Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 1997 № 102
тасдиқ шудааст
Низомномаи кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд "Тоҷиксамоцветы") мақоми идораи давлатии корхонаҳое мебошад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯ, кашф, истеҳсол ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ашъёи пьезооптики машғуланд ва бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеанд.
2. "Тоҷиксамоцветы" аз комплекси ягонаи истеҳсолию хоҷаги иборат буда, дар шароити пурраи ҳисоби хоҷаги ва худмаблағгузори фаъолият мекунад. Таъминоти он аз ҳисоби худмаблағгузори, маблағгузории корҳои иктишофи геологи, аз ҳисоби буҷети ҷумҳури, мутобиқи нақшаи вобаста ба ҳар як объекти тасдиқшуда ва аз ҳисоби ҳиссаҷудокуни аз даромад, ки пас аз пардохти андоз дар ихтиёри корхонаҳои тобеъ мемонанд, сурат мегирад.
3. Дар фаъолияти худ "Тоҷиксамоцветы" Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
4. "Тоҷиксамоцветы" аз ташкилоти махсусгардонидашуда иборат буда, ба ҳайати он корхонаҳои машғули ҷустуҷӯ ва кашфи конҳо, истеҳсол ва коркарди сангҳои қимматбаҳо ва ашъёи пьезооптики, инчунин истеҳсолоти ёрирасон ва хадамот, ба монанди корхонаҳои бинокори, нақлиёт, таъмир, муассисаҳои таъминот ва таъиноти иҷтимоию фарҳанги, маиши ва хоҷагиҳои ёрирасон дохил мешаванд.
Дар асосҳои шартномаи дар ҳайати "Тоҷиксамоцветы" корхонаҳои муштарак бо фирмаҳои хориҷи, корхонаҳои хурд, артели бинокорон ва бороварони мустақил фаъолият карда метавонанд.
5. "Тоҷиксамоцветы" шахси ҳуқуқи буда, дорои баланс, суратҳисоб ва ҳисобномаҳои дигар дар муассисаҳои бонки, мӯҳр бо акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, эмблема, бланкҳои фирма ва дигар реквезитҳо мебошад.
6. Корхонаҳои тобеи "Тоҷиксамоцветы" ба ғайр аз корхонаҳое, ки корҳои иктишофи геологиро анҷом медиҳанд ва аз ҳисоби буҷет маблағгузори мешаванд, дар асоси ҳисоби пурраи хоҷагидори ва худмаблағгузори фаъолият намуда, шахси ҳуқуқи ба ҳисоб мераванд, дорои баланси мустақил мебошанд ва дар муассисаҳои бонки суратҳисоб ва дигар ҳисобхонаҳо доранд.
Муносибати "Тоҷиксамоцветы" бо корхонаҳои тобеъ ва воҳидҳои сохтории он тибқи Низомномаи мазкур, асноди қарордоди ва муассиси, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи корхонаҳо танзим карда мешавад.
7. Вазифаҳои асосии Кумитаи "Тоҷиксамоцветы" иборатанд аз:
- пешбурди корҳои иктишофи геологи бо мақсади ба таври мунтазам пурра намудани баланси давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои сангҳои қиматбаҳо, сангҳои ороиши, аз ҷумла бо сангҳои қимматбаҳои дорои хосияти баланд, ҳамчунин дорои қимати нодири осори мебошанд;
- пешбурди кӯҳкори ва истифодаи он бо мақсади қонеъ намудани талаботи корхонаҳои ҷумҳури ба ашъёи пьезооптики, кварц, сангҳои қиматбаҳо ва ашъеи ороиши;
- коркарди сангҳои қиматбаҳо, ашъёи ороиши ва дигар ашъё, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аз сангҳои қимматбаҳо ва ашъёи ороиши ва дигар ашъё ҳосилшуда;
- баланд бурдани самаранокии иктишофи геологи, кӯҳкори ва истифодаи он, пешбурди сиёсати ягонаи дар истеҳсолот ҷори намудани техника ва технологияи нав, техника ва технологияи хориҷии нисбатан ҳосилноки саноати коркарди санг.
8. "Тоҷиксамоцветы" барои иҷрои корҳои зайл масъулият дорад:
- татбиқи сиёсати давлати, ҳамоҳангсози ва пешбурди бевоситаи кор дар соҳаи кашфи кони истихроҷ ва коркарди сангҳои қимматбаҳо, ашъёи пьезооптики ва ороиши;
- татбиқи назорати корҳои иктишофи геологи, кӯҳкори ва истифодаи он, инчунин усули пешбурди он, мураттабии аснод ва сифати корҳои анҷомдода оид ба омӯзиши геологи ва истифодаи боигариҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати сангҳои қимматбаҳо ва ашъёи пьезооптики;
- тибқи нақша ва таври комплекси геологи омӯхтани захираҳои зеризамини бо мақсади афзун сохтани захираҳои сангҳои қимматбаҳо ва ашъёи пьезооптики;
- истифодаи самарабахшу комплекси ва ҳифзи захираҳои зеризаминии ҳангоми истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок;
- истеҳсол ва фурӯши маҳсулот аз сангҳои қимматбаҳо ва ашъёи ороишию пьезооптики
- таъмини ҳифзи сангҳои қиматбаҳо дар ҳама давраи истеҳсолот;
- аз давраи пешбурди иктишофи геологи ва кӯҳкорию истифода, ҳамчунин дар ҷараёни коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ашъёи ороиши.
9. "Тоҷиксамоцветы", мутобиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, корҳои зайлро анҷом медиҳад:
- дар таҳияи самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳури оид ба масъалаҳое, ки дар доираи салоҳияташ мебошанд, иштирок менамояд;
- барномаҳои оперативи ва дурнамои истеҳсолии соҳаро ташаккул дода, барои татбиқи он мусоидат менамояд;
- татбиқи техника ва технологияи навро дар истеҳсолоти иктишофи геологи, кӯҳкори ва дар соҳаи коркарди сангҳои қимматбаҳо ва ашъёи ороишию пьезооптики анҷом медиҳад;
- лоиҳаҳои пешбурди корҳои иктишофи геологиро тасдиқ намуда, бо мувофиқа бо мақомоти дахлдор лоиҳаҳои коркарди конҳои сангҳои қимматбаҳо, ашъёи ороиши ва пьезооптики, лоиҳаҳои истифодаи таҷрибавии саноати, лоиҳаҳои коркарди бахши алоҳидаи конҳо, нақшаи рушди кӯҳкориро тасдиқ мекунад;
- асноди меъёриро дар мавриди баҳисобгири, банақшагири ва маблағгузории корҳои соҳа таҳия менамояд;
- баҳисобгирии пайвастаҳои канданиҳои фоиданоки бадастовардашуда ва ҳосилнамударо дар тамоми давраи пешбурди кор, аз ҷумла то фурӯши маҳсулоти тайёр анҷом медиҳад;
- барои тасдиқ ба ГКЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди захираҳои кашфшудаи канданиҳои фоиданоки ба сифати асосҳои техникию иқтисоди мутобиқ гузориш пешниҳод намуда, тибқи тартиби муқарраргардида афзоиши оперативии захираҳо ва мулоҳизоти техникию иқтисодиро тасдиқ мекунад, назорати ба қайди давлати гирифтани корҳои иктишофи геологиро таъмин мекунад.
- ба Фонди давлатии геологи оид ба корҳои иктишофи геологи, ки аз қайди давлати гузаштаанд, инчунин оид ба баланси захираҳо гузориш дода, тибқи тартиби муқарраргардида, захираҳои фоиданоки тасдиқнашударо беэътибор месозад.
- назорати идоравиро дар бобати ҳифз ва истифодаи захираҳои зеризамини мутобиқи қонунҳо ва дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳад.
- оид ба ҳифзи муҳити атроф дар ҷараёни фаъолияти истеҳсоли тадбирҳо таҳия карда, ба мақомоти дахлдор мувофиқа менамояд ва онро дар амал татбиқ мекунад.
- бо соҳибкорон ва фирмаҳои ватанию хориҷи, ки дар корхонаҳои муштарак, қарордод ва лоиҳаҳо ширкат меварзанд, алоқаҳои кори анҷом медиҳад: мутобиқи қонунҳои ҷори фаъолияти робитаҳои хориҷи ва амалиёти содиротию воридотиро ҳамоҳанг ва татбиқ менамояд.
- бо мувофиқи бо мақомоти дахлдори давлати, нархҳои фурӯши сангҳои қиматбаҳо, ашъёи ороиши ва маҳсулоти онҳоро муқаррар ва вобаста ба тағьир ёфтани қурби асъор танзим менамояд;
- тарбия, бозомӯзи ва такмили ихтисоси кадрҳои коргариро ташкил менамояд;
- нисбати ташкилот ва корхонаҳои тобеъ, ки воҳиди сохтории он мебошанд, чун мақоми болоии идораи давлати баромад мекунад;
- баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти худро анҷом дода, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдор ҳисоботи омори ва муҳосибави пешниҳод менамояд.
10. "Тоҷиксамоцветы" ҳуқуқ дорад:
- амволро идора кунад, захираҳои моддию молии дар ихтиёраш бударо молики, истифода ва саришта намояд, онро фурӯшад, ба дигар субъект диҳад, иваз намояд ва ё ба иҷора супорад;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамчун муассис намояндаги кунад, корхонаҳои хурд, филиалҳо, артельҳо таъсис диҳад, дар корхонаҳои муштарак, аз ҷумла бо шарикони хориҷи иштирок намояд, бо концернҳо ассоциацияҳо, ҷамъиятҳои саҳоми ва дигар ҷамъиятҳо шомил шавад;
- фаъолиятҳои тиҷорати ва робитаҳои иқтисодии хориҷиро анҷом диҳад, тибқи тартиби муқарраргардида сангҳои қимматбаҳо ороиши ва ашъёи пьезооптики, маҳсулоти нимтайёр ва аз ашъёи зикргардида тайёркардашударо дар бозори ҷумҳури, кишварҳои ИДМ ва хориҷ ба фурӯш расонад, дар бонкҳои ҷумҳури, хориҷи ва кишварҳои ИДМ ҳисобномаҳои асъори кушояд;
- тибқи салоҳдиди худ маблағи асъоиро, ки пас аз пардохти ҳатми ба буҷети ҷумҳурӣ боқи мемонад, истифода барад.
- шакл, усул ва андозаи пардохти музди меҳнати кормандони дастгоҳ, инчунин шароити ҳавасмандгардонии моддии онҳоро дар доираи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунад, сохтори ташкилоту корхонаҳои тобеъ, ҳамчунин шумораи кормандони дастгоҳи идораи Кумитаро вобаста ба ҳаҷми истеҳсолот тағйир диҳад ва тасдиқ кунад.
11. Роҳбарии Кумитаи "Тоҷиксамоцветы"-ро Раис ба ӯҳда дорад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Раис роҳбарии умумии фаъолияти соҳаро анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулият дорад.
12. Раиси "Тоҷиксамоцветы":
- фаъолияти дастгоҳи иҷроияи соҳаро созмон медиҳад;
- назорати иҷрои қарорҳои мақомоти давлатиро татбиқ мекунад;
- дар доираи салоҳияти худ фармону фармоиш мебарорад ва дастуруламал ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои он барои ҳамаи кормандон ҳатми мебоишад;
- оинномаҳои корхонаҳои тобеъ, сохтор, рӯйхати штати ва сметаи хароҷотро барои таъминоти дастгоҳҳои ташкилоту корхонаҳои тобеъ тасдиқ мекунад;
- аз номи "Тоҷиксамоцветы" намояндаги мекунад ва манфиатҳои онро дар муносибат бо дигар ашхоси ҳуқуқи ва воқеи ва ташкилотҳо ҳифз менамояд.
- тибқи тартиби муқараргардида амволи Кумитаи "Тоҷиксамоцветы"-ро идора менамояд, қарордод ва созишномаҳо мебандад ва дигар муомилотро анҷом медиҳад, барои анҷом додани муомилот ваколатнома медиҳад, дар бонкҳо суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд ва аз ҳуқуқи сариштаи маблағҳо истифода мебарад;
- роҳбарони воҳидҳои сохтори, корхонаҳои тобеъ, муовинони онҳо, сармуҳосибонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо роҳбарони корхонаҳои тобеъ қарордод мебандад ва онҳоро аз эътибор соқит мекунад.
- намояндагони тарафи Тоҷикистонро дар ҳайати раёсати корхонаҳои муштарак таъин мекунад.
13. Раис муовинон, аз ҷумла як муовини аввал дорад, ки бо пешниҳоди Раис аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Тақсимоти вазифаҳо байни муовинон аз ҷониби Раис сурат гирифта, бо қарори коллегияи "Тоҷиксамоцветы" тасдиқ карда мешавад.
14. Мақоми олии идораи машваратии "Тоҷиксамоцветы" коллегия ба ҳисоб меравад, ки шумора ва ҳайати шахсии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Раиси коллегия - Раиси "Тоҷиксамоцветы" мебошад.
Қарорҳои коллегия бо фармонҳои Раиси "Тоҷиксамоцветы" татбиқ мегардад.
15. Коллегияи "Тоҷиксамоцветы" шумора ва ҳайати шахсии Шӯрои директоронро таъин мекунад, ки мақоми олии машварати буда, қарорҳои он хусусияти тавсияви доранд ва бо фармонҳои Раис дар амал татбиқ мегарданд.
16. Барҳам додан ё навсозии Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 1997 № 102
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиксамоцветы"
Роҳбарияти Кумита - коллегия
Шӯъбаи геологию истеҳсоли
Шӯъбаи саноат
Шӯбаи механизация ва энергетика
Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷи ва қарордод
Шӯъбаи дурнамо ва таҳлили иқтисоди
Шӯъбаи кадрҳо
Шӯъбаи низом ва кори махсус
Муҳосиба
Шӯъбаи маъмурию хоҷаги
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 феврали соли 1997№ 102
тасдиқ шудааст
Рӯйхати Воҳидҳои тобеи сохтори Кумитаи сангҳои қимматбаҳо
ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиксамоцветы"
Идтиҳодияи геологию саноатии "Аметист"
Корхонаи кокарди санги Шимолии Помир "Хрусталь"
Фабрикаи коркарди санги "Лаъл"
Корхонаи коркарди санги Шимолии Тоҷикистон "Фирӯза"