Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
б) дар банди 7 пас аз калима ва аломати "стансияҳо," калима ва аломати "пойгоҳҳо," илова ва калимаи "истеҳсолӣ" ба калимаи "таҷрибавӣ" иваз карда шавад;
в) дар банди 8 рақами "44" ба рақам ва ҳарфи "21а" иваз карда шавад;
г) дар банди 9 пас аз калимаҳои "илмӣ таъмин намудани" калимаи "рушди" илова карда шавад;
д) дар банди 10:
- дар сархати дуюм пас аз калимаҳои "кроссҳои чорво, парранда", калима ва аломати "моҳӣ," ва пас аз калимаҳои "касалиҳои чорво. парранда" аломат ва калимаи ", моҳӣ" илова карда шавад;
- дар сархати нуҳум пас аз калимаҳои "онҳо ба" калимаҳои "сифати маҳсулот ва" илова карда шавад;
- дар сархати сенздаҳум пас аз калимаи "илм" аломат ва калимаҳои ", магистрҳо ва докторҳо аз рӯи ихтисос" илова карда шаванд;
е) дар номи боби III пас аз калимаи "Академия" аломат ва калимаҳои ", ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо" илова карда шаванд;
ё) дар банди 12 калимаҳои "ҳақиқӣ (академикҳо), аъзои вобаста" ба калимаҳои "вобаста ва аъзои пайваста (академикҳо)" иваз карда шаванд;
ж) банди 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"13. Интихоби аъзои вобаста ва аъзои пайвастаи (академики) Академия дар асоси Оинномаи мазкур ва Низомнома дар бораи интихоби аъзои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гузаронида мешавад.";
з) дар банди 14 ва тамоми матни Оиннома калимаи "ҳақиқӣ" ва калимаи "ҳақиқии" ба калимаи "пайваста" ва "пайвастаи" иваз карда шаванд.
и) банди 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"18. Аъзои вобаста ва аъзои пайвастаи (академики) Академия ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зерин доранд:
- якумра аъзои Академия интихоб шаванд;
- ба баррасии Раёсати Академия ва Маҷлиси умумӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ доир ба масъалаҳои илмию созмондиҳӣ таклифҳо пешниҳод намоянд;
- мувофиқи ихтисоси худ аъзои яке аз шӯроҳои илмии Академия бошанд;
- аз хизматрасонии муассисаи маркази тиббии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;
- бо кашфиёту дастовардҳои нави худ илми кишоварзиро ғанӣ гардонанд, масъалаҳои муҳими рушди илми соҳаро ҳал ва супоришҳои алоҳидаи Раёсати Академияро иҷро намоянд;
- доир ба фаъолияти солона ва панҷсолаи худ дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи рушди соҳаи илме, ки онҳо намояндагӣ мекунад, ба Раёсати Академия ҳисобот пешниҳод намоянд.";
й) ба банди 20 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- лоиҳаи Оинномаи Академия ва тағйиру иловаҳо ба онро муҳокима намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;".
к) номи боби V дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"V. Муассисаву ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва хоҷагиҳои таҷрибавии Академия";
л) дар банди 29:
- дар сархати якум калимаҳои "илмию истеҳсолӣ" ба калимаҳои "хоҷагиҳои таҷрибавӣ" иваз ва пас аз калимаҳои "минбаъд метавонанд" калимаҳои "дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, марказҳои илмӣ ва инноватсионӣ, татбиқи дастовардҳои илм, хизматрасонӣ ва технопаркҳо" илова карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои "таҷрибавию истеҳсолии" ба калимаи "таҷрибавии" иваз карда шуда, калимаҳои "ва илмию истеҳсолиро" хориҷ карда шаванд;
м) дар банди 30 калимаи "Оинномае" ба калимаҳои "оиннома ва ё низомномае" иваз карда шаванд;
н) дар банди 33:
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳо таъсис намояд;";
- сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- фонди рушди илми кишоварзиро таъсис намуда, маблағгузории онро аз ҳисоби даромадҳои ғайрибуҷетии муассисаҳои илмӣ ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ, грантҳои фондҳои байналмилалӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ташкилотҳои нав ва ё барҳам додани ташкилотҳои тобеи худ пешниҳод ирсол намояд;".
2. Ба замимаи 2 "Сохтори дастгоҳи марказии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
а) дар банди 2 калимаи "ташкилӣ" ба калимаи "созмондиҳӣ" иваз карда шавад;
б) банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Шӯъбаи иттилоотию машваратӣ ва таълим".
3. Ба замимаи 3 "Номгӯи муассисаҳои илмӣ ва илмию истеҳсолии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) дар номи Номгӯ калимаҳои "илмию истеҳсолии" ба калимаи "таҷрибавии" иваз карда шаванд;
б) бандҳои 7, 8 ва 9 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"7. Институти масоили амнияти биологӣ
8. Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ
9. Маркази илмии механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ";
в) бандҳои 10, 11, 12, 13 ва 14 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"10. Маркази илмии ҳифзи растаниҳо
11. Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир
12. Стансияи ҷумҳуриявии таҷрибавии пиллапарварӣ
13. Маркази илми кишоварзӣ дар вилояти Суғд
14. Маркази илми кишоварзӣ дар вилояти Хатлон".
4. Ба замимаи 4 "Номгӯи ташкилотҳои тобеи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) дар сохтори Институти зироаткорӣ:
- бандҳои 6 ва 7 дар таҳрири зерин илова карда шаванд:
"6. Стансияи таҷрибавии кишоварзии Данғара дар ноҳияи Данғара
7. Пойгоҳи Қушқурғон дар ноҳияи Шаҳристон";
- банди 6 банди 8 ҳисобида шавад;
б) дар сохтори Институти боғпарварию сабзавоткорӣ:
- дар бандҳои 3 ва 6 калимаи "Румӣ" ба калимаи "Балхӣ" иваз карда шавад;
- ба банди 7 пас аз калимаи "Ҷиргатол" калимаҳои "дар ноҳияи Лахш" ворид карда шаванд;
- бандҳои 8, 9 ва 10 дар таҳрири зерин илова карда шаванд:
"8. Пойгоҳи Ашт
9. Пойгоҳи Исфара
10. Пойгоҳи Сомғор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров";
в) ба сохтори Институти хокшиносӣ банди 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Пойгоҳи Хоҷа Оби гарм дар ноҳияи Варзоб";
г) ба Номгӯи мазкур сохтори нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Институти масоили амнияти биологӣ
Филиал дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 8 июли соли 2017 № 342
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2008 года, №215
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в Устав Таджикской академии сельскохозяйственных наук, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 2008 года, №215 "Об утверждении Устава Таджикской академии сельскохозяйственных наук", следующие изменения и дополнения:
а) пункт 7 после слова и знака "станции," дополнить словами и знаком "опорные пункты," и слово "производственный" заменить словом "опытный";
б) в пункте 8 цифру "44"заменить цифрой и буквой "21а";
в) пункт 9 после слов "научное обеспечение" дополнить словом "развитие";
г) в пункте 10:
- второй абзац после слов "кроссов животных, птиц" дополнить словом и знаком "рыб," и после слов "болезни животных, птиц" дополнить знаком и словом ", рыб";
- девятый абзац после слова "на" дополнить словами "качество продукции и";
- тринадцатый абзац после слов "наук" дополнить знаком и словами ", магистры и доктора по специальности";
д) название главы III после слов "Состав Академии" дополнить знаком и словами ", их права и обязанности";
е) в пункте 12 слова "действительных членов (академиков), членов-корреспондентов" заменить словами "членов - корреспондентов, действительных членов (академиков)";
ё) пункт 13 изложить в следующей редакции:
"13. Избрание членов-корреспондентов и действительных членов (академиков) Академии осуществляется в соответствии с настоящим Уставом и Положением об избрании членов Таджикской академии сельскохозяйственных наук.";
ж) пункт 18 изложить в следующей редакции:
"18. Члены-корреспонденты и действительные члены (академики) Академии имеют следующий права и обязанность:
- быть избранными членами Академии пожизненно;
- предлагать к рассмотрению Президиума Академии и Общего собрания предложения по научно-организационным вопросам как в устном, так и в письменном виде;
- являться членами одного из ученых советов Академии в соответствии со своей специальностью;
- пользоваться услугами учреждения "Медицинский центр" Хозяйственного управления Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
- обогащать сельскохозяйственную науку своими научными открытиями и достижениями, решать важные вопросы, касающиеся развития отраслевой науки и выполнять отдельные поручения Президиума Академии;
- представлять отчет в Президиум Академии о годовой и пятилетней деятельности на основе всестороннего анализа развития сферы науки, представителями которой они являются.";
з) пункт 20 дополнить четвертым абзацем следующего содержания:
" - обсуждает проект Устава Академии, изменения и дополнения к нему и представляет на рассмотрение в Правительство Республики Таджикистан;".
и) название главы V изложить в следующей редакции:
"V. Научно-исследовательские учреждения, организации и опытные хозяйства Академии";
й) в первом абзаце пункта 29 слова "и научно - производственные" исключить и после слова "организации"дополнить словами "опытные хозяйства", слова ", которые могут быть образованы в перспективе" заменить словами "и в перспективе в рамках предусмотренных бюджетных средств и за счет других источников, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан, могут быть образованы научные и инновационные центры, центры по внедрению научных достижений, оказанию услуг и технопарки", слово "является" заменить словом "являются";
к) в пункте 30 слово "Устава" заменить словами "устава или положения";
л) пункт 33:
- дополнить вторым абзацем следующего содержания:
"- учреждать почетные звания и награды;";
- дополнить пятым и шестым абзацами следующего содержания:
" - создает фонд развития сельскохозяйственной науки и осуществляет его финансирование за счет внебюджетных доходов научных учреждений и опытных хозяйств, грантов международных фондов и других источников, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан;
- представляет Правительству Республики Таджикистан предложения о создании новых организаций или ликвидации своих подведомственных организаций;".
2. Пункт 3 приложения 2 "Структура Центрального аппарата Таджикской академии сельскохозяйственных наук"изложить в следующей редакции:
"3. Отдел информационно - консультативный и обучения".
3. Внести в приложение 3 "Перечень научных и научно-производственных учреждений Таджикской академии сельскохозяйственных наук" следующие изменения и дополнения:
а) в названии Перечня слова "научно-производственных" заменить словом "опытных";
б) пункты 7, 8 и 9 изложить в следующей редакции:
"7. Институт проблем биологической безопасности
8. Национальный республиканский центр генетических ресурсов
9. Научный центр механизации сельского хозяйства и инновационных технологий";
в) дополнить пунктами 10, 11, 12, 13 и 14 следующего содержания:
"10. Научный центр защиты растений
11. Памирская сельскохозяйственная опытная станция
12. Республиканская опытная станция по шелководству
13. Научный центр сельскохозяйственной науки в Согдийской области
14. Научный центр сельскохозяйственной науки в Хатлонской области".
4. Внести в приложение 4 "Перечень подведомственных организаций научных учреждений Таджикской академии сельскохозяйственных наук" следующие изменения и дополнения:
а) в структуре Института земледелия:
- дополнить пунктами 6 и 7 следующего содержания:
"6. Дангаринская опытная сельскохозяйственная станция в Дангаринском районе
7. Кушкургонский опорный пункт в Шахристанском районе";
- пункт 6 считать пунктом 8;
б) в структуре Института садоводства и овощеводства:
- в пунктах 3 и 6 слово "Руми" заменить словом "Балхи";
- пункт 7 после слова "Джиргаталь" дополнить словами "в районе Лахш";
- дополнить пунктами 8, 9 и 10 следующего содержания:
" 8. Аштский опорный пункт;
9. Исфаринский опорный пункт;
10. Сомгорский опорный пункт в Бободжон Гафуровском районе";
в) дополнить структуру Института почвоведения пунктом 6 следующего содержания:
" 6. Ходжа Оби Гармский опорный пункт в Варзобском районе";
г) дополнить настоящий Перечень новой структурой следующего содержания:
"Институт проблем биологической безопасности
Филиал в Горно-Бадахшанской автономной области".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 8 июля 2017 года, № 342