Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997, № 45 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби хизматрасонӣ дар толори ҳайатҳои расмии фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Ҳукумати ҶТ аз 12.02.2001 с. № 72 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби хизматрасонӣ дар толори ҳайатҳои расмии фурурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи хизматрасонӣ дар толори ҳайатҳои расмии фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯи мансабдороне, ки дар толори ҳайатҳои расмии фурӯдгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо хизмат расонида мешавад, тасдиқ карда шаванд.

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 маи соли 1995 № 330 "Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи ашхоси мансабдоре, ки ба онҳо дар толори ҳайатҳои расмии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе хизмат расонида мешавад", беэътибор дониста шавад.

3. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи Муовини аввали Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 15 январи соли 1997 № 45

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 12.02.2001г. №72

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Порядка обслуживания в залах официальных делегаций аэропортов Республики Таджикистан

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемый Порядок обслуживания в залах официальных делегаций аэропортов Республики Таджикистан и Перечень должностных лиц, обслуживаемых залы официальных делегаций аэропортов Республики Таджикистан.

2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 мая 1995 года № 330 "Об утверждении Перечня должностных лиц, обслуживаемых залы официальных делегаций аэропорта города Душанбе".

3. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на Первого заместителя Руководителя исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э.Рахмонов

от 15 января 1997 года, №45

ш. Душанбе