Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 арели соли 2008 № 176 "Дар бораи тадбирҳои ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.11.2019 № 578 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2008 № 408 "Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида воҳидҳои кории иҷрочиёни суд, сметаи хароҷот, молу мулк ва дигар таҷҳизотеро, ки барои амалӣ намудани фаъолияти иҷрочиёни суд пешбинӣ шудааст, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008 маблағҳоеро, ки дар буҷети давлатӣ барои нигоҳдории иҷрочиёни суд пешбинӣ шудаанд, дар сметаи хароҷоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд.

3. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи муштараки ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷроро таъсис диҳанд.

4. Комиссияи муштарак дар давоми ду моҳ:

-супоридан ва кабули делоҳои шахсии иҷрочиёни суд ва ҳуҷҷатҳои иҷрои дар истеҳсолоти иҷрочиёни суд бударо анҷом диҳад;

-баланси тақсимоти биноҳои судиро бо дарназардошти ҷойгиршавии иҷрочиёни суд ва таъмини нигаҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии иҷрочиёни суд дар ин биноҳо тартиб диҳад:

-инвентаризатсияи молу мулкеро, ки дар истифодабарии иҷрочиёни суд қарор дорад, гузаронида, супоридани онро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

-воситаҳои пулиеро, ки ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ ба даст оварда шудаанду дар ҳисоби депозитии судҳо маҳфузанд, ба ҳисоби депозитии иҷрочиёни суд гузаронад.

5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани ҳисобҳои депозитии иҷрочиёни судро таъмин намоянд.

6. Дар сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистои Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд бо 9 воҳиди корӣ таъсис дода шуда, барои раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо воҳидҳои кории иловагӣ пешбинӣ карда шаванд.

7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба тобеияти Вазорат гузаронидани истеҳсолоти иҷро вобастаро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

8. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 қарор рақами "82" ба рақами "91" иваз карда шавад;

- дар банди 3 қарор рақами "31" ба рақами "44" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "(бе ҳайати хизматрасон)" калимаҳои "ва шумораи иҷрочиёни суд ба миқдори 233 воҳид" илова карда шаванд.

Дар Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

"Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ";

- аз сархати шашум калимаҳои "ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;

- сархати ҳафтӯм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ";

- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд".

Дар Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба банди 5 сархати нӯҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"- ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;";

- ба банди 6 зербанди 5-1) дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"5-1) дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро:

- иҷрочиёии судро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби амалӣ намудани истеҳсолоти иҷроро муайян менамояд;

- фаъолияти иҷрочиёни судро ташкил ва роҳбарӣ мекунад, дастурҳо қабул мекамояд, кори иҷрочиёни судро назорат, таҳлил ва ҷамъбаст карда, ҷиҳати таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро чораҳо меандешад;

- дар ҳолати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти иҷрочисни судро таҳия ва қабул менамояд.";

дар сархатҳои сенздаҳ ва понздаҳи банди 15 калимаҳои "нотариусони давлатиро" ва "нотариусҳои давлатиро" ба калимаҳом "нотариусони давлатӣ ва иҷрочиёни судро" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 апрели соли 2008 № 176

ш. Душанбе