Тартиби таҳия, тасдиқ ва корбасти стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997, № 266

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.04.2009с. № 206 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 1997 № 266

тасдиқ гардидааст

Тартиби таҳия, тасдиқ ва корбасти стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" дар мамлакат стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумӣ муқаррар карда мешавад, ки он ҳадди ақали (минимуми) барномаҳои асосии таълимӣ, меъёри масруфияти таълими талабагон, дархости дараҷаи омодагии хатмкунандагони мактабро муайян менамояд.

2. Барномаҳои таълимӣ комилан ба талаботи стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумӣ мувофиқат намуда, ба ҳалли масъалаҳои ташаккули дониш, маҳорат, маданияти шахсӣ, мутобиқати он ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба муҳайё сохтани таҳдоби бошууронаи интихоби касб ва идома додани маълумотгирӣ нигаронида шудаанд.

3. Стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва минтақавии мамлакат аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешавад.

4. Стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумиро дар қисмати муайянсозии талаботи умумӣ, максадҳо, вазифаҳо ва принципҳои стандартикунонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар қисмати мундариҷаи таълим, яъне стандартҳои маълумотро аз рӯи барномаҳои асосии таълими Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.

5. Стандартҳои давлатии маълумоти миёнаи умумӣ дар заминаи барномаҳои наве ҷорӣ карда мешаванд, ки аз рӯи онҳо на комтар аз 5 сол кор кардаанд.

6. Татбиқи қоидаҳои стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумӣ барои ҳамаи мактабҳои маълумоти умумии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти идоракунии маориф ҳатмист.

7. Қоидаҳои назорати давлатии риояи стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумиро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, риояи талаботи стандарти маълумоти миёнаро ташкил ва назорат менамояд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июни соли 1997 № 266

тасдиқ карда шудааст.

Стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Стандартизацияи маълумот раванди барқарор ва қоидаҳои қабулгардидаи фаъолияти ба низом овардаест, ки татбиқи амалии мақсаду вазифаҳои маълумотро дар марҳилаи тараққиёти муносибатҳои ҷамъиятӣ дар назар дорад. Стандартизация ба ҳамоҳангии дастовардҳои илм, техника, таҷрибаи пешқадами педагогӣ такя мекунад ва асосҳои маълумотро на танҳо дар замони ҳозира, инчунин оянда низ пешбинӣ менамояд.

Стандарти маълумот ҳуҷҷати меъёрии стандартизация буда, маҷмӯи ҳаҷму қоидаҳои талаботи объекти стандартизцияро муқаррар менамояд ва аз ҷониби мақомоти босалоҳият мавриди тасдиқ қарор мегирад. Дар шароити имрӯзаи гуногунии таълимгоҳҳо, равия ва тамоилҳо эквивалентнокии (ҳамарзишии) маълумот барои хатмкукандагони тамоми типҳои мактабу таълимгоҳҳои миёна бояд тавассути стандарти давлатӣ таъмин карда шавад. Ба ин маънӣ, стандарти маълумоти миёна моҳияти асосии мазмуни маълумотро фаро мегирад ва ҳамон маводи кофӣ ва заруриест, ки ҳадафи мактаби миёнаро инъикос менамояд. Барномаҳои таълимии гуногуннусха барои таълимгоҳҳои гуногун (мактабҳои маълумоти умумӣ, тафриқавӣ, тамоил, гимназия, лицей, коллеҷ, мактабҳои гуногуни муаллифию хусусӣ, омӯзишгоҳҳо ва ғайра) офарида мешаванд. Дар ин барномаҳо, ки вобаста ба мақсади муайяни ин ё он муассисаи таълим мураттаб мегарданд, мазмуни маълумот метавонад васеъ ва ё амиқ, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад, ки кам ё мухтасар карда шуда бошанд, зеро стандарти маълумот оинаи беҳтарини ҳадди ақали мазмуни маълумот аст.

Стандарти давлатии маълумоти миёнаи умумӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи минтақа ва доираи нуфуз ду навъ мешавад: давлатӣ ва байнидавлатӣ.

Стандарти давлатӣ дар ҳудуди Давлати Тоҷикистон амал мекунад ва мутааллиқ ба ҳамаи минтақа ва ноҳияҳои он мебошад. Дар ин стандарт ҳадди ақали (минимуми) ҳатмии маълумот, ҳаҷми аз ҳамма зиёди (максимуми, масруфияти нагрузкаи ) таълим ва дархостҳо ба сифати тайёрии хатмкунандагони мактабу таълимгоҳҳо муқаррар карда мешавад. Ин стандарт ҳамаи фанҳои таълимии силсилаи ҷамъиятиву гуманитарй, табиию риёзӣ ва эстетикиро дар ҳамаи зинаҳои таълим фаро мегирад. Ба стандарти давлати маълумоти минтақавию ноҳиявӣ ва миллӣ низ дохил мешавад.

Стандарти минтақавию ноҳиявии маълумот дар ҳудуди минтақа ё ноҳияи муайяне амал мекунад. Асоси ин стандартро стандарти давлатии маълумот ташкил намояд ҳам, имконият ва шароити хоси минтақа ва маҳал ба назар гирифта мешавад. Стандарти минтақавию ноҳиявиро аз нигоҳи талаботи стандарти маълумоти умумии ҷумҳуриявӣ дар худи ноҳияҳо мураттаб ва барои тасдиқ пешниҳод менамоянд.

Агар тамоми мактабу таълимгоҳҳои ҷумҳуриямон барои таъмини стандарти давлатии маълумот аз соату фанҳои таълими маълумоти асосӣ (ядро) истифода баранд, барои таъмини стандарти ноҳиявӣ (мактабӣ) аз соатҳое истифода мебаранд, ки барои машғулиятҳои ҳатмӣ ва факултативӣ мустақилона ҷудо карда шудаанд.

Маълумоти миллӣ ба ҷумҳурии сермиллати мо вобаста аст. Дар ин ҷо миллатҳои гуногун зиндагӣ ва кор мекунанд.Табиист, ки фарзандони намояндагони ҳамаи халқҳо ба забони модарии хеш сабақ меомӯзанд. Ба ин маънӣ дар ҷумҳурӣ синфҳо ва мактабҳои зиёде амал мекунанд, ки талабагон ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ ва қирғизӣ таҳсил менамоянд. Ин мактабҳо дар фаъолияти худ ба концепция ва стандартҳое такя мекунанд, ки дар давлатҳои Росия, ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон таҳия шудаанд. Вале бо мақсади огоҳии зарурӣ дар ин синфу мактабҳо таълими фанҳои забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, таърихи халқи тоҷик, ҷугрофияи Тоҷикистон, асосҳои маданияти ҷаҳон, инсон ва ҳуқу ба роҳ монда, аз ин факҳо стандарти давлатии маълумот муайян карда мешавад.

Мақсади таълими забони тоҷикӣ - ҳамчун забони давлатӣ аз он иборат аст, ки талабагон пас аз хатми мактаб забони давлатиро ба қадри зарурӣ донанд, фаҳманд ва фикрашонро озодона баён карда тавонанд.

Дар натиҷаи омӯзиши таърихи халки тоҷик мактабиён аз таърихи пурифтихори халқ ва тамаддуни он огаҳӣ пайдо мекунанд. Омӯзиши ин фан дар ташаккули шаҳрванди Тоҷикистон ва тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозад.

Омӯзиши ҷугрофияи Тоҷикистон дар мактабҳои ғайритоҷикӣ аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, талабагонро бо сарватҳо ва табиати рангини кишвар шинос мекунанд.

Мактабиён дар баробари омӯзиши фанни асосҳои маданияти ҷаҳон бо фарҳангу маданияти халқи тоҷик шинос мешаванд, ки ин ба ташаккули шахсият ва тарбияи эстетикии онҳо таъсир мерасонад.

Вазифаи таълими фанни инсон ва ҳуқуқ омӯхтани Конституция Тоҷикистон, ҳуқуқу давлатдории он, аз бар намудани суруди миллӣ, фаҳмидани моҳияти рамзҳои давлатӣ мебошад, ки ин барои дар амал татбиқ намудани ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандии талабагон нақши муҳим мебозад.

СТАНДАРТИ БАЙНИДАВЛАТӢ

Яке аз роҳҳои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои доду гирифт, ҳамоҳангсозии мазмуни маълумот стандарти байнидавлатҳо мебошад. Ин стандарт шартномаҳои байни давлатҳои ҷудогона ва мустақилро дар назар дорад, ки мувофиқи он ҳуҷҷатҳои зарурии маълумот байни давлатҳои тарафайн эътироф е дар хусуси мутобиқати ҳамарзишии (эквивалентии) ин ҳуҷҷатҳо шартнома баста мешавад. Асоси ҳамарзишӣ е стандарти байнидавлатиро силсилаи фанҳои таълимие ташкил медиҳанд, ки барои ҳамаи давлатҳои соҳибистиқлол (СНГ) тарҳи умумӣ доранд.

Ин қабл аз ҳама мазмуни маълумоти фанҳои забони русӣ, забонҳои хориҷӣ, таърихи умумӣ, ҷаҳони имрӯза, асосҳои маданияти ҷаҳон, ҷуғрофияи сиёсию иқтисодии ҷаҳон, адабиети халқҳои ҷаҳон, ҷамъиятшиносӣ, иқтисоди бозаргонӣ ва гурӯҳи фанҳои табиию риёзиро (математика, физика, астрономия, химия, табиатшиносӣ, биология) фаро мегирад, ки нисфи (16) фанҳои таълимиро дар мактаби миёна ташкил медиҳад ва бо омӯзиши онҳо 60 фоизи соати ҳафтаина ҷудо карда шудааст.

Дар стандарти байнидавлатии маълумот ҷои аоосиро фанҳои табиию риёзӣ ишғол мекунанд. Бинобар он ба мазмуни маълумоти ин фанҳо диққати ҷиддӣ дода, ба он муваффақ шудан лозим аст, ки ҳаҷми дониш, маҳорат ва малакаҳое, ки талабагон аз ин фанҳо мегиранд, на камтар аз стандарти миқёси муштараккулманофеъ ва ҳатто ҷаҳонӣ бошад.

ДАРАҶАҲОИ (ЗИНАҲОИ) СТАНДАРТ

Дараҷаҳо ё зинаҳои стандарти давлатии маълумот вобаста ба сохтори мактабҳо ва марҳилаҳои асосии инкишофи синну соли талабагон муайян карда мешавад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи талаботи Қонун "Дар бораи маориф" мактаби миёна аз се зинна иборат аст.

1. Зинаи ибтидоӣ (синфҳои 1-4 )

2. 3инаи мактаби асосии маълумоти ҳамагонӣ.(синфҳои 5-9)

3. Зинаи мактаби миёна (синфҳои 10-11)

Дар робита ба ин даврҳо стандарт ҳам се зинаи бо ҳам алоқамандро дар бар мегирад.

А. ЗИНАИ ИБТИДОИИ СТАНДАРТИ МАЪЛУМОТ

Таълими ибтидоӣ пояи ташаккули шахсият, таҳкурсии минбаъдаи омӯзишу парвариш мебошад. Вай ҳамчун муайянкунандаи комёбӣ ва нокомии мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти ояндаи онҳо нақши муҳим мебозад. Ин зина, ки синфҳои 1-4-ро фаро мегирад, вазифаҳои зайлро дар души худ дорад: муҳайе намудани шароит барои пешрафт ва инкишофи мактаббачаи хурдсол, ҳимояи сиҳатию саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, ба бачаҳо дар зоҳир намудани қобилияту истеъдодашон ёрӣ расондан; бедор намудани хоҳиши таҳсил ва шавқу ҳаваси маърифатҷӯии онҳо; ҳурмати муаллим, дӯст доштани падару модар, китоб ҳамчун сарчашмаи дониш; роҷеъ ба инсон, ҷамъият, табиату кишвари азиз маълумоти ибтидоӣ доданд; ёд додани хониш, хат, ҳисоб, баён карда тавонистани фикри худ, мушоҳидаи таҷрибаи оддии одамон, муомила, ҳамкорӣ; тарбияи парвариши ҳисси зебоӣ дар худ ва дигарон.

Дар вақти коркарди стандарти маълумоти фанҳои ҷудогона ба вазифаҳои зерин такя бояд кард. Ҳамаи фанҳо ба тарзи ҳамгиро таълим дода мешаванд, ки ин хусусияти барҷастаи зинаи ибтидоӣ мебошад; хондан ва навиштан, арифметика бо унсурҳои геометрия, алгебра ва шоҳмот, санъат бо меҳнат, варзиш бо табиат, табиат бо муҳити зист ва одобу рафтор ва ғайра.Табиист, ки тарзи таълими ҳамгиро барои пешрафти бачаҳо бештар мусоидат мекунад ва имконият медиҳад, ки онҳо аз фанҳои ҷудогона меъёри муқаррар гардидаи дониш, маҳорат ва малакаҳои заруриро ҳосил намоянд.

Б. ЗИНАИ МАКТАБИ АСОСИИ СТАНДАРТИ МАЪЛУМОТ

Ин марҳала дар сохтори мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби маълумоти ҳамагонӣ ё мактаби асосӣ ҳам ном дорад, ки аз синфҳои 5-9 иборат аст. Вазифаи асосии ин зина андӯхтани асосҳои маълумоти ҳамагонӣ ва раҳнамои талабҳо ба самти фаъолияти минбаъда мебошад. Дар ин давра бунеди ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии талабаҳо рехта машавад ва ҳадафи маънавии тадабаҳо ҳамчун шахсият ташаккул меёбад. Бачаҳо дар ин зина ва ин сину сол ба забони модариашон, таърих, фарҳанг, маданияти ниёгон ва тақдири минбаъдаи он беш аз пеш мароқ зоҳир мекунанд.

Ҷиҳати дигари фарқкунанда дар ин зина ҳамин аст, ки барои интихоби озодонаи мактабу талабаҳо якбора се нусхаи нақшаи таълим пешниҳод карда мешавад. Дар он ҷое, ки имконияту шароит ҳаст, талабаҳо баъди зинаи ибтидоӣ риштаҳои ҷамъиятию гуманитарӣ, табиию риёзӣ ё умумиро интихоб намуда, мувофиқи дониш ва майлу хоҳишашон таҳсилро давом медиҳанд. Қатъи назар аз чигунагии интихоби тамоилу таълимгоҳ стандарти давлатии маълумоти умумӣ барои ҳама ҳатмист, ки он дар барномаи таълимии фанҳои алоҳида ва талаботи дониш, маҳорату малакаҳо ифода ёфтааст.

В. ЗИНАИ МАКТАБИ МИЁНАИ СТАНДАРТИ МАЪЛУМОТ

Зинаи мактаби миёна, ки аз синфҳои 10-11 иборат аст, ҳамчун марҳилаи охирин мақсади муайян дорад. Мақсади асосии ин зина тарбияи инсонест, ки минбаъд худашро тарбия карда, роҳи ояндаи ҳаёташро шуурона интихоб намояд ва дар сурати майл доштан таҳсилро дар яке аз факултаҳо, ки мувофиқи донишу хоҳишаш интихоб намудааст, давом диҳад. Дар шароити имрӯзаи тараққиёти илму васеъ шудани мазмуни маълумот табиист, ки талабагон тамоми фанҳои таълим ва соҳаҳои маълумотро фаро гирифта наметавонанд. Бинобар он ҳар ин зина таълими тафриқа нисбат ба зинаи мактаби асосӣ (синфҳои 5-9) васеътар ба роҳ монда, равияҳои гуногун пешниҳод карда мешаванд. Ташкили мактабҳою синфҳои тамоил, аз як сӯ ба донишу хоҳиши талабаҳо вобаста бошад, аз сӯи дигар, ба ниёзи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои алоҳидаи он марбут аст. Ғайр аз ин мактабҳое, ки дар онҳо тамоилу равияҳо ташкил мегарданд, бояд базаи модию таълимӣ ва кадрҳои педагогие дошта бошанд, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавоб дода тавонанд.

Бори аввал дар таърихи мактабҳои ҷумҳурӣ гуногунвариантии барномаҳои таълим барои ҳар як равия ва фан пешниҳод карда шавад ҳам, дар ҳамаи онҳо стандарти давлатии маълумот қатъиян риояд карда мешавад.

Меъёру ҳаҷми донишҳои назариявӣ, маҳорату малакаҳои амалӣ, ки бояд талабагон бо онҳо мусаллаҳ гарданд, дар охири марҳилаи мактаби миёна бояд таъкид ёбанд.

Хадамоти аҳли маориф, кормандони идораи мактабҳо, сарварони мактабҳо, муаллимон ва дигарон, ки ба талабагони мактаби миёна (синфҳои 10-11) сару кор доранд ва аз фанҳои ҷудогона дарс медиҳанд, вазифадоранд, ки дар ин давра стандарти давлатии ҳадди ақали маълумотро таъмин намоянд. Ин талаботи стандарти давлатӣ ба воситаи мафҳумҳои "донад", "тавонад", "дарк намояд", "муҳокима ронад", "мустақилона анҷом диҳад" ифода ёфта, ба тамоми фанҳо дахл дорад.