Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, № 271 "Дар хусуси тасдиқи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи меҳнатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Москваи Федератсияи Россия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи меҳнатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи меҳнатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Москваи Федератсияи Россия, ки 17 сентябри соли 2007 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати шаҳри Москваи Федератсияи Россияро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Барномаи мазкур зарур аст, огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2008 № 271

ш. Душанбе