×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008 № 408 "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 15.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни мазкур аз 1.01.2025 мавриди амал қарор мегирад

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №6, мод.466; с.2010, №12, қ.1, мод.836)

(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 677, аз 14.03.2014 № 1080, аз 2.01.2018 № 1490, аз 15.03.2023 № 1953)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва молиявии суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

суғуртаи тиббӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба онҳо хизмати сифатноки тиббию санитарӣ ва дигар хел хизмат расонида, бо маводи доруворӣ таъмин менамояд;

суғуртаи ҳатмии тиббӣ - намуди суғуртаи иҷтимоие, ки имконият медиҳад шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ба андоза ва шартҳои муқаррарнамудаи барномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ ва доруворӣ таъмин гарданд;

суғуртаи ихтиёрии тиббӣ - намуди суғуртаи иҷтимоие, ки дар асоси барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ амалӣ гардида, шаҳрвандонро бо хизмати иловагии тиббию санитарӣ ва дигар хел хизматҳо берун аз барномаҳои муқаррарнамудаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ таъмин менамояд;

объекти суғуртаи тиббӣ - таваккали суғуртавӣ (ҳодисаҳои пешбининамудаи шартҳои суғуртавӣ), ки бо хароҷоти хизматрасонии тиббию санитарӣ ва таъминот бо доруворӣ ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғуртавӣ вобаста мебошад;

субъектҳои суғуртаи тиббӣ - суғуртакунанда, мақомоти ваколатдор барои ҷамъ кардани ҳаққи суғуртаи ҳатмӣ ва ё ихтиёрии тиббӣ, ташкилоти суғуртаи тиббӣ, суғурташуда, ташкилоти тиббӣ;

суғуртакунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои суғуртаи тиббӣ ҳақ мепардозад;

мақомоте, ки барои ҷамъ кардани ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ваколатдор аст - шахси ҳуқуқӣ, ки ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббиро ҷамъ карда, ба Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ мегузаронад;

ташкилоти суғуртаи тиббӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи суғуртаи тиббӣ фаъолияти суғуртавиро амалӣ менамояд;

суғургашуда - шахсе, ки барои он ба ташкилоти суғуртаи тиббӣ ҳаққи суғуртаи тиббӣ ворид шудааст;

ташкилоти тиббӣ - муассиса ё ташкилоти табобатию пешгирикунанда ва фармасевтӣ новобаста аз шакли моликият ё шахсе, ки бо фаъолияти хусусии тиббӣ ё фармасевтӣ машғул буда, барои он иҷозатнома дорад ва дар соҳаи ҳифз, барқарорсозӣ ва солимгардонӣ хизмати тиббию санитарӣ, фармасевтӣ ва дигар намуди хизматро мерасонад;

ҳампардохт - маблағи аз аҳолӣ ба шакли пардохти шарикона воридшаванда барои хизмати тиббию саннтарие, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тиббӣ расонида мешавад;

ҳаққи суғуртаи тиббӣ - пардохти суғурта, ки барои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ ба ташкилоти суғуртаи тиббӣ пардохта мешавад;

тарифи ҳаққи суғурта - андозаи ҳаққи суғурта, ки ба ташкилоти суғуртаи тиббӣ пардохта мешавад;

арзиши миёнаи муолиҷа - нишондиҳандаи миёнаи ҳисоб, ки ҳаҷми маблағи буҷети давлатӣ, суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва ҳампардохти аҳолиро инъикос менамояд, ки барои муолиҷаи ҳар як бемор равон карда шудааст;

низоми пардохткунандаи ягона - муттаҳидшавии захираҳои молиявии соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва маблағҳои дигари ғайрибуҷетӣ бо мақсади маблағгузории минбаъдаи марказонидашуда барои ҳисоббаробаркунии хизматрасонии тиббию санитарӣ ва фармасевтӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки ташкилотҳои тиббӣ ҳамчун таъминкунанда ба аҳолӣ мерасонанд;

пардохткунандаи ягона - мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва суғуртаи ҳатмии тиббӣ барои кӯмаки тиббию санитарӣ ва доруворӣ, ки ташкилотҳои тиббӣ ба низоми пардохткунандаи ягона мерасонанд, маблағ ҷудо мекунад;

буҷети муттаҳидаи тандурустӣ - маҷмӯи маблағҳои буҷети давлатӣ, суғуртаи ҳатмии тиббӣ, қарзҳои беруна ва кӯмакҳои грантии донорҳо, инчунин маблағҳои махсус ва маблағҳое, ки дар низоми ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун таъминкунандаи ин хизматрасониҳо аз ҳампардохти аҳолӣ ба даст омадаанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф карда аст, иборат мебошад.

БОБИ 2. СУҒУРТАИ ҲАТМИИ ТИББӢ

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Мақсади суғуртаи ҳатмии тиббӣ таъмини кафолатноки шаҳрвандони суғурташуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматрасонии тиббию санитарии сифатнок ва бо доруворӣ дар доираи барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ мебошад. Вазифаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ инҳо мебошанд:

- беҳтар намудани дастрасии шахсони суғурташуда ба хизматрасонии тиббию санитарӣ дар доираи барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ;

- таъмини маблағгузории мақсаднок ва самараноки хизматрасонии тиббию санитарӣ, таъминот бо доруворӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ;

- идоракунии сифатноки хизматрасонии тиббию санитарӣ ва таъминот бо доруворӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ;

- ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони суғурташуда ҳангоми хизматрасонии тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо дар соҳаи ҳифзи саломатӣ тибқи барномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Принсипҳои асосии суғуртаи ҳатмии тиббӣ инҳо мебошанд:

- таъмини ҳуқуқи баробар ба хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ҳаҷми барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоии суғурташуда ва андозаи ҳаққи пардохтнамуда;

- танзими муносибати дуҷониба дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар асоси шартномаҳои байни субъектҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ;

- шаффофияти иҷрои буҷети суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар назди пардохткунандагони ҳақ;

- таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони суғурташуда.

Моддаи 5. Барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз барномаҳои заминавӣ ва иловагии суғуртаи ҳатмии тиббӣ иборат мебошад.

Барномаи заминавии суғуртаи ҳатмии тиббӣ андоза ва шартҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ, таъминот бо дорувориро, ки ба таври ройгон ба шаҳрвандони суғурташуда новобаста ба андозаи ҳаққи гузаронидааш дар доираи барномаҳои пешбининамудаи кафолати давлатии кӯмаки тиббию санитарии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми пардохткунандаи ягона расонида мешаванд, муайян менамояд.

Барномаҳои иловагии суғуртаи ҳатмии тиббӣ андоза ва шартҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ, таъминот бо доруворӣ, чорабиниҳои барқарорсозӣ ва солимгардониро, ки дар пардохти онҳо шаҳрвандони суғурташуда низ иштирок менамоянд, муайян месозад.

Барномаи суғуртаи ҳатмии тиббиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Моддаи 6. Шахсоне, ки суғуртаи ҳатмии тиббӣ карда мешаванд

Шахсони зерин аз ҳисоби корхона, муассиса ва ташкилотҳо новобаста ба шаклҳои моликияташон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи андози иҷтимоӣ суғуртаи ҳатмии тиббӣ карда мешаванд:

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ фаъолият мекунанд;

- шахсоне, ки фаъолияти меҳнатиро дар шароитҳои дигар амалӣ месозанд (соҳибкорони инфиродӣ, кормандони эҷодӣ ва ғайра);

Шахсони зерин аз ҳисоби буҷети давлатӣ суғуртаи ҳатмии тиббӣ карда мешаванд:

- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- нафақахӯрон ва маъюбоне, ки кор намекунанд;

- бекороне, ки дар мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд;

- кӯдакони то 16-сола (талабагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то ба охир расидани таҳсил, вале то расидан ба синни 18);

- талабагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ то 23-солагӣ;

- дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузорӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ суғурта шудаанд.

Моддаи 7. Пардохткунандагони ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Пардохткунандагони ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ барои шаҳрвандоне, ки кор мекунанд, корфармоён мебошанд.

Тартиб ва андозаи ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббии шахсони дар моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинишударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 8. Мақомоте, ки суғуртаи ҳатмии тиббиро амалӣ месозад

Ташкилоти суғуртаи тиббӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ мебошад, ки мақоми пардохткунандаи ягонаро дорад. Фонди суғуртаи ҳатмии тиббиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад ва Низомномаи онро тасдиқ мекунад.

Моддаи 9. Фаъолияти низоми пардохткунандаи ягона

Низоми пардохткунандаи ягона аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва ҳампардохти аҳолӣ амал менамояд.

Бо мақсади суғуртаи ҳатмии тиббӣ маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-и соли дахлдор пешбинӣ карда мешавад.

Тартиб, шарт ва меъёри маблағгузории хизматрасонии тиббию санитариро ба шаҳрвандон дар низоми пардохткунандаи ягона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Бо маблағи ҳампардохти аҳолӣ пардохткунандаи ягона дар асоси ҳисоботи ташкилоти тиббӣ маълумоти ҷамъбастӣ омода мекунад ва онҳоро ҳангоми таҳияи буҷети муттаҳидаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад.

Моддаи 10. Суғуртакунандагони суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Суғуртакунандагони суғуртаи ҳатмии тиббӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки бо ташкилоти суғуртаи тиббӣ доир ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ шартнома мебанданд ва пардохти суғуртавиро (ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббиро) месупоранд.

Моддаи 11. Ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Ҳаққи суғуртавии (пардохтҳои) суғуртаи ҳатмии тиббиро мақомоте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ваколатдор намудааст, ҷамъоварӣ менамояд ва ба суратҳисоби махсуси Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ барои маблағгузории низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ мегузаронад.

Агар ҳаққи суғурта дар давоми як сол пас аз пардохти охирин ворид нагардад, суғуртаи ҳатмии тиббии шаҳрвандони суғурташуда аз ҷониби Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ боздошта мешавад.

Моддаи 12. Шартномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Муносибатҳои байни ташкилоти суғуртаи тиббӣ ва ташкилоти тиббӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар асоси шартнома сурат мегиранд.

Талаботе, ки дар асоси онҳо шартномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ баста мешавад, метавонанд дар худи шартнома ва ё ба шакли дахлдори қоидаҳои стандартии суғуртавӣ, ки ташкилоти суғуртаи тиббӣ таҳия ва мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда шаванд.

Моддаи 13. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Шахсони суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳуқуқ доранд:

- мувофиқи барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар ҳамаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилотҳои тиббие, ки бо онҳо шартномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ баста шудааст ва берун аз ҳудуди он дар ҳолати бастани созишномаи дахлдори давлатӣ аз хизматрасонии тиббию санитарӣ, барқарорсозӣ ва солимгардонӣ истифода кунанд;

- аз суғуртакунанда дар бораи пардохти суғуртаи ҳатмии тиббӣ маълумот гиранд;

- дар ташкилотҳои тиббӣ табибонро озодона интихоб намоянд;

- ба ташкилоти суғуртаи тиббӣ муроҷиат намоянд, агар онҳо ба хизматрасонии сифатноки тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳои низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ қаноатманд гардонида нашаванд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарареро, ки бо гуноҳи ташкилоти тиббӣ ба саломатии ӯ расонида шудааст, ҷуброн намояд;

- аз суғуртакунандагон ба тартиби судӣ амалӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббиро талаб намоянд;

- ба тариқи судӣ ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд.

Шахсони суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ ӯҳдадоранд:

- ҳангоми муроҷиат намудан барои кӯмаки тиббию санитарӣ аз рӯи барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ шаҳодатномаеро, ки ҳуқуқҳои онҳоро барои гирифтани хизматрасонии тиббию санитарии суғуртаи ҳатмии тиббӣ тасдиқ мекунад, пешниҳод намоянд.

Моддаи 14. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:

- аз ташкилоти суғуртаи тиббӣ доир ба истифодаи маблағи суғуртаи ҳатмии тиббӣ маълумот гирад;

- ба тариқи судӣ ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд. Суғуртакунанда ӯҳдадор аст ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббии ҳамаи шахсонеро, ки ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ фаро гирифта шудаанд, дар мӯҳлати муқарраршуда супорад.

Моддаи 15. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти ваколатдор оид ба ҷамъ намудани ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Мақоми ваколатдор барои ҷамъ кардани ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳуқуқ дорад ҳаққи барои суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз ҳисоби пардохткунандагони ҳаққи суғурта ба ҳисоби суғуртаи ҳатмии тиббӣ воридшударо зери назорат гирад. Мақомоти мазкур ӯҳдадор аст:

- ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббиро ҷамъ намояд;

- ҳаққи ҷамънамударо пурра ва сари вақт ба ҳисоби Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ гузаронад;

- шаффофият, ошкоро ва боэътимодии маълумотро оид ба воридшавии ҳақ ба ҳисоби суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар ҳама сатҳҳо таъмин намояд;

- ба ғайримақсаднок истифодабарии маблағи суғуртаи ҳатмии тиббӣ роҳ надиҳад.

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилотҳои тиббӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Ташкилотҳои тиббӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳуқуқ доранд:

- дар татбиқи барномаҳои низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ иштирок намоянд, бо Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ доир ба ин масъала муносибатҳои шартномавӣ дошта бошанд;

- барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро татбиқ намоянд, вале бе расонидани зарар барои кӯмаки тиббию санитарӣ ва таъминот бо доруворӣ аз маблағи буҷети давлатӣ дар доираи Барномаи кафолати давлатии расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон ва барномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ;

- ба тариқи судӣ ҳуқуқҳояшонро дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳифз намоянд.

Ташкилотҳои тиббӣ дар соҳаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ӯҳдадоранд:

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шаванд ва иҷозатнома гиранд;

- аз рӯи барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ мувофиқи стандартҳои сифатии тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки тиббию санитарӣ расонанд ва бо доруворӣ таъмин намоянд;

- шартҳои шартномаи хизмати тиббию санитарӣ ва бо доруворӣ таъмин кардани суғурташудагони барномаи суғуртаи ҳатмии тиббиро қатъиян риоя ва иҷро намоянд;

- оид ба роҳ надодан ва бартараф намудани омилҳое, ки ба болоравии беасоси арзиши хизматрасонии тиббию санитарӣ оварда мерасонанд, чораҳо андешанд;

- оид ба ҳамаи вайронкуниҳои дастури тиббии шаҳрвандони суғурташуда, ки боиси бадшавии саломатии онҳо мегардад, Фонди суғуртаи ҳатмии тиббиро огоҳ намоянд.

БОБИ 3. СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ

Моддаи 17. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан ё ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ҳуқуқ доранд.

Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ метавонад дар шакли дастаҷамъӣ ва инфиродӣ амалӣ карда шавад,

Моддаи 18. Фаъолияти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

Амалисозандаи фаъолияти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ метавонанд ташкилотҳои суғуртаи давлатӣ ва ғайридавлатие бошанд, ки ба ин намуди фаъолият иҷозатнома доранд.

Маблағи Фондҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои маблағгузории хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷиҳати ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар доираи шартномаҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ равона карда мешавад. Баргардонидани маблағеро, ки шаҳрвандон барои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ истифода набурдаанд, созишномаи тарафҳо муайян менамояд.

Маблағе, ки ҳамчун ҳаққи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ пардохта мешавад, Фонди суғуртаи ихтиёрии тиббиро ташкил медиҳад. Ихтиёрдории онро ташкилоти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба ӯҳда дорад.

Ташкилоти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба ворид шудани пардохтҳои суғуртаи ихтиёрии тиббии суғуртакунандагон назорат мебарад, ба сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо дар доираи муносибатҳои шартномавӣ бо таъминкунандагони ин хизматрасонӣ назорат ташкил менамояд.

Ташкилоти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба интихоби озоди ташкилоти тиббӣ ҳуқуқ дорад.

Моддаи 19. Тарифҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо доир ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

Тарифҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо доир ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ мувофиқи созишномаи байни ташкилоти суғуртаи тиббӣ ва ташкилоти тиббӣ муқаррар карда мешаванд.

Андозаи ҳаққи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, инчунин тартиби пардохт намудани онро шартҳои шартномаҳои байни суғуртакунандагон ва ташкилоти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ муайян менамоянд.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо доир ба суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрни тиббӣ

Баҳсҳо доир ба суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ бо мувофиқаи тарафҳо ҳал карда мешаванд.

Агар тарафҳо ба мувофиқа наоянд, дар ин ҳолат баҳс ба тартиби судӣ ҳал карда мешавад.

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 677, аз 14.03.2014 № 1080, аз 2.01.2018 № 1490, аз 15.03.2023 № 1953).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 июни соли 2008 № 408

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон           С. Хайруллоев

ш.Душанбе

12 марти соли 2008 № 918

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон          М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

5 июни соли 2008 № 504

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва молиявии суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

- ба тариқи судӣ ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд.

Суғуртакунанда ӯҳдадор аст ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббии ҳамаи шахсонеро,ки ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ фаро гирифта шудаанд,дар мӯҳлати муқарраршуда супорад.

Моддаи 15. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти ваколатдор оид ба ҷамъ намудани ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Мақоми ваколатдор барои ҷамъ кардани ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳуқуқ дорад ҳаққи барои суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз ҳисоби пардохткунандагони ҳаққи суғурта ба ҳисоби суғуртаи ҳатмии тиббӣ воридшударо зери назорат гирад. Мақомоти мазкур ӯҳдадор аст:

- ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббиро ҷамъ намояд;

- ҳаққи ҷамънамударо пурра ва сари вақт ба ҳисоби Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ гузаронад;

- шаффофият, ошкоро ва боэътимодии маълумотро оид ба воридшавии ҳақ ба ҳисоби суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар ҳама сатҳҳо таъмин намояд;

- ба ғайримақсаднок истифодабарии маблағи суғуртаи ҳатмии тиббӣ роҳ надиҳад.

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилотҳои тиббӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ

Ташкилотҳои тиббӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳуқуқ доранд:

- дар татбиқи барномаҳои низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ иштирок намоянд, бо Фонди суғуртаи ҳатмии тиббӣ доир ба ин масъала муносибатҳои шартномавӣ дошта бошанд;

- барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро татбиқ намоянд, вале бе расонидани зарар барои кӯмаки тиббию санитарӣ ва таъминот бо доруворӣ аз маблағи буҷети давлатӣ дар доираи Барномаи кафолати давлатии расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон ва барномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ;

- ба тариқи судӣ ҳуқуқҳояшонро дар низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҳифз намоянд.

Ташкилотҳои тиббӣ дар соҳаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ӯҳдадоранд:

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шаванд ва иҷозатнома гиранд;

- аз рӯи барномаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ мувофиқи стандартҳои сифатии тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки тиббию санитарӣ расонанд ва бо доруворӣ таъмин намоянд;

- шартҳои шартномаи хизмати тиббию санитарӣ ва бо доруворӣ таъмин кардани суғурташудагони барномаи суғуртаи ҳатмии тиббиро қатъиян риоя ва иҷро намоянд;

- оид ба роҳ надодан ва бартараф намудани омилҳое, ки ба болоравии беасоси арзиши хизматрасонии тиббию санитарӣ оварда мерасонанд, чораҳо андешанд;

- оид ба ҳамаи вайронкуниҳои дастури тиббии шаҳрвандони суғурташуда, ки боиси бадшавии саломатии онҳо мегардад, Фонди суғуртаи ҳатмии тиббиро огоҳ намоянд.

БОБИ 3. СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ

Моддаи 17. Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан ё ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ҳуқуқ доранд.

Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ метавонад дар шакли дастаҷамъӣ ва инфиродӣ амалӣ карда шавад,

Моддаи 18. Фаъолияти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

Амалисозандаи фаъолияти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ метавонанд ташкилотҳои суғуртаи давлатӣ ва ғайридавлатие бошанд, ки ба ин намуди фаъолият иҷозатнома доранд.

Маблағи Фондҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои маблағгузории хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷиҳати ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар доираи шартномаҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ равона карда мешавад. Баргардонидани маблағеро, ки шаҳрвандон барои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ истифода набурдаанд, созишномаи тарафҳо муайян менамояд.

Маблағе, ки ҳамчун ҳаққи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ пардохта мешавад, Фонди суғуртаи ихтиёрии тиббиро ташкил медиҳад. Ихтиёрдории онро ташкилоти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба ӯҳда дорад.

Ташкилоти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба ворид шудани пардохтҳои суғуртаи ихтиёрии тиббии суғуртакунандагон назорат мебарад, ба сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо дар доираи муносибатҳои шартномавӣ бо таъминкунандагони ин хизматрасонӣ назорат ташкил менамояд.

Ташкилоти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба интихоби озоди ташкилоти тиббӣ ҳуқуқ дорад.

Моддаи 19. Тарифҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо доир ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

Тарифҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳо доир ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ мувофиқи созишномаи байни ташкилоти суғуртаи тиббӣ ва ташкилоти тиббӣ муқаррар карда мешаванд.

Андозаи ҳаққи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, инчунин тартиби пардохт намудани онро шартҳои шартномаҳои байни суғуртакунандагон ва ташкилоти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ муайян менамоянд.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо доир ба суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрни тиббӣ

Баҳсҳо доир ба суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ бо мувофиқаи тарафҳо ҳал карда мешаванд.

Агар тарафҳо ба мувофиқа наоянд, дар ин ҳолат баҳс ба тартиби судӣ ҳал карда мешавад.

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.