Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 77 "Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техникаи компютерӣ ва омӯзиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи мазкур барои солҳои 2008-2010 дар дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва Буҷети давлатӣ маблағи заруриро пешбинӣ намоянд.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии лоиҳаҳои инвеститсионӣ маблағгузории Барномаи мазкурро аз ҳисоби ташкилотҳо ва институтҳои молиявии хориҷӣ ба инобат гиранд.

4. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" масъалаи бо хатти озоди барқ ва генераторҳои дизелӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро давра ба давра то соли 2010 ҳал намуда, баҳри иҷрои Барномаи мазкур корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро ҷалб намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 марти соли 2008 № 77

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы компьютеризации общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан на 2008-2010 годы

С целью обеспечения общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан компютерной техникой и глубокого изучения информационно-коммуникационных технологий Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Программу компьютеризации общеобразовательных учреждений Республики Таджикистан на 2008-2010 годы.

2.Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть необходимые средства в перспективном плане экономического и социального развития и Государственного бюджета для реализации данной Программы на 2008-2010 годы.

3. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Государственному комитету по инвестициям и управлением государственного имущества Республики Таджикистан при рассмотрении инвестиционных проектов учитывать финансирование данного Проекта за счет инвестиций зарубежных организаций и финансовых институтов.

4. Председателю Горно-Бадахшанской автономной области, председателям областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения совместно с Министерством образования Республики Таджикистан, Министерством промышленности и энергетики Республики Таджикистан и Акционерной открытой холдинговой компании "Барки точик" до 2010 года решить вопрос поэтапного обеспечения общеобразовательных учреждений свободной линией электропередачи, дизельными генераторами и для реализации данной Программы привлечь государственные и негосударственные предприятия, организации и юридические лица.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

от 5 марта 2008 года №77

 г.Душанбе