Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 215
тасдиқ шудааст
Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.01.2014 № 57, аз 8.07.2017 № 342, аз 31.08.2020 № 487, аз 28.03.2022 № 129)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (минбаъд Академия) муассисаи давлатии худидораи илмӣ буда, дар фаъолияти худ ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методии рушди тадқиқотҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари дастовардҳои илм ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисосро таъмин менамояд.
2. Академия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшударо ба роҳбарӣ мегирад .
3. Академия шахси ҳуқуқӣ мебошад. Номи пурраи муассиса Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва номи мухтасари он АИКТ аст.
4. Муассиси Академия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Муассис) мебошад.
5. Академия ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзӣ шомил буда, дар робитаи наздик бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, мавзӯъҳои тадқиқотиро бо он мувофиқа менамояд, бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳо ва дигар идораҳо ҳамоҳанг месозад
6. Академия фаъолияти худро тибқи вазифаҳои умумӣ оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ анҷом медиҳад ва ҳар сол аз фаъолияти худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.
7. Ба системаи Академия институтҳо, марказҳои илмӣ, филиалҳо, стансияҳо, пойгоҳҳо, намояндагиҳо, шӯъбаҳо, (лабараторияҳо), китобхона, осорхона, матбаа, бойгонӣ ва корхонаву хоҷагиҳои таҷрибавӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун таъсис ёфтаанд, дохил мешаванд .
8. Нишона ва маҳалаи ҷойгиршавии АИКТ-734025 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21а .
II. Мақсадҳо, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти Академия
9. Мақсади асосии Академия бо дастовардҳои илмӣ таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муттаҳид кардани кӯшишҳои аъзои ҳақиқӣ ва аъзои вобаста, олимони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва дигар ташкилотҳои илмию техникӣ дар ҳалли масъалаҳои илмии бо озуқа таъмин намудани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ашёи хом таъмин намудани соҳаи саноат ва ҳамоҳангсозии тадқиқоти афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ мебошад .
10. Вазифаҳои асосии Академия иборатанд аз:
- мусоидат ба рушди самтҳои афзалиятноки тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ки боиси пешрафти илмию техникии соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи пурсамари дастовардҳои илм, техника, технологияи навтарин ва таҷрибаи пешқадам мегарданд;
- офаридани навъҳои нав ва гибридҳои сермаҳсули зироатҳо, зотҳо, типҳо, авлодҳо, гибридҳо ва кроссҳои чорво, парранда, моҳӣ, занбӯри асал, кирмаки пилла, тарҳрезии барномаҳои мукаммалсозии минбаъдаи онҳо бо истифодаи усулҳои биотехнологӣ, муҳандисии генӣ ва ҳуҷайравӣ, воситаҳои нави ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асал, технологияи нави тадқиқоти илмӣ, усулҳои самараноки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва нигоҳдории онҳо ;
- таҳияи асосҳои илмии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва офаридани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ;
- таҳияи асосҳои илмии истеҳсолу коркарди хӯроки чорво, такмили меъёр ва усулҳои хӯрокдиҳӣ, технологияи парвариш ва нигоҳубини чорво, парранда ва ғайра;
- такмили усул ва корҳои селексионию зотпарварӣ, беҳтар намудани сифати таркибии зоти чорво ва афзоиши он;
- таҳияи низоми ҳифзи растаниҳо ва чорво аз касалиҳо ва зараррасонандаҳо дар асоси дастовардҳои муосири илму техника;
- таҳияи низоми аз эпизоотия эмин нигоҳ доштани мамлакат, ҳифзи аҳолӣ аз касалиҳое, ки барои одам ва ҳайвонот умумӣ мебошанд;
- таҳияи асосҳои илмии истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии хок, мубориза бо эрозия, ботлоқшавӣ ва шӯршавии хок;
- таҳия ва такмили усулҳои ғизогирии растаниҳо, баланд бардоштани самаранокии истифодаи нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ва паст намудани таъсири манфии онҳо ба сифати маҳсулот ва муҳити зист ;
- таҳия ва такмили мошинҳо барои механиконӣ, барқикунонию автоматикунонии кишоварзӣ ва усулҳои истифодаи самараноки онҳо;
- гузаронидани тадқиқотҳо оид ба проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот, такмили механизми хоҷагидорӣ, интегратсияи истеҳсолоти кишоварзӣ бо саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, таҷдиди шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ;
- баррасии масъалаҳои баҳодиҳии иқтисодии иқтидорҳои захиравӣ;
- тайёр намудани кадрҳои илмии тахассуси олӣ (докторҳо ва номзадҳои илм, магистрҳо ва докторҳо аз рӯи ихтисос) ;
- омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илми ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати истифодаи онҳо дар рушди истеҳсолоти кишоварзӣ;
- таъмини шароити зарурии корӣ ва маишии олимону кормандон барои фаъолияти пурсамари онҳо.
11. Барои иҷрои вазифаҳои зикршуда Академия дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- самтҳои асосии стратегияи пешрафти илмию техникии соҳаи кишоварзиро муайян намуда, консепсияҳои илмӣ ва дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии онро таҳия менамояд;
- барномаҳои ҷумҳуриявии илмию техникиро оид ба ҳалли проблемаҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодиёти инфрасохтори он таҳия ва ҳамоҳанг месозад;
- нақша ва барномаҳои ҳамкории илмию техникиро бо кишварҳои хориҷӣ оид ба проблемаҳои соҳаи кишоварзӣ таҳия ва татбиқ менамояд;
- тарбия ва бозомӯзии кадрҳои илмиро дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил мекунад;
- ҷиҳати баррасии проблемаҳои илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ семинарҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо ва маҷлисҳо доир менамояд;
- ба тарғиби дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам ва татбиқи онҳо дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҳамаҷониба мусоидат мекунад;
- бо академияҳои илмҳои кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои илмӣ ва илмию техникӣ, шӯроҳои проблемавӣ, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва ташкилотҳои дахлдор робитаҳои илмӣ барқарор месозад;
- робитаҳои илмиро бо ташкилотҳои илмии кишоварзии мамлакатҳои хориҷӣ инкишоф медиҳад, дар конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо ва маҷлисҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат менамояд, ба ташкилотҳои илмии байналмилалӣ шомил мешавад;
- шӯроҳои илмӣ ва коллективҳои муваққатии эҷодиро бобати ҳалли проблемаҳои комплексӣ дар соҳаи илми кишоварзӣ ва ҷорӣ кардани натиҷаҳои илмӣ дар амалия ташкил мекунад;
- аз ҳисоби маблағҳои шартномавии воридшуда барои асарҳои барҷастаи илмӣ, кашфиёти илмӣ, ихтироъкорӣ мукофотҳо таъсис медиҳад ва месупорад;
- асарҳои илмӣ ва маҷаллаҳои илмиро нашр мекунад;
- лоиҳаҳои нақшаҳои маблағгузорӣ, таъмини моддию техникӣ ва сармоягузориҳоеро, ки ба рушди тадқиқоти илмии соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд, бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд.
III. Ҳайати Академия, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо
12. Академия аъзои вобаста ва аъзои пайваста (академикҳо), аъзои хориҷӣ, кормандони илмӣ ва мутахассисонеро, ки дар ташкилотҳои тобеи Академия фаъолият менамоянд, муттаҳид месозад .
13. Интихоби аъзои вобаста ва аъзои пайвастаи (академики) Академия дар асоси Оинномаи мазкур ва Низомнома дар бораи интихоби аъзои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гузаронида мешавад .
14. Шумораи умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раёсати Академия муайян мекунад. Интихоби аъзои пайваста (академик) ва аъзои вобастаи Академия на камтар аз як маротиба дар се сол дар доираи ҷойҳои холии мавҷуда ва ё ҷойҳои наве, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон муқаррар мекунад, гузаронида мешавад .
15. Ба ҳайси аъзои пайвастаи (академикҳои) Академия олимони варзида аз ҷумлаи аъзои вобаста, ки илмро бо тадқиқоти бунёдӣ ғанӣ гардондаанд, дар тадқиқи масъалаҳои рушди илми соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ фаъолона ширкат намудаанд, интихоб карда мешаванд .
16. Аъзои вобастаи Академия, аз ҷумлаи докторҳои илм, ки дар таъмини рушди илми соҳаи кишоварзӣ саҳми бузург дошта, дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ фаъолона ширкат намудаанд, интихоб карда мешаванд.
17. Олимони барҷастаи хориҷие, ки ба рушду таҳкими илми кишоварзии ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, ба ҳайси аъзои хориҷии Академия интихоб карда мешаванд.
18. Аъзои вобаста ва аъзои пайвастаи (академики) Академия ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зерин доранд:
- якумра аъзои Академия интихоб шаванд;
- ба баррасии Раёсати Академия ва Маҷлиси умумӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ доир ба масъалаҳои илмию созмондиҳӣ таклифҳо пешниҳод намоянд;
- мувофиқи ихтисоси худ аъзои яке аз шӯроҳои илмии Академия бошанд;
- аз хизматрасонии муассисаи маркази тиббии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;
- бо кашфиёту дастовардҳои нави худ илми кишоварзиро ғанӣ гардонанд, масъалаҳои муҳими рушди илми соҳаро ҳал ва супоришҳои алоҳидаи Раёсати Академияро иҷро намоянд;
- доир ба фаъолияти солона ва панҷсолаи худ дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи рушди соҳаи илме, ки онҳо намояндагӣ мекунад, ба Раёсати Академия ҳисобот пешниҳод намоянд .
IV. Мақомоти роҳбарикунандаи Академия
19. Маҷлиси умумии Академия мақоми олии Академия мебошад ва ба ҳайати он аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия дохил мешаванд .
20. Маҷлиси умумии Академия:
- масъалаҳои пешрафти илми соҳаи кишоварзиро муҳокима менамояд;
- ҳисоботи солонаи фаъолияти Раёсати Академия ва ташкилотҳои тобеи онро тасдиқ мекунад;
- ҳисоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияро мешунавад ;
- лоиҳаи Оинномаи Академия ва тағйиру иловаҳо ба онро муҳокима намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ;
- аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста ва аъзои хориҷии Академияро интихоб мекунад .
21. Маҷлиси умумии Академия дар сурате ба қабул намудани қарорҳо салоҳиятнок аст, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аъзои пайваста ва аъзои вобаста мувофиқи рӯйхат ҳузур дошта бошанд .
Қарорҳо дар Маҷлиси умумии Академия, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки мувофиқи ҳамин Оиннома барои қабули қарорҳо на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо зарур аст, бо аксарияти овозҳои аъзои ҳузурдошта қабул карда мешаванд.
22. Маҷлиси умумии Академия ба қадри зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
23. Раёсати Академия мақоми доимоамалкунандаи он мебошад. Раёсат аз Президент, ноиби президент, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои Раёсат 6а миқдоре, ки Маҷлиси умумии Академия муайян менамояд, иборат аст.
Президент, ноиби президент, саркотиби илмӣ аз рӯи вазифа аъзои Раёсат буда, дигар аъзоёни Раёсат дар Маҷлиси умумии Академия аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия интихоб карда мешаванд .
24. Ба аъзои Академия ва кормандони ташкилотҳои тобеи он шароити пардохти музди меҳнат, хизматрасонии тиббӣ ва дигар намудҳои хизматрасоние, ки барои категорияҳои дахлдори кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, татбиқ мегарданд
25. Раёсати Академия иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии Академияро таъмин менамояд. Раёсати Академия дар фаъолияти худ ба Маҷлиси умумии Академия тобеъ аст. Раёсат доир ба иҷрои қарорҳои муҳимтарини дар давраи байни маҷлисҳои умумии солона қабулкардааш ва дар ҳар мӯҳлати аз нав интихоб шудан оид ба фаъолияти панҷсолаи худ ба Маҷлиси умумӣ ҳисобот медиҳад.
26. Раёсати Академия:
- маҷлиси умумии Академияро даъват мекунад;
- самтҳои афзалиятнокро дар илм муайян мекунад, банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методӣ ба тадқиқот, тақсимот ва якҷоя намудани нерӯҳои илмӣ ва маблағҳоро барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории соҳаҳои дахлдори кишоварзӣ таъмин менамояд;
- роҳбарии илмӣ ва илмию ташкилии ташкилотҳои тобеи Академияро анҷом медиҳад;
- иҷрои нақшаҳои корҳои илмию тадқиқотиро дар ташкилотҳои тобеи Академия назорат мекунад;
- самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои тобеи Академияро муайян менамояд;
- ба кори тарбияи кадрҳои илмӣ ва такмили ихтисоси онҳо роҳбарӣ мекунад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо дар соҳаи илми кишоварзӣ, моликияти зеҳнӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба сиёсати илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, иштирок мекунад;
- ҳисоботи роҳбарони ташкилотҳои тобеи Академияро дар бораи корҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳо мешунавад;
- оид ба масъалаҳои муҳимтарини рушди илми соҳаи кишоварзӣ шӯроҳо ва комиссияҳо таъсис медиҳад ва ҳайати онҳоро тасдиқ мекунад;
- дар бобати таъмини истифодаи натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ дар истеҳсолот тадбирҳо меандешад;
- шӯрои илмию нашриётӣ ташкил медиҳад ва фаъолияти нашриявиро назорат менамояд;
- барои корҳои бузургу кашфиёти илмӣ, ихтироот ва ғайра ҷоизаҳо медиҳад;
- доир ба ташкили шӯроҳои ҳимояи рисолаҳо пешниҳодҳо манзур менамояд;
- ҳисоботи солона ва панҷсоларо оид ба фаъолияти Академия ба баррасӣ ва тасдиқи Маҷлиси умумии Академия пешниҳод мекунад;
- дар хусуси таъсисдиҳӣ ё барҳамдиҳии ташкилотҳои тобеи Академия, қатъи фаъолияти филиалҳои онҳо, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- маводҳои конференсияҳои илмӣ, маҷмӯаҳои корҳои илмӣ, монографияҳо, тавсияномаҳо ва дастурҳои методиро интишор медиҳад;
- ҳайати шӯроҳои илмии ташкилотҳои тобеи Академияро тасдиқ мекунад;
- бо марказҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ робитаҳои илмӣ барқарор менамояд;
- лоиҳаи нақшаҳои маблағгузориро, ки ба рушди ташкилотҳои Академия равона карда шудаанд, таҳия мекунад ва ба мақомоти дастурдиҳанда пешниҳод менамояд;
- ҳисоботи ҷамъбасти ва тавозунҳои ташкилотҳои тобеи Академияро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
- дар хусуси ҷудо кардани маблағҳои буҷетӣ барои иҷрои корҳои илмии бунёдӣ ва амалии афзалиятнок пешниҳодҳо манзур месозад;
27. Раёсати Академия дастгоҳи марказӣ дорад, ки дар асоси Низомномаи аз тарафи Раёсати Академия тасдиқгардидаи он фаъолият мекунад.
28. Ба Академия Президент роҳбарӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад. Президенти Академия:
- ба фаъолияти Академия роҳбарӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академия гузошташуда шахсан масъул аст;
- дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассосиатсияҳо, иттифоқҳо Академияро намояндагӣ менамояд;
- ба кори Раёсати Академия роҳбарӣ намуда, дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;
- дар Маҷлиси умумии Академия раисӣ мекунад;
- дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ, илмию тадқиқотии Академия ҳисобот пешниҳод мекунад;
- вазифаҳоро байни Президент, ноиби президент, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои Раёсат тақсим менамояд;
- оинномаҳои ташкилотҳои тобеи Академияро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, тасдиқ мекунад;
- тақсимкунандаи кредитҳо мебошад;
- ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо роҳбарӣ менамояд;
- ноиби президент, саркотиби илмӣ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва илмию истеҳсолии Академияро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- ба ҷадвали воҳидҳои кории Раёсат ва ташкилотҳои тобеи Академия тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
V. Муассисаву ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва хоҷагиҳои таҷрибавии Академия
29. Дар тобеияти Академия муассисаву ташкилотҳои илмӣ ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ дар шакли ташкиливу ҳуқуқии муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд ва минбаъд метавонанд дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, марказҳои илмӣ ва инноватсионӣ, татбиқи дастовардҳои илм, хизматрасонӣ ва технопаркҳо таъсис дода шаванд. Роҳбарони ин муассисаву ташкилотҳои тобеи Академия директорон мебошанд .
Муовинони директорон, сармуҳосибон ва котибони илмӣ бо пешниҳоди роҳбарони муассисаҳои илмӣ аз ҷониби Президенти Академия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Роҳбарони филиалҳо, стансияҳо ва хоҷагиҳои таҷрибавии муассисаҳои илмӣ ва илмию истеҳсолиро бо пешниҳоди директорони онҳо Президенти Академия ба вазифа таъин ва озод мекунад .
30. Ташкилотҳои тобеи Академия дар асоси оиннома ва ё низомномае, ки аз тарафи Раёсати Академия тасдиқ гардидааст, фаъолият мекунанд .
31. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои тобеи Академия муассиси ташкилотҳои дигари дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ ва филиалу намояндагиҳо буда метавонанд.
32. Нақшаҳои дурнамо ва истеҳсолию молиявии ташкилотҳои тобеи Академия аз тарафи Раёсати Академия тасдиқ карда мешаванд.
VI. Ҳуқуқҳои махсуси Академия
33. Академия ҳуқуқ дорад:
- унвонҳои зерини илмии академӣ диҳад:
а) академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
б) аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
- унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳо таъсис намояд
- бо тартиби муқарраршуда оид ба масъалаҳои фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ бо пешниҳодҳо муроҷиат намояд;
- сохтор ва ҷадвали вазифаҳои хизматии дастгоҳи Раёсат, ташкилотҳои тобеи Академияро дар доираи маблағҳои ҷудошуда тасдиқ кунад;
- фонди рушди илми кишоварзиро таъсис намуда, маблағгузории онро аз ҳисоби даромадҳои ғайрибуҷетии муассисаҳои илмӣ ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ, грантҳои фондҳои байналмилалӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ намояд ;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ташкилотҳои нав ва ё барҳам додани ташкилотҳои тобеи худ пешниҳод ирсол намояд ;
- оинномаҳо ва низомномаҳои ташкилотҳои тобеъро тасдиқ кунад;
- тибқи тартиби муқарраршуда бо ташкилотҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар мубодилаи маводи нашриявиро анҷом диҳад;
- мутобиқи қонунгузории ҷорӣ аз кишварҳои хориҷӣ китобҳо, харитаҳо, намунаҳои тухмӣ ва растаниҳо, ҷанинҳои яхкунонидашуда ва нутфаи ҳайвонот, реактивҳои кимиёвӣ, асбобҳо, таҷҳизот, мошинҳо ва дигар маводеро, ки барои корҳои илмию тадқиқотӣ заруранд, ворид намояд;
- тибқи мӯҳлатҳои муайянкардаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастнависҳои олимон, маводи бойгонии Академия, ташкилотҳои тобеи он ва дигар аснодеро, ки барои таърихи илми кишоварзӣ дорои аҳамият мебошанд, маҳфуз дорад.
34. Академия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, бланкҳо, мӯҳрҳо ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.
35. Додани унвонҳо ба аъзои Академия аз рӯи натиҷаи интихобот, ки мувофиқи Низомномаи Академия гузаронида мешавад, сурат мегирад. Ба академикҳо ва аъзои вобастаи Академия, инчунин ба нафақахӯроне, ки ин унвонҳоро доранд, иловапулии ҳармоҳае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, муқаррар карда мешавад.
VII.Тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академия
36. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академия тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 215
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Роҳбарият
Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ
Шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ
Шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 215
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Институти зироаткорӣ
Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ
Институти хокшиносӣ ва агрохимия Институти чорводорӣ ва чарогоҳ
Институти тибби ветеринарӣ
Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ
Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология
Маркази миллии захираҳои генетикӣ
Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ
Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ
Маркази илмии кишоварзии Помир
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 215
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои тобеи муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Институти зироаткорӣ
Филиал дар вилояти Суғд
Филиал дар вилояти Хатлон
Стансияи таҷрибавии Панҷакент
Хоҷагии таҷрибавии "Зироаткор"
Хоҷагии таҷрибавии "Зарнисор"
Стансияи минтақавии таҷрибавии кишоварзии Данғара
Пойгоҳи Суғдиён
Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ
Филиал дар вилояти Суғд
Стансияи таҷрибавии Файзобод
Хоҷагии таҷрибавии Сунбула
Хоҷагии таҷрибавии Мӯъминобод
Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ
Пойгоҳи Лахш
Пойгоҳи Ашт
Пойгоҳи Исфара
Пойгоҳи Сомғор
Институти хокшиносӣ ва агрохимия
Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд
Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахш
Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (бо қитъаҳои таҷрибавии Карсанг дар ноҳияи Файзобод, Тангаӣ дар шаҳри Ваҳдат ва Хоҷа Оби Гарм дар ноҳияи Варзоб)
Пойгоҳи Хуросон
Институти чорводорӣ ва чарогоҳ
Филиал дар вилояти Суғд
Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво
Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ
Пойгоҳи таҷрибавии Навбаҳор дар шаҳри Душанбе
Пойгоҳи таҷрибавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 215
тасдиқ шудааст
Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.01.2014 № 57)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (минбаъд Академия) муассисаи давлатии худидораи илмӣ буда, дар фаъолияти худ ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методии рушди тадқиқотҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари дастовардҳои илм ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисосро таъмин менамояд.
2. Академия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшударо ба роҳбарӣ мегирад.
3. Академия шахси ҳуқуқӣ мебошад. Номи пурраи муассиса Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва номи мухтасари он АИКТ аст.
4. Муассиси Академия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Муассис) мебошад.
5. Академия ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзӣ шомил буда, дар робитаи наздик бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, мавзӯъҳои тадқиқотиро бо он мувофиқа менамояд, бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва дигар идораҳо ҳамоҳанг месозад.
6. Академия фаъолияти худро тибқи вазифаҳои умумӣ оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ анҷом медиҳад ва ҳар сол аз фаъолияти худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.
7. Ба системаи Академия институтҳо, марказҳои илмӣ, филиалҳо, стансияҳо, намояндагиҳо, шӯъбаҳо, (лабараторияҳо), китобхона, осорхона, матбаа, бойгонӣ ва корхонаву хоҷагиҳои истеҳсолӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун таъсис ёфтаанд, дохил мешаванд.
8. Нишона ва маҳалаи ҷойгиршавии АИКТ-734025 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 44.
II. Мақсадҳо, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти Академия
9. Мақсади асосии Академия бо дастовардҳои илмӣ таъмин намудани соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муттаҳид кардани кӯшишҳои аъзои ҳақиқӣ ва аъзои вобаста, олимони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва дигар ташкилотҳои илмию техникӣ дар ҳалли масъалаҳои илмии бо озуқа таъмин намудани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ашёи хом таъмин намудани соҳаи саноат ва ҳамоҳангсозии тадқиқоти афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ мебошад.
10. Вазифаҳои асосии Академия иборатанд аз:
- мусоидат ба рушди самтҳои афзалиятноки тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ки боиси пешрафти илмию техникии соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи пурсамари дастовардҳои илм, техника, технологияи навтарин ва таҷрибаи пешқадам мегарданд;
- офаридани навъҳои нав ва гибридҳои сермаҳсули зироатҳо, зотҳо, типҳо, авлодҳо, гибридҳо ва кроссҳои чорво, парранда, занбӯри асал, кирмаки пилла, тарҳрезии барномаҳои мукаммалсозии минбаъдаи онҳо бо истифодаи усулҳои биотехнологӣ, муҳандисии генӣ ва ҳуҷайравӣ, воситаҳои нави ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои чорво, парранда ва занбӯри асал, технологияи нави тадқиқоти илмӣ, усулҳои самараноки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва нигоҳдории онҳо;
- таҳияи асосҳои илмии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва офаридани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ;
- таҳияи асосҳои илмии истеҳсолу коркарди хӯроки чорво, такмили меъёр ва усулҳои хӯрокдиҳӣ, технологияи парвариш ва нигоҳубини чорво, парранда ва ғайра;
- такмили усул ва корҳои селексионию зотпарварӣ, беҳтар намудани сифати таркибии зоти чорво ва афзоиши он;
- таҳияи низоми ҳифзи растаниҳо ва чорво аз касалиҳо ва зараррасонандаҳо дар асоси дастовардҳои муосири илму техника;
- таҳияи низоми аз эпизоотия эмин нигоҳ доштани мамлакат, ҳифзи аҳолӣ аз касалиҳое, ки барои одам ва ҳайвонот умумӣ мебошанд;
- таҳияи асосҳои илмии истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии хок, мубориза бо эрозия, ботлоқшавӣ ва шӯршавии хок;
- таҳия ва такмили усулҳои ғизогирии растаниҳо, баланд бардоштани самаранокии истифодаи нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ва паст намудани таъсири манфии онҳо ба муҳити зист;
- таҳия ва такмили мошинҳо барои механиконӣ, барқикунонию автоматикунонии кишоварзӣ ва усулҳои истифодаи самараноки онҳо;
- гузаронидани тадқиқотҳо оид ба проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот, такмили механизми хоҷагидорӣ, интегратсияи истеҳсолоти кишоварзӣ бо саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, таҷдиди шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ;
- баррасии масъалаҳои баҳодиҳии иқтисодии иқтидорҳои захиравӣ;
- тайёр намудани кадрҳои илмии тахассуси олӣ (докторҳо ва номзадҳои илм);
- омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илми ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати истифодаи онҳо дар рушди истеҳсолоти кишоварзӣ;
- таъмини шароити зарурии корӣ ва маишии олимону кормандон барои фаъолияти пурсамари онҳо.
11. Барои иҷрои вазифаҳои зикршуда Академия дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- самтҳои асосии стратегияи пешрафти илмию техникии соҳаи кишоварзиро муайян намуда, консепсияҳои илмӣ ва дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии онро таҳия менамояд;
- барномаҳои ҷумҳуриявии илмию техникиро оид ба ҳалли проблемаҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодиёти инфрасохтори он таҳия ва ҳамоҳанг месозад;
- нақша ва барномаҳои ҳамкории илмию техникиро бо кишварҳои хориҷӣ оид ба проблемаҳои соҳаи кишоварзӣ таҳия ва татбиқ менамояд;
- тарбия ва бозомӯзии кадрҳои илмиро дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил мекунад;
- ҷиҳати баррасии проблемаҳои илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ семинарҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо ва маҷлисҳо доир менамояд;
- ба тарғиби дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам ва татбиқи онҳо дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҳамаҷониба мусоидат мекунад;
- бо академияҳои илмҳои кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои илмӣ ва илмию техникӣ, шӯроҳои проблемавӣ, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва ташкилотҳои дахлдор робитаҳои илмӣ барқарор месозад;
- робитаҳои илмиро бо ташкилотҳои илмии кишоварзии мамлакатҳои хориҷӣ инкишоф медиҳад, дар конгрессҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо ва маҷлисҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат менамояд, ба ташкилотҳои илмии байналмилалӣ шомил мешавад;
- шӯроҳои илмӣ ва коллективҳои муваққатии эҷодиро бобати ҳалли проблемаҳои комплексӣ дар соҳаи илми кишоварзӣ ва ҷорӣ кардани натиҷаҳои илмӣ дар амалия ташкил мекунад;
- аз ҳисоби маблағҳои шартномавии воридшуда барои асарҳои барҷастаи илмӣ, кашфиёти илмӣ, ихтироъкорӣ мукофотҳо таъсис медиҳад ва месупорад;
- асарҳои илмӣ ва маҷаллаҳои илмиро нашр мекунад;
- лоиҳаҳои нақшаҳои маблағгузорӣ, таъмини моддию техникӣ ва сармоягузориҳоеро, ки ба рушди тадқиқоти илмии соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд, бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд.
III. Ҳайати Академия
12. Академия аъзои ҳақиқӣ (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои хориҷӣ, кормандони илмӣ ва мутахассисонеро, ки дар ташкилотҳои тобеи Академия фаъолият менамоянд, муттаҳид месозад.
13. Ба ҳайати Академия аъзои хақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастае дохил мешаванд, ки дар ташкилотҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ кор мекунанд.
14. Шумораи умумии аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раёсати Академия муайян мекунад. Интихоби аъзои ҳақиқӣ (академик) ва аъзои вобастаи Академия на камтар аз як маротиба дар се сол дар доираи ҷойҳои холии мавҷуда ва ё ҷойҳои наве, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон муқаррар мекунад, гузаронида мешавад.
15. Ба ҳайси аъзои ҳақиқии (академикҳои) Академия олимони варзида аз ҷумлаи аъзои вобаста, ки илмро бо тадқиқоти бунёдӣ ғанӣ гардондаанд, дар тадқиқи масъалаҳои рушди илми соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ фаъолона ширкат намудаанд, интихоб карда мешаванд.
16. Аъзои вобастаи Академия, аз ҷумлаи докторҳои илм, ки дар таъмини рушди илми соҳаи кишоварзӣ саҳми бузург дошта, дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ фаъолона ширкат намудаанд, интихоб карда мешаванд.
17. Олимони барҷастаи хориҷие, ки ба рушду таҳкими илми кишоварзии ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, ба ҳайси аъзои хориҷии Академия интихоб карда мешаванд.
18. Аъзои Академия якумра интихоб карда мешаванд.
IV. Мақомоти роҳбарикунандаи Академия
19. Маҷлиси умумии Академия мақоми олии Академия мебошад ва ба ҳайати он аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия дохил мешаванд.
20. Маҷлиси умумии Академия:
- масъалаҳои пешрафти илми соҳаи кишоварзиро муҳокима менамояд;
- ҳисоботи солонаи фаъолияти Раёсати Академия ва ташкилотҳои тобеи онро тасдиқ мекунад;
- ҳисоботи аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияро мешунавад;
- аъзои ҳақиқӣ (академикҳо), аъзои вобаста ва аъзои хориҷии Академияро интихоб мекунад.
21. Маҷлиси умумии Академия дар сурате ба қабул намудани қарорҳо салоҳиятнок аст, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аъзои ҳақиқӣ ва аъзои вобаста мувофиқи рӯйхат ҳузур дошта бошанд.
Қарорҳо дар Маҷлиси умумии Академия, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки мувофиқи ҳамин Оиннома барои қабули қарорҳо на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо зарур аст, бо аксарияти овозҳои аъзои ҳузурдошта қабул карда мешаванд.
22. Маҷлиси умумии Академия ба қадри зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
23. Раёсати Академия мақоми доимоамалкунандаи он мебошад. Раёсат аз Президент, ноиби президент, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои Раёсат 6а миқдоре, ки Маҷлиси умумии Академия муайян менамояд, иборат аст.
Президент, ноиби президент, саркотиби илмӣ аз рӯи вазифа аъзои Раёсат буда, дигар аъзоёни Раёсат дар Маҷлиси умумии Академия аз ҷумлаи аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академия интихоб карда мешаванд.
24. Ба аъзои Академия ва кормандони ташкилотҳои тобеи он шароити пардохти музди меҳнат, хизматрасонии тиббӣ ва дигар намудҳои хизматрасоние, ки барои категорияҳои дахлдори кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, татбиқ мегарданд.
25. Раёсати Академия иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии Академияро таъмин менамояд. Раёсати Академия дар фаъолияти худ ба Маҷлиси умумии Академия тобеъ аст. Раёсат доир ба иҷрои қарорҳои муҳимтарини дар давраи байни маҷлисҳои умумии солона қабулкардааш ва дар ҳар мӯҳлати аз нав интихоб шудан оид ба фаъолияти панҷсолаи худ ба Маҷлиси умумӣ ҳисобот медиҳад.
26. Раёсати Академия:
- маҷлиси умумии Академияро даъват мекунад;
- самтҳои афзалиятнокро дар илм муайян мекунад, банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методӣ ба тадқиқот, тақсимот ва якҷоя намудани нерӯҳои илмӣ ва маблағҳоро барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории соҳаҳои дахлдори кишоварзӣ таъмин менамояд;
- роҳбарии илмӣ ва илмию ташкилии ташкилотҳои тобеи Академияро анҷом медиҳад;
- иҷрои нақшаҳои корҳои илмию тадқиқотиро дар ташкилотҳои тобеи Академия назорат мекунад;
- самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои тобеи Академияро муайян менамояд;
- ба кори тарбияи кадрҳои илмӣ ва такмили ихтисоси онҳо роҳбарӣ мекунад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо дар соҳаи илми кишоварзӣ, моликияти зеҳнӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба сиёсати илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, иштирок мекунад;
- ҳисоботи роҳбарони ташкилотҳои тобеи Академияро дар бораи корҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳо мешунавад;
- оид ба масъалаҳои муҳимтарини рушди илми соҳаи кишоварзӣ шӯроҳо ва комиссияҳо таъсис медиҳад ва ҳайати онҳоро тасдиқ мекунад;
- дар бобати таъмини истифодаи натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ дар истеҳсолот тадбирҳо меандешад;
- шӯрои илмию нашриётӣ ташкил медиҳад ва фаъолияти нашриявиро назорат менамояд;
- барои корҳои бузургу кашфиёти илмӣ, ихтироот ва ғайра ҷоизаҳо медиҳад;
- доир ба ташкили шӯроҳои ҳимояи рисолаҳо пешниҳодҳо манзур менамояд;
- ҳисоботи солона ва панҷсоларо оид ба фаъолияти Академия ба баррасӣ ва тасдиқи Маҷлиси умумии Академия пешниҳод мекунад;
- дар хусуси таъсисдиҳӣ ё барҳамдиҳии ташкилотҳои тобеи Академия, қатъи фаъолияти филиалҳои онҳо, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- маводҳои конференсияҳои илмӣ, маҷмӯаҳои корҳои илмӣ, монографияҳо, тавсияномаҳо ва дастурҳои методиро интишор медиҳад;
- ҳайати шӯроҳои илмии ташкилотҳои тобеи Академияро тасдиқ мекунад;
- бо марказҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ робитаҳои илмӣ барқарор менамояд;
- лоиҳаи нақшаҳои маблағгузориро, ки ба рушди ташкилотҳои Академия равона карда шудаанд, таҳия мекунад ва ба мақомоти дастурдиҳанда пешниҳод менамояд;
- ҳисоботи ҷамъбасти ва тавозунҳои ташкилотҳои тобеи Академияро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
- дар хусуси ҷудо кардани маблағҳои буҷетӣ барои иҷрои корҳои илмии бунёдӣ ва амалии афзалиятнок пешниҳодҳо манзур месозад;
27. Раёсати Академия дастгоҳи марказӣ дорад, ки дар асоси Низомномаи аз тарафи Раёсати Академия тасдиқгардидаи он фаъолият мекунад.
28. Ба Академия Президент роҳбарӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад. Президенти Академия:
- ба фаъолияти Академия роҳбарӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академия гузошташуда шахсан масъул аст;
- дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассосиатсияҳо, иттифоқҳо Академияро намояндагӣ менамояд;
- ба кори Раёсати Академия роҳбарӣ намуда, дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;
- дар Маҷлиси умумии Академия раисӣ мекунад;
- дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ, илмию тадқиқотии Академия ҳисобот пешниҳод мекунад;
- вазифаҳоро байни Президент, ноиби президент, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои Раёсат тақсим менамояд;
- оинномаҳои ташкилотҳои тобеи Академияро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, тасдиқ мекунад;
- тақсимкунандаи кредитҳо мебошад;
- ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо роҳбарӣ менамояд;
- ноиби президент, саркотиби илмӣ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва илмию истеҳсолии Академияро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- ба ҷадвали воҳидҳои кории Раёсат ва ташкилотҳои тобеи Академия тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
V. Ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва илмию истеҳсолии Академия
29. Дар тобеияти Академия муассисаву ташкилотҳои илмӣ ва илмию иетеҳсолӣ дар шакли ташкиливу ҳуқуқии муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд ва минбаъд метавонанд таъсис дода шаванд. Роҳбарони ин муассисаву ташкилотҳои тобеи Академия директорон мебошанд.
Муовинони директорон, сармуҳосибон ва котибони илмӣ бо пешниҳоди роҳбарони муассисаҳои илмӣ аз ҷониби Президенти Академия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Роҳбарони филиалҳо, стансияҳо ва хоҷагиҳои таҷрибавию истеҳсолии муассисаҳои илмӣ ва илмию истеҳсолиро бо пешниҳоди директорони онҳо Президенти Академия ба вазифа таъин ва озод мекунад.
30. Ташкилотҳои тобеи Академия дар асоси Оинномае, ки аз тарафи Раёсати Академия тасдиқ гардидааст, фаъолият мекунанд.
31. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои тобеи Академия муассиси ташкилотҳои дигари дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ ва филиалу намояндагиҳо буда метавонанд.
32. Нақшаҳои дурнамо ва истеҳсолию молиявии ташкилотҳои тобеи Академия аз тарафи Раёсати Академия тасдиқ карда мешаванд.
VI. Ҳуқуқҳои махсуси Академия
33. Академия ҳуқуқ дорад:
- унвонҳои зерини илмии академӣ диҳад:
а) академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
б) аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
- бо тартиби муқарраршуда оид ба масъалаҳои фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ бо пешниҳодҳо муроҷиат намояд;
- сохтор ва ҷадвали вазифаҳои хизматии дастгоҳи Раёсат, ташкилотҳои тобеи Академияро дар доираи маблағҳои ҷудошуда тасдиқ кунад;
- оинномаҳо ва низомномаҳои ташкилотҳои тобеъро тасдиқ кунад;
- тибқи тартиби муқарраршуда бо ташкилотҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар мубодилаи маводи нашриявиро анҷом диҳад;
- мутобиқи қонунгузории ҷорӣ аз кишварҳои хориҷӣ китобҳо, харитаҳо, намунаҳои тухмӣ ва растаниҳо, ҷанинҳои яхкунонидашуда ва нутфаи ҳайвонот, реактивҳои кимиёвӣ, асбобҳо, таҷҳизот, мошинҳо ва дигар маводеро, ки барои корҳои илмию тадқиқотӣ заруранд, ворид намояд;
- тибқи мӯҳлатҳои муайянкардаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастнависҳои олимон, маводи бойгонии Академия, ташкилотҳои тобеи он ва дигар аснодеро, ки барои таърихи илми кишоварзӣ дорои аҳамият мебошанд, маҳфуз дорад.
34. Академия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, бланкҳо, мӯҳрҳо ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.
35. Додани унвонҳо ба аъзои Академия аз рӯи натиҷаи интихобот, ки мувофиқи Низомномаи Академия гузаронида мешавад, сурат мегирад. Ба академикҳо ва аъзои вобастаи Академия, инчунин ба нафақахӯроне, ки ин унвонҳоро доранд, иловапулии ҳармоҳае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, муқаррар карда мешавад.
VII.Тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академия
36. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академия тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 215
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Шӯъбаи илмию ташкилӣ
3. Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот
4. Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 215
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳои илмӣ ва илмию истеҳсолии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
1. Институти зироаткорӣ
2. Институти боғпарварию сабзавоткорӣ
3. Институти хокшиносӣ
4. Институти чорводорӣ
5. Институти ветеринарӣ
6. Институти иқтисодиёти кишоварзӣ
7. Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ
8. Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир
9. Муассисаи давлатии "Институти масоили амнияти биологӣ" .
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2008 № 215
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои тобеи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Институти зироаткорӣ
1. Филиал дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
2. Филиал дар вилояти Хатлон, ноҳияи Бохтар
3. Стансияи таҷрибавии Панҷакент
4. Хоҷагии таҷрибавии "Зироаткор", ноҳияи Ҳисор
5. Хоҷагии таҷрибавии ба номи Дзержинский, ноҳияи Ҳисор
6. Стансияи таҷрибавии пиллапарварӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Институти боғпарварию сабзавоткорӣ
1. Филиал дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
2. Стансияи таҷрибавии Файзобод
3. Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
4. Хоҷагии таҷрибавии Сунбула, ноҳияи Ҳисор
5. Хоҷагии таҷрибавии Мӯъминобод
6. Хоҷагии таҷрибавии лимупарварӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
7. Пойгоҳи Ҷиргатол
Институти хокшиносӣ
1. Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
2. Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахш, ноҳияи Бохтар
3. Пойгоҳи Файзобод
4. Пойгоҳи Ваҳдат
5. Пойгоҳи Хуросон
Институти чорводорӣ
1. Филиал дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
2. Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво, ноҳияи Рудакӣ