Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз 3 марти соли 2007, № 107

Санаи амалкуни: 29.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 107

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

1. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 689, аз 02.08.2010 № 399, аз 30.12.2010 № 668, аз 12.04.2011 № 196, аз 31.10.2014 № 702, аз 06.01.2015 № 2, аз 29.12.2017 № 596, аз 02.11.2018 № 536, аз 27.02.2020 № 125, аз 29.12.2022 № 620)

1. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт (минбаъд - Хадамот) мақоми назорати давлатӣ дар комплекси нақлиёт мебошад, ки назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, барқӣ ва саноатӣ, хоҷагии роҳҳо ба анҷом расонида, фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536аз 27.02.2020 № 125).

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.04.2011 № 196).

3. Хадамот дар фаъолияти худ Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ, гумрук, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти назоратӣ анҷом медиҳад.

II. Вазифаҳо

5. Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ дар комплекси нақлиёт, ки тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияти ба раванди нақлиётӣ вобастаро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, муқаррар мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536, аз 27.02.2020 № 125);

- танзими давлатии фаъолияги соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияте, ки ба раванди нақлиётӣ вобастагӣ дорад;

- додан, аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани муҳлати амали иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ҷиҳати анҷомдиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ, оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ ва дигар фаъолиятҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536, аз 27.02.2020 № 125, аз 29.12.2022 № 620);

- додани иҷозатномаҳои махсус барои кашонидани борҳои вазнин ва калонҳаҷм;

- додани сертификати баркашии воситаҳои нақлиёт;

- сертификаткунонӣ дар нақлиёти роҳи оҳан (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536, аз 27.02.2020 № 125);

- тартиб додани феҳристи иҷозатномаҳои додашуда;

- додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳои додашуда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

- ташкили аз роҳҳои автомобилгард гузаронидани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳояшон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд;

- таъмини шароит барои фаъолияти мӯътадили бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба раванди нақлиётӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 620);

- баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борро амалӣ менамоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 620);

- баҳисобгирии истифодаи рухсатномаҳо барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар нуқтаҳои гузариш тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- санҷиши ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва (ё) бор;

- назорати риояи реҷаи кор ва истироҳати ронандагони воситаҳои нақлиёти механикие, ки бо тахограф таҷҳизонида шудаанд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда додани сертификат ҷиҳати амалӣ намудани хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 620).

6. Хадамот ҳуқуқ дорад:

- санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамлу нақл, корҳои нақлиётию экспедитсионӣ, роҳдорӣ ва фаъолияти дигари марбут ба нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин сохтмони роҳҳои оҳан, ташкили таъмир ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт ва фаъолияти терминалҳоро анҷом медиҳанд (ба истиснои муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, андоз ва гумрук ба ғайр аз ҳолатҳои анҷомдодаи фаъолияти тиҷоратию соҳибкории онҳо) дар бобати аз ҷониби онҳо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин аз онҳо талаб намудани пешниҳоди маълумоти зарурӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда;

- ташкили нуқтаҳои назоратии воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои автомобилгард ташкили нуқтаҳои назоратии доимӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизот ва лавозимоти барои гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт зарур ва анҷоми назорати давлатӣ ҷиҳати риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои анҷомдиҳандаи ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 702);

- гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт дар хатсайр, терминалҳо, нуқтаҳои назоратӣ ҷиҳати риояи қонунгузории нақлиётӣ ва шарту талаботи иҷозатнома (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 702аз 02.11.2018 № 536, аз 27.02.2020 № 125);

- боз доштан, барқарор намудани мӯҳлати амали иҷозатномаҳо, инчунин муроҷиат намудан ба суд барои бекор кардани амали иҷозатномаҳои додашуда;

- боз доштан, барқарор намудани амали сертификатҳо (шаҳодатномаҳо) ва бекор кардани онҳо дар комплекси нақлиётӣ;

- баррасии чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

- тартиб додани санадҳо, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, додани огоҳномаҳо, баровардани амрҳо ва қарорҳо, ки иҷозатномадорро барои бартараф кардани камбудиҳо дар вақти муқарраршуда ӯҳдадор менамояд;

- истифодаи таҷҳизот ва асбобҳое, ки мувофиқи стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд, ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо ва санҷишҳо;

- ҳангоми тартиб додани протокол оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гирифтани хуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт то бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва дар хусуси гирифтани он ба ронанда додани варақаи муваққатии техникӣ;

- гузаронидани санҷишҳо ва тафтишҳои назоратии фаъолияти таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти обӣ, роҳи оҳан, инчунии техникаҳои роҳсозӣ ҷиҳати риояи шарту талаботи сертификатҳои додашуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 702аз 02.11.2018 № 536, аз 27.02.2020 № 125);

- иштирок дар кори комиссияҳои марбут дар комплекси нақлиёт;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 125);

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 125);

- истифодаи ишорачӯб барои манъ намудани ҳаракати воситаи нақлиёт дар ҷойҳои муайяне, ки бо аломатҳои роҳ ифода шудаанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 620).

III. Ташкили фаъолият

7. Хадамоти давлатиро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.04.2011 № 196).

Сардори Хадамот ду муовин аз ҷумла як муовини якум дорад, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардори Хадамот ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.04.2011 № 196).

8. Сардори Хадамот ҳуқуқ дорад:

- роҳбарии фаврии фаъолияти Хадамотро амалӣ намояд;

- кормандонро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ, сметаи хароҷотҳо, ҷадвали вазифаҳо, дастурамалҳои вазифавии Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Хадамотро тасдиқ намояд;

- нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамотро тасдиқ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандонро барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

9. Кормандони Хадамот ҳуқуқ доранд, соҳиби шаҳодатнома бошанд ва аз либоси махсусе, ки намуна, тартиб ва мӯҳлати додани онро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, истифода намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.04.2011 № 196).

10. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои ҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобҳои бонкҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад. Амволи Хадамот аз ҳисоби амволи додаи давлат, инчунин амволи дигар, ки арзиши онҳо дар баланси Хадамот инъикос меёбад, ташкил мешавад.

11. Номи пурраи Хадамот:

бо забони тоҷикӣ - Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;

бо забони русӣ - Государственная служба по надзору и регулированию в области транспорта.

12. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Ҷ. Расулов 9/3 мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.04.2011 № 196).

 

Замимаи  2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 107

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

(бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 06.01.2015 № 2 дар таҳрири нав қабул карда шудааст)  

Роҳбарият

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2017 № 596)

Шӯъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо

Шӯъбаи назорат ва танзими нақлиёти автомобилӣ ва обӣ

Шӯъбаи назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳан

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавӣ

Шӯъбаи иқтисод ва иттилоот

Бахши ҳуқуқӣ

Бахши ташкилию хоҷагидорӣ

Бахши танзимгарони марказӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 06.01.2015 № 2)

 

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 107

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

(бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 06.01.2015 № 2 дар таҳрири нав қабул карда шудааст)

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе

Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Қӯрғонтеппа

Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб

Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор

Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 06.01.2015 № 2)

 

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 2010 № 399

тасдиқ шудааст

Номгӯи корхонаҳои Хадамоти давлатаи назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт"

Замимаи 1

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 107

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

1. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 689)

1. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт (минбаъд - Хадамот) мақоми назорати давлатӣ дар комплекси нақлиёт мебошад, ки назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, барқӣ ва саноатӣ, хоҷагии роҳҳо ба анҷом расонида, фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ, гумрук, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти назоратӣ анҷом медиҳад.

II. Вазифаҳо

5. Хадамот вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ дар комплекси нақлиёт, ки тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияти ба раванди нақлиётӣ вобастаро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, муқаррар мекунад;

- танзими давлатии фаъолияги соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияте, ки ба раванди нақлиётӣ вобастагӣ дорад;

- додан ва аз нав ба расмиятдарории иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ҷиҳати анҷомдиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ, оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ, оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ, фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва дигар фаъолиятҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- додани иҷозатномаҳои махсус барои кашонидани борҳои вазнин ва калонҳаҷм;

- додани сертификати баркашии воситаҳои нақлиёт;

- сертификаткунонӣ дар нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан;

- тартиб додани феҳристи иҷозатномаҳои додашуда;

- додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳои додашуда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

- ташкили аз роҳҳои автомобилгард гузаронидани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳояшон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд;

- таъмини шароит барои фаъолияти мӯътадили бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба раванди нақлиётӣ.

6. Хадамот ҳуқуқ дорад:

- санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳамлу нақл, корҳои нақлиётию экспедитсионӣ, роҳдорӣ ва фаъолияти дигари марбут ба нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин сохтмони роҳҳои оҳан, ташкили таъмир ва хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт ва фаъолияти терминалҳоро анҷом медиҳанд (ба истиснои муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, андоз ва гумрук ба ғайр аз ҳолатҳои анҷомдодаи фаъолияти тиҷоратию соҳибкории онҳо) дар бобати аз ҷониби онҳо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин аз онҳо талаб намудани пешниҳоди маълумоти зарурӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда;

- ташкили нуқтаҳои назоратии воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои назоратии доимӣ ва сайёр дар баромадгоҳҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизот ва лавозимоти барои гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт зарур ва анҷоми назорати давлатӣ ҷиҳати риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои анҷомдиҳандаи ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон;

- гузаронидани санҷиши доимии воситаҳои нақлиёт дар хатҳои сайр, парвозҳо, терминалҳо, нуқтаҳои назоратӣ, дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда ва сайёри баромадгоҳҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бобати риояи қонунгузории нақлиётӣ ва шарту талаботи иҷозатнома, аз ҷумла мавҷудияти иҷозатнома, варақаҳои назоратӣ, сертификат, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои нақлиётию борӣ, риояи шарту талаботҳои техникии воситаи нақлиёт ва қоидаҳои интиқоли борҳо, мусофирон ва бағоҷ;

- боз доштан, барқарор намудани мӯҳлати амали иҷозатномаҳо, инчунин муроҷиат намудан ба суд барои бекор кардани амали иҷозатномаҳои додашуда;

- боз доштан, барқарор намудани амали сертификатҳо (шаҳодатномаҳо) ва бекор кардани онҳо дар комплекси нақлиётӣ;

- баррасии чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

- тартиб додани санадҳо, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, додани огоҳномаҳо, баровардани амрҳо ва қарорҳо, ки иҷозатномадорро барои бартараф кардани камбудиҳо дар вақти муқарраршуда ӯҳдадор менамояд;

- истифодаи таҷҳизот ва асбобҳое, ки мувофиқи стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд, ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо ва санҷишҳо;

- ҳангоми тартиб додани протокол оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гирифтани хуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт то бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва дар хусуси гирифтани он ба ронанда додани варақаи муваққатии техникӣ;

- гузаронидани санҷишҳо ва тафтишҳои назоратии фаъолияти таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ва ҳавоӣ, инчунии техникаҳои роҳсозӣ ҷиҳати риояи шарту талаботи сертификатҳои додашуда;

- санҷиши фаъолияти муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, ки сертификатдиҳии воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои роҳсозиро ба анҷом мерасонад;

- иштирок дар гузаронидани тафтишотҳои садамаҳои нақлиётӣ ва санҷиши қонуншиканиҳои имконпазири қонунгузории ҳавоӣ ва қоидаҳои асосии авиатсионӣ;

- назорати қоидаҳои хизматрасонии техникии техникаи авиатсионӣ;

- назорати иҷрои чорабиниҳои пешгирии баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва мунтазами парвозҳо;

- иштирок дар кори комиссияҳои марбут дар комплекси нақлиёт;

- назорати риояи меъёрҳо ва қоидаҳо дар сохтмони роҳҳои автомобилгард, кӯпрукҳо, нақбҳо, гузаргоҳҳо, галереяҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, инчунин ободонӣ ва сохтмони иншоотҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард;

- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани қонунвайронкунандагон, ҳамчунин тадбирҳои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, вайронкунии қоидаҳои истифодаи нақлиёт, талаботи экологӣ ва оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт.

III. Ташкили фаъолият

7. Хадамоти давлатиро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардори Хадамот як муовин дорад, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардори Хадамот ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Сардори Хадамот ҳуқуқ дорад:

- роҳбарии фаврии фаъолияти Хадамотро амалӣ намояд;

- кормандонро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ, сметаи хароҷотҳо, ҷадвали вазифаҳо, дастурамалҳои вазифавии Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Хадамотро тасдиқ намояд;

- нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамотро тасдиқ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандонро барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

9. Кормандони Хадамот ҳуқуқ доранд, соҳиби шаҳодатнома бошанд ва аз либоси махсусе, ки намуна, тартиб ва мӯҳлати додани онро Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, истифода намоянд.

10. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои ҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобҳои бонкҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад. Амволи Хадамот аз ҳисоби амволи додаи давлат, инчунин амволи дигар, ки арзиши онҳо дар баланси Хадамот инъикос меёбад, ташкил мешавад.

11. Номи пурраи Хадамот:

бо забони тоҷикӣ - Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;

бо забони русӣ - Государственная служба по надзору и регулированию в области транспорта.

12. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Титов, 40 мебошад.

 

Замимаи  2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 107

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

(бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 689 дар таҳрири нав қабул карда шудааст)  

Роҳбарият

Раёсати иқтисод ва иттилоот

Шӯъбаи назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ

Шӯъбаи назорат ва танзими нақлиёти рӯизаминӣ

Шӯъбаи назорат ва танзими нақлиёти ҳавоӣ

Шӯъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳо

Шӯъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи ташкилӣ

Бахши таъминоти хуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 689)

 

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 107

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе

Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯрғонтеппа

Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб

Раёсати миктақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ