Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси ворид намудани иловаҳо ба Тартиби хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Тартиби хизматрасонӣ дар толорҳои ҳайатҳои расмии фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 45 "Дар бораи тасдиқи Тартиби хизматрасонӣ дар толорҳои хайатҳои расмии фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тастиқ шудааст, бандҳои 5, 6 ва 7 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"5. Барои пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмӣ хадамоти истеҳсолию тиҷоратии Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадан ва баромадани хайатҳоро дар асоси дархости Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи молиявию хоҷагии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
6. Пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмӣ аз ҷониби вазорату идораҳо тавассути толори ҳайатҳои расмии фурӯдгоҳи Душанбе бо мувофиқаи Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
7. Ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели меҳмонон, ҳайатҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавӣ ба ҳудуди фурӯдгоҳ танҳо ба автомашинаҳои ашхоси муқаррарнамудаи Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 733 "Дар бораи тасдиқи Муқаррароти асосии амалияи ягонаи протоколӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Протоколи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)" тасдиқ гардидааст ва хизматчиёни муҳофиз иҷозат дода мешавад."
2. Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон истгоҳи кортежи автомошинаҳои ашхосеро, ки дар Рӯйхати тасдиқгардида зикр шудаанд, муайян намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 1998 № 532
ш. Душанбе