ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳoи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардидаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миқдори 41 воҳид, аз ҷумла ҳайати хизматрасон 5 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди пардохти музди меҳнат, лимити хароҷоти сафарҳои хизматии дастгоҳи марказии Кумитаро муайян кунанд.
4. Ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раис (аз ҷумла як муовини якум) ва дар ҳайати 7 нафар коллегия дошта бошад. Лимити автомобильҳои хизматии Кумита ба миқдори 4 воҳид муқаррар карда шавад.
5. Маошҳои хизматии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи корашон дар сатҳи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шаванд.
6 Қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 1991 № 317 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 1994 № 139 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 июни соли 1995 № 396
ш. Душанбе