Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 № 515
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиб ва шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 № 515 "Дар бораи тартиб ва шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ" тасдиқ гардидааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
дар матни тоҷикӣ калимаи "Иҷорадеҳ" ба калимаи "Иҷорадиҳанда" иваз карда шавад;
банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Аризадиҳанда ба дорандаи баланс барои ба иҷора гирифтани амволи давлатӣ муроҷиат менамояд. Ҳангоми розигии дорандаи баланс, ӯ бо ариза барои ба иҷора додани амволи давлатӣ ба иҷорадиҳанда муроҷиат менамояд ва мутобиқи ҳамин Тартиб шартномаи иҷора ба имзо расонида мешавад.
Ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои барзиёд истифодабарии масоҳатҳои биноҳои маъмурӣ, инчунин, дигар амволи давлатии истифоданашаванда ва ё самарабахш истифоданашаванда иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ онро ба иҷора диҳад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 марти соли 2008 № 121
ш. Душанбе