Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2008, № 188 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"

Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Оинномаи замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил намудани фонди оинномавии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" аз ҳисоби фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2008 пешбинӣ шудааст, 1,8 млн (як миллиону ҳаштсад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

3. Музди меҳнати кормандони Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" тибқи Оинномаи он муайян гардида, на камтар аз сатҳи маоши вазифавии кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 16 апрели соли 2008 № 188

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Устава Республиканского государственного унитарного предприятия "Научно-исследовательский и проектный институт "Нурофар"

В соответствии со статьёй 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемый Устав Республиканского государственного унитарного предприятия "Научно-исследовательский и проектный институт "Нурофар".

2. Для создания уставного фонда Республиканского государственного унитарного предприятия "Научно-исследовательский и проектный институт "Нурофар" Министерству финансов Республики Таджикистан выделить 1,8 млн (один миллион восемьсот тысяч) сомони за счет фонда непредвиденных затрат Правительства Республики Таджикистан в республиканском бюджете, предусмотренного на 2008 год.

3. Заработную плату работников Республиканского государственного унитарного предприятия "Научно-исследовательский и проектный институт "Нурофар" определить в соответствии с его Уставом и установить не ниже уровня должностных окладов работников министерств и государственных комитетов Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 16 апреля 2008 года №188

 ш. Душанбе