Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" аз 16 апрели соли 2008, № 188

Санаи амалкуни: 04.09.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 апрели соли 2008 № 188

тасдиқ шудааст

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.09.2014 № 588)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар", (минбаъд Пажӯҳишгоҳ), дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2008 № 50 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Пажӯҳишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" номида мешавад. Мақомоти идоракунандаи давлатии Пажӯҳишгоҳ Вазорати энергетика ва захтраҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.09.2014 № 588).

3. Пажӯҳишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом медиҳад.

4. Номи расмии Пажӯҳишгоҳ бо забони тоҷикӣ:

- пурра: Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар";

- мухтасар: КВДҶ ПЛ "Нурофар".

Номи расмии Пажӯҳишгоҳ бо забони русӣ:

- пурра: Республиканское государственное унитарное предприятие "Научно-исследовательский и проектный институт "Нурофар".

- мухтасар: РГУП НИПИ "Нурофар".

5. Маҳали ҷойгиршавии Пажӯҳишгоҳ: 734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ - 77.

6. Пажӯҳишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти хоҷагидориро амалӣ менамояд, дорои баланси мустақил, суратҳисоби ҷорӣ ва дигар суратҳисоб дар бонкҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти ном, бланк, нишона ва тамғаи худ мебошад.

II. Мақоми ҳуқуқии Пажӯҳишгоҳ

7. Пажӯхишгоҳ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида мақоми шахси ҳуқуқиро соҳиб мешавад.

8. Пажӯҳишгоҳ аз номи худ ҳуқуқҳои амволӣ ва ҳуқуқҳои ғайриамволии шахсиро ба даст меорад, дорои ӯҳдадорихо буда, ҳуқуқ дорад дар мақомоти судӣ ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.

9. Молу мулк дар шакли биною иншоот, дигар амволи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, ки ба тавозуни - Пажӯҳишгоҳ дода мешаванд, моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ) ҳисоб ёфта, ба он дар асоси ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад.

10. Пажӯҳишгоҳ барои ӯҳдадориҳояш бо ҳамаи амволи ба он тааллуқдошта ҷавобгар аст. Пажӯҳишгоҳ оид ба ӯҳдадориҳои Муассис ва мақомоти ваколатдор ҷавобгар нест ва дар навбати худ - Муассис ва мақомоти ваколатдор оид ба ӯҳдадориҳои Пажӯҳишгоҳ ҷавобгар намебошанд.

11. Пажӯҳишгоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад филиалҳо ва намояндагиҳои худро, ки шахсони ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд, таъсис диҳад ва Низомномаҳои онҳоро тасдиқ намояд.

12. Пажӯҳишгоҳ ҳуқуқ дорад ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор пешниҳодоти худро оид ба нархгузории корҳои лоиҳавӣ-тадқиқотӣ ва сохтмону васл дар сохаи энергетика манзур дорад.

13. Тибқи қарори Муассис Пажӯҳишгоҳ ҳуқуқ дорад якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ корхонаю истеҳсолоти муштарак таъсис диҳад, онҳоро сармоягузорӣ намояд.

14. Пажӯҳишгоҳ хифзи ҳуқуқи филиал ва намояндагиҳои худро, ки мустақиман тобеи Пажӯҳишгоҳ мебошанд, дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд.

15. Пажӯҳишгоҳ барои татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоии коллективи худ, инкишофи соҳаҳои моддӣ ва иҷтимоӣ, ташкили имкониятҳои мусоиди меҳнати сермаҳсул, аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби ташкилотҳои Фармоишгар барои иштирок дар гуфтушунидҳои илмӣ - техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва ғайра фиристодани намояндагони худ ба сафарҳои хизматӣ ба хориҷа ҳуқуқ дорад.

16. Бо мақсади ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳаи лоиҳакашӣ Пажӯҳишгоҳ дар давраи аввали таъсис ва ташаккул ҳуқуқ дорад ба ғайр аз даромад аз фаъолияти хоҷагидорӣ, инчунин барои ташаккули Фонди оинномавӣ аз кӯмаки иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ истифода барад.

17. Пажӯҳишгоҳ тартиб, миқдор ва шакли пардохти музди меҳнатро мутобиқи "Ҷадвали ягонаи тарифхо барои пардохти музди меҳнат", бо назардошти шароитҳои молиявию иқтисодии муосир ва шакли коллективии пардохти музди меҳнат, бо истифодаи коэффисиенти иштироки меҳнати тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун мустақилона ҳаллу фасл менамояд.

III. Мақсад ва фаъолияти Пажӯҳишгоҳ

18. Пажӯҳишгоҳ бо мақсади қонеъ гардонидани соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо ҳуҷҷат (мавод)-ҳои илмию техникӣ, лоиҳавию сметавӣ таъсис ёфта, ҳамчун ташкилоти лоиҳакашии генералӣ (куллӣ) барои тартиб додани лоиҳаҳои комплексии энергетикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

19. Пажӯҳишгоҳ ташкилоти тиҷоратӣ буда, дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ мебошад, ки барои анҷом додани намуди дахлдори фаъолият зарур аст.

Пажӯҳишгоҳ фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:

- иҷрои вазифаҳои лоиҳакаши генералӣ бо назардошти соҳаи фаъолият;

- тайёр кардани Ҳисобҳои техникию иқтисодии мувофиқи мақсад будани сохтмонҳо, Асосноксозии пешакӣ ва бонкии Техникӣ-иқтисодии сохтмони иншоот ва таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ);

- лоиҳакашии технологӣ дар соҳаи энергетика ва таъминоти барқи иншоот;

- тартибдиҳии Нақшаҳои рушди оянда ва азхудкунии захираҳои энергетикӣ;

- кофтуковҳои муҳандисӣ-геологӣ:

а) кофтуков ва нақшабардории муҳандисӣ-геологӣ;

б) кофтуков ва нақшабардории муҳандисӣ-гидрогеологӣ;

в) корҳои пармакунӣ ва кӯҳкорӣ;

г) кофтуковҳои гидрогеологӣ;

д) корҳои геофизикӣ;

е) корҳои полоишӣ (филтратсионӣ) - таҷрибавӣ ва кофтуковҳои саҳроии хокҳо;

ё) тадқиқотҳои лаборатории хоку об.

- кофтуковҳои муҳандисӣ-гидрологӣ:

а) корҳои гирологӣ ва гирометрӣ;

б) ҳисобҳои гидрологӣ ва гидравликӣ.

- кофтуковҳои муҳандисӣ-геодезӣ:

а) бунёди (инкишофи) шабакаҳои такягоҳии геодезӣ;

б) сохтани аломатҳои геодезӣ;

в) ташкили шабакаҳои нақшабардорию нақшасозӣ;

г) нақшабардории топографӣ ва маркшейдерӣ дар миқёси 1:100001:100 ва тадқиқотҳои ҳудудӣ новобаста аз масоҳат ва дарозии он;

д) таҷдиди нақшаҳои топографӣ ва муҳандисию топографӣ;

е) нақшабардории шабака ва иншооти зеризаминӣ;

ё) корҳои нақшакашии роҳҳо;

ж) корҳои геодезӣ-маркшейдерӣ, ки интиқол ба асли мутобиқат кардани муҳандисию геологӣ, геофизикӣ ва дигар нуқтаҳои тадқиқотӣ марбут аст.

- лоиҳакашӣ ва тарҳрезии сохтмонӣ:

а) биноҳои истеҳсолӣ ва маишии идораҳои энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла - нерӯгоҳҳои барқи обӣ - ва аловӣ, марказҳои барқӣ-гармдиҳӣ ва дегӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.09.2014 № 588);

б) бино ва иншооти истиқоматӣ;

в) бино ва иншооти ҷамъиятӣ;

г) иншооти муҳандисӣ, аз ҷумла - зеризаминӣ (қубурҳо, бурҷҳо, манораҳои об, иншооти зарфӣ, долонҳо, эстакадаҳо, деворҳои танбадор, иншоот ва нақбҳои гидротехникӣ ва гидромелиоративӣ, акве- ва виадукҳо ва ғайра);

д) таҷдиди биноҳо ва иншоот;

е) мутобиқ намудани лоиҳаҳои намунавӣ.

- лоиҳакашии шабака ва системаҳои муҳандисӣ:

а) гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, хунуккунӣ;

б) пулаккашии об (обтаъминкунӣ), шабакаи корезӣ;

в) таъминоти электрикӣ ва барқ бо назардошти шабакаҳои магистралӣ (хатҳои интиқоли барқ бо шиддати 0,4 - 500 кВ ва баландтар аз он) ва зеристгоҳҳои муносиб;

г) рӯшноидиҳии энергетикӣ;

д) алоқа, воситаҳои сигналдиҳӣ, радиошунавонӣ ва телевизион.

- таҳияи нақшаи шабакаҳои муҳандисии маҳалҳои зист ва ҳудуд:

а) таъминот бо об, гармӣ, газ;

б) канализатсия;

в) алоқа ва радиошунавонӣ.

- таҳияи бобҳои махсуси лоиҳа:

а) ҳифзи муҳити атроф (бо назардошти баҳодихии таъсир ба муҳитҳои атроф ва иҷтимоӣ);

б) системаи оташнишонӣ бо назардошти системаи худкории он;

в) ташкили сохтмон;

г) лоиҳаи ташкили кор;

д) маводи баровардҳо (сметаҳо);

е) таҳлили молиявию иқтисодӣ;

ё) мутобиқ намудани лоиҳаҳои намунавӣ барои бобҳои махсуси лоиҳа.

- санҷиши ҳолати техникии иморат ва иншоот:

а) санҷиши хоки таҳкурсиҳо;

б) конструксияҳои борбардории бетонӣ, оҳану бетонӣ ва оҳану сангӣ;

в) конструксияҳои оҳании борбардор;

г) конструксияҳои муҳандисӣ;

д) кӯпрукҳо, лӯлаҳои обгузар, нақбҳо ва ғайра.

- дар соҳаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ:

а) иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои лоиҳакашӣ ва барои масъалаҳои истифодабарӣ дар соҳаи энергетика;

б) таҳияи баланси барқию сӯзишворӣ;

в) гузаронидани мониторинг (санҷиш)-ҳои геологӣ, геодинамикӣ, геофизикӣ ва геофилтратсионӣ ва гузаронидани мониторинги бехатарии иншооти гидротехникӣ ва дигар иншооти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.09.2014 № 588);

г) коркарди масъалаҳои ҳуқуқии истифодабарии об ва мутобиқкунии шартҳои байналмилалии истифодабарии ҳавзҳо ва дарёҳо, идоракунии интегратсионии (ҳамгироии) захираҳои обӣ;

д) гузаронидани тадқиқоту ҷустуҷӯ, лоиҳакашӣ ва васлкунии таҷҳизоти назоратӣ-техникӣ (КИА) барои иншооти сохташаванда ва истифодашавндаи энергетикӣ;

е) хизматрасонии мухталиф барои аҳолӣ.

- лоиҳакашии иншооти муҳофизатӣ ва танзимкунанда, инчунин иншооти муҳофизат аз сел, тарма, лағжиши замин, сангрезӣ, ҷараёни об ва ғайра.

- иҷрои вазифаи назорати муаллифӣ ва назорати рафти сохтмон.

- экспертиза (санҷиш)- и барномаҳо, Асосноккунии техникӣиқтисодӣ (АТИ), маводи лоиҳавӣ - сметавӣ ва дигар маводи техникӣ дар соҳаи энергетика ва шохаҳои он (гироэнергетика, энергетикаи аловӣ, шамолӣ, манбаъҳои ғайрианъанавии энергетикӣ ва ғайра).

- назорати сифати масолеҳ, маҳсулот ва конструктсияҳо дар шароити озмоиши лабораторӣ (аз рӯи намуди назорат).

- назорати сифати масолеҳ, маҳсулот ва конструксияҳо дар шароити майдончаи сохтмонӣ (аз рӯи намуди назорат).

20. Пажӯҳишгоҳ инчунин коркарди лоиҳаҳои намунавии иншоотро дар соҳаи энергетика ва аз нав коркардабароии лоиҳаҳои амалкунандаи намунавиро вобаста ба шароит ва минтақаҳои алоҳида анҷом дода, дар кори комиссияи қабули иншооти пурра сохташуда ва ба истифода додашаванда иштирок менамояд.

21. Мутобиқи тартиби муқарраршуда ва Оинномаи мазкур Пажӯҳишгоҳ метавонад ба дигар намуди фаъолияте, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, машғул шавад.

22. Он намуди фаъолият, ки бояд иҷозатнома (литсензия) дошта бошад, аз тарафи Пажӯҳишгоҳ баъди гирифтани иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ анҷом дода мешавад.

23. Пажӯҳишгоҳ ба даст овардан ва тақсимоти фоида, рушд ва самаранокии истеҳсолот, интенсификатсияи ҳаматарафаи онро дар асоси истифодаи оқилонаи захира (фонд)- ҳои истеҳсоливу маблағҳои гардон, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва эҳтиёт кардани захираҳо мустақилона ба нақша мегирад.

IV. Фонди Оинномавии Пажӯҳишгоҳ

24. Фонди Оинномавии Пажӯҳишгоҳ дар лаҳзаи бақайдгирии аввалаи он 1800000 (як миллиону ҳаштсад ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

25. Кам кардани фонди Оинномавии Пажӯҳишгоҳ баъди хаттӣ огоҳ намудани ҳамаи кредиторони он, ки дар ин ҳолат ҳуқуқ доранд қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлатии ӯҳдадориҳои дахлдор ва ҷуброни зиёни расонидашударо талаб намоянд, иҷозат дода мешавад.

26. Тағйирдиҳии фонди Оинномавии Пажӯҳишгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешавад.

V. Моликият, Фондҳо ва фоидаи Пажӯҳишгоҳ

27. Моликияти Пажӯҳишгоҳро фондҳои асосӣ ва маблағҳои гардон, инчунин дигар амволе, ки арзишашон дар тавозун (баланс)- и мустақили Пажӯҳишгоҳ инъикос гардидааст, ташкил медиҳад.

28. Моликияти Пажӯҳишгоҳ аз инҳо иборат аст: моликияти манқул ва ғайриманқул, ки Муассис барои хоҷагидорӣ додааст; маҳсулоти дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ истеҳсолкардаи Пажӯҳишгоҳ; даромадҳои бадастоварда; пардохти ихтиёрӣ ва хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ; маблағҳои аз ҳисоби фурӯши ҳуҷҷатҳо (мавод)-и илмӣ - техникӣ ва лоиҳавӣ - сметавӣ гирифташуда; дигар маблағҳои дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории Пажӯҳишгоҳ аз ҳисоби фурӯши хизматҳои гуногун бадастоварда ва дигар маблағҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

29. Амволе, ки Пажӯҳишгоҳ онро дар асоси ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ дорад, моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Бе розигии соҳибмулк он фурӯхта ва ба гарав монда намешавад. Амволи дигари худро Пажӯҳишгоҳ мустақилона соҳибӣ менамояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.

30. Пажӯҳишгоҳ метавонад иморат, бино, таҷҳизот ва дигар моликиятро ба иҷора гирад ва онро истифода барад. Пажӯҳишгоҳ истифода ва идоракунии моликият, инчунин даромадро, ки баъд аз супоридани пардохтҳои дахлдори пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёраш мемонад, анҷом медиҳад.

31. Маблағҳои барои нигаҳ доштани Пажӯҳишгоҳ ҷудогардида, ки вобаста ба натиҷаҳои кори семоҳа (солона) истифода нашудаанд, ба семоҳа (солона)-и навбатӣ гузаронида шуда, барои пурра (зиёд) кардани фондҳои гуногун (фонди ҳавасмандкунии моддӣ, фонди рушди истеҳсолот, фонди рушди иҷтимоӣ ва ғайра) равона карда мешаванд.

32. Маблағҳои вобаста ба натиҷаи сол истифоданашудаи фондхои таъиноти махсус (фондҳои истеъмолӣ, пасандозӣ ва соҳаи иҷтимоӣ), инчунин фондҳои истифоданашуда (фонди ҳавасмандкунии моддӣ, фонди рушди истеҳсолот, фонди рушди иҷтимоӣ ва ғайра) ба соли навбатӣ гузаронида мешаванд.

33. Пажӯҳишгоҳ ҳуқуқ дорад фаъолияти мустақилонаи хоҷагидориро анҷом диҳад.

Фоидаи Пажӯҳишгоҳ аз ҳисоби даромадҳои фаъолияти хоҷагидорӣ баъди супоридани ҳамаи андозҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохтҳои ҳатмӣ, хароҷоти истеҳсолӣ, дигар пардохтҳои ба нақша гирифтанашуда ташаккул меёбад.

34. Пажӯҳишгоҳ метавонад аз қарзи бонкӣ истифода барад ва масъулияти дар мӯҳлатҳои муайяншуда баргардонидани онро ба зимма дорад.

VI. Ҳуқуқ ва вазифаҳои муассис. Идоракунии Пажӯҳишгоҳ

35. Муассис ҳуқуқ дорад:

- дар идоракунии Пажӯҳишгоҳ иштирок намояд;

- оид ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳ ахбор гирад, аз он ҷумла - бо маълумоти баҳисобгирӣ ва ҳисоботи бухгалтерӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо шинос шавад;

- самтҳои асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳро муайян намояд;

- ба Оинномаи Пажӯҳишгоҳ тағйиру иловаҳо ворид намояд, фонди Оинномавии онро тағйир диҳад;

- роҳбари Пажӯҳишгоҳро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;

- ҳисоботи солонаи молиявӣ ва тавозун (баланс)- и муҳосибавии Пажӯҳишгоҳро тасдиқ намояд, тартиби тақсими фоидаи соф ва ҷуброни зиёнро муайян намуда, ҳисобот ва хулосаҳои комиссияҳоро тасдиқ кунад;

- дар бораи азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии Пажӯхишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намояд;

Муассис вазифадор аст;

- Фонди оинномавии Пажӯҳишгоҳро тибқи тартиб, ҳаҷм ва мӯҳлатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда ва Оинномаи мазкур ташкил диҳад;

Дар навбати худ Пажӯҳишгоҳ дар муносибат бо Муассис ӯҳдадор аст:

- дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ фаъолият намуда, масъулияти риоя намудани интизоми ташкилию техникӣ, истеҳсолию меҳнатӣ, таъмини амнияти фондҳои асосӣ ва гардониро ба зимма гирад;

- ба Муассис ва ё мақомоти идоракунандаи он ҳар моҳ, ҳар семоҳа, нимсола ва солона ҳуҷҷатҳои ҳисоботи оморӣ, фаврӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва дигар ҳисоботи молиявию хоҷагиро бо тақсимот ба моддаҳо ва тавзеҳнома пешниҳод намояд.

36. Муассис метавонад тамоми ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшро (ва ё қисме аз онҳоро) ба мақоми идоракунандаи худ диҳад.

37. Роҳбари Пажӯҳишгоҳ Директор мебошад, ки фаъолияташро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, аз номи Пажӯҳишгоҳ бе боваринома (ваколатнома) амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибат бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ намояндагӣ менамояд.

Директори Пажӯҳишгоҳ тибқи тартиби муқарраршуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

38. Директори Пажӯҳишгоҳ:

- фаъолияти Пажӯҳишгоҳро роҳбарӣ менамояд;

- вазифаҳои муовинони Директори Пажӯҳишгоҳро муайян мекунад ва дар ҳолати зарурӣ - ҳуқуқи иҷрои қисме аз вазифаҳои худро ба онҳо медиҳад;

- басти корӣ (ҷадвали штатӣ) ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Пажӯҳишгоҳро тасдиқ менамояд;

- дар бонкҳо суратҳисобҳо ва дигар ҳисобҳоро мекушояд ва аз ҳуқуқи ихтиёрдории воситаҳои Пажӯҳишгоҳ, ки дар доираи амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидории он зарур мебошад, истифода мебарад;

- аз номи Пажӯҳишгоҳ шартномаҳо мебандад, аз ҷумла - бо назардошти нархҳои шартномавӣ барои маводи илмӣ - техникӣ ва ғайра, инчунин бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва маҳали ҷойгиршавии онҳо созишномаҳо ба имзо мерасонад;

- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз номи Пажӯҳишгоҳ эътироз ва даъво пешниҳод менамояд, бовариномаҳо медиҳад;

- ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисоботӣ ва ғайраро имзо менамояд, барои амалӣ гардонидани фаъолияти молиявӣ - хоҷагидорӣ бовариномаҳо медиҳад;

- манфиатҳои Пажӯҳишгоҳро дар мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра ҳимоя мекунад;

- сохтори ташкилии Пажӯҳишгоҳро муайян ва ба он тағйирот ворид мекунад, шароити меҳнати ҳайати Пажӯҳишгоҳ, филиал ва намояндагии онро муқаррар менамояд;

- низоми пардохти музди меҳнат, намудҳои мукофотпулӣ (ҳавасмандкунӣ) барои марҳилаи ҷорӣ ва натиҷаи кор дар давоми як сол, инчунин дигар шаклҳои ҳавасмандкунии ҳайати Пажӯҳишгоҳро муайян менамояд;.

- дар асоси қарордод ва дигар асосҳо кормандонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, бо тартиби муқарраргардида тадбирҳои мукофотонӣ ва муҷозоти интизомиро муайян менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида роҳбарони филиал ва намояндагиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, низомномаҳои воҳидҳои сохториро тасдиқ мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ фармон ва фармоишҳо медиҳад;

- бо назардошти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳоро иҷро мекунад.

39. Муовини аввали Директор - Сармуҳандиси Пажӯҳишгоҳ ва муовинони Директор бо пешниҳоди Директор аз тарафи мақомоти идоракунандаи давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Сармуҳандиси Пажӯҳишгоҳ барои амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ-техникӣ дар баробари Директор масъулиятро ба зимма дорад.

40. Пажӯҳишгоҳ моддаҳои хароҷотро барои харҷ ва даромад вобаста ба натиҷаи семоҳа ва солонаи молиявӣ баррасӣ ва тасдиқ мекунад, натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолию хоҷагиро таҳлил ва ҳисоботи семоҳа, солона, инчунин тавозун (баланс)-и бухгалтериро тасдиқ менамояд.

41. Пажӯҳишгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳии озоди муҳосибавию омориро пеш мебарад.

42. Дар давраи ташаккулёбии Пажӯҳишгоҳ барои пешбурди фаъолияти самарабахши он дар соли аввал аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъсиси Фонди оинномавӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад.

43. Барои баррасии лоиҳаҳои муҳим, қарорҳои илмӣ -техникии мураккаб ва дигар масъалаҳои муҳандисӣ ва иқтисодӣ дар Пажӯҳишгоҳ ба сифати мақоми машваратӣ Шӯрои илмӣ-техникӣ (ё- Шӯрои техникӣ) амал мекунад, ки аз мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун ташкил шуда, онро Директор ва ё Сармуҳандис роҳбарӣ мекунад.

VII. Фаъолияти берунаи иқтисодии Пажӯҳишгоҳ

44. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мақсад ва намудҳои фаъолияти худ Пажӯҳишгоҳ ҳуқуқ дорад мустақилона фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба амал барорад.

45. Даромад бо асъори хориҷӣ, ки Пажӯҳишгоҳ дар натиҷаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба даст меоварад, баъди пардохти андоз ба буҷет аз ҷониби он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона истифода бурда мешавад.

VIII. Барҳамдиқӣ ва азнавташкилдиҳии Пажӯҳишгоҳ

46. Барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, табдилшавӣ)-и Пажӯҳишгоҳ бо қарори Муассис, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал оварда мешавад.

47. Барҳамдиҳии Пажӯҳишгоҳ аз тарафи комиссияи барҳамдиҳӣ, ки онро Муассис (ё мақоми идоракунандаи он) ташкил медиҳад ва дар сурати муфлисшавӣ бошад - аз тарафи суд ба амал оварда мешавад.

Комиссия дар матбуоти расмии маҳали ҷойгиршавии Пажӯҳишгоҳ дар бораи барҳамдиҳӣ, бо зикри тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди даъво аз тарафи кредиторон мавод чоп намуда, ҳамзамон ҷиҳати баргардонидани қарзҳои дебиторӣ корҳоро анҷом медиҳад.

48. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Пажӯҳишгоҳ ба кормандони хориҷшаванда риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо дар асоси Кодекси гражданӣ ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

49. Моликияте, ки баъди қонеъ гардонидани талаби кредиторон боқӣ мемонад, аз ҷумла моликияти бо маблағҳои худӣ харидашуда ба тавозун (баланс)-и Муассис ё бо розигии ӯ - ба тавозуни мақоми идоракунандаи он гузаронида мешавад.

50. Ҳангоми барҳамдиҳии Пажӯҳишгоҳ ҳуҷҷатҳои доимӣ нигаҳдошташаванда, ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти таърихӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба Бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.

51. Пажӯҳишгоҳ аз лаҳзаи аз Реестри давлатӣ хориҷ намудани он азнавташкилшуда ё барҳамхӯрда ҳисобида мешавад.

IX. Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ПажӯҳишгоҳҲ

52. Ба Оинномаи мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 апрели соли 2008 № 188

тасдиқ шудааст

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"

I. Муқаррароти умумӣ

1. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар", (минбаъд Пажӯҳишгоҳ), дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2008 № 50 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" таъсис дода шудааст.

2. Муассиси Пажӯҳишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" номида мешавад. Мақомоти идоракунандаи давлатии Пажӯҳишгоҳ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Пажӯҳишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом медиҳад.

4. Номи расмии Пажӯҳишгоҳ бо забони тоҷикӣ:

- пурра: Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар";

- мухтасар: КВДҶ ПЛ "Нурофар".

Номи расмии Пажӯҳишгоҳ бо забони русӣ:

- пурра: Республиканское государственное унитарное предприятие "Научно-исследовательский и проектный институт "Нурофар".

- мухтасар: РГУП НИПИ "Нурофар".

5. Маҳали ҷойгиршавии Пажӯҳишгоҳ: 734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ - 77.

6. Пажӯҳишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти хоҷагидориро амалӣ менамояд, дорои баланси мустақил, суратҳисоби ҷорӣ ва дигар суратҳисоб дар бонкҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти ном, бланк, нишона ва тамғаи худ мебошад.

II. Мақоми ҳуқуқии Пажӯҳишгоҳ

7. Пажӯхишгоҳ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида мақоми шахси ҳуқуқиро соҳиб мешавад.

8. Пажӯҳишгоҳ аз номи худ ҳуқуқҳои амволӣ ва ҳуқуқҳои ғайриамволии шахсиро ба даст меорад, дорои ӯҳдадорихо буда, ҳуқуқ дорад дар мақомоти судӣ ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.

9. Молу мулк дар шакли биною иншоот, дигар амволи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, ки ба тавозуни - Пажӯҳишгоҳ дода мешаванд, моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ) ҳисоб ёфта, ба он дар асоси ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад.

10. Пажӯҳишгоҳ барои ӯҳдадориҳояш бо ҳамаи амволи ба он тааллуқдошта ҷавобгар аст. Пажӯҳишгоҳ оид ба ӯҳдадориҳои Муассис ва мақомоти ваколатдор ҷавобгар нест ва дар навбати худ - Муассис ва мақомоти ваколатдор оид ба ӯҳдадориҳои Пажӯҳишгоҳ ҷавобгар намебошанд.

11. Пажӯҳишгоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад филиалҳо ва намояндагиҳои худро, ки шахсони ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд, таъсис диҳад ва Низомномаҳои онҳоро тасдиқ намояд.

12. Пажӯҳишгоҳ ҳуқуқ дорад ба мақомоти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор пешниҳодоти худро оид ба нархгузории корҳои лоиҳавӣ-тадқиқотӣ ва сохтмону васл дар сохаи энергетика манзур дорад.

13. Тибқи қарори Муассис Пажӯҳишгоҳ ҳуқуқ дорад якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ корхонаю истеҳсолоти муштарак таъсис диҳад, онҳоро сармоягузорӣ намояд.

14. Пажӯҳишгоҳ хифзи ҳуқуқи филиал ва намояндагиҳои худро, ки мустақиман тобеи Пажӯҳишгоҳ мебошанд, дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд.

15. Пажӯҳишгоҳ барои татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоии коллективи худ, инкишофи соҳаҳои моддӣ ва иҷтимоӣ, ташкили имкониятҳои мусоиди меҳнати сермаҳсул, аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби ташкилотҳои Фармоишгар барои иштирок дар гуфтушунидҳои илмӣ - техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва ғайра фиристодани намояндагони худ ба сафарҳои хизматӣ ба хориҷа ҳуқуқ дорад.

16. Бо мақсади ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳаи лоиҳакашӣ Пажӯҳишгоҳ дар давраи аввали таъсис ва ташаккул ҳуқуқ дорад ба ғайр аз даромад аз фаъолияти хоҷагидорӣ, инчунин барои ташаккули Фонди оинномавӣ аз кӯмаки иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ истифода барад.

17. Пажӯҳишгоҳ тартиб, миқдор ва шакли пардохти музди меҳнатро мутобиқи "Ҷадвали ягонаи тарифхо барои пардохти музди меҳнат", бо назардошти шароитҳои молиявию иқтисодии муосир ва шакли коллективии пардохти музди меҳнат, бо истифодаи коэффисиенти иштироки меҳнати тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун мустақилона ҳаллу фасл менамояд.

III. Мақсад ва фаъолияти Пажӯҳишгоҳ

18. Пажӯҳишгоҳ бо мақсади қонеъ гардонидани соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо ҳуҷҷат (мавод)-ҳои илмию техникӣ, лоиҳавию сметавӣ таъсис ёфта, ҳамчун ташкилоти лоиҳакашии генералӣ (куллӣ) барои тартиб додани лоиҳаҳои комплексии энергетикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

19. Пажӯҳишгоҳ ташкилоти тиҷоратӣ буда, дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои гражданӣ мебошад, ки барои анҷом додани намуди дахлдори фаъолият зарур аст.

Пажӯҳишгоҳ фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:

- иҷрои вазифаҳои лоиҳакаши генералӣ бо назардошти соҳаи фаъолият;

- тайёр кардани Ҳисобҳои техникию иқтисодии мувофиқи мақсад будани сохтмонҳо, Асосноксозии пешакӣ ва бонкии Техникӣ-иқтисодии сохтмони иншоот ва таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ);

- лоиҳакашии технологӣ дар соҳаи энергетика ва таъминоти барқи иншоот;

- тартибдиҳии Нақшаҳои рушди оянда ва азхудкунии захираҳои энергетикӣ;

- кофтуковҳои муҳандисӣ-геологӣ:

а) кофтуков ва нақшабардории муҳандисӣ-геологӣ;

б) кофтуков ва нақшабардории муҳандисӣ-гидрогеологӣ;

в) корҳои пармакунӣ ва кӯҳкорӣ;

г) кофтуковҳои гидрогеологӣ;

д) корҳои геофизикӣ;

е) корҳои полоишӣ (филтратсионӣ) - таҷрибавӣ ва кофтуковҳои саҳроии хокҳо;

ё) тадқиқотҳои лаборатории хоку об.

- кофтуковҳои муҳандисӣ-гидрологӣ:

а) корҳои гирологӣ ва гирометрӣ;

б) ҳисобҳои гидрологӣ ва гидравликӣ.

- кофтуковҳои муҳандисӣ-геодезӣ:

а) бунёди (инкишофи) шабакаҳои такягоҳии геодезӣ;

б) сохтани аломатҳои геодезӣ;

в) ташкили шабакаҳои нақшабардорию нақшасозӣ;

г) нақшабардории топографӣ ва маркшейдерӣ дар миқёси 1:100001:100 ва тадқиқотҳои ҳудудӣ новобаста аз масоҳат ва дарозии он;

д) таҷдиди нақшаҳои топографӣ ва муҳандисию топографӣ;

е) нақшабардории шабака ва иншооти зеризаминӣ;

ё) корҳои нақшакашии роҳҳо;

ж) корҳои геодезӣ-маркшейдерӣ, ки интиқол ба асли мутобиқат кардани муҳандисию геологӣ, геофизикӣ ва дигар нуқтаҳои тадқиқотӣ марбут аст.

- лоиҳакашӣ ва тарҳрезии сохтмонӣ:

а) биноҳои истеҳсолӣ ва маишии идораҳои саноативу энергетикӣ, аз ҷумла - нерӯгоҳҳои барқи обӣ - ва аловӣ, марказҳои барқӣ-гармдиҳӣ ва дегӣ;

б) бино ва иншооти истиқоматӣ;

в) бино ва иншооти ҷамъиятӣ;

г) иншооти муҳандисӣ, аз ҷумла - зеризаминӣ (қубурҳо, бурҷҳо, манораҳои об, иншооти зарфӣ, долонҳо, эстакадаҳо, деворҳои танбадор, иншоот ва нақбҳои гидротехникӣ ва гидромелиоративӣ, акве- ва виадукҳо ва ғайра);

д) таҷдиди биноҳо ва иншоот;

е) мутобиқ намудани лоиҳаҳои намунавӣ.

- лоиҳакашии шабака ва системаҳои муҳандисӣ:

а) гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, хунуккунӣ;

б) пулаккашии об (обтаъминкунӣ), шабакаи корезӣ;

в) таъминоти электрикӣ ва барқ бо назардошти шабакаҳои магистралӣ (хатҳои интиқоли барқ бо шиддати 0,4 - 500 кВ ва баландтар аз он) ва зеристгоҳҳои муносиб;

г) рӯшноидиҳии энергетикӣ;

д) алоқа, воситаҳои сигналдиҳӣ, радиошунавонӣ ва телевизион.

- таҳияи нақшаи шабакаҳои муҳандисии маҳалҳои зист ва ҳудуд:

а) таъминот бо об, гармӣ, газ;

б) канализатсия;

в) алоқа ва радиошунавонӣ.

- таҳияи бобҳои махсуси лоиҳа:

а) ҳифзи муҳити атроф (бо назардошти баҳодихии таъсир ба муҳитҳои атроф ва иҷтимоӣ);

б) системаи оташнишонӣ бо назардошти системаи худкории он;

в) ташкили сохтмон;

г) лоиҳаи ташкили кор;

д) маводи баровардҳо (сметаҳо);

е) таҳлили молиявию иқтисодӣ;

ё) мутобиқ намудани лоиҳаҳои намунавӣ барои бобҳои махсуси лоиҳа.

- санҷиши ҳолати техникии иморат ва иншоот:

а) санҷиши хоки таҳкурсиҳо;

б) конструксияҳои борбардории бетонӣ, оҳану бетонӣ ва оҳану сангӣ;

в) конструксияҳои оҳании борбардор;

г) конструксияҳои муҳандисӣ;

д) кӯпрукҳо, лӯлаҳои обгузар, нақбҳо ва ғайра.

- дар соҳаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ:

а) иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои лоиҳакашӣ ва барои масъалаҳои истифодабарӣ дар соҳаи энергетика;

б) таҳияи баланси барқию сӯзишворӣ;

в) гузаронидани мониторинг (санҷиш)-ҳои геологӣ, геодинамикӣ, геофизикӣ ва геофилтратсионӣ ва гузаронидани мониторинги бехатарии иншооти гидротехникӣ ва дигар иншооти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;