ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 1996 № 471 "Дар бораи таъсиси Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сангҳои қимматбаҳо, ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардидаи Кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи маркази ва рӯйхати воҳидҳои сохтории Кумита тасдиқ карда шаванд.
2. Ба Кумита сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Раис, инчунин дар ҳайати ҳафт нафар коллегия дошта бошад.
3. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз ҳайати хизматрасон, 20 воҳид муқаррар карда шавад.
4. Ба Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори се воҳид лимити автомобильҳои сабукрави хизмати муқаррар карда шавад.
5. Муқаррар карда шавад, ки Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои тобеи он ба истиснои корхонаҳои иктишофи геологие, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, бо усули ҳисоби пурраи хоҷаги кор мекунанд. Таъминоти дастгоҳи маркази аз ҳисоби маблағҷудокуни аз фоидаи ташкилоту корхонаҳои тобеъ, аз рӯи қарордод муайян карда шавад.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити сафарҳои хизматии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кунад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 феврали соли 1997 № 102
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
ВОПРОСЫ КОМИТЕТА ПО ДРАГОЦЕННЫМ КАМНЯМ И КАМНЕСАМОЦВЕТНОМУ СЫРЬЮ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Во исполнение постановления Правительства Республики Таджикистан от 24 октября 1996 года №471 "Об образовании Комитета по драгоценным металлам при Правительстве Республики Таджикистан и Комитета по драгоценным камням и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемые Положение о Комитете по драгоценным камням и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан, структуру центрального аппарата и перечень структурных подразделений, входящих в состав Комитета.
2. Разрешить Комитету по драгоценным камням и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан иметь двух заместителей Председателя, а также Коллегию в составе семи человек.
3. Установить численность работников центрального аппарата Комитета по драгоценным камням и камнесамоцветному сырью в количестве 20 человек, без учета обслуживающего персонала.
4. Установить Комитету по драгоценным камням и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных автомашин в количестве трех единиц.
5. Установить, что Комитет по драгоценным камням и камнесамоцветному сырью и подведомственные предприятия, за исключением геологоразведочных, финансируемых из госбюджета, работают на принципе полного хозяйственного расчета.
Содержание центрального аппарата Комитета производится за счет отчислений подведомственных предприятий и организаций на договорной основе.
6. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Комитетом по драгоценным камням и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан определить лимит на служебные командировки работников центрального аппарата Комитета по драгоценным камням и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 15 февраля 1997 года, № 102
г. Душанбе