Низомномаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ аз 5 марти соли 2008, № 126

Санаи амалкуни: 29.04.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 228 аз эътибор соқит дониста шуд

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2008 № 126

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009с. № 279)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва фаъолияти биржавӣ (минбаъд Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, салоҳияти он аз амалӣ намудани вазифаҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин пешниҳод намудани таклифҳо оид ба татбиқи қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти биржаҳо, ба истиснои фаъолияти вобаста ба коғазҳои қиматбаҳо иборат мебошад.

Агентӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи хариди давлатии молҳо, кор ва хизматрасонӣ бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, кредит ва грантҳои хориҷӣ татбиқ менамояд, инчунин шартҳои савдои озоду яклухти захираҳои молу ашёро, аз ҷумла ба воситаи ташкили фаъолияти биржавӣ ташаккул ва инкишоф медиҳад.

2. Агентӣ ба Сохтори идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

3. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меьёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ намуда, кори худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Ваколатҳо

4. Агенти ваколатҳои зеринро дорад:

- риояи ҳатмии талаботи қонунгузориро дар бораи хариди давлатӣ ва сарфаю самаранокии хариди давлатиро таъмин менамояд;

- дар амалӣ намудани хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ бо ёрии машваратӣ, инчунин барои ҷустуҷӯи молрасонҳои имконпазир ва молистеъмолкунандагон, мусоидат мекунад;

- муносибати одилонаро нисбат ба молрасонҳо (пудратчиён) таъмин намуда, ба рақобат миёни онҳо дар раванди амалӣ намудани хариди давлати тақвият мебахшад ва муҳити рақобатро барои харидорон ва фурӯшандагон муҳайё месозад;

- фаъолияти ташкилотҳои харидорро ҳангоми амалӣ намудани харид аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ҳамоҳанг месозад ва ба танзим медарорад;

- арзу шикоятҳоро оид ба масъалаҳои хариди давлатӣ ва фаъолияти биржавӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад;

- оид ба масоили иҷрои қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатӣ, инчуиин оид ба масъалаҳои фаъолияти биржавӣ маслиҳат медиҳад;

- оид ба хариди давлатӣ, нархҳои дар биржаҳои ҷаҳонӣ ва бозорҳои беруна муайянгардида, оид ба талабу тақозо дар бозори дохилӣ ва дигар омилҳои ба сатҳи нархҳо таъсиркунанда иттилоот ҷамъ мекунад ва онро интишор менамояд;

- ҳисоботи семоҳаро дар самти фаъолияти худ омода менамояд;

- маҳзани маълумоти молрасонҳои (пудратчиёни) ватанию хориҷиро ташкил намуда, корбурди феҳристи молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимодро ба роҳ мемонад;

- оид ба масоили такмили механизми хариди давлатӣ ва фаъолияти биржавӣ мавод омода ва пешниҳод мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида бо мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, иттиҳодҳои биржаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар сирҳои бо қонун ҳифзшавандаро таъмин менамояд;

- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ марбут мебошанд, шарҳу тавзеҳ медиҳад.

5. Агентӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ надорад танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва функсияи назоратиро анҷом диҳад.

III. Ташкили фаъолият

6. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Директори Агентӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи Агенгӣ гузошта шудаанд, масъулияти шахсӣ дорад.

7. Директор як муовин дорад, ки бо пешниҳоди Директори Агентӣ аз тарафи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

8. Директор:

- роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро анҷом медиҳад;

- вазифаҳоро дар байни муовин ва кормандони худ тақсим мекунад ва сатҳи масьулияти онҳоро муқаррар менамояд;

- нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентӣ, инчунин ҳисоботро оид ба иҷрои онҳо тайёр менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳал менамояд.

9. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

10. Маҳали ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Чехов 10/17.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2008 № 126

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ

Роҳбарият

Шӯъбаи танзими хариди молҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ

Шӯъбаи танзими хариди молҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ

Шӯъбаи танзими хариди кор ва хизматрасонӣ

Шӯъбаи ташкили фаъолияти биржавӣ

Шӯъбаи молия ва маъмурӣ

Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Бахши умумӣ ва корҳои махсус

Намояндагиҳои Агентӣ дар минтақаҳо

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2008 № 126

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ

1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Биржаи молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009с. № 279)

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2008 № 126

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ

1. Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон