ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ТИББӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 апрели соли 2025, № 70
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 майи соли 2025, № 42
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18 июни соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №6, мод. 466; с. 2010, №12, қ-1, мод. 836; с. 2014, №3, мод. 155; с. 2018, №1, мод. 22; с. 2023, №1-3, мод. 5) рақами «2025» ба рақами «2030» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 14 майи соли 2025, № 2180