Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ аз 30 майи соли 2008, № 468

Санаи амалкуни: 23.07.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2008 № 468

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ

(Фармони Президенти ҶТ аз 6.08.2019 № 1330)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ (минбаъд - Низомнома) тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кормандони онҳо ба хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд (минбаъд - мақомоти давлатӣ), танзим менамояд.

2. Аттестатсия - ин тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда мебошад, ки он бо роҳи баҳодиҳӣ ба натиҷаи иҷрои ӯхдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбии ӯ муайян карда мешавад.

3. Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ (ба истиснои хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ) бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатии маъмурӣ гузаронида мешавад.

4. Вазифаҳои аттестатсия инҳо мебошанд:

- таҳкими иктидори кадрии хизмати давлатӣ;

- баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатии маъмурӣ барои иҷрои ӯхдадориҳои мансабӣ;

- таъмини болоравии касбии хизматчии давлатии маъмурӣ;

- ҳавасмандгардонии меҳнати самаранок ва сифатноки хизматчиёни давлатии маъмурӣ;

- пешбинӣ намудани чораҳо оид ба такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии маъмурӣ.

5.Принсипҳои асосии аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ инҳо мебошанд:

- ошкоро (кушода) гузаронидани аттестатсия;

- эҳтироми тарафайн (аттестатсияшаванда ва аъзои комиссия) ҳангоми гузаронидани аттестатсия;

- баҳодиҳии объективона, воқеъбинона ва маҷмӯии аттестатсияшаванда;

- асоснокии хулоса ва тавсияи комиссияи аттестатсионӣ;

- таъсирбахшии натиҷаи аттестатсия (ҳатмӣ будани хулоса ва тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ барои роҳбари мақоми давлатӣ).

6. Роҳбарии методӣ ва назорати рафти гузаронидани аттестатсияи -хизматчиёни давлатиро мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) амалӣ менамояд.

7. Аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар се сол як маротиба гузаронида мешавад ва он наметавонад барои шаклҳои дигари баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ монеъ гардад.

8. Аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ пеш аз мухлати муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба комиссияи аттестатсионӣ ваколатҳои иловагиро вогузор намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 6.08.2019 № 1330).

9. Хизматчиёни давлатии сиёсӣ, хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ ва хизматчии давлатии ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ расида аттестатсия карда намешаванд.

10. Аз аттестатсия хизматчиёни давлатии маъмурии дар мансаби ишғолнамудаи хизмати давлатӣ камтар аз як сол фаъолиятнамуда ва занони дар рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини тифл буда озод карда мешаванд.

11. Хизматчиёни давлатии маъмурии дар банди 10 ҳамин Низомнома нишондодашуда, инчунин мутахассисони ҷавон баъд аз як соли кор дар мансаби ишғолнамуда аз аттестатсия мегузаранд.

II. Комиссияи аттестатсионӣ

12. Бо қарори роҳбари мақоми давлатӣ барои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷрибаи мақоми давлатӣ дар ҳайати раис, котиб ва аъзо бо шумораи на камтар аз 3 нафар комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ таъин гардидани аттестатсия, комиссияи аттестатсионӣ мумкин аст аз тарафи ҳамин мақомот таъсис дода шавад.

13. Аттестатсияи хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шумораи хизматчиёни давлатиашон камтар аз 15 нафарро ташкил медиҳад, дар мақомоти давлатии болоӣ ё мақомоти давлатии дахлдори ҳудудӣ гузаронида мешавад. Дар чунин ҳолат намояндаи ин мақомот ба ҳайати комиссияи аттестатсионӣ дохил карда мешавад.

14. Комиссияи аттестатсионӣ дар вақти амалӣ намудани фаъолияти худ набояд барои пайдо шудани ихтилофи манфиатҳо, ки ба қарори вай таъсир расонида метавонанд, шароит фароҳам биёрад. Аъзои комиссияи аттестатсионӣ дар вақти баҳогузории фаъолияти хизматчии давлатӣ, додани хулоса ва тавсия мустақил мебошад.

15. Фаъолияти комиссияи аттестатсионӣ ҳамон вақт босалоҳият ҳисоб мешавад, ки агар дар кори он аз се ду ҳиссаи аъзои комиссия иштирок дошта бошад.

16. Дар аттестатсия намояндаи мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад бо овози машваратӣ иштирок намояд.

III. Тартиби ташкили аттестатсия

17. Аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти давлатӣ дар асоси санади (қарори, амри, фармони) роҳбари мақоми давлатӣ баргузор мегардад. Дар санад (қарор, амр, фармон) вақт ва тартиби гузаронидани аттестатсия нишон дода шуда, дар ин хусус мақоми ваколатдор ба таври хаттӣ хабардор карда мешавад.

18. Ҷадвали баргузории аттестатсия аз тарафи хадамоти кадрӣ таҳия ва аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ тасдиқ карда шуда, на дертар аз ду ҳафта пеш аз баргузории аттестатсия ба маълумоти аттестатсияшавандагон расонида мешавад.

19. Дар ҷадвал сана, вақт ва ҷойи гузаронидани аттестатсияи кормандони дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳои мақоми давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) нишон дода мешаванд. Ба ҷадвали баргузории аттестатсия рӯйхати хизматчиёни давлатии маъмурии аттестатсияшаванда замима карда мешавад.

20. Роҳбарони воҳидҳои сохторӣ барои ҳар як корманди тобеъ, ки аттестатсия карда мешавад, тавсифномаи хизматӣ таҳия намуда, онро на дертар аз даҳ рӯз то баргузории аттестатсия ба хадамоти кадрӣ пешниҳод менамоянд. Тавсифномаи хизматии роҳбарони воҳидҳои сохторӣ аз тарафи роҳбарони бевоситаи онҳо (минбаъд-роҳбари воҳидҳои сохторӣ) таҳия карда мешавад.

21. Дар тавсифномаи хизматӣ (замимаи 1) масъалаҳои зерини фаъолияти хизматчии давлатӣ нишон дода мешаванд:

- сатҳи донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти хизматии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд ва риояи онҳо;

- татбиқи донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ;

- иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;

- худтакмилдиҳӣ ва татбиқи технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ;

- дигар хусусиятҳои хоси хизматчии давлатӣ (донистани забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос, фаъолияти ҷамъиятӣ ва ғ.).

22. Тавсифномаи хизматӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва мушоҳидаи роҳбари воҳиди сохторӣ тартиб дода мешавад. Қисми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии тавсифномаи хизматӣ бо ҳисоботи натиҷаи фаъолияти нимсола ва солонаи хизматчии давлатӣ асоснок карда мешавад.

23. Роҳбари воҳиди сохторӣ барои воқеӣ ва объективӣ тартиб додани тавсифномаи хизматии аттестатсияшаванда масъулияти шахсӣ дорад ва ӯҳдадор аст, ки ӯро бо тавсифномаи хизматӣ шинос намояд.

24. Аттестатсияшаванда метавонад ба комиссияи аттестатсионӣ маълумоти иловагиро дар бораи фаъолияти касбиаш пешниҳод кунад. Ҳамзамон ӯ ҳуқуқ дорад норозигии худро нисбати тавсифномаи хизматӣ ба хадамоти кадрӣ ва/ё комиссияи аттестатсионӣ пешниҳод карда, гузаронидани омӯзиши иловагии фаъолияти хизматии худро талаб намояд. Талаби ӯ аз тарафи комиссияи аттестатсионӣ баррасӣ ва ҳал карда мешавад.

25. Аз аттестатсия дар навбати аввал роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сипас хизматчиёни давлатии маъмурии ба онҳо тобеъ мегузаранд.

26. Роҳбари воҳиди сохторӣ дар вақти аз аттестатсия гузаштани хизматчии давлатии тобеъ иштирок менамояд ва ҳуқуқ дорад тавсифномаи хизматии тартибдодаи худро тавзеҳ диҳад.

IV. Баргузории аттестатсия

27. Аттестатсияи хизматчии давлатӣ бо иштироки аттестатсияшаванда дар рӯзи пешбининамудаи ҷадвали баргузории аттестатсия дар соатҳои корӣ доир мегардад.

28. Хизматчиёни давлатии аттестатсияшаванда, ки бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) дар аттестатсия иштирок карда наметавонанд, тибқи ҷадвали иловагии баргузории аттестатсия аз аттестатсия мегузаранд.

29. Комиссияи аттестатсионӣ дар сурати бе сабабҳои узрнок ба аттестатсия ҳозир нашудани аттестатсияшаванда ба роҳбари мақоми давлатӣ оид ба гузаронидани санҷиши хизматӣ пешниҳод ирсол менамояд. Роҳбари мақоми давлатӣ дар асоси он қарори дахлдор қабул менамояд.

30. Комиссияи аттестатсионӣ маърӯзаи роҳбари бевоситаи аттестатсияшавандаро мешунавад ва дар сурати зарурат омӯзиши иловагии фаъолияти хизматчии давлатии маъмуриро анҷом медиҳад.

31. Комиссияи аттестатсионӣ бо аттестатсияшаванда тибқи бандҳои тавсифномаи хизматӣ дар шакли саволу ҷавоб сӯҳбат мегузаронад. Ҳар аъзои комиссияи аттестатсионӣ ҳуқуқ дорад ба аттестатсияшаванда савол диҳад, дар асоси ҷавобҳои ба саволҳои худ ва/ё ҷавобҳои ба саволҳои дигар аъзои комиссияи аттестатсионӣ додашуда ва/ё бо назардошти тавзеҳоти роҳбари хизматчии давлатии аттестатсияшаванда ӯро баҳогузорӣ намояд. Саволҳои додашуда ва ҷавобҳои аттестатсияшаванда аз тарафи котиби комиссияи аттестатсионӣ дар варақаи аттестатсионӣ мухтасар қайд карда мешаванд.

32. Баҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ аз "5"-аъло, "4"-хуб, "3"-қаноатбахш, "2"-ғайриқаноатбахш иборат мебошад, ки дар ҷадвали баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ (замимаи 2) гузошта мешавад. Ҷадвали мазкур аз тарафи ҳар аъзои комиссияи аттестатсионӣ алоҳида тартиб дода ва имзо карда шуда, ба варақаи аттестатсионӣ замима карда мешавад.

33. Аз натиҷаи баҳои гузоштаи ҳар аъзои комиссияи аттестатсионӣ, баҳои умумии миёна муайян карда мешавад, ки он дар варақаи аттестатсионӣ нишон дода мешавад.

34. Арзёбии фаъолияти хизматчии давлатии маъмурӣ, хулосаҳо ва тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ бо роҳи овоздиҳии ошкоро дар ғоибии аттестатсияшаванда ва роҳбари ӯ анҷом дода мешавад.

35. Қарори (хулоса ва тавсияҳои) комиссияи аттестатсионӣ бо овоздиҳии аксари аъзои он қабул карда мешавад. Аъзои комиссияи аттестатсионӣ ҳангоми аттестатсияи худ дар баҳодиҳӣ ва овоздиҳӣ иштирок намекунад.

36. Дар сурати баробарии овозҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ натиҷаи аттестатсия ба фоидаи аттестатсияшаванда ҳал карда мешавад.

37. Комиссияи аттестатсионӣ ба фаъолияти хизматчии давлатии маъмурӣ хулосаи зерин медиҳад:

- ба мансаби ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқат мекунад;

- ба мансаби ишғолнамудаи маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқат намекунад.

38. Комиссияи аттестатсионӣ хизматчии давлатии маъмурии баҳои миёнаи умумии зиёда аз 20 гирифтаро чунин тавсияҳо медиҳад:

- дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ (ба мансабҳои маъмурии категорияи дуюм, якум, олӣ ва мансабҳои сиёсӣ);

- ба мансаби баландтар таъин намудан, вале на баландтар аз мансабҳои категорияи сеюм;

- пеш аз мӯҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ ё аз категорияи мансаби ишғолкарда як дараҷа баланд додани рутбаи тахассусӣ;

- иловапулӣ ба маоши мансабӣ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

39. Тавсияи иловапулӣ ба маоши мансабӣ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонад ҳамчун тавсияи асосӣ ё иловагӣ пешниҳод карда шавад.

40. Дар сурати ба мансаби ишғолгардида номувофиқ донистани хизматчии давлатии маъмурӣ, комиссияи аттестатсионӣ ба ӯ чунин тавсияҳо медиҳад:

- такмили ихтисос ва азнавтайёркунӣ (агар мақоми давлатӣ муассисаи такмили ихтисоси соҳавӣ ва азнавтайёркунӣ дошта бошад);

- гузаронидан ба мансаби пасттари маъмурии хизмати давлатӣ (агар чунин мансабҳои холӣ мавҷуд бошанд).

41. Натиҷаҳои аттестатсия дар варақаи аттестатсионӣ (замимаи 3) қайд гардида, аз ҷониби аъзои комиссияи аттестатсионии дар овоздиҳӣ иштирокдошта имзо карда мешавад.

42. Аттестатсияшаванда аз натиҷаи аттестатсияи худ на дертар аз 3 рӯз баъд аз гузаштани аттестатсия хабардор карда мешавад. Атгестатсияшаванда бо варақаи аттестатсионӣ шинос шуда, ба он бо қайди "розӣ ҳастам" ё "розӣ нестам" имзо мегузорад. Қайди "розӣ нестам" бояд асоснок карда шавад.

43. Дар ҳолати аз имзои варақаи аттестатсионӣ саркашӣ намудани аттестатсияшаванда, варақаи аттестатсионӣ эътибори худро гум намекунад. Ҳолати саркашӣ намудан аз имзо дар варақаи аттестатсионӣ нишон дода мешавад.

44. Варақаи аттестатсионии хизматчии давлатии маъмурӣ ба роҳбари мақоми давлатӣ дар давоми як ҳафта аз рӯзи гузаронидани аттестатсия пешниҳод карда мешавад ва иҷрои тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ барои ӯ ҳатмӣ мебошанд.

45. Роҳбари мақоми давлатӣ дар асоси қарори комиссияи аттестатсионӣ на дертар аз як ҳафтаи пешниҳод шудани варақаи аттестатсионӣ нисбати хизматчии давлатӣ қарорҳои зеринро қабул мекунад:

- бо розигии ӯ ба мансаби баландтар таъин намудан, вале на баландтар аз мансабҳои категорияи сеюм;

- иловапулӣ ба маоши мансабӣ дар хаҷми муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

46. Дар сурати набудани имконияти такмили ихтисос, азнавтайёркунй, гузаронидан ба мансаби пасттари маъмурии хизмати давлатӣ, инчунин ҳангоми ба такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ ё гузаштан ба мансаби пасттари маъмурии хизмати давлатӣ розӣ набудани хизматчии давлатии маъмурӣ, ӯ аз мансаби ишғолкардааш озод карда мешавад.

47. Роҳбари мақоми давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки хулоса ва тавсияи комиссияи аттестатсиониро асоснок рад намояд. Дар чунин ҳолат аттестатсияи такрории хизматчии давлатӣ бо иштироки ҳатмии роҳбари мақоми давлатӣ ва намояндаи мақоми ваколатдор на дертар аз як моҳи баъди рад намудани қарори комиссияи аттестатсионӣ гузаронида мешавад.

48. Хизматчии давлатии маъмурии ба такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ ва гузаронидан ба мансаби пасттари маъмурии хизмати давлатӣ тавсияшуда, баъд аз шаш моҳ бо иштироки ҳатмии роҳбари мақоми давлатӣ ва намояндаи мақоми ваколатдор такроран аттестатсия карда мешавад.

49. Аттестатсияи такрорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома гузаронида мешавад. Ҳангоми аттестатсияи такрорӣ бо ҳолатҳои дар банди 48 нишондодашуда, тавсияи комиссияи аттестатсионӣ дода намешавад.

50. Ҳангоми такроран ба мансаби ишғолкардааш номувофиқ дониста шудани хизматчии давлатии маъмурӣ, ӯ дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ бо санади (қарори, амри, фармони) роҳбари мақоми давлатӣ аз мансаби ишғолкардааш озод карда мешавад. Чунин шахсон ҳуқуқи бо тартиби умумӣ дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии категорияи пасттар иштирок карданро нигоҳ медоранд.

51. Рафти аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ аз тарафи котиби комиссияи аттестатсионӣ дар протокол сабт карда шуда, бо имзои раис, котиб ва аъзои комиссияи аттестатсионӣ тасдиқ карда мешавад (замимаи 4).

52. Дар протокол вақт, ҷой, ҳайати комиссияи аттестатсионӣ, дигар шахсони дар аттестатсия иштироккунанда (роҳбари мақоми давлатӣ, намояндаи мақоми ваколатдор), насаб, ном, номи падар ва мансаби аттестатсияшавандаҳо, роҳбари бевоситаи хизматчии давлатии дар аттестатсия иштирок намуда, баҳои умумии миёна, хулоса ва тавсияи комиссияи аттестатсионӣ нисбати ҳар як хизматчии давлатӣ ва сабабҳои дар аттестатсия иштирок накардани аттестатсияшаванда нишон дода мешавад. Иштироки роҳбари бевоситаи хизматчии давлатӣ ва сабабҳои дар аттестатсия иштирок накардани аттестатсияшаванда дар сутуни эзоҳи ҷадвали натиҷаи аттестатсия нишон дода мешавад.

V. Муқаррароти хотимавӣ

53. Хизматчии давлатии аттестатсияшаванда ҳуқуқ дорад аз қарорҳои қабулнамудаи комиссияи аттестатсионӣ ба роҳбари мақоми давлатӣ, мақоми болоӣ, мақоми ваколатдор ва суд шикоят намояд. Аз болои қарори комиссияи аттестатсионӣ шикоят намудани аттестатсияшаванда, иҷрои қарори комиссияи аттестатсиониро боз намедорад.

54. Баҳсҳои вобаста ба гузаронидани аттестатсия аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ, мақоми болоӣ, мақоми ваколатдор ё суд ҳал карда мешаванд.

55. Баъди гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ санади (қарори, амри, фармони) мақоми давлатӣ қабул мегардад, ки дар он натиҷаҳои аттестатсия таҳлил карда шуда, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани кор бо кадрҳо пешбинӣ карда мешаванд.

56. Натиҷаҳои аттестатсия дар давоми 20 рӯзи баъди гузаронидани атгестатсия, вале на дертар аз рӯзи 5-уми моҳи пас аз гузаронидани аттестатсия ба мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешаванд.

57. Мақоми ваколатдор ҳар сол дар моҳи январ оид ба натиҷаи аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод менамояд.

Замимаи 1

ба Низомномаи тартиб ва

шартҳои гузаронидани аттестатсияи

хизматчиёни давлатии маъмурӣ

Тавсифномаи хизматӣ ба хизматчии давлатии маъмурии аттестатсияшаванда

Насаб, ном, номи падар___________________________________________

Мансаб___________________________________________________________

Сана ва асоси таъин шудан ба мансаб______________________________

1.Сатҳи донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавӣ, ки ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд ва риояи онҳо______________________________________________

______________________________________________________________________

2. Татбиқи донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ__________________________________________

3. Иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ (пуррагӣ ва сифатнокии натиҷаи кори хизматчии давлатӣ, дараҷаи интизомнокӣ)_______________________________

4. Худтакмилдиҳӣ ва татбиқи технологияи компютерӣ ва иттилооти дар фаъолияти касбӣ___________________________________________________

5. Дигар хусусиятҳои хоси хизматчии давлатӣ (донистани забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос, фаъолияти ҷамъиятӣ ва ғ.)____________________

Роҳбари воҳиди

сохторӣ

_________________________ ________ ________________________

(мансаби ишғолнамуда)      (имзо)  (Насаб, ном, номи падар)

Сана "_____"____________ соли 200__

Шинос шудам:

Аттестатсияшаванда _______________ ________________________

                       (имзо)      (Насаб, ном, номи падар)

Сана "____"__________ соли 200__

Замимаи 2

ба Низомномаи тартиб ва

шартҳои гузаронидани аттестатсияи

хизматчиёни давлатии маъмурӣ

Ҷадвали баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ

Сана ва асоси таъин шудан ба мансаб_____________________________

+---+--------------------------------+--------------+----------------ҷ
|Р/т|        Нишондодҳо              |  Баҳо        |     Эзоҳ       |
|   |                                |              |                |
+---+--------------------------------+--------------+----------------+
|1. |Сатҳи донистани санадҳои меъёрии|              |                |
|   Жҳуқуқие, ки фаъолияти хизматии  |              |                |
|   |хизматчии давлатиро ба танзим   |              |                |
|   |медароранд ва риояи онҳо        |              |                |

|2. |Татбиқи донишу таҷриба дар      |              |                |
|   |мансаби ишғолнамуда, қобилияти  |              |                |
|   |ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ    |              |                |

|3. |Иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ       |              |                |
|   |(пуррагӣ ва сифатнокии натиҷаи  |              |                |
|   |кори хизматчии давлатӣ,         |              |                |
|   |дараҷаи интизомнокӣ)            |              |                |

|4. |Худтакмилдиҳӣ ва татбиқи        |              |                |
|   |технологияи компуютерӣ ва       |              |                |
|   |иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ   |              |                |

|5. |Дигар хусусиятҳои хоси          |              |                |
|   |хизматчии давлатӣ (донистани    |              |                |
|   |забонҳои хориҷӣ, такмили        |              |                |
|   |ихтисос, фаъолияти ҷамъиятӣ     |              |                |
|   |ва ғ.)                          |              |                |

|6. |Баҳои умумӣ                     |              |                |

Аъзои комиссияи

аттестатсионӣ ________________ ___________________________

                   (имзо)        (насаб, ном, номи падар)

Сана "____"________ соли 200__

Замимаи 3

ба Низомномаи тартиб ва

шартҳои гузаронидани аттестатсияи

хизматчиёни давлатии маъмурӣ

ВАРАҚАИ АТТЕСТАТСИОНӢ

            (насаб, ном, номи падари аттестатсияшаванда)

                  (мансаби ишғолнамуда ва ҷои кор)

Дар мансаб аз_____________________________________________ кор мекунад

                        (рӯз, моҳ, сол)

Собиқаи умумии меҳнатӣ____________собиқаи хизмати давлатӣ_____________

Таҳсилот______________________________________________________________

            (кай ва кадом муассисаи таълимиро хатм кард, ихтисос)

Рутбаи тахассусӣ, санаи додани он_____________________________________

Ҷазои интизомии бардоштанашуда________________________________________

                          (намуди ҷазо, кай ва аз тарафи ки дода шудааст)

Бо аттестатсияшаванда оид ба масъалаҳои зерин дар шакли саволу ҷавоб сӯҳбат доир гардид:

Натиҷаи аттестатсияи хизматчии давлатии маъмурӣ

Баҳои умумии миёнаи фаъолияти хизматчии давлатии маъмурӣ)_____________

Хулосаи комиссияи аттестатсионӣ_______________________________________

Тавсияи комиссияи аттестатсионӣ_______________________________________

Раиси комиссияи аттестатсионӣ ______________________________ Котиби комиссияи аттестатсионӣ

______________________________ Аъзои комиссияи аттестатсионӣ ______________________________ 

(имзо, насаб, ном, номи падар)

Санаи баргузории аттестатсия "____ "___________ соли 200___

Шинос шудам ______________________________________________________________________

                    (розӣ ҳастам, розӣ нестам, сабабҳои розӣ набудан)

________ ____________________________________________

 (имзо)   (насаб, ном, номи падари аттестатсияшаванда)

"____"____________ соли 200___

Замимаи 4

ба Низомномаи тартиб ва

шартҳои гузаронидани аттестатсияи

 хизматчиёни давлатии маъмурӣ

ПРОТОКОЛИ №

комиссияи аттестатсионии_____________________________

_____________________________________________________

            (номи мақоми давлатӣ)

аз "____"_______________ соли 200__ шаҳри/ ноҳияи___________

Ҳайати комиссияи аттестатсионӣ _______________________________________________

_______________________________________________ _______________________________________________ 

(насаб, ном, номи падар ва мансаби ишғолнамуда)

Дар аттестатсия иштирок намуданд _______________________________________________

_______________________________________________

НАТИҶАИ АТТЕСТАТСИЯ

+---+------------+-----------+------+-------------+-------------+----ҷ
|Р/т|Насаб, ном, |Мансаби    |Баҳои |Хулосаи      |Тавсияи      |Эзоҳµ
|   |номи падари |ишғолнамуда|миёнаи|комиссияи    |комиссияи    |    |
|   |аттестатсия-|           |умумӣ |аттестатсионӣ|аттестатсионӣ|    |
|   |шаванда     |           |      |             |             |    |
+---+------------+-----------+------+-------------+-------------+----+
|   |            |           |      |             |             |    |

Раиси комиссия _________________________________

Котиби комиссия _________________________________

Аъзои комисия _________________________________

                (имзо, насаб, ном, номи падар)

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2008 № 468

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ (минбаъд- Низомнома) тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кормандони онҳо ба хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд (минбаъд - мақомоти давлатӣ), танзим менамояд.

2. Аттестатсия - ин тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда мебошад, ки он бо роҳи баҳодиҳӣ ба натиҷаи иҷрои ӯхдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбии ӯ муайян карда мешавад.

3. Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ (ба истиснои хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ) бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатии маъмурӣ гузаронида мешавад.

4. Вазифаҳои аттестатсия инҳо мебошанд:

- таҳкими иктидори кадрии хизмати давлатӣ;

- баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатии маъмурӣ барои иҷрои ӯхдадориҳои мансабӣ;

- таъмини болоравии касбии хизматчии давлатии маъмурӣ;

- ҳавасмандгардонии меҳнати самаранок ва сифатноки хизматчиёни давлатии маъмурӣ;

- пешбинӣ намудани чораҳо оид ба такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии маъмурӣ.

5.Принсипҳои асосии аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ инҳо мебошанд:

- ошкоро (кушода) гузаронидани аттестатсия;

- эҳтироми тарафайн (аттестатсияшаванда ва аъзои комиссия) ҳангоми гузаронидани аттестатсия;

- баҳодиҳии объективона, воқеъбинона ва маҷмӯии аттестатсияшаванда;

- асоснокии хулоса ва тавсияи комиссияи аттестатсионӣ;

- таъсирбахшии натиҷаи аттестатсия (ҳатмӣ будани хулоса ва тавсияҳои комиссияи аттестатсионӣ барои роҳбари мақоми давлатӣ).

6. Роҳбарии методӣ ва назорати рафти гузаронидани аттестатсияи -хизматчиёни давлатиро мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) амалӣ менамояд.

7. Аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар се сол як маротиба гузаронида мешавад ва он наметавонад барои шаклҳои дигари баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ монеъ гардад.

8. Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ) мумкин аст пеш аз мӯҳлати муқарраршуда низ гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ таъин карда шавад, ки он ҳам тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома гузаронида мешавад.