ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 3, моддаи 121) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва муқаддимаи Қонун баъд аз калимаҳои "Қӯшунҳои сарҳадии" калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии" илова карда шаванд.
2. Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қӯшунҳои сарҳадӣ) намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарҳади давлатӣ), тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд.
3. Дар моддаи 4:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода шавад:
- ҳифз ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;";
- дар сархати дуюм калимаҳои "шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
4. Моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 5. Роҳбарӣ ва идоракунии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Роҳбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамзамон Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.
Муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.
Муовинони сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.".
5. Моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Ваколатҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро амалӣ намуда, дар он Шӯрои ҳарбиро ташкил ва ҳайати онро тасдиқ менамояд, ваколатҳои шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро дар ҳалли масъалаҳои оперативӣ, ташкилӣ-штатӣ, кадрӣ, молиявӣ, хоҷагӣ- истеҳсолӣ ва дигар масъалаҳо муқаррар менамояд;
- ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативиро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиётҳои муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил менамояд;
- Қӯшунҳои сарҳадиро дар муносибат бо мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ менамояд;
- оид ба сохтор ва шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, андозаи маблағгузории буҷетӣ барои Кӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои фармонҳо ва қарорҳоро оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ, азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадиро пешниҳод менамояд;
- сохтор ва штати қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадиро тасдиқ намуда, ба онҳо дар доираи шумораи муқаррар гардида, фондҳои таъминоти пулӣ, музди меҳнат, инчунин штати воситаҳои нақлиёт, техникаи ҷангӣ ва махсус тағйироти зарурӣ ворид менамояд;
- оинномаи Қӯшунҳои сарҳадиро барои тасдиқ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба хизматчиёни ҳарбии Кӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқарраргардида рутбаи аввалини афсарӣ ва рутбаи ҳарбии прапоршик, рутбаи ҳарбии пеш аз мӯҳлати афсар, рутбаи як зина баландтар аз рутбаи ҳарбии дар штат барои мансаби ҳарбии ишғолкарда пешбинишударо медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида афсарон ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадиро ба вазифаҳои ҳарбие, ки аз ҷониби афсарони калон ишғол карда мешаванд, таъин ва озод менамояд, рутбаи афсарии калонро то полковник медиҳад;
- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил намудани вазифаҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба номгӯи вазифаҳое, ки аз ҷониби афсарони олирутба ишғол карда мешаванд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба хизматчиёни ҳарбӣ додани рутбаҳои олии афсарӣ, инчунин озод намудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадиро дар давлатҳои ҳамҳудуд дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин менамояд;
- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
- нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳое, ки дар Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, истифода мебарад;
- тартиби аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ додани ахбороти оперативӣ, маҳсулоти махсуси техникӣ ва дигар воситаҳоро ба идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ муқаррар менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд;
- маблағҳоеро, ки барои нигоҳдории Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷудо гардидаанд, тақсим менамояд;
- меъёр ва тартиби хароҷоти воситаҳои молиявиро барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ вобаста ба анҷом додани фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ амалӣ мегардонанд, муқаррар менамояд;
- дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси қабули намояндагони идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, инчунин фиристонидани намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба давлатҳои хориҷӣ қарор қабул намуда, бо ин мақсад дар доираи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ хароҷоти молиявиро муайян менамояд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.".
6. Ба Қонун моддаи 6(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 6 (1). Ваколатҳои Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ:
- роҳбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро таъмин намуда, барои омодагии хизматӣ-ҷангӣ ва тарбияи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ шахсан масъул мебошад;
- доир ба ташкили ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиёти муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - раиси Кумита) таклифҳо пешниҳод менамояд;
- доир ба сохтор, шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, штатҳои қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои Кӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;
- оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ ва азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;
- гузаронидани фаъолияти разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқиро дар системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд;
- афсарон ва прапоршикҳоро бо тартиби муқарраргардида ба вазифаҳои ҳарбӣ таъин ва аз вазифаҳои ҳарбӣ озод менамояд, рутбаҳои ҳарбиро то рутбаи ҳарбии капитан медиҳад;
- дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, ба раиси Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.".
7. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 7. Сохтори Кӯшунҳои сарҳадӣ
Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ (Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон), шӯъбаҳои оперативӣ-ҳарбӣ (гурӯҳҳо), отрядҳои сарҳадӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тиббӣ-ҳарбӣ, мактабҳои таълимӣ ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ иборат мебошанд.
Шумораи штатӣ ва сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
8. Моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ
Ба мафҳуми қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешаванд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти хизматӣ-ҷангиро дар ҳимоя ва ҳифзи Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд. Ба фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои пайваста, фаъол, аз рӯи вақту макон ба ҳам мувофиқашуда, ки барои таъмини фаъолияти ҳарбӣ, оперативӣ (разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ), ҳарбии техникӣ, намояндагии сарҳадӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маъмурӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки дар Сарҳади давлатӣ, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ, ноҳияҳои наздисарҳадӣ, минтақаҳои масъул ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд, тааллуқ доранд.
Мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз мақомоти разведка ва мақомоти назорати сарҳадӣ иборат мебошанд.
Мақомоти разведка фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯиро бо мақсади ба даст овардани маълумот дар бораи душмани эҳтимолӣ, дигар маълумоти ҷолиби диққат, барои ошкор сохтан, пешбинӣ намудан ва барҳам додани фаъолияти разведкавӣ-тахрибӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ҳудуди наздисарҳадиро бо воситаҳо ва усулҳои махсус (оперативӣ) амалӣ менамояд.
Мақомоти назорати сарҳадӣ чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд:
- назорати давлатии риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳо ба воситаи Сарҳади давлатӣ;
- ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки ба низоми муқарраргардидаи Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таҳдид мекунанд;
- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдори назорати давлатӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонот;
- дигар вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар қонунгузорӣ муқаррар гардидаанд.".
9. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 10. Ҳамкории Қӯшунҳои сарҳадӣ бо дигар мақомот
Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият, дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Бо мақсади таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаҳои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, ки аз рӯи онҳо таҳқиқ мегузаронад, инчунин оид ба ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳудуди он баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иттилоъ медиҳад.
Кӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ҳамкорӣ менамояд.".
10. Қисми дуюми моддаи 12 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шахсони мансабдори онҳо фақат тибқи асос, доира ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, мумкин аст. Ҳамзамон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон манъ аст.".
11. Дар моддаи 13:
дар қисми якум:
- дар сархати панҷум калимаҳои "шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- аз сархати ҳафтум калимаи "зиддиразведкавӣ" хориҷ карда шавад;
- дар сархати даҳум калимаҳои "мубориза бар зидди онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешавад" ба калимаҳои "бо таъмини ҳифзи Сарҳади давлатӣ вобастаанд" иваз карда шавад;
дар қисми дуюм:
- аз сархати шашум баъди калимаҳои "чизу чораи ҳамроҳи онҳо буда" калимаҳои "дигар чизу чорае, ки онҳо молик мебошанд ё дар ихтиёр доранд" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати нӯҳум пеш аз калимаҳои "муваққатан маҳдуд" калимаҳои "дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ" илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Сарҳади давлатӣ" иваз карда шаванд.
12. Моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 14. Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иборат мебошад. Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳайати шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин ба роҳ монда мешавад:
- бо хизматчиёни ҳарбӣ - ба таври ихтиёрӣ дохил гардидан ва даъват намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ;
- бо кормандони ғайриҳарбӣ - ба таври ихтиёрӣ ба кор даромадан.
Ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ (ғайр аз хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро ба тариқи даъват адо мекунанд) шаҳодатномаҳои хизматие, ки намунааш аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, дода мешавад.
Хизмати ҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Фаъолияти меҳнатии кормандони ғайриҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Тайёр кардан, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси кадрҳо ва мутахассисони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мактабҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои таълимӣ (мактабҳо), инчунин дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ дар мактабҳои таълимии ҳарбии дигар давлатҳо ба роҳ монда мешавад.".
13. Моддаи 15 хориҷ карда шавад.
14. Дар моддаи 16:
дар қисми дуюм:
- дар сархати якум калимаи "қатъи" ба калимаи "пешгирии" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои якум, чорум ва панҷуми қисми дуюм, сархати сеюми қисми панҷум ва қисми шашум калимаҳои "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро" мутаносибан ба калимаҳои "Сарҳади давлатӣ" ва "Сарҳади давлатиро" иваз карда шаванд;
- қисми сеюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.".
Қисмҳои "се, чор, панҷ ва шаш" мутаносибан қисмҳои "чор, панҷ, шаш ва ҳафт" ҳисобида шаванд.
15. Дар моддаи 17:
- дар қисми чорум калимаҳои "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Сарҳади давлатӣ" иваз карда шаванд.
- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз маоши моҳонаи вазифавӣ ва маоши моҳона барои рутбаи ҳарбӣ, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад, иловапулӣ барои собиқаи хизмат ва дигар иловапулиҳо иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.".
16. Дар қисми дуюми моддаи 19 калимаҳои "шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст" иваз карда шаванд.
17. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаҳои "Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ" ба калимаҳои "раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.".
18. Матни моддаи 21 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
20 марти соли 2008 № 365
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
6 марти соли 2008 № 446
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе
16 январи соли 2008 № 839
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Пограничных войсках Республики Таджикистан"
Статья 1. В Закон Республики Таджикистан от 1 марта 2005 года "О Пограничных войсках Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., № 3, ст. 121) внести следующие изменения и дополнения:
1. В названии Закона после слов "Пограничных войсках", в преамбуле Закона после слов "Пограничных войск" дополнить словами "Государственного Комитета национальной безопасности.".
2. Статью 1 изложить в следующей редакции:
"Статья 1. Пограничные войска Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан(далее - Пограничные войска)-особый вид войск,предназначенный для защиты и охраны Государственной границы Республики Таджикистан(далее - Государственная граница), территориальной целостности, независимости и безопасности Республики Таджикистан".
3. В статье 4:
- абзац первый изложить в следующей редакции:
- охрана и защита Государственной границы, территориальной целостности и экономических интересов Республики Таджикистан на Государственной границе;";
- в абзаце втором слова "международных договоров и соглашений Республики Таджикистан" заменить на слова "международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".
4. Статью 5 изложить в следующей редакции:
"Статья 5. Руководство и управление Пограничными войсками
Общее руководство и контроль за деятельностью Пограничных войск осуществляет председатель Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.
Непосредственное руководство и оперативное управление деятельностью Пограничных войск осуществляет первый заместитель председателя Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан - начальник Главного управления Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан. Начальник Главного управления Пограничных войск одновременно является Командующим Пограничными войсками, назначаемым и освобождаемым Указом Президента Республики Таджикистан.
Первый заместитель начальника Главного управления Пограничных войск одновременно является начальником Главного штаба Пограничных войск.
Заместители начальника Главного управления Пограничных войск, назначаются на должность и освобождаются от должности постановлением Правительства Республики Таджикистан.".
5. Статью 6 изложить в следующей редакции:
"Статья 6. Полномочия председателя Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан по руководству Пограничными войсками
Председатель Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан:
- в установленном порядке осуществляет общее руководство и контроль над деятельностью Пограничных войск, образует в них Военный совет, утверждает состав, устанавливает полномочия должностных лиц Пограничных войск в решении ими оперативных, организационно-штатных, кадровых, финансовых, производственно-хозяйственных и иных вопросов;
- формирует оперативные штабы (группы) по координации и руководству совместными действиями при проведении мероприятий на Государственной границе с привлечением сил и средств других исполнительных органов государственной власти;
- представляет Пограничные войска во взаимоотношениях с законодательными, исполнительными и судебными органами Республики Таджикистан, а также пограничными ведомствами иностранных государств;
- представляет Президенту Республики Таджикистан предложения о структуре и численности Пограничных войск, объемах бюджетного ассигнования на Пограничные войска;
- представляет Президенту Республики Таджикистан и Правительству Республики Таджикистан проекты указов и постановлений о создании, реорганизации, упразднении, дислокации, передислокации войсковых частей и формирований Пограничных войск, концепцию, планы совершенствования и развития Пограничных войск;
- утверждает структуру и штаты войсковых частей, подразделений Пограничных войск, вносит в них необходимые изменения в пределах установленной численности, фонда денежного довольствия, заработной платы, а также штат транспортных средств, боевой и специальной техники;
- представляет Устав Пограничных войск Верховному Главнокомандующему Вооруженными Силами Таджикистана для утверждения;
- присваивает военнослужащим Пограничных войск в установленном порядке первое воинское звание офицера и воинское звание прапорщика, воинское звание офицера досрочно, на одну ступень выше воинского звания, предусмотренного штатом для занимаемой воинской должности;
- в установленном порядке осуществляет назначение на воинские должности и освобождение от воинских должностей военнослужащих и служащих Пограничных войск на должности, замещаемые старшими офицерами, присваивает старшие офицерские звания до полковника;
- вносит на рассмотрение Президента Республики Таджикистан предложения о включении воинских должностей Пограничных войск в перечень должностей, замещаемых высшим офицерским составом;
- вносит на рассмотрение Президента Республики Таджикистан предложения о присвоении военнослужащим высших офицерских званий, а также об увольнении их с военной службы;
- по согласованию с Президентом Республики Таджикистан назначает на должность официальных представителей Пограничных войск в сопредельных государствах;
- вносит на рассмотрение Президента Республики Таджикистан представления к награждению военнослужащих и гражданского персонала Пограничных войск, а также других лиц, оказывающих содействие в решении задач, стоящих перед Пограничными войсками, государственными наградами и присвоению им почетных званий;
- пользуется в отношении военнослужащих Пограничных войск правами, предусмотренными Дисциплинарным уставом Вооруженных Сил Республики Таджикистан;
- устанавливает порядок передачи Пограничными войсками оперативной информации, специальных технических изделий и иных средств пограничным ведомствам иностранных государств;
- ходатайствует в соответствии с законодательством Республики Таджикистан перед Президентом Республики Таджикистан о выезде за пределы Республики Таджикистан военнослужащих Пограничных войск;
- распределяет ассигнования, выделяемые на содержание Пограничных войск;
- определяет нормы и порядок расходования финансовых средств на проведение оперативных мероприятий, связанных с осуществлением Пограничными войсками разведывательной и оперативно-розыскной деятельности, а также по защите и охране Государственной границы;
- по согласованию с Президентом Республики Таджикистан принимает решение о приеме делегаций пограничных ведомств иностранных государств, а также направлении делегаций Пограничных войск в иностранные государства, определяет для этих целей финансовые расходы в пределах ассигнований из государственного бюджета;
- осуществляет другие полномочия в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.".
6. Закон дополнить статьей 6(1) следующей редакции:
"Статья 6(1). Полномочия Командующего Пограничными войсками Командующий Пограничными войсками:
- обеспечивает непосредственное руководство и оперативное управление деятельностью Пограничных войск, несет персональную ответственность за служебно-боевую подготовку военнослужащих Пограничных войск и их воспитание;
- вносит предложения председателю Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан (далее - председатель Комитета) о формировании оперативных штабов (групп) по координации и руководству совместными действиями при проведении мероприятий на Государственной границе с привлечением сил и средств других исполнительных органов государственной власти;
- вносит предложения председателю Комитета о структуре, численности, штатах воинских частей и подразделений Пограничных войск в объеме бюджетных ассигнований на Пограничные войска;
- вносит предложения председателю Комитета о создании, реорганизации, упразднении, дислокации и передислокации войсковых частей и подразделений Пограничных войск, концепцию, планы совершенствования и развития Пограничных войск;
- осуществляет контроль за проведением разведывательной, оперативно-розыскной деятельности и дознанием в системе Пограничных войск в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
- осуществляет назначение, освобождение от воинских должностей офицеров и прапорщиков в установленном порядке, присваивает воинские звания до капитана включительно;
- вносит предложения председателю Комитета о представлении к награждению военнослужащих и гражданского персонала Пограничных войск, а также других лиц, оказывающих содействие в решении задач, стоящих перед Пограничными войсками, государственными наградами и присвоении им почетных званий;
- осуществляет другие полномочия в пределах своей компетенции.".
7. Статью 7 изложить в следующей редакции:
"Статья 7. Структура Пограничных войск
Пограничные войска состоят из Центрального аппарата (Главное управление Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан), оперативно-войсковых отделов (групп), пограничных отрядов, комендатур, застав, войсковых частей, военно-медицинских учреждений, учебных заведений, частей тылового обеспечения).
Штатная численность и структура Пограничных войск утверждается Правительством Республики Таджикистан.".
8. Статью 9 изложить в следующей редакции:
"Статья 9. Силы и средства Пограничных войск
Понятие силы и средства Пограничных войск включает Пограничные войска и органы Пограничных войск.
Пограничные войска осуществляют служебно-боевую деятельность по защите и охране Государственной границы. К служебно-боевой деятельности Пограничных войск относятся непрерывные, активные, согласованные и взаимосвязанные по месту и времени действия по обеспечению войсковой, оперативной (разведывательной, оперативно -розыскной), военно - технической, погранично - представительской, информационно - аналитической, административной и других видов деятельности, осуществляемые на Государственной границе, в пределах приграничной территории, приграничных районах, зонах ответственности и в пунктах пропуска через Государственную границу.
Органы Пограничных войск включают в себя разведывательные органы и органы пограничного контроля.
Разведывательные органы осуществляют разведывательную, оперативно-розыскную деятельность в целях добывания данных о потенциальном противнике, других интересующих сведений, выявления, предупреждения и пресечения разведывательно-подрывной и иной противоправной деятельности на Государственной границе и приграничной территории специфическими (оперативными) средствами и методами. Органы пограничного контроля осуществляют:
- государственный контроль соблюдения режима Государственной границы, пограничного режима, режима в пунктах пропуска через Государственную границу;
- выявление, предупреждение и пресечение преступлений, административных правонарушений, посягающих на установленные режим Государственной границы, пограничный режим и режим в пунктах пропуска через Государственную границу;
- пропуск через Государственную границу лиц, транспортных средств, грузов, товаров и животных совместно с другими специально уполномоченными на то государственными контрольными органами;
- другие установленные законодательством функции Пограничных войск.".
9. Статью 10 изложить в следующей редакции:
"Статья 10. Взаимодействие Пограничных войск с другими органами
Пограничные войска осуществляют свою деятельность во взаимодействии с исполнительными органами государственной власти, органами местного самоуправления, другими организациями Республики Таджикистан, независимо от форм собственности по согласованию с Председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан.
В целях обеспечения национальной безопасности Республики Таджикистан Пограничные войска по согласованию с председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан своевременно информируют Министерство иностранных дел Республики Таджикистан о случаях нарушения Государственной границы, по которым проводят дознание, а также представляют сведения о въезде в Республику Таджикистан и выезде из его территории иностранных граждан и лиц без гражданства.
Пограничные войска по согласованию с председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан сотрудничают с органами государственной власти, пограничными ведомствами зарубежных государств, международными организациями по вопросам государственных границ на основе международных правовых актов, признанных Таджикистаном".
10. Часть 2 статьи 12 изложить в следующей редакции:
"Всякое ограничение прав и свобод человека и гражданина Пограничными войсками и их должностными лицами допускается лишь на основаниях, в пределах и в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан и международными правовыми актами, признанными Таджикистаном. В тоже время военнослужащим и гражданскому персоналу Пограничных войск запрещаются действия по унижению чести и достоинства граждан.".
11. В статье 13:
В части первой:
- в абзаце пятом слова "международных договоров Республики Таджикистан, заменить словами "международных правовых актов, признанных Таджикистаном;";
- из абзаца седьмого исключить слово "контрразведывательную,";
- в абзаце десятом слова "борьба с которыми входит в компетенцию Пограничных войск" заменить словами "связанных с обеспечением охраны Государственной границы".
В части второй:
- из абзаца шестого после слов "находящиеся при них вещи," исключить слова "другие вещи, находящиеся в их собственности или владении,";
- в абзаце девятом перед словами "временно ограничивать" добавить слова "в пределах приграничной территории";
из части третьей после слов "Государственной границы" исключить слова "Республики Таджикистан".
12. Статью 14 изложить в следующей редакции:
"Статья 14. Личный состав Пограничных войск
Личный состав Пограничных войск включает военнослужащих и лиц гражданского персонала Пограничных войск. Комплектование Пограничных войск личным составом осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан в следующем порядке:
- военнослужащими - путем поступления граждан Республики Таджикистан на военную службу в добровольном порядке и путем призыва граждан Республики Таджикистан на военную службу;
- гражданским персоналом - путем добровольного поступления на работу.
Военнослужащим Пограничных войск (за исключением военно-служащих, проходящих военную службу по призыву) выдаются служебные удостоверения установленного председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан образца.
Прохождение военной службы в Пограничных войсках осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан. Трудовая деятельность гражданского персонала в Пограничных войсках осуществляется в соответствии с трудовым законодательством Республики Таджикистан. Подготовка, переподготовка и повышение квалификации кадров и специалистов Пограничных войск осуществляется в военных учебных заведениях Республики Таджикистан, учебных центрах (школах), а также по международным договорам в военных учебных заведениях других государствах.".
13. Статью 15 исключить.
14. В статье 16:
- в абзацах первом, четвертом и пятом части второй, абзаце третьем части пятой и части шестой слова "Государственную границу Республики Таджикистан", "Государственной границы Республики Таджикистан" соответственно заменить словами "государственную границу, "государственной границы.".
15. В статье 17:
- из части четвёртой после слов "Государственной границы" исключить слова "Республики Таджикистан";
- часть шестую изложить в следующей редакции: "Денежное довольствие военнослужащих Пограничных войск состоит из должностного месячного оклада и месячного оклада по воинскому званию, которые составляют оклад месячного денежного содержания военнослужащего Пограничных войск, надбавки за стаж службы и других доплат. Размеры и порядок выплаты денежного содержания, военнослужащим Пограничных войск устанавливаются Президентом Республики Таджикистан.".
16. В части второй статьи 19 слова "международными договорами Республики Таджикистан" заменить на "международными правовыми актами, признанными Таджикистаном.".
17. В части второй статьи 20 слова "Командующего Пограничными войсками" заменить на "председателя Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан".
18. Текст статьи 21 изложить в следующей редакции:
"Надзор за точным и единообразным исполнением законов в деятельности Пограничных войск осуществляют Генеральный прокурор Республики Таджикистан и подчиненные ему прокуроры в пределах своих полномочий.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
20 марта 2008 года № 365
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Пограничных войсках Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Пограничных войсках Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Пограничных войсках Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М. Убайдуллоев
г. Душанбе, 6 марта 2008 года №446
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Пограничных войсках Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Пограничных войсках Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г. Душанбе, 16 января 2008 года № 839