Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2005, № 191

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Ин Низомнома мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шудааст.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шароити мусоид барои суръатбахшии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои мақсадҳои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди бемайлони иқтисодиёт дар асоси ҷалби техника ва технологияи нав, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмӯии сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию-техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, густариши истеҳсолоти молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ташкил карда мешаванд.

Мақом, шакл ва шартҳои ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, тартиби соддашудаи дохил ва хориҷ шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ, тартиби соддашудаи низомҳои имтиёзноки гумрукиву андоз, низоми дахлдори фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии мушаххас дар ҳудуди (қитъаи) муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Низомномаи ин минтақаҳо муайян карда мешаванд, ки он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ тартиб дода мешавад. Ҳангоми тартиб додани Низомнома мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба асос мегиранд.

II. Мақоми минтақаҳои озоди иқтисодӣ

2. Мақоми минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз сарҳадоти он, заминаи қонунгузорӣ, буҷети минтақа, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, низомҳои махсуси ҳуқуқи имтиёзнок ташаккул меёбад.

3. Заминаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ моликияти истисноии давлат мебошад ва субъектҳо заминро мувофиқи талаботашон дар шакли иҷораи дарозмӯҳлат тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Мӯҳлати иҷораи дарозмуддат, ҳаҷму шаклҳои иҷорапулӣ мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4. Буҷети мустақили минтақаи озоди иқтисодӣ аз тарафи маъмурияти он тартиб дода шуда, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ мувофиқа карда мешавад.

5. Дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои таъсис ва фаъолияти корхонаҳои дорои сармоягузории хориҷӣ, инчунин корхонаҳое, ки пурра ба сармоягузорони хориҷӣ таалуқ доранд, низоми имтиёзнок муқаррар карда мешавад.

6. Мақоми идоракунӣ дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.

7. Дахолат ба фаъолияти молиявию хоҷагидории минтақаҳои озоди иқтисодӣ манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

III. Ташкили субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ

8. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дохилию хориҷӣ, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкилотҳои гуногунро тибқи шаклҳои ташкилию ҳуқуқии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ташкил кардаанд, онҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ" ба қайди давлатӣ мегиранд. Чунин ташкилотҳо фаъолияти хоҷагидориашонро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд.

Бақайдгирии давлатии филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ сурат мегирад.

9. Ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамаи намудҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ташкилотҳои хориҷии консессионӣ, инчунин ба сифати минтақаҳои субъектии самти гуногун - минтақаҳои гумрукӣ, минтақаҳои илмию техникӣ, минтақаҳои экологию саёҳатӣ ва дигар минтақаҳои махсусгардонидашуда, ки дар дохили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил ёфта, мутобиқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, дохил мегарданд.

10. Дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ бунёди истеҳсолоти ба муҳити табиати атроф зараровар манъ карда мешавад.

11. Дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ талабот оид ба иҷрои ҳатмии содирот ё истифодаи ашёи хом ва маводи маҳаллӣ ба ҷои ашёи хоми воридшаванда (воридотӣ) ё пешниҳод шудани субсидияҳо ва имтиёзи дигаре, ки пешниҳоди онҳо бо чунин талабот вобаста шудааст, муқаррар шуда наметавонанд.

12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - резидентҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият) масъалаҳои таъсиси ташкилотҳоро бо иштироки сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мустақилона ҳал мекунанд, фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона амалӣ намуда, барои натиҷаи фаъолияти худ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии пурраи иқтисодӣ доранд.

IV. Ҳуқуқи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ

13. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ сарфи назар аз шакли моликияташон (ба ғайр ташкилотҳои буҷетӣ) дорои ҳуқуқҳои зерин буда метавонанд:

- бо иштироки сармоягузорони дохилию хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои муштарак таъсис намоянд;

- дар асоси шартномаҳо фаъолияти хоҷагидориро пеш бурда, шарикон, предмети шартномаро озодона интихоб намоянд, ӯҳдадориҳо, инчунин ҳама гуна шартҳои дигари муносибатҳои байниҳамдигарии хоҷагидориро муайян намоянд;

- мустақилона фаъолияти иқтисодии хориҷиро пеш баранд, амалиёти мубодилаи мол (бартер) ва миёнаравӣ, инчунин азнавсармоягузориҳоро анҷом диҳанд, ба шарте, ки хусусияти амалиёт хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад;

- аз бонкҳо, ҷамъиятҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ бе маҳдудият қарз гиранд, барои бастани ҳама гуна шартномаҳои суғуртавӣ ширкатҳои суғуртавии дохилию хориҷиро ҷалб намоянд;

- дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамагуна сармоягузориҳоро, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудааст, татбиқ намоянд;

- дар асоси шартнома дар бораи иҷораи дарозмӯҳлат, иҷораи замин, амвол, ҳуқуқҳои амволӣ ва баҳамгузашткунии ҳуқуқи истифодабарӣ аз рӯи мувофиқаи дуҷонибаи тарафҳо, ки шартномаи иҷораро имзо кардаанд ё ворисони ҳуқуқии онҳо, инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволии заминро истифода баранд;

- ҳар гуна фаъолияти дигареро, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом диҳанд.

V. Кафолати сармоягузорӣ

14. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои зерин дода мешаванд:

- ҳимояи ҳуқуқии сармоягузории хориҷӣ;

- ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дохилию хориҷӣ - резидентҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- низоми ҳуқуқии сармоягузории хориҷӣ бояд ба низоми ҳуқуқии барои сармоягузории шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баробар бошад;

- роҳ надодан ба ҳеҷ гуна маҳдудияти ҳуқуқии ташкилотҳои дорои сармоягузории хориҷӣ.

15. Сармоягузорони хориҷӣ, ки пардохтҳои пулӣ ва моддиро дар соҳаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ анҷом медиҳанд, ҳақ доранд натиҷаҳои сармоягузории худ, аз ҷумла реинвеститсия ва муомилоти тиҷоратиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гарданд, аз онҳо, истифода баранд. Сармоягузорони хориҷӣ метавонанд фоида ё қисми онро дар намуди маҳсулоти истеҳсоли худӣ, ё аз бозор харидашуда хориҷ намоянд.

16. Ба сармоягузорони хориҷии дар минтақа амалкунанда пас аз пардохти маблағи андоз бо асъори хориҷӣ, ки ҳамчун фоида аз ҷониби онҳо ба даст омадааст, инчунин бинобар фурӯши тамоми ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ташкилоти дорои сармоягузории хориҷӣ, бинобар хориҷ шудан аз он ё барҳам хӯрдани ташкилот кафолати интиқоли маблағ ба хориҷ дода мешавад. Сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқ доранд ба минтақаи озоди иқтисодӣ маблағро интиқол диҳанд, гузаронанд, ба гарав гузоранд, содир намоянд ва сармоягузории онро қатъ намоянд.

17. Муносибатҳое, ки субъектҳои хоҷагидорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли моликият дар асоси шартнома (қарордод) ба роҳ монда мешаванд. Ташкилотҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ барномаҳои истеҳсолиро мустақилона ташаккул медиҳанд.

18. Баҳсҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла баҳсҳои байни иштирокчиёни ташкилотҳои дорои сармоягузории хориҷӣ, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ вуҷуд доранд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мегарданд.

VI. Механизми молиявию қарзӣ ва асъорӣ

19. Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси худмаблағгузорӣ амалӣ мегардад. Бо мақсади таъмини фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буҷети мустақили минтақа ташкил карда мешавад. Буҷети минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ ва дигар пардохтҳои шахсони воқеию ҳуқуқии дар қаламрави он ба қайд гирифташуда, аз он ҷумла иҷораи замин, бино, ҳар гуна хизматрасониҳо, нашри вомбаргҳои минтақавӣ мутобиқи муқаррароти дар қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ барои соли молиявии дахлдор зикршуда ва тибқи Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил меёбад.

20. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муомилоти озоди асъори миллӣ ва хориҷӣ пешбинӣ мегардад. Ҳамаи субъектҳо (резидентҳо)-и минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд суратҳисобҳои асъори миллию хориҷӣ дошта бошанд, бо қурби мавҷуда дар доираи шаклҳои иҷозатдодашудаи хариду фурӯши асъори миллию хориҷӣ ба таври озодона дар ҳисоби онҳо мавҷудбуда чӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва чӣ берун аз он истифода намоянд.

21. Дар ҳолате, ки сармоягузорони хориҷӣ маблағҳои худро дар соҳаҳои афзалиятноки минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки аз ҷониби маъмурияти минтақа муайян мешаванд, сармоягузорӣ менамоянд, интиқоли қисме аз фоидае, ки бо асъори миллӣ ба даст меояд, метавонад бо қурби мувофиқанамудаи ҷонибҳо аз ҳисоби маблағҳои асъории тарафҳои манфиатдор сурат гирад.

VII. Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

22. Муносибатҳои меҳнатӣ, ҳамчунин масъалаҳои меҳнати кироя ва аз кор озодкунӣ, низоми меҳнат ва истироҳат, кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҷубронпулиҳо дар ташкилотҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо воситаи шартномаи (созишномаи) коллективӣ ва (ё) шартномаҳои инфиродии меҳнатӣ, (қарордодҳо) танзим мегарданд. Шартҳо ва ҳаҷми музди меҳнат, инчунин дигар намудҳои даромади кормандон, аз ҷумла бо асъори хориҷӣ, аз тарафи ташкилотҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба таври мустақилона аз ҳисоби маблағҳои худӣ муқаррар мегарданд. Шартҳои шартномаҳои меҳнатии коллективӣ ва инфиродӣ наметавонанд аҳволи кормандони ин ташкилотҳоро дар муқоиса бо шартҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин конвенсияҳои "Созмони байналмилалии меҳнат", ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, бад созанд.

23. Музди меҳнати кормандони хориҷӣ, ки бо асъори миллӣ ё хориҷӣ ба даст меоранд, пас аз пардохти андозҳо метавонад бе мамоният аз ҷониби онҳо ба хориҷа бароварда шавад.

24. Коргарон ва мутахассисони ташкилотҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (ба ғайр аз ташкилотҳои буҷетӣ) метавонанд мутобиқи шартномаи меҳнатӣ музди меҳнати худро бо асъори миллӣ ё хориҷӣ гиранд, инчунин ҳангоми анҷом додани сафарҳои хизматии хориҷӣ маблағро бо асъори хориҷӣ барои хароҷоти сафари хизматӣ ба даст оранд.

25. Коргарон ва мутахассисони ташкилотҳои дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он метавонанд дар асоси қарордод дар ташкилотҳои минтақаи озоди иқтисодӣ кор кунанд.

VIII. Тартиби дохилшавӣ ва хориҷшавӣ аз минтақаи озоди иқтисодӣ

26. Дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ низоми соддаи дохил ва хориҷшавии шаҳрвандони хориҷӣ амал мекунад, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, инҳоро дар бар мегирад:

- мавҷудияти намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ барои анҷом додани вазифаҳои консулгарӣ;

- кам кардани маблағи пардохтҳои консулӣ;

- кам кардани мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо барои додани раводидҳои дохилшавӣ ва хориҷшавӣ;

- додани раводидҳои дохилшавӣ ва хориҷшавӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ бо расидани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарашон ба минтақаи озоди иқтисодӣ;

- дигар хизматрасонии иттилоотию ҳуқуқӣ ва машваратӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи равандҳои тағйирёбандаи рушди минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.

27. Дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ агентии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии ин мақомот мебошад, ки хизматрасонии консулиро таъмин мекунад ва ба муассисаҳо, ташкилотҳои дохилию хориҷӣ дар иҷро ва рушди робитаҳои байниҳамдигарӣ мусоидат менамояд. Танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад агенти консулӣ бошад.

IX. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ

28. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ мақоми идоракунии минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад, ки ба фаъолият ва рушди минтақаи озоди иқтисодӣ, инчунин ҳамоҳангсозии субъектҳои мустақили минтақаи озоди иқтисодӣ оид ба масъалаҳои дар салоҳияташ буда роҳбарӣ менамояд.

Роҳбари маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

29. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва инчунин Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

30. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои ҳамкории мутақобила бо мақомоти дигари минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқ гардонидан ва баҳисобгирии манфиатҳои дигар минтақахои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад ва ба барқарор сохтани стандартҳои байналмилалии пешбурди тиҷорат ва одоби корӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

31. вазифаҳои асосии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ инҳо мебошанд:

- таҳия ва иҷрои стратегияи рушд;

- таъмини назорати давлатӣ ва назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои рушди қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ;

- ташкилдиҳии буҷети минтақа, тасдиқ ва иҷрои он;

- пешниҳод кардани замин ба иҷора барои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, инчунин дигар иншоотҳои минтақа дар доираи ҳудуде, ки барои минтақаи озоди иқтисодӣ ҷудо карда шудааст;

- ташкили маркази иттилоотӣ, бизнес-инкубатор ва дигар таъсисотҳои зарурӣ барои фаъолият ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- ташкил ва ё иштирок дар ташкили бонкҳо ё ширкатҳои суғуртавӣ;

- тақсими фармоиши давлатӣ барои бо молҳо ва маҳсулоти зарурати давлатӣ таъмин намудан дар байни ташкилотҳои минтақаи озоди иқтисодӣ;

- дарёфти саҳмияҳои ташкилотҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, маҳсулоту молҳо ва ихтиёрдории онҳо;

- ҳамоҳангсозии корҳои ташкилотҳои илмӣ, лоиҳакашӣ, саноатӣ, сохтмон ва ғайра вобаста ба фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ;

- баҳодиҳӣ ва қабули қарорҳои дахлдор бо пешниҳоди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, танзими робитаҳои иқтисодии минтақаи озоди иқтисодӣ бо бозори байналмилалӣ;

- ташкили омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои минтақаи озоди иқтисодӣ, иштирок дар иҷрои сиёсати давлат дар соҳаи ташаккули кадрҳо, шуғл, сиёсати ҷавонон ва муҳоҷират дар минтақа;

- ташкили конфронсҳо, машваратҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо, фестивалҳо ва ғайра.

X. Мӯҳлати амали низоми минтақаи озоди иқтисодӣ

32. Мӯҳлати дар амал ҷорӣ намудани низоми ҳудудияти минтақаи озоди иқтисодӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Мӯҳлатҳои давраи гузариш ҳангоми ҷорӣ кардани низоми минтақаи озоди иқтисодӣ тавассути маъмурияти минтақа на зиёдтар аз 7 сол аз рӯзи қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Ин давра барои бунёди инфраструктура, ташаккули заминаи ҳуқуқӣ, ба таври воқеӣ аз худ намудани қаламрав ва ташаккули иншоотҳои минтақаи озоди иқтисодӣ истифода мешавад. Мӯҳлат ва шароитҳои давраи гузариш пеш аз қатъи амали низоми минтақаи озоди иқтисодӣ тавассути маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян мегардад, дар ин маврид шартҳои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то қатъи амали минтақаи озоди иқтисодӣ фаро мерасад. Дар тамоми давраи амали низоми минтақаи озоди иқтисодӣ дар қаламрави минтақаҳо дар баробари забони давлатӣ забонҳои муомилоти байнидавлатӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) забонҳои корӣ ба ҳисоб мераванд.

XI. Тартиби таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

33. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешавад.

34. Мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ дар он ҷо пешбинӣ мешавад, асоснокии техникию иқтисодиии мақсаднок будани ташкили минтақаҳои озоди иқтисодиро таҳия менамояд, ки он инҳоро дар бар мегирад:

- ҳадафҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- шартҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- асосноккунии ҷудо намудани замин барои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва хусусияти ҳудуди ҷудогардида;

- дурнамо ва барномаи рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- захираҳое, ки барои ташкили минтаҳои озоди иқтисодӣ заруранд;

- тадбирҳои ташкилӣ оид ба бунёд ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- баҳодиҳии самаранокии минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- ташкили шабакаи истеҳсолоти аз нигоҳи экологӣ тоза, рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва молҳо дар заминаи технологияи пешқадами муосир;

- ба соҳибкорони ватанӣ омӯзондани таҷрибаи байналмилалии пешбурди тиҷорат, интишори таҷрибаи пешқадам дар фазои атрофии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии пешбурди тиҷорат.

35. Мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои зеринро равон мекунад:

- ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо асосноккунии техникию иқтисодӣ, харитаҳои топографӣ ва хулосаи санҷиши экологӣ;

- шаклҳои функсионалӣ ва шаклҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, намудҳои муайяни фаъолият дар қаламрави он;

- мӯҳлат ва шартҳои низоми пешбинигардидаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ.

36. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз анҷоми экспертизаи маҷмӯӣ дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ таклифҳо пешниҳод менамояд.

37. Ҳангоми ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ заминаҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

- муайян сохтан ва пешбинӣ намудани таъсири фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба иқтисодиёти қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамчунин ба экологияи минтақа;

- шароити иқтисодию ҷуғрофӣ;

- мавҷудияти инфраструктураи рушдёфта;

- манбаҳои маблағгузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- системаи имтиёзҳое, ки ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ вогузор шудаанд;

- мавҷудияти ашёи хом, мавод, аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол;

- имконияти интиқоли борҳо, махсусан тариқи воситаҳои нақлиёти ҳозиразамон;

- хусусиятҳои миллии минтақаҳои пешниҳодшаванда;

- мӯътадилии иқтисодию сиёсӣ дар кишвар ва маҳалҳое, ки дар он ҷо минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил мешаванд;

- назорати асъорию гумрукӣ ва сатҳи назорати давлатии фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ;

- мӯътадилии системаи молиявӣ;

- кафолатҳо дар мавриди ҳимояи сармоягузорӣ;

- риояи созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.

ХII. Тартиби муайян намудани сарҳади минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

38. Сарҳади қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

39. Мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи асосҳои дақиқ лоиҳаҳои сарҳади қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодиро ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

40. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва анҷом додани санҷиши маҷмӯӣ ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарҳади ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ таклифҳо пешниҳод менамояд.

41. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида оид ба муайян намудани сарҳади қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд.

42. Баъди аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани сарҳади қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ корҳои зеринро анҷом медиҳад:

- сметаи хароҷотро оид ба ободонии сарҳади қаламрави муайяншудаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ тартиб дода, бо мақомоти гумрукӣ нақшаи ҷойгиршавии инфраструктураҳои гумрукиро мувофиқа менамояд;

- ҷадвали ҷойгиршавии субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро дар сарҳади қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо назардошти таклифҳои онҳо, аз ҷумла хароҷоти молиявии ҳар як субъектро тартиб дода, ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

XIII. Тартиби барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ

43. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ таклиф пешниҳод менамояд.

44. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани санҷиши пурраи иқтисодӣ дар ҳайати мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ оид ба мақсаднок будани барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ комиссия таъсис медиҳад.

45. Ин комиссия дар асоси таҳлили пурра ва бо назардошти фикри мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ таклиф пешниҳод менамояд.

46. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳам додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ қарор қабул мекунад.

Положение о свободных экономических зонах в Республике Таджикистан

I. Общие положения

1. Настоящее Положение разработано в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О свободных экономических зонах в Республике Таджикистан".

Свободные экономические зоны в Республике Таджикистан создаются в целях обеспечения благоприятных условий для ускорения экономического развития Республики Таджикистан, в том числе для привлечения иностранных инвестиций, обеспечения занятости населения, динамичного развития экономики на базе привлечения новой техники и технологии, передового зарубежного опыта, объединения и комплексного использования государственного, коммерческого и иностранного капитала, апробации новых методов хозяйствования, основанных на сочетании различных форм собственности, внедрения в производство отечественных и зарубежных научно-технических разработок и изобретений с последующим их использованием в других организациях республики, расширения производства потребительских товаров и услуг, увеличения экспорта продукции и решения других социально-экономических задач.

Статус, типы и сроки условия создания свободных экономических зон, порядок упрощенного въезда и выезда иностранных граждан на территорию свободной экономической зоны, порядок упрощенных таможенных и налоговых льготных режимов, соответствующий режим функционирования конкретно созданной свободной экономической зоны на определенной территории (участке) Республики Таджикистан, определяются положением этой зоны, которое разрабатывается местными исполнительными органами государственной власти и администрацией свободной экономической зоны. При разработке указанного Положения местные исполнительные органы государственной власти и администрация свободной экономической зоны основываются на действующее законодательство Республики Таджикистан и настоящее Положение о свободных экономических зонах в Республике Таджикистан.

II. Статус свободной экономической зоны

2.Статус свободной экономической зоны формируется ее границами, законодательной базой, бюджетом зоны, местными органами самоуправления, особыми правовыми льготными режимами.

3. Земли свободной экономической зоны являются исключительной собственностью государства, и субъекты пользуются землей в соответствии с их потребностями и на условиях долгосрочной аренды в соответствии с Земельным кодексом Республики Таджикистан. Сроки долгосрочной аренды, размеры и формы арендной платы определяются согласно действующим законам Республики Таджикистан.

4. Самостоятельный бюджет свободной экономической зоны формируется его администрацией и согласовывается с уполномоченным государственным органом в области государственных финансов.

Государственная регистрация их филиалов и представительств осуществляется согласно законодательства Республики Таджикистан и Положения о свободных экономических зонах.

5. На территории свободной экономической зоны устанавливается преференциальный режим для создания и деятельности предприятий с иностранными инвестициями, а также предприятий, полностью принадлежащих иностранным инвесторам.

6. Органом управления на территории свободной экономической зоны является администрация свободной экономической зоны.

7. Вмешательство органов государственной власти и управления в финансово-хозяйственную деятельность свободной экономической зоны запрещается, кроме случаев, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

III. Формирование субъектов свободной экономической зоны

8. Отечественные и иностранные физические и юридические лица, создающие на территории свободной экономической зоны организации в различных организационных правовых формах, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, проходят государственную регистрацию в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О регистрации юридических лиц". Такие организации осуществляют свою хозяйственную деятельность в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О свободных экономических зонах в Республике Таджикистан", Положением о свободных экономических зонах в Республике Таджикистан и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

9. К субъектам свободной экономической зоны относятся все виды физических и юридических лиц, в том числе иностранные концессионные организации, а также в качестве субзон различной направленности таможенные зоны, научно-технические зоны (технопарки), экологотуристические зоны и другие специализированные зоны, созданные внутри свободной экономической зоны и зарегистрированные в установленном порядке.

10. На территории свободной экономической зоны запрещаются производства, наносящие вред окружающей природной среде.

11. На территории свободной экономической зоны не могут устанавливаться требования об обязательном исполнении экспорта или использовании местного сырья и материалов вместо ввозимых (импортных) или предоставляться субсидии и другие льготы, предоставление которых обусловлено такими требованиями.

12. Физические и юридические лица - резиденты свободной экономической зоны (независимо от организационно - правовой формы и форм собственности) самостоятельно решают вопросы о создании организаций с участием отечественных и иностранных инвесторов, самостоятельно осуществляют внешнеэкономическую деятельность и за результаты своей деятельности несут полную экономическую ответственность в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан.

IV. Права субъектов свободной экономической зоны

13. Субъекты свободной экономической зоны независимо от форм собственности имеют право (кроме бюджетных организаций):

- создавать в соответствии с законодательством Республики Таджикистан совместные организации с участием иностранных и отечественных инвесторов;

- осуществлять хозяйственную деятельность на основе договоров, свободно выбирать партнера, предмет договора, определять обязательства, а также любые другие условия хозяйственных взаимоотношений;

- самостоятельно осуществлять внешнеэкономическую деятельность, производить товарообменные (бартерные) и посреднические операции, а также реинвестиции, если характер этих операций не противоречит законодательству Республики Таджикистан;

- без ограничений получать кредиты у иностранных банков, обществ, фирм и организаций, привлекать иностранные страховые компании для заключения всех видов страховых сделок;

- осуществлять на территории свободной экономической зоны любые инвестиции, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан;

- пользования землей на основе договора о долгосрочной аренде, аренде земли, имущества, имущественных прав и переуступки прав пользования по обоюдному соглашению сторон, подписавших арендный договор, или их правопреемников, а также других имущественных и неимущественных прав;

- совершать любую другую деятельность, не запрещенную действующим законодательством Республики Таджикистан.

V. Гарантии инвестиций

14. В свободной экономической зоне в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и нормами международного права, признанными Республики Таджикистан гарантируются:

- правовая защита иностранных инвестиций;

- защита авторских прав отечественных и иностранных физических и юридических лиц-резидентов свободной экономической зоны;

- правовой режим иностранных инвестиций равный правовому режиму для инвестиций, осуществляемых юридическими лицами и гражданами Республики Таджикистан;

- недопущение какой-либо правовой дискриминации организаций с иностранными инвестициями.

15. Иностранные инвесторы, осуществляющие денежные и материальные вклады в сферу хозяйственной и иной деятельности свободной экономической зоны, вправе владеть и пользоваться результатами своих инвестиций, включая реинвестиции и торговые операции на территории Республики Таджикистан. Иностранные инвесторы могут вывозить прибыль или ее часть в виде продукции собственного производства или купленной на рынке.

16. Иностранным инвесторам, действующим в зоне, гарантируется перевод за границу после выплаты налогов сумм в иностранной валюте, полученных ими в виде прибыли, а также в связи с продажей всей части доли в уставном капитале организаций с иностранными инвестициями, выходом из него или ликвидацией организации. Иностранные инвесторы имеют право на перевод, передачу, залог, экспорт и прекращение их инвестиций в свободную экономическую зону.

17. Отношения, в которые вступают хозяйствующие субъекты, расположенные в свободной экономической зоне, независимо от форм собственности строятся на контрактной (договорной) основе. Организации свободной экономической зоны самостоятельно формируют производственные программы.

18. Хозяйственные споры, в том числе споры между участниками организаций с иностранными инвестициями, находящимися в свободной экономической зоне, решаются в порядке, определенном законодательством Республики Таджикистан.

VI. Финансово-кредитный и валютный механизм

19. Функционирование свободной экономической зоны осуществляется на основе самофинансирования. В целях обеспечения функционирования свободной экономической зоны формируется самостоятельный бюджет зоны. Бюджет из собственной прибыли и других поступлений от физических и юридических лиц, зарегистрированных в зоне в т.ч. от сдачи в аренду земли, зданий и сооружений, от выпуска займов зоны в соответствии с положениями, включенными в законодательство о государственном бюджете на соответствующий финансовый год и Положением о свободной экономической зоне.

20. В свободной экономической зоне предусматривается свободное обращение национальной и иностранной валюты. Все субъекты (резиденты) свободной экономической зоны могут иметь счета в национальной и иностранной валюте, свободно приобретать национальную и иностранную валюту по курсам, складывающимся в рамках санкционированных в свободной экономической зоне форм купли и продажи валюты, а также использовать находящуюся на их счетах валюту как на территории свободной экономической зоны, так и за ее пределами.

21. В случае, когда иностранные инвесторы инвестируют свои средства в приоритетные отрасли свободной экономической зоны, определяемые администрацией зоны, перевод части прибыли, полученной в национальной валюте, может осуществляться по взаимосогласованному курсу за счет валютных средств заинтересованных сторон.

VII. Трудовые отношения в свободной экономической зоне

22. Трудовые отношения, включая вопросы найма и увольнения, режимы труда и отдыха, социальных гарантий и компенсаций в организациях свободной экономической зоны регулируются коллективным договором (соглашением) и (или) индивидуальными трудовыми договорами (контрактами). Условия и размеры оплаты труда, а также другие виды доходов работников, в том числе и в иностранной валюте, устанавливаются организациями свободной экономической зоны самостоятельно за счет собственных средств. Условия коллективных и индивидуальных трудовых договоров не могут ухудшать положения работников этих организаций по сравнению с условиями, предусмотренными в трудовом Кодексе Республики Таджикистан, а также конвенциями Международной организации труда, ратифицированными Республикой Таджикистан.

23. Заработная плата иностранных работников, полученная в иностранной или в национальной валюте после уплаты налогов, может беспрепятственно вывозиться ими за границу.

24. Рабочие и специалисты организаций свободной экономической зоны (кроме бюджетных организаций) могут согласно трудовым договорам получать заработную плату в национальной и иностранной валюте, а также при совершении ими служебных загранпоездок, суммы в иностранной валюте на командировочные расходы.

25. Рабочие и специалисты организаций других регионов Республики Таджикистан и из-за ее пределов могут работать на контрактной основе в организациях свободной экономической зоны.

VIII. Порядок въезда и выезда из свободной экономической зоны

26. На территории свободной экономической зоны действует упрощенный режим въезда и выезда иностранных граждан, устанавливаемый Министерством иностранных дел Республики Таджикистан, который включает:

- наличие представительства Министерства иностранных дел Республики Таджикистан на территории свободной экономической зоны для осуществления консульских функций;

- уменьшение суммы консульских сборов;

- сокращение сроков рассмотрения документов по выдаче въездных и выездных виз;

- выдачу въездных и выездных виз для иностранных граждан по их прибытии в Республику Таджикистан, следующих в свободную экономическую зону;

- иное информационно-правовое и консультационное обслуживание, предусматриваемое Министерством иностранных дел Республики Таджикистан для свободной экономической зоны в соответствии с изменяющимися процессами развития свободной экономической зоны.

27. На территории свободной экономической зоны представительством Министерства иностранных дел Республики Таджикистан является консульское агентство, которое обеспечивает консульское обслуживание и оказывает содействие отечественным и зарубежным организациям в налаживании и развитии взаимовыгодных деловых связей. Консульским агентом может быть только гражданин Республики Таджикистан.

IX. Порядок деятельности администрации свободной экономической зоны

28. Администрация свободной экономической зоны является органом управления свободной экономической зоны, осуществляющим руководство функционированием и развитием свободной экономической зоны, а также координацию деятельности самостоятельных субъектов свободной экономической зоны по вопросам, отнесенным к ее полномочиям.

Руководитель администрации свободной экономической зоны назначается и освобождается от занимаемой должности Правительством Республики Таджикистан.

29. Администрация свободной экономической зоны в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О свободных экономических зонах в Республике Таджикистан", иными нормативными правовыми актами республики, а также Положением о свободной экономической зоне Республики Таджикистан.

30. Администрация свободной экономической зоны осуществляет свою работу на принципах тесного взаимодействия с органами управления других свободных экономических зон на территории Республики Таджикистан в целях согласования и учета интересов различных свободных экономических зон республики, содействует установлению международных стандартов ведения бизнеса и деловой этики в целом по республике.

31. Основными функциями администрации свободной экономической зоны являются:

- разработка и реализация стратегии развития;

- обеспечение государственного контроля и надзора за рациональным использованием природных и трудовых ресурсов на территории свободной экономической зоны, за исполнением законов и нормативных актов по вопросам развития территории свободной экономической зоны;

- формирование бюджета зоны, его утверждение и исполнение;

- предоставление земель в аренду субъектам свободной экономической зоны, а также других объектов зоны в пределах территорий, отведенных под свободную экономическую зону;

- создание информационного центра, бизнес - инкубатора и других необходимых учреждений для функционирования и развития свободной экономической зоны;

- создание или участие в создании банков и страховых компаний;

- распределение между организациями свободной экономической зоны государственного заказа на поставку продукции и товаров для государственных нужд;

- приобретение акций предприятий свободной экономической зоны, их продукции и товаров и распоряжение ими;

- координация деятельности научных, проектных, промышленных, строительных и иных организаций, связанных с функционированием свободной экономической зоны;

- оценка и принятие конкретных решений по предложениям отечественных и иностранных инвесторов, регулирование экономических отношений свободной экономической зоны с международным рынком;

- организация подготовки, переподготовки и повышения квалификации кадров для свободной экономической зоны, участие в реализации государственной политики в области формирования кадров, занятости, молодежной и миграционной политики в регионе;

- организация конференций, совещаний, семинаров, фестивалей и т.п.

X. Срок действия режима свободной экономической зоны

32. Срок введения в действие режима территориальности свободной экономической зоны определяется решением Правительства Республики Таджикистан. Сроки переходного этапа при введении режима свободной экономической зоны определяются администрацией зоны, но не более, чем на 7 лет от даты решения Правительства Республики Таджикистан. Данный период используется для инфраструктурного обустройства, формирования правовой базы, реального освоения территории и становления объектов свободной экономической зоны. Сроки и условия переходного этапа перед прекращением действия режима свободной экономической зоны также определяются администрацией свободной экономической зоны, при этом условия переходного этапа наступают не позднее, чем за 3 года до прекращения срока действия свободной экономической зоны. На весь период действия режима свободной экономической зоны на территории зоны рабочими языками, наряду с государственным языком, являются языки межгосударственного общения (русский, английский и другие).

XI. Порядок создания свободных экономических зон в Республике Таджикистан

33. Свободные экономические зоны создаются и ликвидируются Правительством Республики Таджикистан.

34. Местный исполнительный орган государственной власти, где предусматривается создание свободной экономической зоны, разрабатывает технико-экономическое обоснование о целесообразности создания свободной экономической зоны, включающее:

- цели создания свободной экономической зоны;

- предпосылки создания свободной экономической зоны:

- обоснование отвода земель под свободную экономическую зону и характеристику выделенной территории;

- перспективы и программу развития свободной экономической зоны;

- ресурсы, необходимые для создания свободной экономической зоны;

- организационные мероприятия по созданию и функционированию свободной экономической зоны;

- оценку эффективности создания свободной экономической зоны;

- создания сети экологически чистых производств, развитие производства конкурентноспособной продукции и товаров на базе современных прогрессивных технологий;

- обучение отечественных предпринимателей международному опыту ведения бизнеса, тиражирования передового опыта в пространстве вокруг свободной экономической зоны, введение в свободной экономической зоне международных стандартов ведения бизнеса.

35. Местный исполнительный орган государственной власти направляет уполномоченному государственному органу Республики Таджикистан предложения о:

- создании свободной экономической зоны с технико-экономическим обоснованием, топографическими картами и заключением экологической экспертизы;

- функциональных типах и формах свободной экономической зоны, конкретных видов деятельности на ее территории;

- сроках и условиях предполагаемого режима функционирования свободной экономической зоны.

36. Уполномоченный государственный орган Республики Таджикистан после проведения комплексной экспертизы вносит предложения о создании свободной экономической зоны на рассмотрение Правительству Республики Таджикистан.

37. При создании свободной экономической зоны учитываются следующие предпосылки:

- определение и прогнозирование влияния деятельности свободной экономической зоны на экономику региона свободной экономической зоны, включая экологию региона;

- экономико-географические условия;

- наличие развитой инфраструктуры;

- источники финансирования свободной экономической зоны;

- системы льгот, предоставляемых субъектам свободной экономической зоны;

- наличие сырья, материалов, экономически активного населения;

- возможность доставки грузов, особенно с помощью современных транспортных средств;

- национальные особенности предоставляемых зон;

- экономико-политическая стабильность в стране и в регионах, где создается свободная экономическая зона;

- валютно-таможенный контроль и уровень государственного контроля деятельности иностранных компаний;

- стабильность финансовой системы;

- гарантии по защите инвестиций;

- соблюдение Соглашений и других международных и правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.

XII. Порядок определения границ свободных экономических зон в Республике Таджикистан

38. Территориальная граница свободной экономической зоны по предложению Правительства Республики Таджикистан определяется Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

39. Местный исполнительный орган государственной власти совместно с администрацией свободной экономической зоны на основе тщательного обоснования определяют проекты территориальных границ свободной экономической зоны и представляют уполномоченному государственному органу Республики Таджикистан.

40. Уполномоченный государственный орган Республики Таджикистан на основе представленных документов и завершения комплексной проверки представляет на рассмотрение в Правительство Республики Таджикистан предложения о территориальной границе свободной экономической зоны.

41. Правительство Республики Таджикистан представляет в установленном порядке предложения по определению территориальных границ свободных экономических зон на утверждение в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

42. После утверждения Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан определения территориальных границ свободной экономической зоны, администрация свободной экономической зоны:

- составляет смету расходов по обустройству определенной территориальной границы свободной экономической зоны и согласовывает с таможенными органами схему размещения таможенных инфраструктур;

- разрабатывает график размещения субъектов свободной экономической зоны на территориальной границе свободной экономической зоны, учитывая их предложения, в том числе финансовые затраты каждого субъекта свободной экономической зоны и представляет в уполномоченный государственный орган Республики Таджикистан.

XIII. Порядок ликвидации свободных экономических зон

43. Уполномоченный государственный орган Республики Таджикистан в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О свободных экономических зонах в Республике Таджикистан", представляет Правительству Республики Таджикистан предложение о ликвидации свободной экономической зоны.

44. Правительство Республики Таджикистан создает Комиссию в составе соответствующих органов государственный власти для проведения полного экономического анализа целесообразности ликвидации свободной экономической зоны.

45. На основании проведенного полного анализа и с учетом мнений уполномоченного государственного органа и исполнительного местного органа государственной власти, комиссия вносит на рассмотрение в Правительство Республики Таджикистан предложения о ликвидации свободной экономической зоны и о сроках ликвидации свободной экономической зоны.

46. Правительство Республики Таджикистан принимает решение о ликвидации свободной экономической зоны.