Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 июли соли 1998 № 245
тасдиқ шудааст
Низомномаи Бозрасии нақлиёти назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Бозрасии нақлиёт дар назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи шахси юридикӣ таъсис дода шудааст (минбаъд - Бозрасии нақлиёт).
2. Вазифаҳои асосии Бозрасии нақлиёт иборатанд аз:
- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ амалӣ намудани назорат ба риояи асноди қонунгузорӣ ва меъёрии муайянкунандаи тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон (ба истиснои корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ);
ба ашхоси ҳуқуқию воқеӣ додани лицензия барои татбиқи фаъолияти боркашонӣ, нақлиётию экспедиционӣ ва фаъолияти дигар ва зимнан таъмини шароит барои фаъолияти мӯътадили бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии марбут ба кори нақлиёти автомобилӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои истеъмолгарон.
3. Бозрасии нақлиёт дар фаъолияти худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва асноди меъёриро дастури амал қарор медиҳад.
4. Бозрасии нақлиёт вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд.
5. Бозрасии нақлиёт дар маркази вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе шӯъбаҳо ва филиалҳо дорад.
6. Бозрасии нақлиёт ҳуқуқ дорад, ки:
- кори ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки фаъолияти боркашонӣ, нақлиётию экспедиционӣ ва фаъолияти дигари марбут ба нақлиёти автомобилиро анҷом медиҳанд (ба истиснои корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ), дар бобати аз ҷониби онҳо риоя шудани муқаррароти қонунҳои ҷорӣ, ки тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилиро муайян менамоянд, тафтиш карда, аз онҳо пешниҳоди маълумоти заруриро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи бозрасӣ гузошташуда, талаб намояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида мавҷудияти ҳуҷҷатҳои боркашонии ронандагони воситаҳои нақлиёт ва варақаҳои лицензиониро дар хатти сайр тафтиш намояд;
- ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеиро барои вайрон кардани меъёрҳои лицензионӣ аз лицензия маҳрум намояд ё амали онро то ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта боздорад;
- оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва талаботи асноди қонунгузорӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, стандартҳо ва меъёрҳое, ки тартиби фаъолияти нақлиётро муайян мекунанд, актҳо тартиб дода, дастурҳои ҳатмӣ диҳад;
- ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон, ҳамчунин тадбирҳои пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, вайронкунии қоидаҳои истифодаи нақлиёти автомобилӣ ва риояи талаботи экологӣ таклифҳо пешниҳод намояд.
Ашхосе, ки дар вайрон кардани талаботи асноди қонунгузорӣ, меъёрию ҳуқуқӣ ва стандарту меъёрҳои муайянкунандаи тартиби кори нақлиёти автомобилӣ гунаҳкоранд, вазифадоранд, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи бозрасӣ онҳоро рафъ сохта, дар ин хусус ба мақомоти Бозрасии нақлиёт, ки чунин дастур додаанд, хабар диҳанд.
7. Нишондодҳои дастурӣ оид ба тартиби иҷрои назорат ва вазифаҳои дигар, ки ба зиммаи Бозрасии нақлиёт гузошта шудаанд, аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
8. Ба Бозрасии нақлиёт Сарбозраси нақлиёт сарварӣ менамояд, ки аз ҷониби Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз вазифа озод гардида, пешниҳоди дахлдор дар маҷлиси коллегияи вазорат баррасӣ мешавад. Сардорони шӯъбаҳо ва филиалҳои Бозрасии нақлиёт бо ризоияти мутобиқан раиси вилоят, шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд.
9. Кормандони Бозрасии нақлиёт ҳуқуқи истифодаи либоси махсусе доранд, ки намуна ва тартиби додани онро Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, инчунин барои истифодаи бемузди ҳама гуна намудҳои нақлиёти автомобилии мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (ғайр аз таксӣ) ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ ҳуқуқ доранд. Ба кормандони Бозрасии нақлиёт гувоҳномаи намунаи муқарраршуда дода мешавад.
10. Шикоят аз болои қарорҳои шӯъбаҳо ва филиалҳои Бозрасии нақлиёт ба Сарбозраси нақлиёт ва аз болои қарорҳои Сарбозраси нақлиёт ба Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.
Нисбати қарорҳои Бозрасии нақлиёт мувофиқи тартиби муқарраршуда ба мақомоти судӣ шикоят кардан мумкин аст.
11. Сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи даромаду хароҷот барои нигоҳдории Бозрасии нақлиёт ва шӯъбаю филиалҳои он бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Маблағҳое, ки Бозрасии нақлиёт аз фаъолияти худ ба даст овардааст, ба фонди ҷумҳуриявии роҳ гузаронида мешаванд.
Таъминоти Бозрасии нақлиёт ва шӯъбаю филиалҳои он аз ҳисоби маблағҳои аз додани лицензияҳо бадастомада сурат мегирад.
12. Шӯъбаҳо ва филиалҳои Бозрасии нақлиёт дар бонкҳо суратҳисоб доранд.
13. Бозрасии нақлиёт ва шӯъбаҳои он дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошанд.
14. Бозрасии нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
15. Низомномаи мазкур ба фаъолияти марбут ба боркашонии байналхалқии автомобилӣ дахл надорад.