Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 08.10.2012 № 570)
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 27 феврали соли 2008№ 428 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 302 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 89 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад ().
3. Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла 1 муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
4. Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинҳои сабукрави хизматӣ 17 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 8 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамот ва бозрасиҳое, ки дар нақшаи идоракунии он дохил шудаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои 286 воҳид ва аз ҳисоби маблағҳои махсус барои 16 воҳид анҷом дода шавад ().
6. Маблағгузории раёсатҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ амалӣ карда шавад.
7. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 13 феврали соли 1976 № 52 "Дар бораи чораҳои ба вазъияти техникии парки мошинию трактории колхозу савхозҳо ва дигар корхонаю ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ пурзӯр кардани назорати давлатӣ";
- қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 1993 № 346 "Дар бораи пурзӯр намудани назорати давлатии вазъи техникии парки мошину тракторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 591 "Дар бораи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 № 603 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 апрели соли 2008 № 191
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 27 феврали соли 2008№ 428 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 204 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 104 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла 1 муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
4. Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинҳои сабукрави хизматӣ 17 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ 8 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамот ва бозрасиҳое, ки дар нақшаи идоракунии он дохил шудаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.