ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Низомномаи замимагардидаи Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Ҳаёев
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Маҳкамбоев
ш. Душанбе,
аз 18 октябри соли 1991, № 317
Бо қарори
Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 1991, № 317
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҷумҳурии идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ бо Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикитсон тобеъ мебошад.
2. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмони асосӣ, инкишофи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва таҷҳизоти инженерӣ дар шароитҳои гузариш ба иқтисоди бозорӣ сиёсати давлатиро татбиқ менамояд.
3. Кумита дар фаъолияти худ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИҶШС, қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти ИҶШС, қарору фармоишҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари нормативӣ ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
4. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати техникиро дар сохтмон, дар тараққиёти базаи истеҳсолии комплекси бинокорӣ, дар масъалаҳои бамеъёрдарорӣ, стандарткунӣ ва нархгузорӣ бо назардошти манфиатҳои мақомоти дигари идораи давлатӣ муайян карда, татбиқ менамояд ва бо ин мақомоти ҳамкорӣ мекунад.
5. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистонмухолифати дар байни мақомоти ҷумҳурии идораи давлатӣ, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти тобеаш оид ба масъалаҳои салоҳияти он бамиёномадаро баррасӣ менамояд.
6. Иҷрои қарорҳое, ки Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ қабул менамояд қабул менамояд, барои тамоми мақомоти идораи давлатӣ, инчунин иттиҳодияю идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои комплекси бинокорӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва намуди моликияти онҳо, ҳатмӣ мебошад.
7. Вазифаҳои асосии Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
Ташкили таҳияи лоиҳаҳои асосҳои қонунгузорӣ дар хусуси фаъолияти инвестиционӣ дар сохтмони асосӣ ва санадҳои дигари қонунӣ ва нормативие, ки ба лоиҳакашӣ, фаъолияти пудратӣ, шаҳрсозӣ, истеҳсол ва фурӯши масолеҳи бинокорӣ, конструкцияҳо, қисмҳо ва таҷҳизоти таъиноти бинокорӣ таалуқ доранд.
Татбиқи сиёсати давлатии илмию техникӣ дар сохтмон
Якҷоя бо Кумитаи давлатии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардан дар ташаккули сиёсати ҷумҳурии фаъолияти инвестиционӣ. Ташаккули самтҳои инкишофи базаи моддию техникии сохтмон ва иқтидорҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, таҷҳизот барои саноати сохтмон, мошинҳо ва механизму асбобҳои бинокорӣ.
Иштирок дар таҳияи барномаҳои территориявие, ки ба таъмини бехатарии сохтмон дар минтақаҳои эҳтимолан хатарнок, ҳифзи аҳолии шаҳру маҳалҳои аҳолинишин аз таъсири хатарноки табиӣ, таъмини иҷрои вазифаҳо оид ба пешгирӣ ва амалиёт дар вазъияти фавқулодда.
Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нархгузорӣ бамеъёрдарории сметавӣ дар сохтмони асосӣ, расонидани кӯмак ба ташаккули бозори ҷумҳурии маҳсулоти бинокорӣ, лоиҳакашӣ ва илмию-техникӣ.
Такмили сатҳи меъморӣ ва сифати иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин ва тарҳи меъмории биноҳо, иншоотҳо ва комплексҳои онҳо, аз ҷумла объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ бо назардошти шароитҳои минтақавӣ, хусусиятҳои миллию маишӣ ва анъанаҳои ҷумҳурӣ бо истифодаи таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва ҷаҳонӣ.
Ташкили таҳияи схемаю лоиҳаҳои тарҳсозии ноҳия, планҳои генерелӣ ва лоиҳаҳои тарҳсозии муфассали шаҳрҳо, поселкаҳои типпи шаҳрӣ, маҳалҳои аҳолинишини деҳот, курортҳо, мавзеъҳои истироҳат, схемаҳои планҳои генералии шабакаҳои истеҳсолӣ ва таҳияи онҳо дар сурате, ки Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришдиҳанда мебошад.
Ташкили ахборот ва тарғиботи илмию техникӣ дар соҳаи бинокорӣ, шаҳрсозӣ, меъморӣ ва масолеҳи бинокорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии методӣ ба кори мақомоти ахбороти вазорату идораҳои бинокории ҷумҳурӣ.
Ташкил ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар соҳаи сохтмон, таҳияи пешниҳодҳои бо ҷумҳуриҳо мувофиқатшудаи оид ба танзими давлатии содирот ва вориди маҳсулот ва хизматҳои комплекси бинокорӣ;
Назорати давлатӣ ба тарҳкашӣ ва иморатсозии шаҳрҳо, поселкаҳои типпи шаҳрӣ, маҳалҳои аҳолинишини деҳот ва шабақаҳои истеҳсолӣ, ба сифати сохтмон ва таъмири корхонаҳо, аз ҷумла биною иншоотҳои таъиноти манзилӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифяти масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоту конструкцияҳое, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд.
Якҷоя бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани назорат ба таҳия ва иҷрои тадбирҳои муҳофизати инженерии территорияю объектҳои хоҷагии халқ, инчунин ҳифзи муҳити зист, ёдгориҳои таъриху меъморӣ.
Ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарӣ ба мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозии кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар бобати татбиқи сиёсати ягонаи техникӣ дар лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаю биноҳо ва иншоотҳо, шаҳрсозӣ, такмили тарҳсозӣ ва иморатсозии шаҳрҳо, поселкаҳои типпи шаҳрӣ ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот.
8. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои ба замимааш гузошташуда:
а/ таҳияи пешниҳодҳоро ба лоиҳаҳои ояндабиниҳо, санадҳои қонунӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти инвестиционӣ ва бинокорӣ амалӣ мегардонад;
б/ татбиқи барномаҳои ҷумҳурии илмию техникиро дар соҳаи сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, шаҳрсозӣ амалӣ намуда, ба он назорат мекунад. Дар таҳияи ояндабиниҳо ва нишондиҳандаҳои плании тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ иштирок менамояд.
Дар доираи маблағҳои додашуда корҳои илмию тадқиқотиро бо пул таъмин мекунад;
в/ дар таҳия ва татбиқи маҷмӯи тадбирҳои оид ба ҳалли масъалаи манзил дар ҷумҳурӣ иштирок мекунад;
г/ бо иштироки вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи пешниҳодҳоро оид ба лоиҳакашии таҷрибавӣ, аз нав дида баромада, ҳуҷҷатҳои нормативии ҷорӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои нави нормативӣ ва стандартҳои давлатӣ оид ба лоиҳакашӣ ва бинокорӣ, омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи ватанӣ ва хориҷии лоиҳакашӣ / ва сохтмонро ташкил менамояд. Дар ташаккули фонди дахлдор барои ин мақсадҳо иштирок намуда, дар хусуси бопултаъминкунии буҷети мавзӯъҳо пешниҳодҳо тайёр мекунад;
д) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дигари лоиҳакашию тадқиқотиро оид ба баланд бардоштани сатҳи техникӣ ва ҳалли меъморию шаҳрсозӣ дар лоиҳакашӣ ва иморатсозии шаҳрҳо, посёлкаҳои типпи шаҳрӣ, шабакаҳои истеҳсолӣ, корхонаю биноҳо ва иншоотҳо ҳамоҳанг месозад.
Мухолифатҳои байни вазорату идораҳо ва мақомоти назорати давлатиро оид ба лоиҳаҳо баррасӣ намуда, хулосаҳои ниҳоиро қабул мекунад ва ё ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдор пешниҳод менамояд;
е) нормативҳои сметавӣ муайян намудани нархи асосии сохтмон, ки истифодаи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳатмист, таҳия ва тасдиқ намуда, дар асоси нормативҳои сметавии таҳияшуда ягонагии методи фаъолияти тамоми иштирокчиёнро дар сохтмон таъмин менамояд;
ж/ ба таҳия ва риояи сохтори плании сохтмони манзилӣ, иҷтимоӣ ва маданию маишӣ ва нархи миёнаи асосӣ, ба асоснокии вайрон кардани биноҳои манзилии короям дар вилояту ноҳия ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад;
з/ ба воситаи Управленияи экспертизаи давлатӣ экспертизаи комплексии асосҳои техникию иқтисодӣ, ҳисобҳои техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои объектҳоеро, ки аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ сохта мешаванд, ташкил мекунад, дараҷаи техникӣ ва сифати лоиҳаҳои аз тарафи супоришгарон тасдиқшударо дар мавриди эътимоднокӣ, устуворӣ, бехатарӣ аз ҷиҳати сӯхтор ва таркиш, риояи талаботи санитарию гигиенӣ ва экологӣ нисбати объектҳои сохташаванда интихобан назорат карда, аз рӯи натиҷаҳои зкспертиза лоиҳаҳои самараноки ҳаҷман калони банақшагирӣ, конструктивӣ, технологӣ ва ҳалли дигари лоиҳавиро таҳлилу интихоб мекунад ва ба кори тамоми мақомоти зкспертии ҷумҳурӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон аз ҷиҳати ташкилию методӣ роҳбарӣ мекунад;
и/ ба риояи меъёр, қоида ва стандартҳо ҳангоми сохтмони объектҳо назорат карда, натиҷаҳои тафтишотро ҷамъбаст менамояд ва аз рӯи онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад;
к/ дар мавриди риояи меъёр, қоида ва стандартҳои сохтмон фаъолияти мақомоти назорат, ташкилотҳои супоришгарон, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва ташкилотҳои пудратии бинокориро, сарфи назар аз тобеияти маъмуриашон ҳамоҳанг месозад;
л / таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои нормативии ҷумҳурӣ ва стандартҳои лоиҳакашию сохтмонро ташкил мекунад:
м/ схемаю ҳуҷҷатҳои нормативии бо лоиҳакашӣ, таҳқиқотҳои инженерӣ ва сохтмон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастабударо, ки вазорату идораҳо, концерну ассоциацияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, баррасӣ ва мутобиқ мегардонад;
н/ бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ конкурсҳои кушодаю пӯшидаи таҳияи лоиҳаҳои биноҳо, иншоотҳо ва ноҳияҳои аҳолинишин, планҳои генералии шаҳру маҳалҳои аҳолинишини деҳот, лоиҳаҳои тарҳкашии муфассал, конструкция ва қисмҳои индустриалии камхарҷ, усулҳои пешқадами сохтмон барои сифати беҳтари объектҳои бинокорӣ аз рӯи лоиҳаҳои камхарҷ, инчунин аз рӯи масъалаҳои дигари лоиҳакашӣ ва бинокорӣ мегузаронад;
о/ лоиҳаҳои намунавӣ ва таҷрибавии биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятиро бо назардошти шароитҳои табиию иқлимӣ, инженерию геологӣ ва анъанаҳои халқии сохтмон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
п/ нақшаҳои инкишоф ва ҷобаҷогузории базаи моддию техникии сохтмонро дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ки вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия кардаанд, ҳамоҳанг сохта, сиёсати техникиро дар соҳаи тараққиёти пешқадами истеҳсолоти масолеҳу конструкцияҳои бинокорӣ, истеҳсоли таҷҳизотро барои ин соҳаҳо муайян намуда, дар амал татбиқ мекунад;
р/ якҷоя бо мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ тадбирҳои зидди монополиро, ки ба фароҳам овардани шароит барои рақобат дар сохтмон ва лоиҳакашӣ равона шудаанд, андешида, якҷоя бо Кумитаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи пешниҳодҳои ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии корхонаю ташкилотҳои комплекси бинокорӣ, объектҳои сохтмонашон нотамом иштирок мекунад;
с/ҳамкории илмию техникӣ ва иқтисодиро бо мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи сохтмон, саноати масолеҳи бинокорӣ, конструкцияҳо ва мошинсозии бинокорӣ ҳамоҳанг сохта, якҷоя бо вазоратҳо /идораҳо/ ва ҷумҳуриҳо самтҳои асосии онро муайян мекунад, ба кори комиссияю гурӯҳҳои кории муштараки назди комиссияҳои байниҳукуматӣ роҳбарӣ мекунад. Доир ба тадбирҳои танзими давлатии воридоту содироти маҳсулот ва хизматрасонии комплекси бинокорӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад.
9. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
а/ ба иҷрои қарорҳои мақомоти ҳукумати давлатӣ ва идораи ҷумҳурӣ доир ба масъалаҳои сохтмон ва фаъолияти инвестиционӣ ва қарорҳои қабулгардида дар мавриди ғайридавлатикунонӣ ва саҳҳомикунонии корхонаю ташкилотҳои комплекси бинокорӣ аз тарафи вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо назорат мекунад;
б/ баҳри иҷрои вазифаҳои ба замааш гузошташуда мувофиқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю ташкилот, инчунин мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ маълумот, пешниҳодот ва хулосаҳои зарурӣ мегирад;
в/ барои таҳия ва мувофиқаткунонии лоиҳаҳои планҳо, барномаҳо, ҳуҷҷату қарорҳои нормативӣ, масъалаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмон, акспертиза ва тафтиши сифати сохтмон вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, корхонаҳои тобеъ, мактабҳои олӣ, мутахассисони ҷудогона, экспертҳо ва олимонро даъват менамояд;
г / корхонаю ташкилотҳои тобеашро таъсис медиҳад, аз нав ташкил менамояд ва барҳам медиҳад;
д/ бо роҳи дар назди Комитет таъсис намудани ташкилоту ассоциацияҳои ҳисоби хоҷагӣ барои тафтиши таҷрибавӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳо ва лоиҳаҳои нави меъморию бинокорӣ фаъолияти ҳисоби хоҷагиро анҷом медиҳад;
е/ ба кори корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида баҳо дода, ба онҳо барои касб кардани ҳуқуқи иҷрои корҳо дар соҳаи лоиҳакашӣ, тадқиқоти инженерӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳу конструкцияҳои бинокорӣ сертификату лицензияҳо медиҳад;
ж/ дар ҳолатҳои зарурӣ комиссияҳои байниҷумҳурӣ ва байнисоҳавӣ, инчунин гурӯҳҳои корию экспертӣ ташкил менамояд ва доир ба масъалаҳои марбути салоҳияти Кумита ҷаласаҳо даъват менамояд;
з / ба воситаи Инспекцияи давлатии бинокории Кумита, ки мутобиқи Низомномаи аз тарафи Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда фаъолият мебарад, ба сифати сохтмон, истеҳсоли масолеҳу конструкцияҳои бинокорӣ ва таҷҳизоти таъиноти бинокорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ назорат мебарад;
и/ арзьёбии экспертӣ гузаронида, дар хусуси самаранокии мошину таҷҳизоти технологии аз тарафи вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳо барои индустрияи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокорӣ аз хориҷа харидашаванда хулосаҳо мебарорад;
к / корҳоеро, ки барои додани мукофоти давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон пешбарӣ шудаанд, баррасӣ намуда, якҷоя бо Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро мутобиқ мегардонад.
10. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лоиҳавии объектҳои корхонаҳои муштараки ҷумҳурӣ, аз ҷумла объектҳои таъиноти иҷтимоиро баррасӣ ва мутобиқ мегардонад.
11. Ба Кумита Раис, ки бо розигии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад, роҳбарӣ мекунад.
Раиси Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишинон дорад, ки онҳоро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
12. Дар Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон /Раиси коллегия/, ҷонишинони Раис /аз рӯи вазифаи коркунони роҳбарикунандаи Кумита ва ташкилотҳои тобеи он , инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳо коллегия таъсис дода мешавад.
Аъзои коллегияро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Коллегияи Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими ташаккули татбиқи сиёсати инвестиционӣ ва илмию техникӣ дар сохтмон, инчунин масъалаҳои дигареро, ки аз вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда бармеояд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Қарорҳои коллегия, чун қоида, ба воситаи қарору фармонҳои Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда мешавад.
Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли оперативии масъалаҳое, ки дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда ба миён меояд, дар ихтиёри худ захираи маблағҳои аз буҷети ҷумҳурӣ барои анҷоми корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию таҳқиқотӣ додашуда дорад.
13. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои дастгоҳи марказии Қумита, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои тобеи ба он дохилшаванда ҳатмӣ мебошанд. Дар холатҳои зарурӣ Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарору фармонҳоро якҷоя ё бо розигии дигар вазорату идораҳо қабул мекунад.
14. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳои тобеашро интихоб, таъин ва аз вазифа озод мекунад, инчунин дар интихоби кадрҳо ба вазифаи сардорони мақомоти меъморию шаҳрсозии қумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ, иштирок мекунад, номзадҳоро мувофиқат мекунонад ва ба фаъолияти онҳо назорат мекунад.
15. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли дурусти проблемаҳои пешрафти илмию техникӣ, шаҳрсозӣ ва меъморӣ дар ҳайати худ Шӯрои илмию техникӣ дорад.
Ба Шӯрои илмию техникӣ Раиси Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ мекунад.
Ба ҳайати Шӯрои илмию техникӣ олимон ва мутахассисони пуртаҷрибаи Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормадону мутахассисони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, намояндагони ҷамъиятҳои илмию техникӣ дохил мешаванд.
Ҳайати шахсии Шӯрои илмию техникӣ ва Низомномаи онро Раиси Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
16. Низомномаи Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шумораи кормандони дастгоҳи марказии онро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
17. Дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.
Рӯйхати штатҳо ва сметаи хароҷоти дастгоҳи марказии Кумитаро мувофиқи тартиби муқарраргардида Раиси Кумита дар доираи шумораю фонди муқарраршудаи музди меҳнат тасдиқ мекунад.
18. Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забонҳои тоҷикию русӣ мебошад.