Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 308

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2008 № 308

тасдиқ шудааст

Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265, аз 10.02.2016 № 66)

Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006 № 362 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015" ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи илм ва маориф таҳия гардида, мақсади он беҳтар намудани низоми тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмии педагогӣ дар муассисаҳои тақсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тартиб даровардани қоидаҳои қабул ба аспирантура ва докторантура, такмили таҳсил дар аспирантура ва тайёр кардани докторантҳо мебошад.

Аспирантура

1. Аспирантура шакли асосии тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки сатҳи маълумот, тахассуси илмӣ ва педагогии худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ баланд бардоранд.

Мақсади аспирантура тақвият додани тайёрии назариявӣ ва тахассусии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, аз худ кардани усул ва воситаҳои таҳқиқоти илмӣ, мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ мебошад.

Тайёр кардани аспирантҳо дар соҳаҳои илм ва ихтисосҳои илмӣ мувофиқи феҳристи амалкунандаи кормандони илмӣ сурат мегирад.

2. Аспирантура дар муассисаҳои таҳсилоти олие, ки аккредитатсияи давлатӣ доранд ва муассисаҳои илмие, ки дорои иҷозатнома барои фаъолияти таълимӣ буда, кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ ва илмӣ, заминаи илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавии ташкил карда мешавад.

Ташкил ва қать намудани фаъолияти аспирантура пас аз гузаронидани экспертизаи зарурӣ сурат гирифта, бо фармони он вазорат ё идорае ба расмият дароварда мешавад, ки муассисаи ташкилкунандаи аспирантура ба он шомил аст.

Пешниҳод бобати кушодани аспирантура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоин аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои дигаре манзур карда мешавад, ки бо пешниҳод намудани номгӯи ихтисосҳои илмӣ, ҳайати роҳбарони илмӣ аз рӯи ҳар ихтисос бо замима кардани рӯйхати асарҳои илмӣ, ки тахассуси онҳоро ба он ихтисос шаҳодат медиҳад, аспирантура дошта метавонанд, ҳамчунин қарори шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаи илмӣ оварда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Муайян кардани рақамҳои ҳарсолаи назоратии қабул ба аспирантура ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи соҳаҳои иқтисодиёти миллиро бо мутахассисон бо дарназардошти дархости муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии дорои аспирантура муайян мекунад, вогузор карда мешавад.

Таҳсил дар аспирантура дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона сурат мегирад. Тартиби қабул ба аспирантура ва шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шартномавӣ) мувофиқи низомномаи дар вазорату идораҳо тасдиқшудаи тартиби қабул ба аспирантура муайян карда мешавад.

3. Ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантура дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷии то 35-сола ва ба шӯъбаи ғоибона шаҳрвандони то 45-сола, ки дар соҳаи ихтисоси интихобгардида пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олӣ дорои собиқаи кории на камтар аз дусола мебошанд, қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон барои иштирок дар имтиҳонҳои озмунӣ ба аспирантура бевосита пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани тавсияи шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олӣ (факулта) иҷозат дода мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Ба аспирантура аз рӯи ихтисосҳои тибби назариявӣ пас аз хатми донишгоҳи тиббӣ бо баҳои "хуб" ва "аъло" дохил шудан мумкин аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Ба аспирантура аз рӯи ихтисосҳои тибби клиникӣ баъди хатми ординатура, магистратура ва бо доштани на камтар аз се соли собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос дохил шудан мумкин аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Шаҳрвандони хориҷи наздик ва дур ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла дар асоси шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ва аз рӯйи робитаҳои мустақим бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ дар асоси қарордод пас аз пешниҳод намудани нусхаи шаҳодатномаи баробарарзишии таҳсилот, ки онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, қабул карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Шахсоне, ки қаблан давраи таҳсилро дар аспирантура ба поён расондаанд, ҳукуқи такрории таҳсилрб дар аспирантура надоранд.

4. Ариза бобати қабул ба аспирантура ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ё роҳбари муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ, ки аспирант тайёр мекунанд, бо замима намудани ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

- варақаи шахсии мутахассис бо ду дона расми 4 x 6 см (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012, № 265);

- тарҷумаи ҳол:

- тавсифнома-тавсиянома аз ҷойи кор;

- рӯйхати асарҳои чопшуда, ихтироот ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ (шахсоне, ки асарҳои илмии чопшуда ва ихтироот надоранд, аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон маърӯзаи илмӣ (реферат) пешниҳод менамоянд);

- нусха аз протоколи ҷаласаи шӯрои илмӣ барои шахсоне, ки ба аспирантура аз тарафи шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ бевосита пас аз хатми ин муассисаҳо тавсия шудаанд;

- нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва дипломи таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд,- шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот);

- шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265);

- нусха аз дафтарчаи санҷишӣ (ё ин ки замима ба дипломи таҳсилоти олӣ) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Шиноснома ва дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё дипломи таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимиро дохилшавандагон ба аспирантура шахсан пешниҳод менамоянд.

5. Қабул ба аспирантура ҳар сол дар мӯҳлати муқаррарнамудаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ доир мегардад. Барои гузаронидани маъракаи қабул ба аспирантура бо фармони муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ таҳти роҳбарии ректор (ноиби ректор)-и муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбар (муовини роҳбар)-и муассисаи илмӣ комиссияи қҳабул ташкил карда мешавад. Аъзои комиссияи қабул аз ҳисоби кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию омӯзгорӣ (докторон ва номзадҳои илм) таъин карда мешаванд.

Ба такроран супурдани имтиҳон аз як фан иҷозат дода намешавад. Имтиҳонҳое, ки барои дохилшавӣ ба аспирантура супурда шудаанд, дар муддати як соли тақвимӣ эътибор доранд.

Шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё исман супоридаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба аспирантура аз имтиҳонҳои дахлдори дохилшавӣ озод карда мешаванд. Натиҷаҳои имтиҳонҳои хатми магистратура ҳангоми қабул ба аспирантура ҳамчун озмоиши дохилшавӣ ба инобат гирифта мешаванд, ба шарте ки дар нақшаи фардии магистр имтиҳонҳои магистр аз фалсафа, забони хориҷӣ ва ихтисос пешбинӣ шуда бошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Роҳбарони илмии тахминшуда бо шахсони ба аспирантура дохилгардида сӯҳбат гузаронда, дар бораи он сӯҳбат ба комиссияи қабул гузориш медиҳанд.

Қарори иҷозат ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба аспирантураро комиссияи қабул бо назардошти хулосаи роҳбари илмии оянда аз рӯйи натиҷаҳои сӯҳбат, реферат ё асарҳои илмӣ, ҳисоботи илмиву техникии пешниҳодшуда, ихтироот ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ мебарорад ва онро ба дохилшаванда дар муддати на дертар аз як ҳафта аз рӯзи қабули қарор дар бораи иҷозати дохилшаванда ба имтиҳонҳои дохилшавӣ маълум менамояд.

6. Шахсони ба аспирантура дохилшаванда аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

- фанни ихтисосӣ дар ҳаҷми барномаи амалкунанда барои мутахассис ё магистр;

- забони хориҷие, ки муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ муайян кардаанд ва ба аспирант барои иҷрои рисолаи диссертатсионӣ зарур аст;

- фалсафа (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

7. Комиссияи қабул дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои озмунии дохилшавӣ нисбат ба ҳар номзад қарор мебарорад. Довталабон имтиҳонҳоро бояд бо баҳои "хуб" ва "аъло" супоранд.

Довталабоне, ки аз имтиҳони ихтисос баҳои "қаноатбахш" гирифтаанд, ба аспирантура қабул карда намешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265). 

8. Аз як муассисаи таҳсилоти олӣ ё муассисаи илмӣ ба дигар муассисаи таҳсилоти олӣ ё муассисаи илмӣ, ҳамчунин аз шӯъбаи рӯзона ба ғоибона ва баръакс гузаронидани аспирантҳо аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ амалӣ гардонида мешавад.

Аспиранте, ки аз аспирантура бо сабабҳои объективӣ то ба охир расидани мӯҳлати таҳсил хориҷ шудааст, аз ҳисоби маблағҳои мавҷуда дар муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ ба мӯҳлати боқимондаи таҳсил барқарор гардида метавонад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Мӯҳлати таҳсил дар аспирантураи рӯзона, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сурат мегирад, бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ дар вақти рухсатӣ ба сабаби хомиладорӣ ва таваллуд ва ҳамчунин дар давраи бемории давомнокиаш бештар аз як моҳ, ба шарти мавҷуд будани хулосаи дахлдори тиббӣ дар ҳудуди маблағҳои фонди стипендиалӣ дароз карда мешавад.

9. Аспирантҳои шӯъбаи рӯзона ҳуқуқ доранд, ки дар сурати бомувафаққият иҷро кардани нақшаи инфиродии таълимӣ ба кори музднок машғул шаванд.

10. Ба ҳар як аспирант баробари қабул шудан ба аспирантура аз ҳисоби докторҳои илм роҳбари илмӣ тасдиқ карда мешавад.

Дар мавридҳои ҷудогона бо қарори шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ барои тайёр кардани аспирант номзадҳои илми ихтисосҳои дахлдорро низ ҳамчун роҳбари илми ҷалб кардан мумкин аст.

Агар аспирант дар ихтисосҳои ба ҳам наздику алоқаманд ба таҳқиқоти илмӣ машғул бошад, доштани ду роҳбар ё роҳбару мушовир, ки яке аз онҳо метавонад номзади илм бошад, иҷозат дода мешавад.

Роҳбари илмӣ аз ҷониби аспирант иҷро шудани нақшаи инфродии таҳсилро назорат мекунад.

Музди меҳнати роҳбари илмии аспирант бо ҳисоби 100 соат дар як сол барои як аспирант пардохт карда мешавад.

Миқдори аспирантҳое, ки ба як роҳбари илмӣ вобаста карда шудаанд, набояд аз се нафар зиёд бошад ва бо розигии роҳбар аз тарафи роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаи илмӣ муайян карда мешавад.

11. Мавзӯи рисолаҳо ва нақшаҳои инфиродии таҳсили аспирантҳоро ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ аз рӯи пешниҳоди шӯъбаҳо, секторҳо, озмоишгоҳҳо ва кафедраҳо дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, вале на бештар аз се моҳ аз рӯзи қабули аспирант тасдиқ мекунанд.

12. Аспирант ҳар сол аз аттестатсияи шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедра мегузарад. Аспиранте, ки дар мӯҳлатҳои муқарраршуда нақшаҳои инфиродии таҳсилро иҷро намекунад, бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ аз аспирантура хориҷ карда мешавад.

13. Шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ (факултаҳо) ва муассисаҳои илмӣ кори аспирантҳоро назорат мекунанд, ҳисоботи аспирантҳо ва роҳбарони илмии онҳоро ба таври мунтазам баррасӣ менамоянд.

14. Аспирант дар муддати таҳсил дар аспирантура ӯҳдадор аст, ки:

- нақшаи инфиродии таълимии корро пурра иҷро намояд;

- имтиҳонҳои номзадиро аз таърих ва фалсафаи илм, яке аз забонҳои хориҷӣ ва ихтисос супорад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265);

- рисоларо ба анҷом расонад, аз гузаронидани экспертизаи пешакӣ.

Барои онҳое, ки шӯъбаи рӯзонаи аспирантураро хатм кардаанд, муддати таҳсил ба собиқаи кори илмиву тадқиқотӣ дохил карда мешавад.

Шахсоне, ки таҳсилро дар шӯъбаи рӯзона (ғоибона)-и аспирантура ба поён расонидаанд ва шахсоне, ки кори мустақилонаи илмиву тадқиқотиро иҷро кардаанд, ба ҳимояи рисолаи номзадӣ роҳ дода мешаванд.

15. Аспирантҳо (аспирантони хориҷӣ - дар асоси шартнома) барои иҷрои кор дар мавзӯи интихобкардаи илмӣ баробари кормандони илмию педагогӣ ва илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ҳуқуқ доранд аз озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои таълимӣ, китобхонаҳо ба таври ройгон истифода баранд ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба истиснои аспирантони хориҷӣ) ба сафарҳо (аз ҷумла ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ) раванд, дар экспедитсияҳои илмӣ иштирок намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

16. Аспирантҳое, ки дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантура таҳсил мекунанд, дар ҳаҷми, муқарраршуда стипендияи давлатӣ мегиранд, аспирантҳои берунишаҳрии таҳсилоти рӯзона ҳамчунин бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

Ба аспирантҳо дар асоси қарори шӯрои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ бо тартиби муқарраршуда стипендияҳои давлатӣ ва стипендияҳои номии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ муқаррар кардан мумкин аст.

17. Аспирантҳое, ки дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантура таҳсил менамоянд, ҳар сол аз таътили думоҳа истифода мебаранд.

18. Ба онҳое, ки шӯъбаи рӯзонаи аспирантураро хатм кардаанд ва талаботи дар банди 14 Низомномаи мазкур баёншударо пурра иҷро намудаанд, рухсатии пардохтшавандаи якмоҳа дода мешавад. Стипендияро дар муддати рухсатӣ ба аспирантҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмие, ки дар аспирантураи онҳо ин аспирантҳо омодагиро гузаштаанд, пардохт менамоянд.

19. Аспирантҳое, ки нақшаи инфиродии тайёрии аспирантиро бомуваффақият иҷро мекунанд, бо иҷозати роҳбари институти илмиву тадқиқотӣ аз рӯи ихтисос ба тариқи соатбайъ, вале на бештар аз 50 % мизон (ставка)-и ассистентӣ, метавонанд ба кори омӯзгорӣ машғул шаванд, ба шарте ки онҳо кори дигари музднокро иҷро накунанд.

20. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ мувофиқи шартнома бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо метавонанд аз рӯи зарурат ба дохилшавандагони аспирантура то 12 моҳ таҷрибаомӯзии пешакӣ (стажировка) муқаррар намоянд.

Докторантура

21. Докторантура яке аз шаклҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ ба шумор меравад.

Докторантура дар муассисаҳои пешрави таҳсилоти олӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ доранд ва дар муассисаҳои илмие, ки соҳиби иҷозатнома барои иҷрои фаъолияти таълимӣ, дорои мутахассисони баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ, заминаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавии замонавӣ ва мактабҳои мӯътабари илмӣ мебошанд ва дар коркарди барномаю лоиҳаҳои илмӣ доир ба самтҳои афзалиятнок илм фаъолона иштирок менамоянд, кушода мешавад.

22. Ташкил ва қатъ намудани фаъолияти докторантура пас аз гузаронидани экспертизаи зарурӣ сурат гирифта, бо фармони он вазорат ё идорае ба расмият дароварда мешавад, ки муассисаи ташкилкунандаи докторантура ба он шомил аст.

Пешниҳод бобати кушодани докторантура ба вазоратҳо ва идораҳо бо замима кардани номгӯи ихтисосҳои илмӣ, ҳайати мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ аз рӯи ҳар ихтисос бо замима кардани рӯйхати асарҳои илмӣ, ки аз дараҷаи тахассуси онҳо дар он ихтисос шаҳодат медиҳад, инчунин қарори шӯрои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ таҳия карда мешаванд. Муайян кардани рақамҳои ҳарсолаи назоратии қабул ба докторантура ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи соҳаҳои иқтисодиёти миллиро бо мутахассисон бо дарназардошти дархости муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ муайян мекунад, вогузор карда мешавад.

Тайёр кардани докторантҳо ба тариқи рӯзона амалӣ мешавад.

23. Ба докторантура номзадҳои илм то 45-сола, ки дар соҳаҳои марбутаи дониш соҳиби комёбиҳои илмианд ва қобилияти дар сатҳи баланд гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ, ҷӯяндагӣ ва амалии илмӣ доранд, қабул карда мешаванд.

Шаҳрвандони давлатҳои дигар ба докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз ҷумла, дар асоси шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва ҳамчунин аз рӯйи робитаҳои мустақим бо муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ пас аз пешниҳод намудани нусхаи ҳуҷҷат дар бораи баробарарзишии дипломи дараҷаи илмӣ, ки онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, қабул карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Мӯҳлати тайёр кардани докторантҳо набояд аз се сол бештар бошад.

24. Ариза барои дохилшавӣ ба докторантура ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ, ки ба тайёр кардани докторантҳо машғуланд, бо замима кардани ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешавад:

- нусхаи диплом дар бораи додани дараҷаи илмии номзади илм (барои шахсоне, ки дар хориҷа маълумот гирифтаанд - нусхаи диплом дар бораи додани дараҷаҳои марбутаи илмӣ ва шаҳодатнома бобати супоридани имтиҳонҳои номзадӣ аз ихтисос, таърих ва фалсафаи илм, забонӣ хориҷӣ) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265);

- нақшаи муфассали тайёр кардани рисолаи докторӣ;

- рӯйхати асарҳои илмии чопшуда, ихтироот, ҳисоботи корҳои илмию тадқиқотӣ.

Шиноснома ва диплом дар бораи додани дараҷаи илмии номзади илмро ба докторантура дохилшавандагон шахсан пешниҳод менамоянд.

25. Ректори он муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари он муассисаи илмие, ки докторантура доранд, ҳуҷҷатҳои шахсони ба докторантура дохилшавандаро баррасӣ менамоянд ва дар асоси хулосаи шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедраи дахлдор дар хусуси қабул ба докторантура бо тасдиқи нақшаи кор ва мавзӯи рисола қарор мебароранд. Қабул ба докторантура бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ сурат мегирад. Шахсоне, ки ба докторантура дохил шудаанд, мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод мегарданд ва стипендия ба онҳо аз рӯзи қабул, вале на пештар аз рӯзи озодшавӣ аз ҷойи кори пешина пардохт карда мешавад.

26. Дар давраи тайёрӣ дар докторантура докторант бояд нақшаи инфиродиро иҷро намояд, рисоларо ба анҷом расонида, аз экспертизаи пешакӣ гузарад.

27. Барои додани маслиҳат ба докторант дар гузаронидани тадқиқот аз рӯйи мавзӯи рисола таъин намудани мушовири илмӣ - доктори илм, профессор мумкин аст.

28. Докторантҳо ҳуқуқ доранд, ки аз озмоишгоҳҳо, утоқҳои корӣ, китобхонаҳои илмӣ, қитъаҳои таҷрибавӣ, инчунин аз хидмати муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва воҳидҳои дигари муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз рӯи тартибе, ки оинномаи онҳо муайян кардааст, ба таври ройгон истифода баранд.

Дар ҳолатҳои махсус тартиби кори докторантҳо дар озмоишгоҳҳо, хуҷраҳо, китобхонаҳои илмӣ, қитъаҳои таҷрибавӣ, инчунин истифодаи хидмати воҳидҳои таълимӣ, илмӣ, муолиҷавӣ ва монанди инҳо дар шартнома муайян карда мешаванд.

29. Шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ (факултаҳо) ва муассисаҳои илмӣ ҳар сол аттестатсияи докторантҳоро мегузаронанд, ки аз рӯйи натиҷаҳои он дар бобати минбаъд мондани онҳо дар докторантура қарор қабул карда мешавад.

Докторанте, ки нақшаи инфиродиашро иҷро намекунад, бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ аз докторантура хориҷ карда мешавад.

30. Докторантҳо дар сурати бомувафаққият иҷро кардани нақшаи инфиродии тайёр намудани рисола ба иҷрои кори музднок ҳуқуқ доранд.

31. Докторанте, ки бо сабабҳои объективӣ то ба охир расидани мӯҳлат аз докторантура хориҷ шудааст, метавонад бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ ба муддати боқимонда дар ҳудуди маблағҳои мавҷуда барқарор гардад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

32. Шахсоне, ки докторантураро хатм кардаанд, мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор таъмин мегарданд.

33. Ба докторантҳо ба андозае, ки Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, стипендияи давлатӣ дода мешавад. Ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ метавонад аз ҳисоби воситаҳои буҷетиву ғайрибуҷетӣ ба стипендияи докторантҳо изофаи маош муқаррар намоянд.

Муддати таҳсил дар докторантура ба собиқаи кори илмию омӯзгорӣ дохил карда мешавад.

Рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ ба муддати таҳсил дар докторантура дохил карда мешавад.

34. Шахсоне, ки давраи омодагиро дар докторантура гузаштаанд, ба вазифаи кормандони илмӣ барои омода кардани рисолаҳои докторӣ гузаронида намешаванд ва ба онҳо барои ба поён расондани он рухсатии эҷодӣ дода намешавад.

35. Тайёр кардани докторантҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ дар ҳудуди рақамҳои назоратии муқарраршуда аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор сурат мегирад. Рақамҳои назоратии қабул ба докторантураро муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии вазорату идораҳое муқаррар менамоянд, ки ин муассисаҳо тобеи онҳо мебошанд.

36. Музди меҳнати мушовирони илмии докторантҳо бо ҳисоби 100 соат дар як сол барои як докторант пардохт мешавад.

37. Хароҷоти сафари докторантҳо ба муассисаҳои таҳсилотӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмие сурат мегирад, ки докторантҳо аз он ҷо бо шартномаҳои мустақим ба муассисаҳои таҳсилотӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ фиристода шудаанд.

Гузаронидани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба вазифаи кормандони илмӣ барои тайёр намудани рисолаҳои докторӣ

38. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олиро, ки соҳиби дараҷаи номзади илм ва натиҷаҳои намоёни тадқиқоти илмӣ мебошанд ва синнашон аз 50 зиёд нест, ба мӯҳлати то ду сол ба вазифаи кормандони илмӣ барои тайёр намудани рисолаҳои докторӣ гузаронидан мумкин аст.

39. Номзадҳои илм, ки ба вазифаи кормандони илмӣ барои тайёр кардани рисолаҳои докторӣ (минбаъд - кормандони илмӣ) ниёз доранд, ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олӣ, ки дар он ҷо дар вазифаи омӯзгор фаъолият менамоянд, ариза навишта, ба он нақшаи муфассали рисолаи докториро бо зикри мӯҳлати иҷрои он, рӯйхати асарҳои илмии чопшуда замима менамоянд.

40. Ректори муассисаи таҳсилоти олӣ, ки номзади илм дар он вазифаи муаллимиро адо менамояд, дар асоси хулосаи кафедраҳои дахлдор ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзади илм дар бобати ба вазифаи корманди илмӣ барои тайёр намудани рисолаи докторӣ гузаронидани ӯ қарор қабул мекунад.

41. Дар давраи кор дар вазифаи корманди илмӣ номзади илм бояд рисолаи докториро ба анҷом расонда, аз экспертизаи пешакӣ гузарад.

42. Омӯзгорон - номзадҳои илм, ки ба сабаби гузаштан ба вазифаи кормандони илмӣ аз кори омӯзгорӣ озод шудаанд, бо хоҳиши онҳо мумкин аст барои анҷом додани тадқиқоти илмӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии дигар бо розигии ин муассисаҳо фиристода шаванд.

43. Кормандони илмӣ ҳуқуқ доранд дар сурати бомувафаққият иҷро намудани нақшаи тайёр кардани рисолаи докторӣ дар як вақт дар муассисаи дигар (ба андозаи 0,5 воҳиди корӣ) низ кор кунанд.

44. Кормандони илмӣ ҳуқуқи дохил шудан ба докторантура, истифода бурдани рухсатии эҷодиро барои ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ надоранд.

45. Кормандони илмӣ ҳуқуқи баргаштан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва машғул шудан ба кори омӯзгориро доранд.

46. Дар давраи дар вазифаи корманди илмӣ барои тайёр намудани рисолаҳои докторӣ будани омӯзгорон, вазифаи омӯзгории онҳоро шахсони дигар метавонанд дар асоси қарордоди меҳнатӣ иҷро намоянд.

47. Маоши вазифагии номзадҳои илм, ки ба вазифаи корманди илмӣ гузаронида шудаанд, дар доираи музди меҳнати дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ муқарраршуда (вазифаи асосӣ), мувофиқи талаботи тахассус муайян карда мешавад.

48. Ба кормандони илмие, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ фиристода шудаанд, маош ва хароҷоти сафар аз рӯйи тартиби муқарраршуда дар ҷойи кори асосӣ пардохт карда мешавад.

Тайёр кардани рисолаҳои номзадӣ аз тарафи унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ аз истеҳсолот ҷудо нашуда

Аз истеҳсолот ҷудо нашуда барои супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ва тайёр кардани рисолаҳои номзадӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ вобаста кардани унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ"

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265)

49. Кори мустақилонаи мутахассисон дар таълифи рисола бе ҷудо шудан аз истеҳсолот яке аз шаклҳои тайёр кардан ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии институтҳои илмиву тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо мебошад.

50. Унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ, ки бе ҷудо шудан аз истеҳсолот рисолаи номзадӣ таълиф менамоянд (минбаъд - унвонҷӯ), шахсоне метавонанд бошанд, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд.

51. Унвонҷӯён барои супурдани имтиҳонҳои номзадӣ ва тайёр кардани рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки аз рӯи ихтисосҳои марбута дорои аспирантура ва заминаи илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва мутахассисони баландихтисоси илмӣ мебошанд, вобаста карда мешаванд.

Унвонҷӯён барои супурдани имтиҳонҳои номзадӣ ба мӯҳлати на бештар аз ду сол ва барои омода кардани рисола ба мӯҳлати на бештар аз се сол вобаста карда мешаванд. Мӯҳлати умумии унвонҷӯӣ набояд аз панҷ сол бештар бошад.

Ҳамзамон унвонҷӯй будан дар якчанд муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаи илмӣ иҷозат дода намешавад.

Шахсоне, ки бо сабабҳои объективӣ курси таҳсилро дар аспирантура ба поён расондаанд ва ҳамчунин муддати унвонҷӯиро пурра истифода бурдаанд, ҳуқуқи такроран ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ вобаста буданро надоранд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Шахсоне, ки мӯҳлати нишондодашудаи унвонҷӯиро пурра истифода набурдаанд, метавонанд ба муддати боқимонда ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ вобаста гарданд.

Тартиби ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ вобаста кардани унвонҷӯён барои супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ва тайёр кардани рисолаҳои номзадӣ мувофиқи ҳамин Низомнома муайян карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

52. Унвонҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ба мӯҳлате, ки роҳбарони муассисаҳои таҳислоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ муқаррар кардаанд, вобаста карда мешаванд.

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ мувофиқи шартнома бо унвонҷӯён дар мавриди зарурӣ метавонанд барои унвонҷӯён то 12 моҳ имконияти гузаштани коромӯзии пешакӣ (стажировка)-ро муқаррар намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

53. Унвонҷӯ барои вобаста шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ба номи роҳбари муассиса ариза навишта, ба он ҳуҷҷатҳои зеринро замима менамояд:

- варақаи шахсӣ бо ду дона расми 4 x 6 см;

- тарҷумаи ҳол;

- тавсифнома-тавсиянома аз ҷойи кор;

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- рӯйхати асарҳои чопшуда, ихтироот ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ;

- нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд, шаҳодатномаи баробарарзишии хуҷҷатҳо оид ба таҳсилот);

- шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (агар супорида бошад).

Шиноснома ва дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё дипломи таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таълимиро унвонҷӯён шахсан пешниҳод менамоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

54. Роҳбари муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ дар асоси натиҷаҳои сӯҳбати унвонҷӯ бо роҳбари илмии фарзӣ, хулосаи шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедра дар бобати вобаста кардани унвонҷӯ ба муассиса бо нишон додани мӯҳлат ва тасдиқи роҳбари илмӣ фармон содир менамояд. Дар сурати фақат барои супурдани имтиҳонҳои номзадӣ вобаста кардани унвонҷӯ роҳбар тасдиқ карда намешавад. Роҳбарони илмии унвонҷӯён одатан аз ҳисоби докторҳои илм ва профессорҳо таъин карда мешаванд.

55. Унвонҷӯёи дар муддати ду моҳ барои баррасӣ ба шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедра нақшаи инфиродии корро, ки бо роҳбари илмӣ мувофиқа шудааст, пешниҳод менамоянд.

56. Нақшаи инфиродии кор ва мавзӯи рисола дар ҷаласаи шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ тасдиқ карда мешаванд.

Унвонҷӯён дар ҳар давра ҳисобот медиҳанд ва ҳар сол аз санҷиши шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедраи муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ мегузаранд.

Унвонҷӯёне, ки нақшаи кори инфиродиро иҷро намекунанд, аз рӯйхати унвонҷӯён бароварда мешаванд.

57. Унвонҷӯён аз дастгоҳҳои зарурӣ истифода карда, ҳуқуқи корро дар утоқҳои корӣ, китобхонаҳои ҷойи вобасташуда доранд.

Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмӣ ва корхонаву муассисаҳое, ки унвонҷӯён он ҷо кор мекунанд, ба онҳо барои муҳайё сохтани шароити зарурӣ дар таълифи рисола мусоидат менамоянд.

58. Унвонҷӯён дар ҷои вобасташуда аз таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ ва ихтисос имтиҳони номзадӣ месупоранд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Дар сурати ҳуқуқ надоштан ба қабули имтиҳонҳои номзадӣ аз фанҳои ҷудогона (таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, бо дархости роҳбарияти ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ба унвонҷӯён иҷозат дода мешавад, ки имтиҳонҳои номзадиро аз фанҳои мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии дигар, ки аспирантура доранд, супоранд.

59. Ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ иҷозат дода мешавад, ки музди меҳнати роҳбарони унвонҷӯёнро дар муддати вобасташуда ба андозаи на бештар аз 100 соат дар як сол ба ҳар унвонҷӯ пардохт намоянд.

60. Хароҷоти пардохти музди роҳбарони илмӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷетӣ ё ғайрибуҷетии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ сурат мегирад.

Имтиҳонҳои номзадӣ

61. Имтиҳонҳои номзадӣ қисми таркибии аттестатсияи мутахассисони илмӣ ва илмию педагогӣ мебошанд. Ҳадафи имтиҳонҳо муайян кардани амиқии дониши касбии унвонҷӯи дараҷаи илмӣ ва сатҳи омодагии ӯ ба кори мустақилонаи илмию тадқиқотӣ мебошад.

Супурдани имтиҳонҳои номзадӣ барои дарёфти дараҷаи илмӣ ҳатмист.

62. Имтиҳонҳои номзадӣ аз таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ ва ихтисос мувофиқи мавзӯи рисола муқаррар карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

63. Имтиҳони номзадӣ аз ихтисос аз рӯйи барномае, ки аз ду қисм иборат аст, супурда мешавад: барномаи намунавии минимум аз ихтисос, ки онро муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии асосии соҳаҳои марбута омода кардаанд ва аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд, ва барномаи иловагӣ, ки шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедраи марбута тайёр намудааст.

Барномаи иловагӣ бояд фаслҳои нави ин соҳаи илм ва фаслҳоеро, ки ба равиши тадқиқоти илмии унвонҷӯ алоқаманданд, фарогир бошад ва инчунин дастовардҳои охирини он соҳаи илм ва адабиёти навинро ба назар гирад.

Имтиҳони ихтисос бояд сатҳи омодагии назариявӣ ва касбии унвонҷӯ, дониши нуқтаи назарҳои умумӣ ва масъалаҳои методологии он соҳаи илм, таърихи ташаккул ва инкишофи он, маводи мушаххас, масъалаҳои асосии назариявӣ ва амалии он соҳаи донишро зоҳир намояд.

Имтиҳонҳои номзадӣ аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки аз он ихтисос аспирантура доранд, супорида мешаванд.

64. Супурдани имтиҳони номзадӣ аз таърих ва фалсафаи илм дар кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки кафедраҳои мустақили фалсафа доранд ва кафедраҳои илмҳои иҷтимоиву гуманитарӣ, ки на камтар аз ду муаллим, ки яке оз онҳо бояд доктори илмҳои фалсафа бошад ва дигаре метавонад номзади илми фалсафа бошад, инчунин дар муассисаҳои илмие, ки аз рӯйи ихтисоси мазкур аспирантура доранд, иҷозат дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

65. Супурдани имтиҳони номзадӣ аз забони хориҷӣ, ки барои иҷрои рисола зарур аст, дар он муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки аз рӯи соҳаи рисолаи унвонҷӯ аспирантура ва мутахассисони ихтисоси марбут ба он забон доранд ва инчунин дар кафедраи забонҳои хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

66. Имтиҳонҳои номзадӣ аз таърих ва фалсафаи илм ва забони хориҷӣ ҳамчун фанҳои умумии илмӣ аз рӯи барномаҳое, ки вазоратҳо ва идораҳои марбута омода кардаву тасдиқ намудаанд, супурда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

67. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ метавонанд аз аспирантҳо ва унвонҷӯёни муассисаҳои дигар имтиҳонҳои номзадӣ қабул намоянд.

68. Комиссияи қабули имтиҳонҳои номзадӣ аз ҳар фан бо фармони роҳбари муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ дар ҳайати раис (одатан, ноиби ректор ё муовини директор) ва ду-се аъзо аз ҳисоби кормандони баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ таъин карда мешавад.

Комиссия дар сурате салоҳияти қабули имтиҳонҳои номзадиро дорад, агар дар ҷаласаи он на камтар аз ду мутахассиси соҳаи имтиҳони қабул, аз ҷумла як доктори илм иштирок намоянд.

Ба ҳайати комиссияи қабули имтиҳони номзадӣ аз таърих ва фалсафаи илм ҳамчун фанни умумии илмӣ, дар мавриди набудани доктори илмҳои фалсафа дар кафедра дохил кардани доктори илмҳои таърих, иқтисодӣ, сиёсӣ, сотсиологӣ, ки дар он кафедра кор мекунанд, мумкин аст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.05.2012 № 265).

Ба ҳайати комиссияи қабули имтиҳонҳои номзадӣ аз забонҳои хориҷӣ барои шахсоне, ки дар ин соҳа ихтисосманд намешаванд, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, новобаста аз доштани дараҷаи илмии доктор ё номзади илмҳои филологӣ, намояндагони кафедраҳо ва воҳидҳои муассисаҳои-илмӣ аз рӯи ихтисоси аспирант, ки дорои унвони илмӣ буда, забони хориҷии марбутаро хуб медонанд, дохил карда мешаванд.

Дар мавриди қабули имтиҳонҳои номзади аъзои марбутаи шӯрои диссертатсионии муассисие, ки имтиҳон мегирад, директор (ректор), муовини директор (ноиби ректор)-и муассиса, намояндагони Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорат ё идорае, ки муассиса тобеи он аст, иштирок қарда метавонанд.

Имтиҳонҳои номзадӣ муташаккилона ду маротиба дар як сол ба таври сессия муддати ҳар кадоме якмоҳа қабул карда мешаванд. Мӯҳлати сессияро роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки қабули имтиҳонҳои номзадиро ташкил намудаанд, муқаррар мекунанд. Дар мавриди ба шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намудани кори диссертатсионӣ имтиҳон мумкин аст берун аз мӯҳлати сессия қабул карда шавад.

Муассисае, ки имтиҳонҳои номзадиро қабул мекунад, ба унвонҷӯён дар бораи замону макони гузарондани имтиҳонҳо на камтар аз як моҳ то баргузории онҳо хабар медиҳад.

69. Имтихонҳои номзадӣ бо салоҳдиди комиссияи имтиҳонӣ бо пурсишнома (билети имтиҳонӣ) ва ё бе пурсишнома гузаронида мешаванд. Барои тайёр кардани ҷавоб унвонҷӯ варақҳои имтиҳониро истифода мебарад, ки онҳо пас аз қабули имтиҳон дар муддати як сол нигоҳ дошта мешаванд.

70. Сатҳи дониши унвонҷӯ аз рӯи тартиби чорхолаи: "аъло", "хуб", "қаноатбахш", "ғайриқаноатбахш" баҳо дода мешавад.

71. Барои ҳар унвонҷӯи дараҷаи илмӣ қарори қабули имтиҳони номзадӣ тартиб дода мешавад, ки дар он саволҳои ба унвонҷӯ додашуда, аз ҷумла саволҳои пурсишнома сабт мегарданд.

Протоколи қабули имтиҳони номзадиро яъзои комиссия, ки дар имтиҳон ширкат доштанд, бо зикри дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа ва ихтисос мувофиқи феҳристи ихтисосҳои кормандони илмӣ имзо менамоянд.

Протоколҳои ҷаласаҳои комиссияҳои имтиҳонӣ пас аз тасдиқ аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ дар ҷои супурда шудани имтиҳонҳои номзадӣ нигоҳ дошта мешаванд.

72. Дар бобати супурдани имтиҳони номзадӣ шаҳодатномаи дорои шакли муқарраршуда дода мешавад ва дар маҳали супурдани имтиҳони охирин шаҳодатномаҳо оид ба супурдани имтиҳонҳои қаблӣ ба як шаҳодатнома иваз карда мешаванд.

73. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок ба имтиҳони номзадӣ ҳозир нашудани унвонҷӯ бо иҷозати роҳбари муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ ӯ ба супурдани имтиҳони номзадӣ дар мудаати сессияи ҷорӣ роҳ дода мешавад.

Ба такроран супурдани имтиҳони номзадӣ дар муддати як сессия иҷозат дода намешавад.

Нисбат ба қарори комиссияи имтиҳонот унвонҷӯ метавонад дар мӯҳлати панҷ рӯз ба роҳбари муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ, ки қарорашон ниҳоист, шикоят намоянд.

74. Ба ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва муовинҳои онҳо дар ҷойи кори асосӣ супурдани имтиҳонҳои номзадӣ иҷозат дода намешавад.

75. Хароҷоти гузаронидан ва қабули имтиҳонҳои номзадӣ барои аспирантҳо ва унвонҷӯён аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ дар маҳалли қабули имтиҳон ва барои аспирантҳо ва унвонҷӯёни муассисаҳои беруна мувофиқи шартномаҳое, ки он муассисаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ бастаанд, пардохт карда мешаванд.

76. Масъулият барои назорат ба талаботи тартиби муқарраршудаи баргузорӣ ва қабули имтиҳонҳои номзадӣ ба ӯҳдаи роҳбари муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ мебошад, ки протоколи маҷлиси комиссияи имтиҳонотро тасдиқ менамояд.

Шаҳрвандони давлатҳои дигар имтиҳонҳои номзадиро дар асоси қарордод месупоранд.

77. Дар сурати вайрон кардани тартиби муқарраршудаи қабули имтиҳонҳои номзадӣ вазорату идораҳо метавонанд муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии тобеи худро аз ҳуқуқи қабули минбаъдаи имтиҳонҳои номзадӣ аз фанҳои дахлдор маҳрум намоянд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2008 № 308

тасдиқ шудааст

Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006 № 362 "Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015" ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи илм ва маориф таҳия гардида, мақсади он беҳтар намудани низоми тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмии педагогӣ дар муассисаҳои тақсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тартиб даровардани қоидаҳои қабул ба аспирантура ва докторантура, такмили таҳсил дар аспирантура ва тайёр кардани докторантҳо мебошад.

Аспирантура

1. Аспирантура шакли асосии тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки сатҳи маълумот, тахассуси илмӣ ва педагогии худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ баланд бардоранд.

Мақсади аспирантура тақвият додани тайёрии назариявӣ ва тахассусии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, аз худ кардани усул ва воситаҳои таҳқиқоти илмӣ, мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ мебошад.

Тайёр кардани аспирантҳо дар соҳаҳои илм ва ихтисосҳои илмӣ мувофиқи феҳристи амалкунандаи кормандони илмӣ сурат мегирад.

2. Аспирантура дар муассисаҳои таҳсилоти олие, ки аккредитатсияи давлатӣ доранд ва муассисаҳои илмие, ки дорои иҷозатнома барои фаъолияти таълимӣ буда, кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ ва илмӣ, заминаи илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавии ташкил карда мешавад.

Ташкил ва қать намудани фаъолияти аспирантура пас аз гузаронидани экспертизаи зарурӣ сурат гирифта, бо фармони он вазорат ё идорае ба расмият дароварда мешавад, ки муассисаи ташкилкунандаи аспирантура ба он шомил аст.

Пешниҳод бобати кушодани аспирантура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои дигаре манзур карда мешавад, ки бо пешниҳод намудани номгӯи ихтисосҳои илмӣ, ҳайати роҳбарони илмӣ аз рӯи ҳар ихтисос бо замима кардани рӯйхати асарҳои илмӣ, ки тахассуси онҳоро ба он ихтисос шаҳодат медиҳад, аспирантура дошта метавонанд, ҳамчунин қарори шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаи илмӣ оварда мешаванд.

Муайян кардани рақамҳои ҳарсолаи назоратии қабул ба аспирантура ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи соҳаҳои иқтисодиёти миллиро бо мутахассисон бо дарназардошти дархости муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии дорои аспирантура муайян мекунад, вогузор карда мешавад.

Таҳсил дар аспирантура дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона сурат мегирад. Тартиби қабул ба аспирантура ва шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шартномавӣ) мувофиқи низомномаи дар вазорату идораҳо тасдиқшудаи тартиби қабул ба аспирантура муайян карда мешавад.

3. Ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантура дар асоси озмун шаҳрвандони то 35-сола ва ба шӯъбаи ғоибона шаҳрвандони то 45-сола, ки дар соҳаи ихтисоси интихобгардида пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олӣ дорои собиқаи кории на камтар аз дусола мебошанд, қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон барои иштирок дар имтиҳонҳои озмунӣ ба аспирантура бевосита пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани тавсияи шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олӣ (факулта) иҷозат дода мешаванд.

Ба аспирантура дар соҳаи тиб шахсоне қабул карда мешаванд, ки ординатураи клиникии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббиро хатм кардаанд.

Хатмкардагони муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ ба озмун барои дохилшавӣ ба аспирантура бевосита пас аз хатми он танҳо дар кафедраҳои тахассуси назариявӣ иҷозат дода мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷи наздик ва дур ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла дар асоси шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ва аз рӯйи робитаҳои мустақим бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ дар асоси қарордод пас аз пешниҳод намудани нусхаи шаҳодатномаи баробарарзишии таҳсилот, ки онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки қаблан давраи таҳсилро дар аспирантура ба поён расондаанд, ҳукуқи такрории таҳсилрб дар аспирантура надоранд.

4. Ариза бобати қабул ба аспирантура ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ё роҳбари муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ, ки аспирант тайёр мекунанд, бо замима намудани ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

- варақаи шахсии мутахассис;

- тарҷумаи ҳол:

- тавсифнома-тавсиянома аз ҷойи кор;

- рӯйхати асарҳои чопшуда, ихтироот ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ (шахсоне, ки асарҳои илмии чопшуда ва ихтироот надоранд, аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон маърӯзаи илмӣ (реферат) пешниҳод менамоянд);

- нусха аз протоколи ҷаласаи шӯрои илмӣ барои шахсоне, ки ба аспирантура аз тарафи шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ бевосита пас аз хатми ин муассисаҳо тавсия шудаанд;

- нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва дипломи таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд,- шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот);

- шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (барои шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро супурдаанд, мӯҳлати супоридани онҳо набояд аз 5 сол зиёд бошад).

Шиноснома ва дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё дипломи таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимиро дохилшавандагон ба аспирантура шахсан пешниҳод менамоянд.

5. Қабул ба аспирантура ҳар сол дар мӯҳлати муқаррарнамудаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ доир мегардад. Барои гузаронидани маъракаи қабул ба аспирантура бо фармони муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ таҳти роҳбарии ректор (ноиби ректор)-и муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбар (муовини роҳбар)-и муассисаи илмӣ комиссияи қҳабул ташкил карда мешавад. Аъзои комиссияи қабул аз ҳисоби кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию омӯзгорӣ (докторон ва номзадҳои илм) таъин карда мешаванд.

Ба такроран супурдани имтиҳон аз як фан иҷозат дода намешавад. Имтиҳонҳое, ки барои дохилшавӣ ба аспирантура супурда шудаанд, дар муддати як соли тақвимӣ эътибор доранд.

Шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё исман супоридаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба аспирантура аз имтиҳонҳои дахлдори дохилшавӣ озод карда мешаванд. Натиҷаҳои имтиҳонҳои хатми магистратура ҳангоми қабул ба аспирантура ҳамчун озмоиши дохилшавӣ ба инобат гирифта мешаванд, ба шарте ки дар нақшаи фардии магистр имтиҳонҳои магистр аз таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ ва ихтисос пешбинӣ шуда бошад.

Роҳбарони илмии тахминшуда бо шахсони ба аспирантура дохилгардида сӯҳбат гузаронда, дар бораи он сӯҳбат ба комиссияи қабул гузориш медиҳанд.

Қарори иҷозат ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба аспирантураро комиссияи қабул бо назардошти хулосаи роҳбари илмии оянда аз рӯйи натиҷаҳои сӯҳбат, реферат ё асарҳои илмӣ, ҳисоботи илмиву техникии пешниҳодшуда, ихтироот ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ мебарорад ва онро ба дохилшаванда дар муддати на дертар аз як ҳафта аз рӯзи қабули қарор дар бораи иҷозати дохилшаванда ба имтиҳонҳои дохилшавӣ маълум менамояд.

6. Шахсони ба аспирантура дохилшаванда аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

- фанни ихтисосӣ дар ҳаҷми барномаи амалкунанда барои мутахассис ё магистр;

- забони хориҷие, ки муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ муайян кардаанд ва ба аспирант барои иҷрои рисолаи диссертатсионӣ зарур аст;

- таърих ва фалсафаи илм.

7. Комиссияи қабул дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои озмунии дохилшавӣ нисбат ба ҳар номзад қарор мебарорад. Дар сурати мавҷуд будани озмун бояд номзадҳое, ки ба фаъолияти илмию педагогӣ ва кори илмӣ қобилияти бештар доранд, ба аспирантура қабул карда шаванд.

Қарор оид ба қабул шудан ё қабул нашудани довталабон ба аспирантура дар муддати панҷ рӯз пас аз хулосаи комиссияи қабул эълон карда мешавад.

Қабул ба аспирантура бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ сурат мегирад.

Мӯҳлати таҳсил дар аспирантураи рӯзона набояд аз се сол ва дар аспирантураи ғоибона набояд аз чор сол зиёд бошад.

Аз кор озод намудани шахсоне, ки ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантура дохил шуданд, мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Стипендия ба аспирантҳо аз рӯзи қабул, вале на пештар аз рӯзи озод шудан аз ҷойи кори пешина пардохта мешавад.

8. Аз як муассисаи таҳсилоти олӣ ё муассисаи илмӣ ба дигар муассисаи таҳсилоти олӣ ё муассисаи илмӣ, ҳамчунин аз шӯъбаи рӯзона ба ғоибона ва баръакс гузаронидани аспирантҳо аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ амалӣ гардонида мешавад.

Аспиранте, ки аз аспирантура то ба охир расидани мӯҳлати таҳсил хориҷ шудааст, аз ҳисоби маблағҳои мавҷуда дар муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ ба мӯҳлати боқимондаи таҳсил барқарор гардида метавонад.

Мӯҳлати таҳсил дар аспирантураи рӯзона, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сурат мегирад, бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ дар вақти рухсатӣ ба сабаби хомиладорӣ ва таваллуд ва ҳамчунин дар давраи бемории давомнокиаш бештар аз як моҳ, ба шарти мавҷуд будани хулосаи дахлдори тиббӣ дар ҳудуди маблағҳои фонди стипендиалӣ дароз карда мешавад.

9. Аспирантҳои шӯъбаи рӯзона ҳуқуқ доранд, ки дар сурати бомувафаққият иҷро кардани нақшаи инфиродии таълимӣ ба кори музднок машғул шаванд.

10. Ба ҳар як аспирант баробари қабул шудан ба аспирантура аз ҳисоби докторҳои илм роҳбари илмӣ тасдиқ карда мешавад.

Дар мавридҳои ҷудогона бо қарори шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ барои тайёр кардани аспирант номзадҳои илми ихтисосҳои дахлдорро низ ҳамчун роҳбари илми ҷалб кардан мумкин аст.

Агар аспирант дар ихтисосҳои ба ҳам наздику алоқаманд ба таҳқиқоти илмӣ машғул бошад, доштани ду роҳбар ё роҳбару мушовир, ки яке аз онҳо метавонад номзади илм бошад, иҷозат дода мешавад.

Роҳбари илмӣ аз ҷониби аспирант иҷро шудани нақшаи инфродии таҳсилро назорат мекунад.

Музди меҳнати роҳбари илмии аспирант бо ҳисоби 100 соат дар як сол барои як аспирант пардохт карда мешавад.

Миқдори аспирантҳое, ки ба як роҳбари илмӣ вобаста карда шудаанд, набояд аз се нафар зиёд бошад ва бо розигии роҳбар аз тарафи роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаи илмӣ муайян карда мешавад.

11. Мавзӯи рисолаҳо ва нақшаҳои инфиродии таҳсили аспирантҳоро ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ аз рӯи пешниҳоди шӯъбаҳо, секторҳо, озмоишгоҳҳо ва кафедраҳо дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, вале на бештар аз се моҳ аз рӯзи қабули аспирант тасдиқ мекунанд.

12. Аспирант ҳар сол аз аттестатсияи шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедра мегузарад. Аспиранте, ки дар мӯҳлатҳои муқарраршуда нақшаҳои инфиродии таҳсилро иҷро намекунад, бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ аз аспирантура хориҷ карда мешавад.

13. Шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ (факултаҳо) ва муассисаҳои илмӣ кори аспирантҳоро назорат мекунанд, ҳисоботи аспирантҳо ва роҳбарони илмии онҳоро ба таври мунтазам баррасӣ менамоянд.

14. Аспирант дар муддати таҳсил дар аспирантура ӯҳдадор аст, ки:

- нақшаи инфиродии таълимии корро пурра иҷро намояд;

- имтиҳонҳои номзадиро аз таърих ва фалсафа, яке аз забонҳои хориҷӣ ва ихтисос супорад;

- рисоларо ба анҷом расонад, аз гузаронидани экспертизаи пешакӣ.

Барои онҳое, ки шӯъбаи рӯзонаи аспирантураро хатм кардаанд, муддати таҳсил ба собиқаи кори илмиву тадқиқотӣ дохил карда мешавад.

Шахсоне, ки таҳсилро дар шӯъбаи рӯзона (ғоибона)-и аспирантура ба поён расонидаанд ва шахсоне, ки кори мустақилонаи илмиву тадқиқотиро иҷро кардаанд, ба ҳимояи рисолаи номзадӣ роҳ дода мешаванд.

15. Аспирантҳо барои иҷрои кор дар мавзӯи интихобкардаи илмӣ баробари кормандони илмию педагогӣ ва илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ҳуқуқ доранд аз озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои таълимӣ, китобхонаҳо ба таври ройгон истифода баранд ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба сафарҳо (аз ҷумла ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ) раванд, дар экспедитсияҳои илмӣ иштирок намоянд.

16. Аспирантҳое, ки дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантура таҳсил мекунанд, дар ҳаҷми, муқарраршуда стипендияи давлатӣ мегиранд, аспирантҳои берунишаҳрии таҳсилоти рӯзона ҳамчунин бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

Ба аспирантҳо дар асоси қарори шӯрои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ бо тартиби муқарраршуда стипендияҳои давлатӣ ва стипендияҳои номии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ муқаррар кардан мумкин аст.

17. Аспирантҳое, ки дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантура таҳсил менамоянд, ҳар сол аз таътили думоҳа истифода мебаранд.

18. Ба онҳое, ки шӯъбаи рӯзонаи аспирантураро хатм кардаанд ва талаботи дар банди 14 Низомномаи мазкур баёншударо пурра иҷро намудаанд, рухсатии пардохтшавандаи якмоҳа дода мешавад. Стипендияро дар муддати рухсатӣ ба аспирантҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмие, ки дар аспирантураи онҳо ин аспирантҳо омодагиро гузаштаанд, пардохт менамоянд.

19. Аспирантҳое, ки нақшаи инфиродии тайёрии аспирантиро бомуваффақият иҷро мекунанд, бо иҷозати роҳбари институти илмиву тадқиқотӣ аз рӯи ихтисос ба тариқи соатбайъ, вале на бештар аз 50 % мизон (ставка)-и ассистентӣ, метавонанд ба кори омӯзгорӣ машғул шаванд, ба шарте ки онҳо кори дигари музднокро иҷро накунанд.

20. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ мувофиқи шартнома бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо метавонанд аз рӯи зарурат ба дохилшавандагони аспирантура то 12 моҳ таҷрибаомӯзии пешакӣ (стажировка) муқаррар намоянд.

Докторантура

21. Докторантура яке аз шаклҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ ба шумор меравад.

Докторантура дар муассисаҳои пешрави таҳсилоти олӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ доранд ва дар муассисаҳои илмие, ки соҳиби иҷозатнома барои иҷрои фаъолияти таълимӣ, дорои мутахассисони баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ, заминаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавии замонавӣ ва мактабҳои мӯътабари илмӣ мебошанд ва дар коркарди барномаю лоиҳаҳои илмӣ доир ба самтҳои афзалиятнок илм фаъолона иштирок менамоянд, кушода мешавад.

22. Ташкил ва қатъ намудани фаъолияти докторантура пас аз гузаронидани экспертизаи зарурӣ сурат гирифта, бо фармони он вазорат ё идорае ба расмият дароварда мешавад, ки муассисаи ташкилкунандаи докторантура ба он шомил аст.

Пешниҳод бобати кушодани докторантура ба вазоратҳо ва идораҳо бо замима кардани номгӯи ихтисосҳои илмӣ, ҳайати мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ аз рӯи ҳар ихтисос бо замима кардани рӯйхати асарҳои илмӣ, ки аз дараҷаи тахассуси онҳо дар он ихтисос шаҳодат медиҳад, инчунин қарори шӯрои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ таҳия карда мешаванд. Муайян кардани рақамҳои ҳарсолаи назоратии қабул ба докторантура ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи соҳаҳои иқтисодиёти миллиро бо мутахассисон бо дарназардошти дархости муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ муайян мекунад, вогузор карда мешавад.

Тайёр кардани докторантҳо ба тариқи рӯзона амалӣ мешавад.

23. Ба докторантура номзадҳои илм то 45-сола, ки дар соҳаҳои марбутаи дониш соҳиби комёбиҳои илмианд ва қобилияти дар сатҳи баланд гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ, ҷӯяндагӣ ва амалии илмӣ доранд, қабул карда мешаванд.

Шаҳрвандони давлатҳои дигар ба докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз ҷумла, дар асоси шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва ҳамчунин аз рӯйи робитаҳои мустақим бо муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ пас аз пешниҳод намудани нусхаи ҳуҷҷат дар бораи баробарарзишии дипломи дараҷаи илмӣ, ки онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, қабул карда мешаванд.

Мӯҳлати тайёр кардани докторантҳо набояд аз се сол бештар бошад.

24. Ариза барои дохилшавӣ ба докторантура ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ, ки ба тайёр кардани докторантҳо машғуланд, бо замима кардани ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешавад:

- нусхаи диплом дар бораи додани дараҷаи илмии номзади илм (барои шахсоне, ки дар хориҷа маълумот гирифтаанд - нусхаи диплом дар бораи додани дараҷаҳои марбутаи илмӣ ва шаҳодатнома бобати супоридани имтиҳонҳои номзадӣ аз ихтисос, таърих ва фалсафа, забонӣ хориҷӣ);

- нақшаи муфассали тайёр кардани рисолаи докторӣ;

- рӯйхати асарҳои илмии чопшуда, ихтироот, ҳисоботи корҳои илмию тадқиқотӣ.

Шиноснома ва диплом дар бораи додани дараҷаи илмии номзади илмро ба докторантура дохилшавандагон шахсан пешниҳод менамоянд.

25. Ректори он муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари он муассисаи илмие, ки докторантура доранд, ҳуҷҷатҳои шахсони ба докторантура дохилшавандаро баррасӣ менамоянд ва дар асоси хулосаи шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедраи дахлдор дар хусуси қабул ба докторантура бо тасдиқи нақшаи кор ва мавзӯи рисола қарор мебароранд. Қабул ба докторантура бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ сурат мегирад. Шахсоне, ки ба докторантура дохил шудаанд, мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод мегарданд ва стипендия ба онҳо аз рӯзи қабул, вале на пештар аз рӯзи озодшавӣ аз ҷойи кори пешина пардохт карда мешавад.

26. Дар давраи тайёрӣ дар докторантура докторант бояд нақшаи инфиродиро иҷро намояд, рисоларо ба анҷом расонида, аз экспертизаи пешакӣ гузарад.

27. Барои додани маслиҳат ба докторант дар гузаронидани тадқиқот аз рӯйи мавзӯи рисола таъин намудани мушовири илмӣ - доктори илм, профессор мумкин аст.

28. Докторантҳо ҳуқуқ доранд, ки аз озмоишгоҳҳо, утоқҳои корӣ, китобхонаҳои илмӣ, қитъаҳои таҷрибавӣ, инчунин аз хидмати муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва воҳидҳои дигари муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз рӯи тартибе, ки оинномаи онҳо муайян кардааст, ба таври ройгон истифода баранд.

Дар ҳолатҳои махсус тартиби кори докторантҳо дар озмоишгоҳҳо, хуҷраҳо, китобхонаҳои илмӣ, қитъаҳои таҷрибавӣ, инчунин истифодаи хидмати воҳидҳои таълимӣ, илмӣ, муолиҷавӣ ва монанди инҳо дар шартнома муайян карда мешаванд.

29. Шӯроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ (факултаҳо) ва муассисаҳои илмӣ ҳар сол аттестатсияи докторантҳоро мегузаронанд, ки аз рӯйи натиҷаҳои он дар бобати минбаъд мондани онҳо дар докторантура қарор қабул карда мешавад.

Докторанте, ки нақшаи инфиродиашро иҷро намекунад, бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ аз докторантура хориҷ карда мешавад.

30. Докторантҳо дар сурати бомувафаққият иҷро кардани нақшаи инфиродии тайёр намудани рисола ба иҷрои кори музднок ҳуқуқ доранд.

31. Докторанте, ки то ба охир расидани мӯҳлат аз докторантура хориҷ шудааст, метавонад бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ ба муддати боқимонда дар ҳудуди маблағҳои мавҷуда барқарор гардад.

32. Шахсоне, ки докторантураро хатм кардаанд, мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор таъмин мегарданд.

33. Ба докторантҳо ба андозае, ки Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, стипендияи давлатӣ дода мешавад. Ректори муассисаи таҳсилоти олӣ ва роҳбари муассисаи илмӣ метавонад аз ҳисоби воситаҳои буҷетиву ғайрибуҷетӣ ба стипендияи докторантҳо изофаи маош муқаррар намоянд.

Муддати таҳсил дар докторантура ба собиқаи кори илмию омӯзгорӣ дохил карда мешавад.

Рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ ба муддати таҳсил дар докторантура дохил карда мешавад.

34. Шахсоне, ки давраи омодагиро дар докторантура гузаштаанд, ба вазифаи кормандони илмӣ барои омода кардани рисолаҳои докторӣ гузаронида намешаванд ва ба онҳо барои ба поён расондани он рухсатии эҷодӣ дода намешавад.

35. Тайёр кардани докторантҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ дар ҳудуди рақамҳои назоратии муқарраршуда аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор сурат мегирад. Рақамҳои назоратии қабул ба докторантураро муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии вазорату идораҳое муқаррар менамоянд, ки ин муассисаҳо тобеи онҳо мебошанд.

36. Музди меҳнати мушовирони илмии докторантҳо бо ҳисоби 100 соат дар як сол барои як докторант пардохт мешавад.

37. Хароҷоти сафари докторантҳо ба муассисаҳои таҳсилотӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмие сурат мегирад, ки докторантҳо аз он ҷо бо шартномаҳои мустақим ба муассисаҳои таҳсилотӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ фиристода шудаанд.

Гузаронидани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба вазифаи кормандони илмӣ барои тайёр намудани рисолаҳои докторӣ

38. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олиро, ки соҳиби дараҷаи номзади илм ва натиҷаҳои намоёни тадқиқоти илмӣ мебошанд ва синнашон аз 50 зиёд нест, ба мӯҳлати то ду сол ба вазифаи кормандони илмӣ барои тайёр намудани рисолаҳои докторӣ гузаронидан мумкин аст.

39. Номзадҳои илм, ки ба вазифаи кормандони илмӣ барои тайёр кардани рисолаҳои докторӣ (минбаъд - кормандони илмӣ) ниёз доранд, ба номи ректори муассисаи таҳсилоти олӣ, ки дар он ҷо дар вазифаи омӯзгор фаъолият менамоянд, ариза навишта, ба он нақшаи муфассали рисолаи докториро бо зикри мӯҳлати иҷрои он, рӯйхати асарҳои илмии чопшуда замима менамоянд.

40. Ректори муассисаи таҳсилоти олӣ, ки номзади илм дар он вазифаи муаллимиро адо менамояд, дар асоси хулосаи кафедраҳои дахлдор ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзади илм дар бобати ба вазифаи корманди илмӣ барои тайёр намудани рисолаи докторӣ гузаронидани ӯ қарор қабул мекунад.

41. Дар давраи кор дар вазифаи корманди илмӣ номзади илм бояд рисолаи докториро ба анҷом расонда, аз экспертизаи пешакӣ гузарад.

42. Омӯзгорон - номзадҳои илм, ки ба сабаби гузаштан ба вазифаи кормандони илмӣ аз кори омӯзгорӣ озод шудаанд, бо хоҳиши онҳо мумкин аст барои анҷом додани тадқиқоти илмӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии дигар бо розигии ин муассисаҳо фиристода шаванд.

43. Кормандони илмӣ ҳуқуқ доранд дар сурати бомувафаққият иҷро намудани нақшаи тайёр кардани рисолаи докторӣ дар як вақт дар муассисаи дигар (ба андозаи 0,5 воҳиди корӣ) низ кор кунанд.

44. Кормандони илмӣ ҳуқуқи дохил шудан ба докторантура, истифода бурдани рухсатии эҷодиро барои ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ надоранд.

45. Кормандони илмӣ ҳуқуқи баргаштан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва машғул шудан ба кори омӯзгориро доранд.

46. Дар давраи дар вазифаи корманди илмӣ барои тайёр намудани рисолаҳои докторӣ будани омӯзгорон, вазифаи омӯзгории онҳоро шахсони дигар метавонанд дар асоси қарордоди меҳнатӣ иҷро намоянд.

47. Маоши вазифагии номзадҳои илм, ки ба вазифаи корманди илмӣ гузаронида шудаанд, дар доираи музди меҳнати дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ муқарраршуда (вазифаи асосӣ), мувофиқи талаботи тахассус муайян карда мешавад.

48. Ба кормандони илмие, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ фиристода шудаанд, маош ва хароҷоти сафар аз рӯйи тартиби муқарраршуда дар ҷойи кори асосӣ пардохт карда мешавад.

Тайёр кардани рисолаҳои номзадӣ аз тарафи унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ аз истеҳсолот ҷудо нашуда

49. Кори мустақилонаи мутахассисон дар таълифи рисола бе ҷудо шудан аз истеҳсолот яке аз шаклҳои тайёр кардан ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии институтҳои илмиву тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо мебошад.

50. Унвонҷӯёни дараҷаи илмӣ, ки бе ҷудо шудан аз истеҳсолот рисолаи номзадӣ таълиф менамоянд (минбаъд - унвонҷӯ), шахсоне метавонанд бошанд, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд.

51. Унвонҷӯён барои супурдани имтиҳонҳои номзадӣ ва тайёр кардани рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки аз рӯи ихтисосҳои марбута дорои аспирантура ва заминаи илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва мутахассисони баландихтисоси илмӣ мебошанд, вобаста карда мешаванд.

Унвонҷӯён барои супурдани имтиҳонҳои номзадӣ ба мӯҳлати на бештар аз ду сол ва барои омода кардани рисола ба мӯҳлати на бештар аз се сол вобаста карда мешаванд. Мӯҳлати умумии унвонҷӯӣ набояд аз панҷ сол бештар бошад.

Ҳамзамон унвонҷӯй будан дар якчанд муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаи илмӣ иҷозат дода намешавад.

Шахсоне, ки курси таҳсилро дар аспирантура ба поён расондаанд ва ҳамчунин муддати унвонҷӯиро пурра истифода бурдаанд, ҳуқуқи такроран ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ вобаста буданро надоранд.

Шахсоне, ки мӯҳлати нишондодашудаи унвонҷӯиро пурра истифода набурдаанд, метавонанд ба муддати боқимонда ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ вобаста гарданд.

52. Унвонҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ба мӯҳлате, ки роҳбарони муассисаҳои таҳислоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ муқаррар кардаанд, вобаста карда мешаванд.

53. Унвонҷӯ барои вобаста шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ба номи роҳбар ариза навишта, ба он нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва шаҳодатномаро дар бораи супоридани имтиҳонҳои номзадӣ (агар супурда бошад) замима менамояд.

54. Роҳбари муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ дар асоси натиҷаҳои сӯҳбати унвонҷӯ бо роҳбари илмии фарзӣ, хулосаи шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедра дар бобати вобаста кардани унвонҷӯ ба муассиса бо нишон додани мӯҳлат ва тасдиқи роҳбари илмӣ фармон содир менамояд. Дар сурати фақат барои супурдани имтиҳонҳои номзадӣ вобаста кардани унвонҷӯ роҳбар тасдиқ карда намешавад. Роҳбарони илмии унвонҷӯён одатан аз ҳисоби докторҳои илм ва профессорҳо таъин карда мешаванд.

55. Унвонҷӯёи дар муддати ду моҳ барои баррасӣ ба шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедра нақшаи инфиродии корро, ки бо роҳбари илмӣ мувофиқа шудааст, пешниҳод менамоянд.

56. Нақшаи инфиродии кор ва мавзӯи рисола дар ҷаласаи шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ тасдиқ карда мешаванд.

Унвонҷӯён дар ҳар давра ҳисобот медиҳанд ва ҳар сол аз санҷиши шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедраи муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ мегузаранд.

Унвонҷӯёне, ки нақшаи кори инфиродиро иҷро намекунанд, аз рӯйхати унвонҷӯён бароварда мешаванд.

57. Унвонҷӯён аз дастгоҳҳои зарурӣ истифода карда, ҳуқуқи корро дар утоқҳои корӣ, китобхонаҳои ҷойи вобасташуда доранд.

Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмӣ ва корхонаву муассисаҳое, ки унвонҷӯён он ҷо кор мекунанд, ба онҳо барои муҳайё сохтани шароити зарурӣ дар таълифи рисола мусоидат менамоянд.

58. Унвонҷӯён дар ҷои вобасташуда аз таърих ва фалсафа, забони хориҷӣ ва ихтисос имтиҳони номзадӣ месупоранд.

Дар сурати ҳуқуқ надоштан ба қабули имтиҳонҳои номзадӣ аз фанҳои ҷудогона (таърих ва фалсафаи илм, забони хориҷӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, бо дархости роҳбарияти ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ба унвонҷӯён иҷозат дода мешавад, ки имтиҳонҳои номзадиро аз фанҳои мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии дигар, ки аспирантура доранд, супоранд.

59. Ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ иҷозат дода мешавад, ки музди меҳнати роҳбарони унвонҷӯёнро дар муддати вобасташуда ба андозаи на бештар аз 100 соат дар як сол ба ҳар унвонҷӯ пардохт намоянд.

60. Хароҷоти пардохти музди роҳбарони илмӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷетӣ ё ғайрибуҷетии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ сурат мегирад.

Имтиҳонҳои номзадӣ

61. Имтиҳонҳои номзадӣ қисми таркибии аттестатсияи мутахассисони илмӣ ва илмию педагогӣ мебошанд. Ҳадафи имтиҳонҳо муайян кардани амиқии дониши касбии унвонҷӯи дараҷаи илмӣ ва сатҳи омодагии ӯ ба кори мустақилонаи илмию тадқиқотӣ мебошад.

Супурдани имтиҳонҳои номзадӣ барои дарёфти дараҷаи илмӣ ҳатмист.

62. Имтиҳонҳои номзадӣ аз таърих ва фалсафа, забони хориҷӣ ва ихтисос мувофиқи мавзӯи рисола муқаррар карда мешаванд.

63. Имтиҳони номзадӣ аз ихтисос аз рӯйи барномае, ки аз ду қисм иборат аст, супурда мешавад: барномаи намунавии минимум аз ихтисос, ки онро муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии асосии соҳаҳои марбута омода кардаанд ва аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд, ва барномаи иловагӣ, ки шӯъба, бахш, озмоишгоҳ, кафедраи марбута тайёр намудааст.

Барномаи иловагӣ бояд фаслҳои нави ин соҳаи илм ва фаслҳоеро, ки ба равиши тадқиқоти илмии унвонҷӯ алоқаманданд, фарогир бошад ва инчунин дастовардҳои охирини он соҳаи илм ва адабиёти навинро ба назар гирад.

Имтиҳони ихтисос бояд сатҳи омодагии назариявӣ ва касбии унвонҷӯ, дониши нуқтаи назарҳои умумӣ ва масъалаҳои методологии он соҳаи илм, таърихи ташаккул ва инкишофи он, маводи мушаххас, масъалаҳои асосии назариявӣ ва амалии он соҳаи донишро зоҳир намояд.

Имтиҳонҳои номзадӣ аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки аз он ихтисос аспирантура доранд, супорида мешаванд.

64. Супурдани имтиҳони номзадӣ аз таърих ва фалсафа дар кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки кафедраҳои мустақили фалсафа доранд ва кафедраҳои илмҳои иҷтимоиву гуманитарӣ, ки на камтар аз ду муаллим, ки яке оз онҳо бояд доктори илмҳои фалсафа бошад ва дигаре метавонад номзади илми фалсафа бошад, инчунин дар муассисаҳои илмие, ки аз рӯйи ихтисоси мазкур аспирантура доранд, иҷозат дода мешавад.

65. Супурдани имтиҳони номзадӣ аз забони хориҷӣ, ки барои иҷрои рисола зарур аст, дар он муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки аз рӯи соҳаи рисолаи унвонҷӯ аспирантура ва мутахассисони ихтисоси марбут ба он забон доранд ва инчунин дар кафедраи забонҳои хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

66. Имтиҳонҳои номзадӣ аз таърих ва фалсафа ва забони хориҷӣ ҳамчун фанҳои умумии илмӣ аз рӯи барномаҳое, ки вазоратҳо ва идораҳои марбута омода кардаву тасдиқ намудаанд, супурда мешаванд.

67. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ метавонанд аз аспирантҳо ва унвонҷӯёни муассисаҳои дигар имтиҳонҳои номзадӣ қабул намоянд.

68. Комиссияи қабули имтиҳонҳои номзадӣ аз ҳар фан бо фармони роҳбари муассисаи таҳсилоти олӣ ва муассисаи илмӣ дар ҳайати раис (одатан, ноиби ректор ё муовини директор) ва ду-се аъзо аз ҳисоби кормандони баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ таъин карда мешавад.

Комиссия дар сурате салоҳияти қабули имтиҳонҳои номзадиро дорад, агар дар ҷаласаи он на камтар аз ду мутахассиси соҳаи имтиҳони қабул, аз ҷумла як доктори илм иштирок намоянд.

Ба ҳайати комиссияи қабули имтиҳони номзадӣ аз таърих ва фалсафа ҳамчун фанни умумии илмӣ, дар мавриди набудани доктори илмҳои фалсафа дар кафедра дохил кардани доктори илмҳои таърих, иқтисодӣ, сиёсӣ, сотсиологӣ, ки дар он кафедра кор мекунанд, мумкин аст.