Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2002 № 520
тасдиқ шудаааст
Низомномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик"
1.Саридораи геологияи казди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик" (минбаъд-Саридораи "Геологияи тоҷик") мақоми давлатии ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати давлатиро дар идоракунӣ ва танзими омӯзиши геологии қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самаранок истифодабарӣ ва азнавбарқароркунии захираҳои ашёи минералӣ татбиқ ва амалӣ менамояд. Саридораи "Геологляи тоҷик" инчунин мақоми идораи Фонди давлатии қаъри замин ва ахбороти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2.Саридораи "Геолргияи тоҷик" дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3.Саридораи "Геологияи тоҷик" ваколатҳои ба зиммааш гузошташударо ҳам бевосита ва ҳам бо воҳидҳои сохтории худ татбиқ менамояд.
4.Саридораи "Геологияи тоҷик" фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо Ҳукуматҳои ВМБК, вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятию шаҳрвандон амалӣ мегардонад.
5. Вазифаҳои асосии Саридораи "Геологияи тоҷик", дар доираи салоҳияташ чунинанд:
- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, амалӣ гардонидани идоракунии давлатӣ дар соҳаи омӯзиш, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат ба захираҳои ашёи минералӣ ва истифодаи самараноки онҳо равона карда шудаанд;
- мураттаб ва ба таври комплексӣ омухтани қаъри замин ба мақсади азнавбарқароркунии базаи ашеи минералӣ;
- таъмини саривақтии афзоиши захираҳои иктишофшудаи канданиҳои фоиданок;
- назорати соҳавӣ аз болои истифодабарии самаранок ва ҳифзи қаъри замин, инчунин иҷрои қонунгузорӣ оид ба истифодабарии қаър;
- пеш бурдани системаи ягонаи фонди ахбороти геологӣ;
- дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии литсензияҳое, ки барои ҳамаи намудҳои истифодабарии қаър мақомоти салоҳиятдор бо тартиби муқарраршуда медиҳанд;
- баҳисобгириии давлатии қатъаҳои қаъри замин, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминӣ истифода гардида ба истихроҷи канданиҳои фоиданок дахл надораад;
- бақайд ва баҳисобгирии давлатии корҳои ба омӯзиши геологии қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон равоншуда, корҳои мувофиқи шартномаҳои байнидавлатӣ иҷрошаванда, инчунин ҳамаи корҳои ба истифодабарии қаър дахлдошта, қатъи назар аз манбаи маблағгузории онҳо;
- ҳифзи қаъри замин ва муҳити атроф дар мавриди омӯзиши геологӣ;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ оид ба омӯзиши геолгии қаъри замин;
- ҳамоҳагсозӣ ва кӯмаки машваратӣ дар фаъолияти дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои омӯзиши геологии қаъри замин, азнавбарқароркунӣ ва истифодаи захираҳои ашёи минералӣ;
- баҳодиҳии комплексӣ ва дурнамосозии ҳолати инженерӣ-геологӣ ва гидрометриологии муҳити атроф, истифодабарии захираҳои табиӣ ва мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ахбори лозими таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ;
- дар доираи салоҳияти муқарраршуда ва бо ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар ҳамоҳангсозӣ ва ташкили иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои
- бо иштироки мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои таъсири истихроҷи як намуди ашёи минералиро ба ҳолати дигар намудҳои захираҳои ашёи минералӣ муайян намуда, шароити аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки истифодаи самараноку комплексии захираҳои табииро муайян менамояд;
- мониторинги давлатии ҳолати қаъри заминро амалӣ мегардонад, тартиби иҷрои онро муайян намуда, дар кори амалӣ гардонидани мониторинги давлатии ҳолати дигар намудҳои захираҳои табиӣ, бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ширкат меварзад;
- бо тартиби муқарраргардида дар кори мақомоти назораткунанда барои амалӣ гардондани назорати давлатии омӯзиши геологӣ, истифодаи самаранок ва ҳифзи қаъри замин иштирок менамояд;
- фонди давлатии захираҳои иттилоотиро, ки маълумотро оид ба ҳолати базаи ашёи минералии иқтисодиёти мамлакат дар бар мегирад, гирд меоварад;
- бо тартиби муқарраргардида истифодабарии ин ахборро танзим медиҳад, таҳияи гузоришҳои давлатиро оид ба ҳолат ва истифодабарии захираҳои ашёи минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;
- дар ҳудуди салоҳиятҳои муқарраргардида ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаи истифодаи қаъри замин амалӣ мегардонад, бо тартиби муқарраргардида шартномаҳои дахлдорро мебандад ва ӯҳдадориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ин шартномаҳо иҷро менамояд;
- экспертизаи ҳисоботҳои геологӣ, лоиҳаҳоро оид ба иктишофи захираҳои канданиҳои фоиданок ва хусусиятҳои дигари муайянкунандаи аҳамияти қаъри заминро мегузаронад;
- ташкил ва пеш бурдани Хадамоти давлатии назоратро аз болои равандҳои хатарноки геологӣ ба амал мебарорад, шабакаи минтақавиро оид ба омӯзиши режим, баланси обҳои зеризаминӣ, муайянкунии манбаъҳои ифлоскунандаи обҳои зеризаминӣ, ташкил медиҳад;
- омӯзиши давлатии геологии қаъри замини масоҳати ҷумҳуриро таъмин менамояд;
- бо мақсади бо захираҳои ашёи минералӣ қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат, стратегия ва самтҳои асосии азнавбарқароркунии базаи ашёи минералиро таҳия менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ татбиқи тартиби давлатии литсензиядиҳиро барои истифодаи қаъри замин ташкил менамояд, гузаронидани озмунҳо ва музоядаҳоро барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин, бо тартиби муқарраргардида додани литсензияҳо барои истифодаи қаъри замин, бақайдгирии онҳоро ташкил менамояд;
- асоси усулҳои муқаррарнамудаи Саридораи "Геологияи тоҷик" баҳодиҳии геологию иқтисодии конҳои канданиҳои фоиданокро таъмин менамояд;
- барои тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон классификатсияи захираҳои кандании фоиданокро пешинҳод менамояд ва дар асоси он тартибдиҳӣ ва иҷрои баланси давлатии захираҳои канданиҳои фоиданокро ташкил менамояд;
- тартиби ба баланси давлатӣ гузоштани захираҳо ва бо мувофиқаи мақомоти назорати давлатии корҳои кӯҳкорӣ тартиби аз баланси давлатӣ хориҷ кардани захираҳои канданиҳои фоиданокро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти Фонди давлатии иттилооти геологиро оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бонки ахборотро оид ба масоили истифодабарии қаър таъмин менамояд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби гирдоварӣ, таҳлил, ҳифз, бақайдгирӣ ва шартҳои истифодабарии ахбороти геологиро оид ба қаъри замин муайян менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар қабули иҷозатнома барои аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани ахборот оид ба қаъри замин, инчунин маводи коллексионии минералогӣ, пилеонтологӣ, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ ва маснуоти аз онҳо тайёршуда, иштирок менамояд;
- номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмӯлро муайян ва барои тасдиқ намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- корҳои бо тартиби муқарраргардида тартиб додан ва ба нашр расоидани харитаҳои давлатии геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ, гидрогеологӣ, инженерӣ-геологӣ, геоэкологӣ ва дигар харитаҳои мазмуни геологӣ доштаро ташкил менамояд;
- бо тартиби муқарраршуда барои бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намудани кашшофон ва иктишофгарони конҳои канданиҳои фоиданок, ташхис намудани нишонаҳои конҳои канданиҳои фоиданок, ҳуҷҷатҳо пешниҳод менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида маблағҳои аз буҷети давлатӣ барои омӯзиши геологии қаъри замин ҷудокардашуда, аз он ҷумла маблағҳои фондҳои махсуси буҷетиро, ки барои чорабиниҳо дар соҳаи омӯзиш, истифодабарию ҳифз ва азнавбарқароркунии базаи ашёи минералии давлат равон карда шудаанд, тақсим менамояд;
-аз рӯи зарурат ва бо тартиби муқарраршуда воҳидҳои сохтории худро ташкил, такмил, барҳам медиҳад, оинномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд, аттестатсияи роҳбарони онҳоро ташкил менамояд;
- роҳбарии методиро ба сохторҳои тобеи худ дар масъалаҳои ҳисоботбарии бухгалтерӣ ва ҳисобот анҷом дода, ҳисоботи ҷамъбастӣ тартиб медиҳад ва ба органҳои дахлдор пешниҳод менамояд;
- омӯзиш ва бозомӯзию баланд бардоштани ихтисоси кадрҳоро дар соҳа ташкил ва таъмин месозад;
- чорабиниҳоро оид ба такмил додани муносибатҳои меҳнатӣ, ҳимояи иҷтимоии кормандони соҳа таҳия ва амалӣ мегардонад;
- Саридораи "Геологияи Тоҷик" ба ӯҳдадориҳои худ бо моликияти дар ихтиёраш буда, ки мувофиқи қонунгузорӣ онро ситонидан мумкин аст, ҷавобгар мебошад;
- дигар функсияҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом медиҳад;
7. Саридораи "Геологияи тоҷик" дар доираи салоҳияташ ҳуқуқ дорад, ки:
- аз мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, шахсони ҳуқуқию воқеӣ оид ба масъалаҳои дар салоҳияти Саридораи "Геологияи тоҷик" буда, маълумот талаб намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти барои ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин литсензия дода ва ба мақомотҳои назоратӣ, оид ба қатъ кардан, боздоштан ё маҳдуд кардани ҳуқуқи қаъристифодабарандагоне, ки истифодаи участкаҳои қаъри замин, обҳои зеризаминӣ, фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти худро бо вайронкунии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, таклифҳо пешниҳод намояд;
- дар соҳаи истифодабарии қаър аз рӯи масъалаҳои дар доираи салоҳияти Саридораи "Геологияи тоҷик" буда, назорати соҳавӣ барад;
- парвандҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд ва мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар масъалаҳои марбут ба назорати ҳифзи обҳои зеризаминӣ ҷазои маъмурӣ диҳад;
- бо тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяннамуда, ҳуҷҷатҳоро доир ба вайронкуниҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии қаъри замин ва дигар қонуншиканиҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ фиристад.
8. Қарори Саридораи "Геологияи тоҷик" оид ба истифодабарии қаъри замин, сохторҳои тобеи он, ки дар доираи салоҳияташон қабул карда шудааст, барои корхонаҳои қаъристифодабаранда, ташкилот ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
9. Саридораи "Геологияи тоҷик"-ро Сардор сарварӣ мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Сардор муовинҳо дорад, ки онҳоро бо пешниҳоди Сардор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
10. Сардори Саридраи "Геологияи тоҷик":
- ба фаъолияти Саридораи "Геологияи тоҷик" дар асоси яккасардорӣ сарварӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Саридораи "Геологияи тоҷик" вогузоршуда ва амалӣ гардондани функсияҳои он масъулияти шахсӣ дорад;
- вазифаҳоро байни муовинон тақсим мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои дар доираи салоҳиятиСаридораи "Геологияи тоҷик" буда, пешниҳод мекунад;
- вазифаю масъулияти роҳбарони воҳидҳои сохториро муқаррар ва муайян мекунад;
- дар доираи салоҳиятҳои худ номгӯи маълумоти ба сирри давлатӣ мансуб бударо муайян мекунад;
- сохтор ва ҷадвали штатҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ, сметаи хароҷотҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
- оиннома ва низомномаҳои воҳидҳои сохториро тасдиқ менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони номенклатурии воҳидҳои сохториро ба кор таъин ва аз кор озод мекунад, бо онҳо қарордод мебандад, қарордодҳоро тағйир медиҳад ё қатъ мегардонад, вазифаҳои хизматии онҳоро муайян менамояд;
- бо тартиби муайянгардида кормандони намёонро барои гирифтани унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад ва тадбирҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавиро меандешад, бо тартиби муайянгардида мукофотҳои соҳавӣ таъсис медиҳад, низомномаю тасвири ин мукофотҳоро тасдиқ менамояд, кормандонро бо нишонҳои фахрии соҳавӣ, ифтихорномаҳо сарфароз мегардонад;
11. Дар Саридораи "Геологияи тоҷик" Шӯрои роҳбарон, дар ҳайати сардори Саридораи "Геологияи тоҷик" (раиси Шӯро), муовинони сардор, ки аз рӯи вазифаашон ба ҳайати Шӯро дохи мешаванд, амал менамояд. Ба ҳайати Шӯро инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеъ, иттифоқи касаба, олимон ва мутахассисон аъзо буда метавонанд. Шумора ва ҳайати Шӯроро, ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, сардори Саридораи "Геологияи тоҷик" тасдиқ менамояд. Шӯро дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии фаъолияти Саридораи "Геологияи тоҷик"-ро муҳокима мекунад; қарори Шӯро бо аксарияти овозҳои аъзои Шӯро қабул карда мешавад, дар шакли қарору протоколҳо сабт мегардад ва бо фармони сардор ба расмият дароварда мешавад;
12. Дар Саридораи "Геологияи тоҷик" Шӯроҳои илмӣ-техникӣ, экспертӣ ва дигар Шӯроҳо, комиссияҳои муваққатии корӣ амал карда метавонанд; Ҳайати Шӯроҳои номбурда ва низомномаҳои онҳоро сардор тасдиқ менамояд.
13. Саридораи "Геологияи тоҷик" дар доираи салоҳияти худ мувофиқи тартиби муқарраргардида фармонҳо, супоришҳо, тартибот, адабиёти геологию методӣ, дастурҳо ва низомномаҳо (дар мавридҳои зарурӣ, бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия) интишор, медиҳад, супоришҳо медиҳад, иҷрои онҳоро назорат мекунад.
14. Маблағгузории фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳои оператсионии буҷети давлатӣ, аз рӯи нақшаҳои тасдиқшудаи омӯзиши геологии қаъри замин ва рушди заминаи ашёи минералии иқтисодиёти мамлакат, инчунин аз манбаъҳои корҳои шартномавӣ сурат мегирад.
15. Саридораи "Геологияи тоҷик" шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисоб дар муассисаҳои бонкӣ, бланк ва мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.