки фаъолияти хайрияро анҷом медиҳанд, тибқи пешниҳоди Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.

Ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани иттилоъ дар бораи ба суроғаи онҳо ҷудошавии (воридшавии) эҳтимолии кӯмаки башардӯстона ва техники саривақт ба Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

22. Ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти хайрияро анҷом медиҳанд, ҳар семоҳа дар бораи тамоми намудҳои кӯмаки (бо ифодаи маблағ ва воҳидҳои воқеи) дар давраи ҳисоботи расонидашуда ба Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.

VI. ТАРТИБИ ҚАБУЛ, КАШОНИДАН, ДАР АНБОР ҶОБАҶОКУНӢ ВА ТАҚСИМИ БОРҲОИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКИИ БА СУРОҒАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДГАРДИДА

23. Тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии ба суроғаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.

Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул, кашонидан, дар анбор ҷобаҷокуни ва ҳифзи ин кӯмакро таъмин менамояд.

24. Хароҷоти марбут ба қабул, кашонидан, дар анбор ҷобаҷокуни, ҳифз ва тақсими кӯмаки башардӯстона ва техникии барои захираи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ҳисоби аз ҳаҷми умуми истифодаи 5 фоизи кӯмаки воридшуда пӯшонида мешавад.

VII. ТАРТИБИ ҚАБУЛ, КАШОНИДАН, ДАР АНБОР ҶОБАҶОКУНӢ, ҲИФЗ ВА ТАҚСИМИ КӯМАКИ БАШАРДӯСТОНА ВА ТЕХНИКИИ БА СУРОҒАИ ВАЗОРАТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДГАРДИДА

25. Кӯмаки башардӯстона ва техникии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида танҳо барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табии, техногени ва бо мақсади мудофиаи граждани истифода бурда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҳукуматҳои дигар давлатҳо ба суроғаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани кӯмаки ҷиҳати расонидани кӯмаки ба аҳолии ҷумҳури, ки аз ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, аз ҳаҷми умумии кӯмаки воридшуда 5 фоизаро барои захира ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои фавқулодда ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.